Таркиб  ва   бозтавлиди ахолии.Омўзиши демографии бозтавлиди ахоли

Омўзиши демографии бозтавлиди ахоли.

Ахоли – ин мухимтарин ходисаи чамьияти буда хусусияти хоси табиии худбарқароршави дорад.

Ахоли – мачмўе мебошад, ки дар натичаи ивазшавии табии ба воситаи насл доимо такрор мешавад. Чараёни ивазшавии шумораи онро дар натичаи ходисахои демографии таваллуд, фавт ва тағирёбии шумораи ахоли бозтавлид меноманд.

Дар таьмин намудани бозтавлиди ахоли синну сол ва чинс роли халкунандаро мебозад. Ва бе хисобу назардошти онхо ягон масьалаи давлатию  хаётиро тахлили пурраи демографи кардан мумкин нест. Аз хамин чо ахамияти ба хисобгирии синну сол ва чинси ахоли дар омўзиш ва тахлили самтхои демографии нишондихандахои бозтавлид бенихоят калон мебошад.

Бинобар он ба ахоли на хамчун мачмўи умумии чамъи одамони одди назар карда мешавад, чунки он ходисаи мураккабтарини чамъияти мебошад.

Дар шароити иқтисоди бозори одамон байни якдигар ба воситаи муносибатхои истехсолии нави сохти бозори дар чараёнхои истехсолот амал мекунанд,ки он ба тарзи муносибатхои истехсоли вобаста мебошад. Бинобар он ходисахои демографиро дар холате фахмидан мумкин, ки агар дар тараққиёти ахоли бо алоқамандии тараққиёти равандхои чамъияти зич омўхта шавад. Чунки ахоли ва иқтисодиёт ду звенхои бо якдигар алоқаманди системаи ичтимои – иқтисоди, ки лахзаи муайянкунандаи он истехсолот ва такрористехсолоти дутарафа: аз як тараф, воситахои зиндаги ва воситаи мехнат ва аз тарафи дигар – худи инсон мебошад.

Ахоли ва бозтавлиди он субъекти истехсолот ва хамаи ходисахои чамъиятиро ташкил медихад ва пешравии онхо ба тарзи истехсолот вобаста мебошанд ва ахолию иқтисодиёт омўхта мешаванд.

Бо ибораи дигар гўем, шумораи ахоли ва бозтавлиди он омиле мебошад, ки ба тараққиёти чамъият таъсир мерасонад: ё бо суръати баланд, ё паст ва баракс ба тағйирёбии шумораи ахоли таъсир мерасонад.

Бозтавлиди ахоли ходисахои демографиро дар бар мегирад,ки бевосита ё ин, ки бавосита ба тағйирёбии шумораи ахоли таъсир мерасонад. Ба онхо таваллуд, фавт, афзоиши табии ва инчунин ходисахои никох, талоқ ва тағйирёбии давомнокии хаёт дохил мешаванд.

Равандхои харакати бозтавлиди ахоли бо шароитхои ичтимои-иқтисодии хаёт вобаста мебошанд. Бо тағйирёбии он шароитхо хам дар бозтавлиди ахоли ва хам дар қонуниятхои он тағйиротхо ба вучуд меоянд.

Таваллуд ва фавт, никох ва талоқи ахоли – ходисахои мачмўи мураккабе, ки чараёнхои бетанаффус гузарандаанд. Онхо дар хаёти чамъият нихоят ахамияти калон доранд. Донистани қонуниятхои онхо, миқёс, хусусият, самтхои харакат ва дигар аломатхои онхо барои хал намудани бисёр вазифахои хочагии халқ ахамият доранд. Ба ин гуна донишхо фақат дар асоси мушохидаи доимии таснифии аниқи холат ва тараққиёти равандхо ва ходисахое, ки дар демография бозтавлид меноманд, тахлил карда мешаванд.

Аз ўхдаи ин гуна вазифахо фақат омор ва демографияи баландтараққи карда баромада метавонанд.

Ягон масъалахои давлати, дурнамоии ахолиро бе омўзиши хаматарафаи динамикаи таваллуд ва фавт ва равияи онхо дуруст омўхтан мумкин нест.

Барои ба ходисахои демографи дуруст бахо додан, усулхои омўзишеро муайян кардан даркор, ки параметерхои ходисахоро дақиқ ба хисоб гирифта тавонанд. Талаботи мухимтарини ин таъмини меъёрхои якхела ва принсипхои муайян кардани ходисахои бозтавлиди ахолие, ки баои гирифтани ахборотхои муқоисашавандаи омори, демографи ба ба талаботхои демография байналмилали мувофиқ бошанд.

Демографияи ахоли сиситемаи нишондихандахо ва чараёнхои характи ахолиро бо намуди рақамхо, нишон медихад ва инчунин усулхои хисоб кардан ва тахлили онхоро кор карда мебарояд.

Демография маълумотхоро оид ба бозтавлиди ахоли чамъ намуда, ба система дароварда, тахлили карда, органхои давлати, идоракуни, банақшагири, муассисахои илми ва дигар ташкилотхоро таъмин менамоянд.

Дар асоси маълумотхои омори демографи оид ба бозтавлиди ахоли бисёр масъалахои сиёсати демографи дар чумхуриямон тартиб дода мешаванд.

Ба хисоб гирифтани ходисахои демографии бозтавлиди ахоли: таваллуд, фавт ва афзоиши табиии он пеш аз хама ба намуди бузургихои мутлақ гузаронида мешавад. Дар ин намуд шумораи тавллудшудагон, фавтидагон ва фарқи байни онхо (афзоиши табиии ахоли) барои ин ё он давраи вақт, масалан барои сол, хисоб карда мешавад.

Вале нишондихандахои мутлақ барои нишони додани дарачаи таваллуд, фавт ва афзоиши табиии ахоли кифоя нестанд, чунки имконияти тахлилии демографии онхо ба хамаи талаботхо чавоб дода наметавонанд. Аз хамаин сабаб дар ин фасл мо ба таври умуми нишиондихандахои бозтавлиди ахолиро (нишондиханадахои мутлақ ва нисби) дида мебароем.

Пеш аз он, ки нишондихандахои бозтавлиди ахолиро нишон дихем, мафхуми нишондихандаро фахмидан зарур мебошад. Нишондихандахои бозтавллиди ахоли шартан ба ду гурўх чудо карда мешавад.

  1. нишондихандахои мутлақи бозтавлиди ахоли;
  2. нишондихандахои нисбии бозтавлиди ахоли;

Омўзиши демографии бозтавлиди ахоли хама вақт аз муайян кардани нишондихандахои андозаи мутлақи он сар мешавад, яъне: шумораи таваллудшудагон, шумораи фавтидагон, афзоиши мутлақи табиии он. Дар инчо афзоиши мутлақи табии – нишондихандаи вобастаги байни таваллуд ва фавт мебошад. Мантиқан ва мохиятан ин алакай саршавии тахлили маълумотхо оид ба чараёни бозтавлиди ахоли мебошад.

Хамаи ин нишондихандахо барои даврахои муайяни вақт – сол, мох, семоха ва ғайра хисоб карда мешаванд. Мачмўъи маълумотхои солонаи таваллуд ва фавт бисёртар ахамияти хаматарафа доранд. Демоография ба хисобгирии таваллуд ва ходисахои фавтро хамчун қоида бо роххои муайяншуда мегузаронад. Дар Чумхурии Точикистон чун дигар давлатхо (бо назардошти хусусиятхои милли) тартиби хатмиии давлатии бақайдгирии холатхои шахрванди вучуд дорад.

Муайян кардани ходисаи демографии харакати табиии ахоли ахамияти мухими илми ва амали дорад, чунки доираи ходисахои мушохидашаванда аз хамонхо вобастаги дорад. Яке аз мураккабихо – муайян кардани мафхуми «таваллуд» мебошад. Натичаи таваллуд ин эхтимолияти ба вучуд омадани кўдаки зинда, ё мурда мебошад, ки фарқ кардани онхо зарур аст. Фарқ намудани ин ду мафхум ба он вобастааст,  ки таваллуди зинда шумораи одамонро зиёд мекунад, фавтида зиёд намекунад. Чунки дар хайни хол онхоро фавтида хисоб кардан мумкин нест, аз сабабе, ки онхо зиндаги накардаанд. Шумораи ахоли дар натичаи таьсири ходисахои демографи тағйир меёбад, чунки хар рўз ва хар соат дар мамлакат, дар дунё одамон таваллуд меёбанд, фавт мешаванд, қайди никох ва талоқ мекунанд, одамон чои истиқоматии худро дигар менамоянд. Вале дар холатхое, ки дар оила кўдаки якум таваллуд мешавад, як навь ва агар, кудаки шашаум ё хафтум бошад, ин таоман холати дигар аст ва таъсири онхо ба оила, чамъият ва демографияи ахоли гуногун мебошад. Дар Хиндустон хар сол қариб 28-млн. нафар таваллуд мешавад, дар чин- 20 млн. нафар, дар  Индонезия бошад – 5 млн. нафар ва ғайр.

Россия аз рўи шумораи дар чохон чои шашумро ишғол мекунанд. аз чихати таваллуди насли нав  – чои 19-ум, яъне дар як сол хамаги 1,3 млн. нафарро ташкил медихад. Хамаи ин чараёнхоро хам миқдоран ва хам сифатан донистан зарур аст.

Ходисахои демографи дар фазои вақт тақсим шудаанд, бо мурури вақту синну соли одамон тезшавии тағйирёбии онхо хам фарқ мекунад ва онро дар вақти кор кардани принсипхо ва усулхои тахлили демографи ба назар гирифтани шарт мебошад.

Барои гузаронидани тадқиқоти демографии хаматарафаи бозтавлиди ахоли дар асоси нишондихандахои мутлақи он кифоя нестанд, чунки: – бузургихои мутлақ дар бораи суръати таваллуд, фавт ва афзоиши табиии ахоли ахбор намедихнад; – нишондихандахои мутлақ имконияти васеи ахбороти надоранд ва имконияти тахлили муқоисавии онхо махдуданд; – бузургихои мутлақ аз шумораи ахоли вобастааст. Барои дурустар фахмондани мохияти гуфтахои боло мисло меорем. Барои мисол , гуфтан мумкин нест, ки «фавт ба хазор нафар ахоли кам шудааст». Камшавии шумораи фавтидагон мумкин аз хисоби камшавии шумораи умумии ахоли ё тағйирёбии таркиби он бошад. Мисоли дигар: – агар гўем, ки дар соли 2001 дар нохияи «А» – 6 хазор нафар кўдак таваллуд шудааст ва дар нохияи «Б» – 18  хазор нафар, гуфтан мумкин нест, ки таваллуд дар нохияи «Б» нисбат ба нохияи «А» се маротиба зиёдтар, зеро шумораи ахолии нохияи «Б» 4,5 маротиба зиёдтар, аз нохияи «А». Фақат баъд аз муқоиса намудани миқдору хачми ходисахои демографи ва ба намуди муқоисави овардани онхо, бо назардошти вақту худуд, имконияти тахлил кардан пайдо мешавад. Дар холати муқоиса намудани «А» ва «Б», маълум мешавад, ки таваллуд дар нохия «А» баландтар нисбатан ба нохияи «Б» мебошад.

Хулоса, барои хар як ходиса, дар холати статики ё динамики, бояд фақат нишондихандахои нисби истифода бурда шавад.

Дар навбати худ нишондихандахои нисбиро ба ду намуди асоси тақсим кардан мумкин: – эхтимоли ва коэффитсиентхо.

Барои тасниф ва тахлили ходисахои демографи, суръати тағйирёби дар вақту худуд бо намуди нисби – нишондихандахои таввалуд, фавт, афзоиши табии ахоли – дар омор ва демография – бо коэффитсиент хисоб карда мешавад (дар ин фасл фақат коэффисиентхои таваллудро дида мебароем).

Акнун мафхуми коэффитсиентхои демографиро хамчун усули омўзиш ва тахлили чараёнхое, ки дар ахоли мегузаранд мебинем.

Коэффитсиенти демографи чист?

Шумораи ходисахои солонаи демографи мамлакат, вилоят, нохия (ходисаи таваллуд, фавт, никох, талоқ, харакати механики ва ғайраро) ба хисоби 1000 нафар ахолии миёнаисолона (семоха ва ғайра), ки барои ходисаи конкрети хисоб карда мешавад, коэффитсиент меноманд.

Аз сабаби он, ки бузургии ходисаи демографи бисёр хурд аст, онро ба 1000 зарб мезананд (яъне миқдори ходисахои демографие, ки ба 1000 нафар ахоли рост моеяд). Дар мачмўъ нишондихандае хосил  мешаванд, ки бо промилле ифода меёбад. Аз калимаи лотини promille – ба 1000. промилле бо чунин символ – аломат ифода карда мешавад – %0. Бояд такид намоем, ки ин нишондиандаро аз чихати назарияви ба хисоби миёна ба 1 хазор, 10 хазор ва хатто ба 1 нафар одам хисоб кардан мумкин. Дар демография онхо қоидави ба 1000 нафар хисоб карда мешаванд.

Пешаки қайд кардан зарур аст, ки (коэффисиентхои фавтро дар фаслхои дигар дида мебароем) аз қоидаи умумии хисоб кардани коэффитсиенти фавти кўдакон фарқ мекунад.

Аз нишондихандахои нисбии пахн шудаи дарачаи таваллуди ахоли ин коэффитсиенти умумии таваллудшудагон дар давоми давра сол, семоха (бе таваллудшудагони мурда) ба шумораи миёнаи солонаи мачмўи умумии ахоли хисоб карда мешавад.

Агар шумораи миёнаи ахолиро бо харфи (А), шумораи таваллудшудагонро бо харфи (Т), коэффисиентро бо харфи (Ку.т.а.) нишон дихем, формулаи хисоб кардани таваллуди умуми чунин намудро қабул мекунад:

Ку.т.а. = Т А . 1000 %0

Муқоисаи коэффитсиентхои умумии таваллуди ахоли дар чумхури, вилоятхо, ш. Душанбе ва нохияхои тобеи чумхури имконият медиханд, ки оид ба равияхои чараёнхои демографи хулосахои зарури бароварда шавад.

Яке аз нишондихандахои асосии бахо ва тасниф додани холати тандурустии ахоли ва тағйирёбии он нишондихандахои демографии фавт мебошад. Хуқуқ барои мухофизати саломатии ахоли ва барои хар як шахс дар Сарқонуни Чумхурии Точикистон навишта щудааст ва аз тарафи системаи ташкилотхои давлатии тандурусти таъмин карда мешавад.

Омўзиши демографии фавт ба воситаи муқоиса намудани нишондихандахои умуми ва махсус, аз он чумла барои мардхо ва занхо, рўи шахриён ва ахолии дехот ва фавт аз рўи касалихои чудогона дар чумхури, дигар давлатхо муайян кардани ғайримутаносиби ва равияхои номусоиде, имконият медиханд захирахои вучуддоштаи кам кардани фавтхое, ки барои синну солхои калонтарон вучуд доранд, ошкор намояд.

Нишондихандахои асоси фавти ахоли чунинанд:

  • Шумораи умумии мутлақи ахоли дар мамлакат;
  • Нишондихандахои нисбии ахоли;

а)  Коэффитсиенти фавти умумииахоли;

б)  Нишондихандаи фавти қисми мардхо, занхо;

в)  Нишондихандаи фавти синну соли солхои гурўхи;

г)  Коэффитсиенти фавти ахолии шахр ва дехот;

д)  Коэффитсиенти фавти кўдакон.

Барои тавсифи пурратар додани ходисахои демографии чараёнхои фавти ахоли нишондихавндахои нисби, яъне коэффитсиентхои фавтро хисоб намудан зарур мебошад.

Фавт ба воситаи системаи нишондихандахои дар боло номбар карда шуда хисоб карда мешавад.

Коэффитсиенти умумии фавтидагон – ин нисбати шумораи мутлақи фавтидагон дар давраи муайяни вақт ба шумораи миёнаи умумии солонаи ахолии хамон давра (барои сурат ва махрач як давра, бисёртар барои сол) – мебошад. Хосили тақсими он ба 1000 зарб зада мешавад, ки промилле (%0) меноманд.

Усули хисоб кардани коэффитсиенти умумии фати ахолиро дар мисоли шарти дида мебароем.

Шумораи миёнаи солонаи ахолии вилоят 200 хазор нафарро ташкил дода аст. Шумораи фавтидагон – 1,1 хазор нафар. Дар ин холат: 5,5 %0 баробар мешавад.

Коэффитсиенти умумии фавти ахоли баъзе камбудихое доранд, ки тахлили муфасали демографиро талаб мекунад (аммо имконият надорем), лекин мо ду камбудии асосии онро нишон медихем.

Камбудии якум дар он аст, ки таркиби нишондихандаи махрачи формула хамаи мачмўи ахолиро дар бар мегирад. Камбудии дуюм аз он гуногун будани таркиби ахоли дар махрач: мардхо ва занхо, синну солхои хархела, ки эхтимолияти фавти хар як гурўх фарқ мекунанд; фавти занхо нисбат ба мардхо камтар мебошад.

Барои бартараф намудани  ин ва дигар камбудихои коэффитсиенти умуммии фавти ахоли дар раванди омўзиши демографии фавти ахоли бояд коэффитсиентхои қисмии он хисоб карда шавад.

Коэффитсиенти фавти ахоли гурўхи синну солхои гуногун хамчун нисбати шумораи фавтидагон дар хамон синну соли омўхташаванда (16-20, 21-24, 25-29, 50-54, 55-59 ва хоказо) ба шумораи миёнаи ахолии дар хамон синну сол дар давраи тадқиқшаванда.

Тадқиқи коэффитсиентхои синну солии ахоли нишон медихад, ки аз хама фавти баландтар дар соли якуми хаёти кўдакон ва дар синну соли пиронсолон мушохида карда мешавад. Ба масъалаи ногох доштани хаёт ва саломатии кўдакон, ки ояндаи ватани махбубамон аз онхо вобаста мебошад, бояд диққати чидди дода шавад.

Коэффитсиентхои синни яксола, албатта имконияти бехтарин барои тахлили пурра медиханд, ки демографхо ба он диққат медиханд. Вале истифода бурдани онхо аз сабаби бисёр буданашон мураккаб аст. Одатан синну соли то 85 сола, чуники онхо коэффитсиенти 84-ро ташкил медиханд, ки ин кам нест. Ғайр аз ин, дар вақти истифода бурдани коэффитсиентхои яксола аккумулятсияи синну соли таъсир мерасонад. Бинобар он, агар зарурият набошад, коэффитсиентхои фосилаи синну соли 5 хам кифоя мебошад.

Акнун мантиқан метавонем, ки коэффитсиенти афзоиши табиии ахолиро хамчун натичаи раванди ду ходисахои демографи таваллуд ва фавт муайян мекунем.Коэффитсиенти афзоиши табиии ахоли чанд қадар зиёдшавии ё камшавии шумораи онро аз хисоби омилхои табии бозиавлид (таваллуд ва фавт) ба хисоби ба 1000 нафар ахоли нишон медиханд (Т – Ф).

Мувофиқи, яке аз мисолхое, ки ба тариқи зайл дар хамин нишондихандахо хисоб карда будем, коэффитсисенти афзоиши табииро меёбем. (12 %0).

Фавт – ин аз кор монадни аломатхои хаёти инсон бо гузаштани вақт баъд аз зинда таваллуд ёфтан.

Фавт бо забахои гуногун ба вучуд меояд. Тағйирёбии таркиби фавтхо ба сабхои эндогени ва экзогени вобаста мебошад.

Сабабхои эндогени дар натичаи тарақкиёти бадан, функсияхои он, равандхои пиршави, охиста – охиста паст шудани қобилияти хаёти инсон ба вучуд меоянд.

Бо сабабхои эндогени одатан одамони калонсоли фави мекунанд, ки ходисаи табии мебошанд. Баъзе вақтхо фавт на аз пиронсоли, балки аз сабаби касалихои насли, модарзоди ва дигар сабабхо пайдо мешаванд.

Сабабхои экзогени омилхоеро дар бар мегиранд, ки ба воситаи мухити атроф ба инсон таъсир мерасонанд.

Аз рўи таъсири омилхои экзогени марг дар хар лахза инсонро бурданаш мумкин, дар хар синнусол ва пеш аз мўхлати пиршави. Ба ин сабабхо касалихои гузаранда, паразитари, органхои нафаскаши, фишори хун, саратон, худкуши ва ғайра дохил мешаванд.

test

Один комментарий

Добавить комментарий