Мухочирати ахоли

Мухочирати ахоли.

Мухочират – ин раванди чойизистивазкунии ахоли дар дохил ва берун аз сарзамини худ мебошад.

Вобаста ба чойизистивазкуни ахоли ба кушода ва пўшида чудо карда мешавад. Ба ахолии кушода ахолии дехот ё шахр мисол шуда метавонад. Ахолии пўшида танхо ахолии тамоми кураи заминро дар бар мегирад. Дар давраи гузашта ба ахолии пўшида ахолии аксарияти нохияхои чудокардашуда, чазирахои алохида ва хатто континентхо дохил мешуданд. Тараққиёти иқтисоди-ичтимои махдудияти сарзаминхои алохидаро бархам дода, вале дар шароити хозира ахолии пўшида наздик мебошад.

Мухочирати ахоли – чараёни мураккаби ичтимои буда, бо тағйиротхои сохти иқтисоди ва чойгиркунии қуввахои истехсолкунанда, бо инкишофи ичтимои ва мехнатии ахоли алоқаи зич дорад.

Мухочирати ахоли аз рўи як қатор нишондихандахо тасниф карда мешаванд.

1.Вобаста ба хислати гузариши сархад, мухочирати ахоли ба беруни ва дохили чудо карда мешавад.

Дар зери мафхуми мухочирати беруни бурида гузаштани сархадхои давлатхоро мефахманд, ки он дар навбати худ ба байни континетали (масалан, мухочирати умумии европагихо берун аз уқёнус дар асрхои Х1Х-ХХ) ва дохиликонтинентали (масалан, мухочирати муосири яке аз мамлакатхои Европа-Италия, Испания ба дигар мамлакати Европа- Олмон, Фаронса ва ғайра).

Мухочирати дохили чойивазкуи дар худуди як мамлакат байни нохияхои маъмури ва иқтисоди-географи, чойхои ахолинишинро дар бар мегирад. Ба шаклхои асосии мухочирати дохилии муосир мухочирати ахолии деха ба шахр ва байнинохияви дохил мешавад.

  1. Аз рўи нишондихандахои вақт чунин шаклхои мухочирати ахолиро фарқ мекунанд: доими (бебозгашт), муваққати, мавсими ва мокувор.

Мухочирати бебозгашт бо чойивазкунии чои истиқоматии доими алоқаманд мебошад. Масалан, мухочирати ахолии деха ба шахр.

Мухочирати муваққати – мухочирати давомдори махдудро бо мўхлати муқараршуда, ки бо чойи кор алоқаманд аст дар бар мегирад. Ба мухочирати муваққати мухочирати коргарони як мамлакат ба дигар мамлакат, мухочирати дохили ба нохияхои кам ахоли дохил мешавад. (масалан, барои кор дар асоси шартнома ба мўхлати якчанд сол).

Мухочирати мавсими – ин шакли чойивазкунии харсолаи мардум дар давраи муайяни сол мебошад (масалан, дар махалхои кишоварзи дар давраи чамъи хосил).

Мухочирати мокувор – ин сафари мунтазам ба чойи кор ё тахсил берун аз чойи истиқомат мебошад.

  1. Таснифи мухочират аз рўи сабаб ахамияти мухим дорад. Дар байни сабабхои асосии мухочирати ахоли сабабхои иқтисоди ва ичтимоиро ном бурдан

 

 

лозим аст (мухочират дар чустучўи заминхои хочагихои озод, кор, даромадхои баланд, мухочират бо мақсади ивазкунии тарзи хаёт – аз деха ба шахр ба даст овардани вазъи баланди ичтимои ва ғайра). Сабабхои сиёсии мухочирати ахоли нақши мухим мебозад (фирор аз таъқиби сиёси, нажоди, фишори динни, ба ватан баргардони бо сабаби тағйирёбии шароитхои сиёси ё сархадхои давлати). Ба сабабхои харби эвакуатсия ва реэвакуатсия, депортатсия дохил мешавад.

  1. Аз рўи шакли ичрокуни мухочират ба чамъияти-муташаккил ва ғайримуташаккил чудо мешавад. Мухочирати чамъияти-муташаккил дар натичаи иштироки органхои давлати ё чамъияти ва бо ёрии иқтисодии онхо ба амал баровада мешавад.

Мухочирати ғайримуташаккил бо қувва ва воситахои мухочирон бе ёрии амалии ягон корхона амали гардонида мешавад.

  1. Вобаста аз чойгиркунии мардум аз рўи хохиши онхо ё ин ки новобаста аз хохиши онхо мухочират ба ихтиёри ва мачбури чудо карда мешавад.

Тахлили миқдории мухочират бо муайянкунии хачми он алоқаманд мебошад. Барои хар як ахолии кушода нишондихандахое, ки таъсири хамдигарии мухочиратро ба дигар ахолии кушода тавсиф медихад, муайян кардан мумкин аст. Аз нуқтаи назари хамин гуна ахоли (мамлакат, нохияхои ахолинишин ва ғайра) мухочират ба мачмўи хоричшудагон берун аз худудхои он чудо мешавад. Яъне сухан дар бораи эмигратсия ав имегратсия меравад. Фарқият байни миқдори хоричшудагон ва миқдори воридшудагон дар давраи муайян мухочирати холис номида мешавад. Чамъи миқдориворидшудагон ва хоричшудагон мухочирати умуми номида мешавад (брутто мухочират).

Хамин тариқ, хачми мухочирати ахолии додашуда ба дигар ахоли ба воситаи нишондиханда тавсиф карда мешавад: миқдори воридшудагон, хоричшудагон, мухочирати холис ва умуми.

Хачми мухочирати байни чумхурихо ва вилоятхо нобаробар мебошад. Бинобар ин дар вақти муайянкунии хачми мухочират бояд хатман пешаки гуфта шавад, ки сухан дар бораи мухочирати кадом сарзаминхо меравад: байни чумхури, байни вилояти, бани нохияхои иқтисодии калон, байни шахр ва деха ва ғайра.

То давраи хозира сухан оид ба нишондихандахои хачми умумии мухочират мерафт. Лекин дар тахлили чараёнхои мухочират зарурияти тақсими онхо ва тахлили муқоисавии қисмхои ба даст оварда ба миён меояд.

Тақсимшавии мухочирати умуми аломатхои гуногун дорад. Тақсимкунии мухочират вобаста ба тавсифи гуногуни мухочирон-демографи, вазъи ичтимо, касби ахамияти калон дорад. Масалан, мухочиршавии зан ва мард аз рўи гурўххои гуногуни сину сол, истиқоматкунандагони шахр, деха ва ғайра. Тақсимкунии хачми умумии мухочирон ба чараёнхои алохида, яъне ба мачмўи мухочирон, ки дорои сарзаминии умумии воридшави ва хоричшави мебошад, мухим аст. Масалан, хачми умумии воридшавиро дар нохияи иқтисодии муайян чудо кардан мумкин аст. Аз нуқтаи назари тахлили тақсимкунии хачми умумии мухочират дар мачмўи мухочироне, ки ба давраи умум чудонамоии мухочирон аз рўи тартиб ба хисоб гирифташуда, чолиби диққат аст.

Омўзиши мухочират барои хисоби чори ва перспективии шумора ва таркиби ахоли ва инчунин барои омўзиши равандхои чойивазкунии ахоли ахамияти калон дорад.

Вазифахои бақайдгирии чории мухочирон аз инхо иборат аст:

  1. Мувофиқи маълумотхои ба қайдгирии чории харакати табии ба даст овардани маълумотхои оид ба шумора ва таркиби ахолии ин ё он сарзамин дар лахзаи муайяни давраи барўйхатгири. Инчунин муайян кардани таъсири мухочират ба таркиби ахоли (хусусан ба таркиби захирахои мехнати) аз рўи чои даромад ва баромади мухочирон.
  2. маълумот оид ба мухочират барои омўзиши чараёни чойивазкунии ахоли дар худуди як мамлакат (аз як нохия ба дигар нохияхо, аз як чойи ахолинишин ба дигар чойи ахолинишин, аз деха ба шахр ва баръакс ва ғайра), инчунин берун аз он зарур аст.
  3. Омўзиши таркиби мухочирон ва қонунияту равандхои чойивазкунии ахоли.

Дар шароити хозира яке аз объектхои мушкили бақайдгирии чори мухочирати дохили мебошад. Дар бисёр мамлакатхо, ки харакати одамон бо ичроиши як қатор расмиятхои тартиботи шиноснома алоқаманд нест ё системаи реестерхои ахоли мавчуд нест, хисоботи мухочирати ахоли вучуд надорад.

Ба қайдгирии мухочирони беруни захмати зиёдро талаб намекунад, зеро гузариш аз сархад хамеша бо расмиятхои муайян (рухсатнома, шиноснома) ва назоратти қатъи аз рўи ичроиши он алоқаманд аст.

Ташкили бақайдгирии мухочирон аксаран бо тартиби бақайдгирии харакати табиии ахоли монанди доранд. Аз баски омадан ё рафтан бо қоидахои муайян аз тарафи оморшиносон ба монанди қонун оид ба қайди акти холати шахрванди истифода бурда мешаванд. Душвории ба қайдгирии мухочирон бо он шарх дода мешавад, ки маълумотхои ба зери назорат гирифтамешуда назар ба харакати табии хеле зиёд мебошад. Мардум як маротиба таваллуд ва фавт мегардад, издивоч ва талоқ низ дар давоми хаёт бисёр ба амал намеояд, кўчидарави аз як чой ба чойи дигар зиёд ба амал меояд, лекин хамаи ин холатхоро бо ичроиши расмиятхои муайян алоқаманд кардан мушкил аст. Чойивазкунии ахоли аз як чой ба чойи дигар хусусияти муваққати ё доими дорад ва он ба категорияи гуногуни ахоли дохил карда мешавад. Чойивазкуни бо тағйирёбии чойи истиқомат – мухочирати доими, яъне мухочирати хам доими ва хам мавчуда мебошад.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *