Вазъи умумии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи умумии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мазмуни вазъияти демографи.

Калимаи вазъият (дар лотини «situation» – шароит, холат) маънои шароит, мухит мавқеъро дорад.

Вазъияти демографи – ин холати демографии нохия ва ё мамлакат мебошад, ки ба воситаи як гурўх нишондихандахо дарачаи мавчудаи таваллуд, фавт, никох ва талоқи ахоли, дарозумри, мухочирати ахоли нишондихнадахои таркиби ичтимоии ахоли ва ғайра дохил мешаванд. Ин нишондихандахо барои бахо додан ба вазъияти демографи, барои муайян кардани навъи мавчудаи бозтавлиди ахолии нохия ё ин ки мамлакат асос шуда метавонад. Умуман се намуди вазъияти демографиро чудо кардан мумкин аст: вазъияти демографии мусоид, номусоид ва мобайн (васати).

Вазъияти демографии мусоид, мусоид, чунин холати бозтавлиди ахолиест, ки он ба шароити ичтимои – иқтисоди ва тахърихии нохия, мамлакат мувофиқат мекунад.

Вазъияти демографии номусоид бошад, чунин холати бозтавлиди ахоли мебошад, ки он ба тараққиёти ичтимои, иқтисоди мухолиф буда, ба пешрафти чамъяти монеъ мешавад.

Мафхуми вазъияти демографи чунин вазъияти демографиро дар назар дорад, ки он ба тараққиёти ичтимои –  иқтисодии чамъият аз як навъ дигар мегузарад.

Дар адабиёти демографи таърихан се шакли бозтавлиди ахолиро кайд мекунанд:

1.Архетип – ин шакли бозтавлиди ахоли ба чамъияти ибтидои бештар хос буд. Бозтавлиди ахоли аз рўи қонунхои табии ва биологи инкишоф меёфт;

2.Анъанави – ин шакли бозтавлиди ахоли бештар ба чамъияти то индустриали хос мебошад. Дар ин чой дарачаи таваллуд ва фавти ахоли нихоят баланд мебошад ва миқдори ахоли суст зиёд мешавад;

3.хозиразамонави ё ин ки ратсионали – ин шакли бозтавлиди ахоли ба чамъияти тарақкикардаи индустриали хос мебошад. Дарачаи таваллуд ва фавт, паст буда афзоиши ахоли кам ё ин ки умуман намеафзояд, яъне кам мешавад.

Агар дар чамъият дарачаи таваллуд ва фавти кўдакон баланд бошад, ингуна шакли бозтавлиди ахолиро ғайри самаранок мехисобанд. Мисол агар 10 нафар кўдак таваллуд шавад, лекин 3 нафараш зинда монад, ин нишонаи пасти самаранокии бозтавлиди ахоли мебошад. Дар холате, ки 3 нафар кўдак таваллуд шуда, хамаи онхо зинда монанд, ин шакли бозтавлиди ахолиро самаранок мехисобанд.

Ахоли нафақат аз хисоби таваллуд ва фавт инчунин аз хисоби мухочирон зиёд ё кам шуда метавонад. Инчунин ба хар як шакли бозтавлиди ахоли нишондихандахои сифати хос мебошад: дарачаи маълумотноки, шуғл, даромади оила, анъанахои милли, чои истиқомат (шахр, дехот) ва ғайра. Аз ин рў гуфтан мумкин аст, ки дар вақти бахо додан ба ин ё он вазъияти демографи, бояд на фақат аз рўи нишондихандахои таваллуд ва фавт бахо дода шавад, балки дарачаи тараққиёти иқтисоди – ичтимои, таърихи, анъанахои милли, сифати ахоли ва ғайраро ба назар гирифтан зарур аст. Барои муайян кардани вазъияти демографи дар чумхури, аз нуқтаи назари мувофиқати он ба шароити умумии чамъият, нишондихандахои

тараққиёти равандхои демографиро  бо имкониятхои нохияи истиқоматии ахоли, бо хачми мухочират ва бо нишондихандахои оптималии бозтавлиди ахоли дар хамин нохия муқоиса кардан мумкин аст. Ин барои муайян кардани сатхи тараққиёти иқтисоди – ичтимои дар оянда ахамияти калон дорад.

Мафхуми «имконияти нохия» Кабл аз хама имконияти онро барои таъмин кардани ахоли бо озуқа, чои кор, чои истиқомат ва ғайра мефахмонад. Албатта, дар ин чо мубодилаи тарафайни нохияхо ба назар гирифта мешаванд. Дар холати ба вучуд омадани тазоди байни вазъияти иқтисоди ва демографи бояд омилхои илми – техники пурратар амал кунанд ва ин ё он рохи сиёсати аниқе муайян карда шавад.

Аз ибтидои солхои хафтодум, дар адабиёти демографи мафхуми «оптимуми демографи» истифода мешавад.

Оптимуми демографи гуфта, чунин бозтавлиди ахолиро ба назар доранд, ки он ба имконияти дарозумуддати иқтисоди ва манфиати сиёсии давлат ва оила мувофиқ ояд. Ин гуна типи бозтавлиди ахолиро тавассути тадбирхои сиёсати демографи муайян мекунанд. Дар адабиёти демографи барои миқдоран муайян кардани нишондихандаи опттимуми демографи пешниход аст, ки нишондихандаи нетто – коэффитсиентро истифода баранд, ки он дар фосилаи аз 1 то 1,3 барои мамлакат баробар бошад, яъне ин коэффитсиенти бозтавлиди одди менамояд, ки ба мақсади аксарият давлатхои чахон мувофиқ мебошад.

Сиёсати демографии муосир барои оянда дар мамлакат ташкил кардани навъи ягонаи бозтавлиди ахоли таваллуди паст, фавти паст, дарачаи баланди сифати ахоли равона карда шудааст. Эхтимол, ки дарачаи нетто – коэффитсиенти дар боло нишондихандаи миёна шавад. Дар байни нохияхо бошад вобаста аз шароит ин коэффитсиенти зиёд ё ин ки кам шуданаш мумкин аст. Дар нохияи мамлакате, ки иқтисодиёташ бештар характери аграри дорад, нисбат ба нохияи мутараққии индустриали, ахамияти иқтисодии фарзанд дар оила баланд мебошад. Барои хамин худи раванди табиии бозтавлиди ахоли ва шароити зиндаги, дарачаи нисбатан баланди коэффитсиенти оптимумро тақозо мекунад. Умуман, барои муайян кардани вазъияти демографи дар зинаи аввал бояд дар асоси хисоби нишондихандахои сифати ва миқдори бозтавлиди ахоли ва муқоисаи онхо байни худ, вазъияти фақат демографиро муайян кардан лозим аст. Дар зиннаи дуввум бояд, алоқаи имкониятхои иқттисоди, демографи ва сиёсиро муайян карда, пас дар асоси онхо вазъияти демографии навро муайян кардан мумкин аст. Ба гуфтхои боло такя намуда, вазъияти демографии Точикистонро дар солхои наздик чунин пешбини кардани мумкин аст:

  • дарачаи афзоиши ахоли нисбат ба нишондихандахои миёнаи

умумии мамлакатхои собиқ СССР баланд меистад. Дар натичаи чори кардани чорабинихои сиёсати демография ва хусусан ба танзими оила суръати зиёдшавии ахоли нисбат ба солхои гузашта паст мешавад;

  • миқдори занхои махалии дорои маълумоти оли ва миёнаи

махсус меафзояд, мухочирати байни мамлакатхо зиёд мешавад. Сатхи нисбатан пасти зиндагии ахоли боқи мемонад;

  • шумораи коргарони бекор, хусусан аз сафи чавонон зиёд

мешавад;

Вазъияти умумии демографии Чумхурии Точикистон.

Вазъияти демографи дар Точикистон дар мўхлати дуру дароз, зери таъсири ду гурўх омилхои ташаккул ёфтааст.

Гурўхи якуми омилхо ба таъмин намудани бозтавлиди матлуби ахолии чумхури вобастаги дорад. Дар чумхури нишонахои шакли бозтавлиди анъанавии ахоли, (нишондихандахои баланди таваллудкунии ахоли ва нисбатан пасти фавти ахоли, лекин баланди нобудшавии кўдакон, баланд будани сабабхои анъанавии фавти ахоли, суст будани чойиистиқомативазкуни ва паст будани дарачаи урбанизатсия ва ғайра), хеле боқи мондааст.

Сабаби асосии ин вазъият бо дарачаи нисбатан пасти тараққиёти иқтисоди – ичтимои, мадани, саноати ва ғайраи мамлакатамон алоқаманд мебошад. Ғайр аз ин қайд кардан лозим аст, ки солхои тўлони дар тақсимотти умуми иттифоқии мехнат Точикистон пеш аз хама бо истехсоли ашё (пахта, пашм, пилла, маъданхо ва ғайра) барои нохияхои саноати тахсис гардида буд. Бо кишоварзи бештар банд будани ахолии махалли ва он чо мехнати дасти бартари доштан сабаби боз доштани тарбияи техникии ахоли, нишондихнадахои пасти касби – таълимии захирахои мехнати, ахамияти баланди иқтисодии кўдакон дар оила баъзе анъанахое, ки холо дар байни аксарияти миллатхо мавчуд нест, мегашт.

Гурўхи дуввуми омилхо, ба шароитхои конкретии сохтмони сотсиализм дар мамлакат, расонидани ёрии харби ба мамлакатхои рў ба тараққи, нобудшавии ахоли дар солхои чанги граждани ва Чанги Бузурги Ватани, дар солхои репрессия ва ёрии «интернатсионалисти» ба Афғонистон ва ғайра алоқаман аст.

Дар чумхурихои хамсояи Осиёи Маркази тавассути мухочирати корхонахои саноатии марказ ва кадерхои баландихтисос дар замони чанг, марказхои саноати ба вучуд омаданд. Дар натича, асоси нави иқттисоди – ичтимои ва маъдани бунёд шуд, ки ба онхо навъи чадиди тавлиди мучаддади матлуб мувофиқ меомад ва ин мувофиқат ба амал омад. Дар Точикистон равандхои дар боло номгирифта на он қадар таъсири калон расониданд. Гарчанде, ки дар солхои чанг ба чумхури якчанд корхонахои саноати аз дигар нохияхо кўчонида шуда буданд, лекин дар онхо асосан коргарони мухочирон кор мекарданд. Зеро коргарони баландихтисоси саноати аз сафи ахолии махалли хеле кам буд.

Умуман, ба вазъияти демографии Точикистон хусусиятхои зерин хос мебошад6

  • сатхи баланди зиёдшавии ахоли ва тамоили пастшавии он;
  • дарачаи баланди фавти кўдакон дар муқоиса бо мамлакатхои

тараққикарда;

  • дарачаи баланди фавти ахоли ва касалихои узвхои нафасгири,

сирояткунанда ва паразитари;

  • пахншавии амалияти танзими оила;
  • нигох доштани вазни қиёсии баланди чавонон дар байни

ахоли ва бо суръати баланд зиёдшавии захирахои мехнати;

  • пурзур гаштани мухочирати ахолии маххали дар нохияхои

чумхури;

  • камшавии шумораи мутлақи ахолии шахрхо.

 

Акнун вазъи омилхои муайянкунандаи бозтавлиди ахолиро дар шароити хозира дида мебароем.

а) Никох дар Точикистон.

Дар соли 2000 дар Точикистон 26257 никох ё ин ки 4,2 никох ба хар 1000 нафар ахоли ба қайд гирифта шуда буд. Ин рақамхо нисбати соли 1991 зиёда аз 2 маротиба кам буданд ва аксарияти никох бори якум буданд. Яке аз нишондихандахои мухими вазъияти никохи ахоли инсинни сиёнаи ахли никох мебошад. Сарфи назар аз дигар чихатхои масъала ин нишондиханда яке аз омилхоест, ки дарачаи таваллуди ахолиро муайё менамояд. Дар миёнаи солхои 1979 – 1985 синну соли никох дар байни занхои чумхури аз 20,8 солаги расид, дар байни мардхо бошад аз 23,2 то 23 солаги расид. Ба хисоби миёна дар ИЧШС ин нишондиханда дар соли 1985 байни мардхо 24,2 ва занхо 221,9 солагиро ташкил мекард. Бастани ақди никох ходисаи табии мебошад, лекин бо таъсири вазъиятхои муайян як қисми ахоли таъсир мерасонад.

Барои муайян кардани ин қисми ахоли нишондихандаи дарачаи бозтавлидро хисоб мекунанд. Умуман, дар Точикистон ба хисоби миёна ин гуна одамон 1-2 фоизи ахолиро ташкил мекунанд ва дар баъзе чумхурихои наздибалтики 5-6 фоиз мебошад.

б)  Талоқ дар Точикистон.

Дар соли 1988 дар Точикистон бо сабаби талоқ 7509 ва дар соли 2000 2358 оила вайрон шуда буд. Дар соли 2000 ба хар 1000 нафар ахолии чумхури 0,4 талоқ рост меомад. Дарачаи ба вачуд омадани талоқ дар Точикистон тақрибан аз соли 1990 хеле кам шудааст. Дарачаи пасти вайроншавии оилахо бо рохи талоқ нишондихандаи устувории оила буда, шарти мухими бозтавлиди муътадили ахоли аст. Вайроншавии оила хамчунон бо сабаби фавти зан ё шавхар метавонад ба амал ояд. Дар Точикистон солхои 1991 – 2000 яке аз сабабхои якуминдарачаи бархамхурии оилахо ин фавти зан ё шавхар буд. Хусусан вафоти бештари мардхо ба зиёдшавии бевазанхо оварда расонид.

в)  Таваллуд дар Точикистон.

Дар соли 1989 таваллудшавии ахолии Точикистон пастшави дошта, тақрибан ба дарачаи 1980 наздик шуда буд. Дар байни солхои 1980-1989 афзоиши таваллудшавии ахоли мушохида карда мешуд, ки дар соли 1986 ба 1000 наафр ахоли 42 таваллуд рост меомад. Ин ходиса хам  дар шахрхо ва хам дар дехот мушохида карда мешавад. Дар баъзе нохияхо (Кўлоб, Қурғон – Теппа) дар соли 1989 ба хар 1000 нафар ахоли 46 таваллуд рост меомад. Аз соли 1991 то соли 2000 нишондихандахои таваллуди ахоли тез паст мешуд ва дар соли 2000 ба хар 1000 нафар ахоли 27 нафар таваллуд шуд. Нисбати пастшавии таваллуди ахолии Точикистон аз хисоби қариб хамаи гурўххои синну солии занхои қобилияти таваллудкуни бидуни занхои то 20 сола ба амал омад.

Дар соли 2000 дар чумхури 167,2 хазор нафар кўдак таваллуд шуда буданд, ки нисбатан ба соли 1991 45,4 хазор кас кам буд. Дар навбати таваллудкунии кўдакон инчунин дигар гунихои мушохида мешаванд. Дар соли 2000 нисбатан ба соли 1987 миқдори мутлақи таваллудкунии якум, дуввум, шашум ва аз ин боло кам шуд ва сеюму панчум зиёд шуд. Эхтимол чунин тамоили навбати таваллудкуни дар натичаи чорабинихои сиёсати демографи ба вучуд омадааст. Занхое, ки ду кўдак доштанд, хавасманд шуданд, ки кўдаки сеюмро таваллуд кунанд, зиёдшавии таваллуди кўдакхои панчум бошад ин таъсири аз як тараф анъана мебошад, аз дигар тараф камшавиитаваллуд натичаи пурзўршавии танзими оила ва ноустувории хаёти иқттисоди ва сиёсати мамлакат ва чумхурихо мебошад. Дигаргунихои муайяне инчунин дар миқдори таваллуди бе никох мушохида карда мешавад. Дар Точикистон дар соли 1980-1988 вазни қиёсии ин гуна таваллудхо зиёд шуд. Бояд қайд карди, ки дар дехоти чумхуриямон ин ходиса бештар мушохида карда мешавад. Сабаби ин дар он мебошад, ки оилахое, хастанд ки бе расмияти юридики ақди никох мебанданд. Масалан, баъзе оилахои чавон ё ин ки оилахои нави миёнасолон ва ғайра ин оилахо, албатта баъд аз як мўхлати муайян никохи худро ба расмияти юридики ба тартиб медароранд. Холати хозира ва ояндаи бозтавлиди ахоли дар зери таьсири танзими оила вобастаги пайдо мекунад.

Дар Точикистон гарчанде ба танзими оила дар байни як қисми ахоли чой дошта бошад хам, солхои охир ба ин масъала ташкилотхои дахлдор диққати махсус медиханд. Махдудияти таваллуд тавассути механизми танзими оила раванди объективи мебошад. Ин холат дар натичаи тараққиёти кулли системаи чамъияти – иқтисоди, сиёси, мадани, ичтимои ва ғайра ба вучуд меоянд. Талабот ба фарзанд пеш аз хама дар натичаи пастшавии вазифаи иқттисодии фарзанд дар оила кам мешавад. Барои хамин дар хар як дарачаи тараққиёти ичтимои-иқтисодии чамъият талабот ба миқдори фарзанд гуногун мебошад. Аз ин рў, барои хал кардани масъалахои пастшавии таваллуди ахоли рохи зури самара намебахшад, баръакс оқибатхои манфи ба вучуд меоварад.

Он қисми ахолие, ки таваллудкунии худро пешгири мекунад, аз воситаи қатъи сунъии чанин ё ки воситахо ва усулхои пешгиркунии хомиладоршави истифода мекунад. Илми хозира исбот кардааст, ки барои нигох доштани саломатии занхо пешгири таваллуд бо рохи суқут чандон маротиба зараровар мебошад, нисбати ба таваллудкунии зуд-зуд (таваллудкунии байни кўдакон 1-1,5 сол). Ба ин нигох накарда миқдори суқут зиёд шуда истодааст. Дар соли 1988 дар Точикистон 43 хазор суқут карда шуда буд. Ба хар як 1000 нафар занхои 15-49 сола дар Точикистон 38,6 хазор суқут рост меомад. Дар байни солхои 1991-2000 дар Точикистон миқдори суқутхо аз 52,1 то 22,1 хазор расида буд. Ба хар 1000 нафар зани дорои синну соли 15-49 дар соли 1991-42,6 ва дар соли 2000 – 14,8 суқут рост меомад, яъне кам шуд. Ин гуна тамоилро асосан ба васеъ шудани истифодабарии воситахо ва усулхои пешгирии хомиладоршави шарх додан мумкин аст. Лекин ин тамоилхо тадқиқотхои пурратарро талаб мекунанд.

г)  Фавт ва дарозумрии ахолии Точикистон.

Дар аввали солхои хаштодум дар чумхури нишондихандаи дарозумрии ахоли тамоили баландшави дошта. Ин тамоил то соли 1986-1987 чой дошт.дар соли 2000 нисбатан ба соли 1991 ин нишондиханда аз 70,5 то 68,4 сол паст шуд. Дар байни мардхо ин рақам аз 67,6 то 66,1 сол расида, дар байни занхо бошад ин нишшондиханда аз 73,2 то 70,8 сол паст шуд. Ба хисоби миёна дар ИЧШС дарозумрии ахоли дар соли 1988- – 69,5 аз он чумла мардхо 64,8 ва занхо 73,6 сол буд. Агар ин рақамхоро бо рақамхои мамлакатхои хоричи муқоиса кунем маълум мешавад, ки мамлакати мо чои начандон намоёнро ишғол мекунад. Масалан, дарозии умр дар як қатор мамлакатхо соли 1986 чунин буд: дар Австрия мардхо 71,8, занхо 77,8, сол; дар РФГ мардхо 71,9, занхо 80,6 сол; дар Швейсария мардхо 73,8, занхо 80,6 сол; дар ШМА дар соли 1985 мардхо 71,2, занхо 78,2 сол; дар Япония дар соли 1985 мардхо 75,0, занхо 81,0 сол.

Дарозумрии миёнаи ахолии Точикистон пеш аз хама дар зери таъсири фавти кўдакон мебошад. Дар соли 2000 ба хар 1000 нафар таваллудшудагон 14,91 тоаш нобуд шуд. Дар мамлакатхои мутараққи ин нишондихандахо хеле паст аст. Масалан ба хар як 1000 нафар таваллудшудагон дар ШМА 10,0, дар Британияи Кабир – 9,0, дар Франсия – 8,0 кўдак нобуд мешавад. Дар чанде аз мамлакатхои рў ба тараққи дар соли 1985 ин рақамхо чунин буданд: дар Аргентина – 26,0, дар Хиндустон – 97,0, дар Кувейт – 18,0. дар Мексика – 20,0 ва ғайра. Чи хеле ки дар боло қайд карда шуд, аксарияти ахоли аз он чумла кўдакони Точикистон бо сабаби касалихои экзогени (беруни – монанди касалихои инфексиони, паразитори, узвхои нафаскаши ва ғайра) нобуд мешаванд, ки ин нишондихандаи миёнаи ддарозии умрро паст мекунад. Ин касалихоро дар мўхлати кўтох якчанд маротиба кам кардан мумкин аст. Роххои асосии ин пеш аз хама муборизаи пурзўр зидди касалихои инфексиони ва паразитори, тоза нигох доштани обу хаво, баланд бардоштани дарачаи моддии ахоли ва хусусан пурратар қонеъ гардондани ахоли бо хўроквори ва ғайра мебошад.

д)  Мухочирати ахолии Точикистон.

Дарачаи мухочирати ахоли барои суръати бозтавлиди ахоли ахамияти калон дорад. Мухочират – ин раванди чойивазкунии ахолии берун аз сарзамини худ мебошад.

Тағйири миқдори ахолиро, ки дар натичаи фарқияти байни таваллуд ва фавт ба амал меояд, харакати табии ахоли меноманд.

Тағйири миқдори ахолиро, ки дар натичаи равандхои мухочират ба вучуд меояд, харакати механики ахоли меноманд.

Дар Точикистон то солхои 1976-1977 бақияи мусбати мухочирати ахоли чой дошт (яъне ба чумхури омадани ахоли аз рафтанаш зиёд буд). Хусусан, ин гуна ходисахо дар солхои 1964-1965 буд, ки дар ин солхо дар чумхури сохтани корхонахои нави саноати ва тачдиди сохтмони корхонахои мавчуда авч гирифта буд. Гарчанде, ки чойхои кори нав барои истифодаи захирахои мехнатии мавчуда ба назар дошта буданд, лекин байни онхо коргарони баланд ихтисос кам буданд. Асосан, рохбарон аз рўи принсипи чалб кардани коргарони баланд ихтисоси «тайёра» аз нохияхои марказии мамлакат амал мекарданд ва ба тайёр кардани кадрхои «худ» кам эътибор доданд.

3 Загрузки

О L-BRO Admin

Один комментарий

  1. Аноним

    Маълумоти солхои охирро аз кучо найди кардан мумкин, бемалол бошад мегуфтед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.