Сиёсати демографӣ
Мохияти сиёсати демографи.
Сиёсат (дар юнони «pollitika» — санъати идора кардани корхои давлатиро мефахмонад) сохаи фаъолиятест, ки ба муносибатхои табақотию милли робита дорад. Масалан асоси ин чои забт кардан, нигох доштан ваисифода барии хокимияти давлати мебошад. Хар як масъала дар суръате хислати сиёси мегирад, ки агар хал кардани он ба манфиати табақахо дар иртибот бо проблемаи давлати қарор гирифта бошад.
Таркиби мухталифи ичтимоии чамъияти хама вақт дар сохахои асосии фаъолияти давлат зарурати дохил намудани унсурхои сиёсиро ба миён меоварад. Аз ин рў сохахои гуногуни сиёсат вучуд дорад: сиёсати иқтисоди, техники, милли, мадани, ичтимои, демографи ва ғайра.
Олимон аз қадимулайём ба сиёсати демогграфии давлат эътибор медоданд. Масалан, чонибдорони хеле фаъоли ба хаёт татбиқ намудани сиёсати демографи дар чамъияти ғуломдори олимони юнони Афлотун ва Арасту буданд. Онхо чунин мешумориданд, ки афзоиши нихоят босуръати ахоли ба афзудани бетартиби, норозиги, чинояткори дар чамъият оварда мерасонад ва хамчунон хамаи ахолиро ба замин таъмин кардан ғайриимконпазир мебошад. Онхо тарафдорони миқдори мўътадили ахоли буданд ва онро хамчун асоси муваффақияти ичтимои мешумориданд. Барои танзим намудани шумораи ахоли, масалан, Афлотун пешниход мекард, ки колонияхо ташкил карда шаванд. Ба мардхо фарзанддори аз синни 30 то 55 солаги муайян гардад. Арасту акидахои Афлотунро давом дода ташкил мекард, ки қонун оид ба ақди никох қабул карда шавад. Аз ин рў қонун занхо аз 18 солагиашон ва мардхо аз 37 солагиашон хуқуқи фарзандори бояд пайдо намоянд. Вай пешниход мекард, ки кўдакхои касали ва кўдакхои «зиёдати» нобуд сохта шаванд, барои хар як оила нормаи муайяни кўдактаваллудкуни таъин гардад.
Дар Чумхурии Точикистон ин ёон пахлўхои демографияи мамлакатро дар асрхои олимони точик Исломов С.И., Коситов О., Папенко Ю.С., Хочибоев А.Г., Хакимова С.А., дидан мумкин аст. Лекин тахлили хаматарафаи демографияи мамлакат ва сиёсати демографии минтақави якуминбор дар асари Исломов С.И., «Демография Таджикистан» (1985) акс ёфтааст. Акнун зарур аст, муайян кунем, ки дар зери мафхуми сиёсати демографи чиро мефахманд?
Ба масъалаи мазмун, таркиб, мақсад ва вазифахои сиёсати демографи дар адабиёти демографи диққати махсус медиханд ва ақидахои гуногун байён мекунанд, масалан, дар рисолаи «Назарияи марксисти – ленинии нуфуси ахоли», зери мафхуми сиёсати демографи мачмўи чорабинихои танзимкунандаи равандхои демографиро мефахманд.
А.Г. Волков дар «сиёсати демографи» ном асараш сиёсати демографиро ба маънои васеъ хамчун фаъолияти танзимкунии шароитхои иқтисоди- ичтимои, ки оқибати демографи дорад ва бо маънои танг – хамчун мачмўи чорабинихое, ки
мақсади таъсир ба ходисахои демографи, яъне ба зиёдшавии ахоли,таркиби он, таваллудкуни, фавти ахоли ва баъзан ба тақсимоти нохиявии ахоли дар мамлакат бо рохи мухочирати ахоли маънидод мекунад. Болдырев В.А. чунин мешуморад, ки сиёсати демографи ин «мақсаднок таъсир кардани чамъият ба протсессхои демографи» мувофиқи талабот ва нигох доштани ин холат ба дарачаи барои чамъият зарур аст. Дар рисолаи «Бозтавлиди ахоли ва захирахои мехнати дар шароити сотсиализми мутараққи» гуфта мешавад, ки сиёсати демографие, ки бо маънои васеъ фахмида мешавад, ин унсури идоракунии протсессхои демографи мебошад, ки мақсади он бошуурона таьсир расондан ба муносибатхои демографии чамъят аст. Субъекти сиёсати демографи – давлат, объекти он муносибатхои чамъиятие, ки протсессхои ичтимоии ахолии ин гуногунтаркибро ташкил мекунад, мебошад. Мазмуни сиёсати демографи аз рўи проблемаи асосиии демографии чамъият муайян мешавад.
Вишнёвский А.Г сиёсати демографиро хамчун таъсиррасони ба муносибатхои демографи, барои тағйир додан ё ин ки нигох доштани сифати функсионалии системаи демографи мефахмад.
То холо илми демографи ба саволи чи гуна будани механизми амали қонунхои демографи чавоб надодааст. Чорабинихои демографие, ки холо аз иарафи давлат чори карда мешавад., бештар характери субъективи доранд, ки аз рўи он на хама вақт қарори дуруст қабул кардан мумкин аст. Қонунхои демографиро шартан ба чунин гурўххо тақсим кардан зурур мешуморем:
- Қонуниятхои бозтавлиди ахоли
- Қонуниятхои никох ва талоқи ахоли
- Қонуниятхои фавти ахоли
- Қонуниятхои урбанизатсия ва мухочират
- Қонуниятхои шуғли ахоли
- Қонуниятхои чойгиршавии ахоли ва ғайра.
Омухтани механизми амали ин қонунхо вазифаи асосии илми демография мебошад. Сиёсати демографи, ин шакли истифодабарии қонунхои тараққиёти демографи буда, танзимкунии равандхои демографиро таъмин мекунад. Тахминан дар асоси тадқиқотхои мавчуда роххои умумии тараққиёти ахолиро чунин муайян кардан мумкин аст, ки ахоли бояд инро тай кунад. Дар оянда афзоиши ахоли ба он оварда мерасонад, ки таваллуди ахоли паст шуда вазни қиёсии оилахои камфарзанд дар таркиби ахоли меафзояд. Протсессхои мухочирати ахоли ва дароз шудани умри пешистодаи ахоли зиёд мешавад, сифати ахоли баланд мешавад ва дар ташаккули ахоли бештар омилхои ичтимои – психологи ахамияти пайдо мекунанд. Фахмост, ки ин хислатхои тараққиёти ахолии мамлакат хамчун нишондихандахои миёна зохир мешавад. Дар нохияхои алохида бошад баъзе хусисиятхои хос боқи мемонад ва ба асоси интизоми демографи озодии пурра (хуқуқи ва амали) гузошта мешавад.
Дигар хислати ба вучуд омадани ин гуна шакли бозтавлиди ахоли тадричан баланд шудани таъсири чамъияти ба ахлоқи демографии ахоли мебошад. Дар дурнамо (25-30 сол) дар мамлакат ба вучуд омадани шакли ягонаи бозтавлиди ахолиро пешьини кардан мумкин ст.
Лекин ин нақшаи умуми мебошад, дарачаи тараққиёти демографии хар як нохия ва этнос дар зери таъсири рохи тайкардаи таърих, анъанахо, хусусиятхои тараққиёт ва ғайра мебошад. Аз ин рў мақсади сиёсати демографи дар нохияхои алохида метавонад гуногунбошад ва аз ин лихоз зарурияти сиёсати демографии нохияви ба миён меояд. сиёсати демографиро асосан ба ду равия чудо кардан мумкин аст: умумичумхурияви, ки барои ба даст овардани мақсадхои дарозмуддат равон карда шудааст; нохиявие, ки бар сиёсати умумичумхурияви илова буда, хусусиятхои коркарди чорабинихо дошта, мақсади хал кардани масъалахои наздикро дорад. Бояд қайд кард, ки хардуи ин равияхои сиёсати демографи аз нуқтаи назари манфиатхои дарозмуддат як мақсад доранд, лекин дар баъзе вақтхои кўтох масъалахои гуногунро хал мекунанд.
Хулоса, гуфтан мумкин, ки мақсади асосии сиёсати демографии кишвар ташкили шакли якхелаи бозтавлиди ахоли мебошад. Дар нохияхои серфарзанд бошад, мақсади наздиктаррини сиёсати демографи, баланд бардоштани сифати ахоли (пеш аз хама паст кардани фавти кўдакон, тайёр кардани кадрхои баландихтисос, мустахкам кардани саломатии ахоли, тараққиёти мухочират, баланд бардоштани дарачаи таъминоти моддии ахоли ва ғайра) мебошад.
Сиёсати демографи баъд аз ба даст овардани ин ё он натичаи демографи аз байн намеравад. Ин сиёсатро аз рўи қонунхои тараққиёти ахоли мунтазам бурдан лозим аст ва дар нақшахои тараққиёти иқтисоди – ичтимоии мамлакат ба хисоб гирифтан зарур мебошад. Муносибатхои демографиро хамчун қисми мухими муносибатхои чамъияти бояд хисоб кард.
Принсипхо ва усулхои сиёсати демографи.
Сиёсати демографи бояд ба принсипхои зерин такя намояд:
- аз нуқтаи назари илми асоснок кардани мақсади сиёсати демографи;
- сиёсати демографи характери комплекси дошта бошад;
- самаранокии сиёсати демографи;
- инсонпарварии сиёсати демографи;
Сиёсати демографи вазифахои зерринро бояд ичро кунад:
- махдудсозии протсессхои демографи;
- хавасмандкунии ривоч додани протсессхои демографи;
- устуворсозии протсессхои демографи.
Вазифаи махдудсозии сиёсати демографи дар он зохир мегардад, ки ба воситаи чорабинихои сиёсати демографи ба протсессхои демографи тамоили ба мақсад мувофиқ муайян карда мешавад. Масалан, чорабинихо барои паст кардани дарачаи таваллуди ахоли, дар баъзе мамлакатхо пешгири кардани мухочирати ахоли ба нохияхое, ки ба омадани ахоли аз «берун» эхтиёч надоранд ва ғайра. Вазифаи хавасмандкунии сиёсати демографи дар он зохир мегардад, ки ба воситаи чорабинихои ин сиёсат, барои тараққи додани ин ё он протсессхои демографи кўмак мерасонад. Масалан, зиёд кардани таваллуди ахоли дар нохияхое, ки ин нишондиханда хеле паст мебошад, хавасмандкунии ахоли барои мухочир шудан ба нохияхои нави азхудшудаистода ва ғайра.
Вазифаи устуворсозии сиёсати демографи иборат аст аз нигох доштани тамоили демографии мавчуда бо истифода бурдани чорабинихои сиёсати демографи.
Масалан, ба хисоби миёна дар мамлакат вақти ба даст овардани режими бозтавлиди оптималии ахоли, сиёсати демографи бояд устувории ин равияро нигох дорад. Хар як илм усулхои ба худаш хос дорад, ки онхоро истифода бурда, фанни худро меомўзад.
Усулхои сиёсати демографиро ба чунин гурўххо чудо кардан мумкин аст:
- ичтимои – иқтисоди;
- тарбияви – психологи;
- хуқуқи
Ба усулхои ичтимои – иқтисоди чорабинихои баланд бардоштани шароити мехнат, шароити маишии оилахо, вазъи шароити иқтисодии оила баъд аз таваллуди кўдак, мустахкамшавии оила, хавасмандкуни ё ин ки пешгири кардани мухочирати ахоли ва ғайра дохил мешаванд. Масалан, додани ёрдампулии яквақта ва хармоха барои кўдакони навтавлидшуда, таъмин кардани имтиёзхо ба оилахои чавони кўдакдор барои гирифтани кредит, чои истиқомат, анчоми рўзгор ва ғайра.
Чорабинихои тарбияви-психологи хамаи чорабинихои воситахои пропакагандаи оммавиро дар бар мегирад, ки бо ёрии он, дар шуури ахоли барқарор кардани идеалхои нави демографи, яъне ташкил кардани шуури демогграфии зарури-чамъиятро дар назар дорад.
Чорабинихои хуқуқияти сиёсати демографи, ин мачмўи умумии хамаи қонунхо оид ба демография мебошад, ки барои ба даст мақсадхои демографии чамъият қабул мешаванд. Масалан, қарор дар бораи манъ кардани аборт, шуғли ахоли ва ғайра.
Усулхои сиёсати демографи мунтазам дар робитаи мутақобил буда ба таври комплекс истифода бурда мешаванд, алббата, бо назардошти вазъияти демографии мушаххас ва шароитхои хоси нохияви, этники, сиёси ва ғайра.
Қисми асосии сиёсати демографи – ин муайян кардани мақсаднок истифода бурдани нерўхо ва самаранокии харочотхои чорабинихои сиёсати демографи мебошад. Дар халли ин масъала дуруст муқоиса кардани харочот ва самара бисёр хам чидди мебошад. Аммо на хамаи самарае, ки чорабинихои сиёсати демографи медихад, миқдоран хисоб кардан мумкин. Барои хамин, самаранокии чорабинихои сиёсати демографиро, тахминан бо рохи муқоисаи харочот барои ин ё он чорабинихо ва харакати тамоилхои демографи, мувофиқи мақсади гузошта шудаи демографи, муайян кардан мумкин. Агар тамоилхои демографи дар давоми як чанд сол мувофиқи мақсади гузоштаамон тараққи кунад, гуфтан мумкин, ки харочотхои чамъият самаранок мебошад. Ғайр аз ин, боз дигар нишондихандахои махсуси самаранокии харочотхоро барои чорабинихои демографи хисоб кардан мумкин аст.
Сиёсати муосири демографи дар баъзе мамлакатхои хоричи.
Холо дар бисъёр мамлакатхои дунё барномаи муфассали шаклхои мухталиф амал мекунанд. мақсаду усулхои халли проблема бештар ба имконоти иқтисодии давлат ва сиёсати пешбурдаи ин иртибот дорад.
Дар баъзе аз кишвархо сиёсати демографи пеш аз хама ба камшавии таваллуд, дар дигараш ба пастшавии фавти кўдакон ва майли дарозумри, дар гурўхи сеюм ба боздошти равандхои (мухочирот, хичрат) равона карда шудааст.
Сарфи назар аз сиёсати кунунии демографи рочеъ ба таваллуд холо дар чахон кишвареро ном бурдан душвор, ки дар он пасту баланд кардани он мувафаққияти назаррасе ба даст оварда шуда бошад, маъмулан, дарачаи сиёсати демографи пеш аз хама аз тарафи давлат бо хавасманд ё махдудкунии модди ва дигар имтиёзхо вобастаги дорад.
Мазмуни сиёсати демографии якчанд мамлакати дунёро дида мебароем.
Дар ШМА сиёсати ягонаи демографии умумидавлати гузаронида намешавад. Ин масъалахоро хар як штат мустақилона хал мекунад. Назорат аз болои суръати афзоиши ахоли бо мақсади ба нақшагирии самаранок ва коркарди чорахо бо мақсади қонеъ гардондани талаботи табақахои гуногуни чамъият хеле мухим ба хисоб меравад. Ба оила асосан дар шакли имтиёзхои мухталифи иқтисоди кумак расонида мешавад. Ғайр аз ин хокимияти федерали ва махалли ба занони хомиладро ва оилахои серфарзанд ё камдаромад кўмакпули медихад. Кўмакхои моддию имтиёзхо барои хамаи хохишмандон дастрас аст. Хукумат барои анчоми тадқиқоти илмии биотибби ва ичтимои рочеъ ба масоили таваллуд ва безурёти маблағ чудо мекунад.
Дар Олмон аз сабаби паст будани дарачаи таваллуд барои таваллуди фарзанд сиёсати хавасмандкуни гузаронида мешавад. Баробари таваллуди фарзанд якбора камаш 100 марка дода мешавад. Кўмакпули мохона ба андозаи 50 марка, ба кўдаки аввал 100 марка, ба кўдаки дуввум 200 марка, ба фарзандони сеюм ва фарзандони баъд таваллуд ёфта дода мешавад. Рухсати ба сабаби хомиладори ва таваллуд аз 37 хафтаро ташкил медихад, ки хар хафта аз 3,5 марка то 25 марка кўмакпули дода мешавад. Ба оилахои серфарзанд барои харидани хонахо имтиёз дода мешавад. Аз январи соли 1986 мувофиқи қонун дар бораи тарбияи кўдакон пас аз таваллуди кўдак ба модар ё падар сарфи назар аз иштирок дар истехсолоти чамъияти дар давоми 6 мох 600 марка дар як мох дода мешавад ва аз мохи хафтум то дахум кўмакпули вобаста ба миқдори даромади оила муайян карда мешавад. Инчунин дигар имтиёзхо мавчуданд.
Дар Фаронса аз сабаби паст шудани дарачаи таваллуди тадбирхои зиёд кардани ахоли гузаронида мешавад. Ба занхои хомиладор, ки ки аз се назорати тибби гузаштаанд, дар 15 хафтаи аввал ба миқдори 2800 франк кўмакпули дода мешавад. Пас аз таваллуд кўмакпули алохида — алохида дода мешавад: дар 8-рўзи аввал ба миқдори 2590 франк (агар ин фарзанди сеюм ё минбаъда бошад, дар он он суръат 5810 франкро ташкил медихад), дар 9-10 мохаги 540 франк ва баъд аз оне, ки кўдак 2-сола мешавад ба миқдори 540 франк кўмакпули медиханд. Ба оилахо серфазанд миқдори кўмапули зиёд карда мешавад. Қумапулии якмоха ба ду фарзанд 513 франкро ва се фарзанд 1153 франкро ба 4-фарзанд, 1803 ба панч фарзанд 2435, ва ба шаш фарзанд 3076 франро ташкил медихад. Ин кўмакпули то 16-солагии фарзанд, яъне то хатм кардани мактаб, дар холати кор коби то 17-солаги, дар холати давом додани тахсил то 23-солаги дода мешавад. Дар холати 10-сола шудани фарзанд миқдори ин кўмакпули 140 франк дар 1-мох зиёд мешавад, дар холати 16-сола шуданаш бошад, ба миқдори 240 франк зиёд мешавад. Қисми зиёди оилахое, ки камаш як кўдак доранд, ба тариқи илова дар якмох 630 франк мегиранд.
Дар Инглистон занон якбора бароари таваллуди фарзанд ба миқдори 25 фунт стерлинг кўмакпули мегиранд. Кўмакпулии якмоха 16 фунт стерлингро ба хар фарзанд новобаста аз паи хамин таваллуд ташкил медихад. Вай то 16-солагии фарзанд ва агар ў хонад то 19-солаги дода мешавад. Дар вақти рухсати ба сабаби хомиладори 17 хафта (ёздах хафта то хамл ва хафтаи пас аз хамл) ба андозаи музди кор кўмакпули дода мешавад. Падару модар танхо метавонад ариза навишта барои нигохубини кўдак 15 фунт стрелинг дар 1-хафта талаб кунад. Дар вақти гузариш батайёр кардани як қатор программахои давлати ба падару модари танхо дар он ишттирок карда дар як хафта барои нигохубини кўдак 50 фунт стрелинг дода мешавад. Яке аз мақсадхои хукумат таъмин кардани ахоли ба дониш ва воситахои огохкунандаи хомиладори мебошад. Ахамияти афзалиятнокии худро ташаккули хизматрасони барои барпо кардани оила гум накардааст.
Дар Япония проблеммаи нуфус ба ду чанба нигаронида шудааст – пиршавии ахоли ва чойгир кардани нобаробарии он дар масъалаи тавллуди сиёсат дахолат наёфтааст, чунки хукумат чунин хисоб мекунад, ки таваллуди фарзанд бояд кори шахси бошад. Дар исқоти амр ва дигар воситахои пешгирии таваллуд махдудият нест. Ба нақшагирии оила қисми асосии хизматрасонии рухсати саломатии модар ва фарзанд мебошад. Холо ду барномаи ба нақшагии оила амал мекунад: 1.барномаи умуми барои нав хонадорон, 2- барои оилахои аз тарафи давлат кўмак мегирифта ва барои оилахои камдаромад. Ба оилахо имтиёзхои мухталиф кардашудааст: қумакпули ба андозаи 5000 иен барои фарзанди 3-юм ва минбаъд рухсати ба сабаби хомиладори ва хам дар мўхлати 6-хафта пеш аз хамл ва баъди хамл; додани қумакпули ба миқдори 60 % музди кори якмоха ва дар бобати таваллуд кардани кўдак ба андозаи нисфи музди кори якмоха ва кўмакпули барои нигохубии кўдак ба миқдори 2000 иен дода мешавад.
Дар Хитой танзими таваллуд хамчун сиёсати асоси хисоб мешавад. Аз соли 1981 дар малакат кумитаи давлати ба нақшагирии таваллуд хамл мекунад. Мақсади барнома ба накшагирии оила, қафомонии ақди нокох ба танзим дарории фосилахои байни таваллуди фарзандон ва махсусан хавасманд гардонии оилахои як фарзанддор мебошад. Ёрдам ба иолаи фақат як фарзанд дошта ба дарачаи комплекси иқтисоди ва ичтимои амали карда мешавад. Бо он мукофотпули ёрии модди вобаста ба хизматрасонии тибби, нафақа пули нисбатан зиёд имтиёз дар гирифтани хона ва ғайра дода мешавад. Ба оилахои аз ду фарзанд зиёд дошта талони давлати дода намешавад ва аз музди мехнаташон 2 фоиз дошта мешавад. Мақсади сиёсати демографи дар Хитой паскунии коэффисиенти афзоиши табиии ахоли аз 12 промилле дар соли 1978 то 5, дар соли 1986 ва (О) промилле дар соли 2000 – ум мебошад. Дар соли 1980 сину соли номиналии оиладоршави барои харду чинс ду сол зёд карда шуд, ки холо барои мардон дар 22 солаги ва барои занон дар 20 солаги муайян карда шудааст. Дар баробари махдуд набудани пешгирии хамл дар Хитой суқути чанин ва чаррохи барои ахтакуни амали озод аст. Ба назардошти ахамияти баланди иқтисодии фарзандон дар дехот аз соли 1984 ба дехотихо таваллуди 2 фарзанд, ва дар шахриён 1фарзандро ичозат дода шуд.
Дар Хиндустон дар сохаи танзими олила ташвиқи оилахо дорои 2 фарзанд ва танзими тавлиди дарачаи бозтавлиди одди ба рох монда шудааст. Дар соли 2000 муофиқи нақша 31 миллон одам ахта карда шуда 21,3 миллон тавассути истифодаи воситахои дохилии баччадон, 62,5 млн аз тариқи истифодаи тарзхои маъмули пешгирии хамл дар назар дошта шуда буд.