Зиччии аҳолии кураи замин

 

Аҳолӣ дар кураи Замин   нобаробар љойгир  шудааст. Ҳоло 70% тамоми аҳолии кураи Замин дар 7% хушкӣ зиндаги мекунанд. Аз 149 млн км2  хушкии сайёра  дар  22,4 млн км2  ё ин ки дар 15% он аҳолӣ доимӣ истиқомат намекунад. Ба чунин минтақаҳо  љазираи Греландия (ғайр аз қисми  љанубии љазира), қисми шимолии архипелаги  Арктикии Канада,  қисми зиёди биёбонҳои Саҳрои Кабир, Руб-ал-Холӣ,  Қуми Калон, Виктория, материки Антарктида ва қисми кўҳсори  баланд дохил мешавад.

Инчунин дар љаҳони имрўза давлатҳое во мехўранд, ки  шумораи аҳолии онҳо ниҳоят каманд: Масалан,  Ватикан (1000 нафар), Тувалу (10 000 нафар), Науру (11 000 нафар) ва ғайра.

Вобаста ба љойгиршавии аҳолӣ дар кураи замин  се минтақае ба назар мерасад, ки зиччии аҳолии онҳо  хело зиёд аст.

  1. Осиёи  Љанубу-Шарқӣ.   Дар ин  минтақа зичии аҳолӣ дар 1км2 аз 200 нафар зиёд мебошад. Дар баъзе  қисмҳои  минтақа зичӣ  дар 1кмто 1400-1900 нафар ва аз он ҳам зиёд ба назар мерасад.  Масалан, дар Сингапур зичии аҳолӣ дар  1км2  20346 ва дар  Бангладеш  ба 1035 нафар мерасад. Зиёд будани аҳолӣ бештар ба  маскуншавии таърихии он, дар бисёр ҳолат  шуғли онҳо ба шоликорӣ ва инчунин   афзоиши баланди табииӣ  аҳолӣ алоқаманд аст.
  2. Давлатҳои Европа (Ғайр аз Европаи шимолӣ). Дар ин минтақа зичии аҳолӣ дар 1км2 200-400 нафар, дар баъзе   љойҳо   1200-1600 нафар ва аз ин ҳам зиёдро дар бар мегирад. Масалан,   давлати Монако, ки дар љаҳон  аз љиҳати зичӣ дар љои аввал меистад,    дар 1км2   33104 нафар   зиндаги мекунанд. Сабаби дар ин минтақа зич љойгир шудани аҳолӣ ин таърихан ба љойгиршавии он  дар маркази  «тамаддун»  ва ба дараљаи баланд рушд ёфтани соҳаҳои саноат вобаста  мебошад.

3.Қисми шимолу шарқии ИМА. Ин минтақа нисбатан љавон буда,  баъди кашфиётҳои географӣ ва дар асрҳои   XIX-XX ҳангоми муҳољирати  аҳолии Европа ба ИМА ва аз Африка зўран овардани   ғуломони сиёҳпўст ба ин қитъа ва минбаъд ба инкишофи  баланди соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар ИМА вобаста зич алоқаманд мебошад.

Сабабҳои нобаробар љойгиршавии аҳолӣ.

Дар љойгиршавии аҳолии кураи Замин  омили ба роҳҳои нақлиёт ва роҳҳои савдо   аз љумла дар соҳили баҳру уқёнусҳо зиндаги кардан  таъсири зиёд мерасонад. Масалан, дар соҳили баҳру уқёнусҳо, ки   то 200 км тўл мекашад нисфи аҳолии кураи замин љойгир шудаанд. Дар давлатҳои љазиравӣ ва нимљазиравии дар соҳили баҳру уқёнусҳо љойгирбуда ин нишондиҳанда боз ҳам зиёд мебошад. Масалан, дар љазираи  Ява зичии аҳолӣ дар 1км2 ба 2000 нафар мерасад. Қисми асосии шаҳрҳои миллионери љаҳон низ дар соҳили баҳру уқёнусҳо љойгир шудаанд.

Дар љойгиршавии аҳолӣ дар дохили материку  қитъаҳо    низ  дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасад. Бояд хотирасон намуд, ки дар љойгиршавии аҳолӣ шароитҳои   табиӣ,   иқтисодӣ ва  мўҳлати дар минтақа маскуншавии он,  намуди хољагидорӣ (чорводорӣ, зироаткорӣ ва ё саноат) инчунин суръати  муҳољирати дохилӣ ва беруна  таъсир мерасонад. Масалан, дар љойгиршавии аҳолии Африка  шароити таърихӣ ва  хариду фурўши  ғуломон  таъсири калон расонидааст.  Барои  рушди ҳар  давлат   меъёри муаяни зичии аҳолӣ хос мебошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.