Географияи чорводории Точикистон

 Географияи чорводории Точикистон
Чорводори .
Кирмакпарвари.
Замбур парвари Аспарвари.

Чорводорӣ дар таркиби соҳаҳои хољагии қишлоқ баъди пахтакорӣ соҳаи калонтарин ба шумор меравад. Зиёда аз 70 % заминҳои хољагии қишлоқро чарогоҳо ташкил медиҳанд. Аљдодони точикон тули асрҳо навъҳои нави чорворо (гўсфанди ҳисорӣ, аспи хатлонӣ, қутоси бадахшони ва ғайра) ба вуљуд овардаанд, ки хело шухрат доранд.Чорводорӣ солҳои мављудияти Ҳокимяти Шуравӣ бо соҳаи инкишофёфта табдил ёфт,ки ҳазорҳо хољагиҳои давлатию љамиятии чорвопарвар ташкил карда шуда, навъҳои гуногуни чорвои сермаҳсул ба вуљуд оварда шуданд.

Солҳои Ҳокимияти Шуравӣ истеҳсоли маҳсулоти чорво хеле зиёд шуд. Дар соҳаи чорводорӣ ҳам аз љиҳати миқдор ва ҳам аз љиҳати сифат таъғирот ба вуљуд омад. Комплексҳои калони чорводорӣ, фабрикаҳои мурғпарварӣ, корхонаҳои истеҳсоли хўроки чорво сохта шуданд. Чорводорӣ дар водиҳо соҳаи дуюм ва дар ноҳияи кўҳӣ соҳаи аввалиндараља мебошад. Чорводорӣ ба чунин зерсоҳаҳо тақсим шудааст: говпарварӣ, гўсфандпарварӣ, бўзпарварӣ, асппарварӣ, мурғпарварӣ, хукпарварӣ, занбурпарварӣ,моҳипарварӣ ва ғайра Говпарварӣ дар љумҳурӣ равияи гушту шир дорад. Гов парварӣ қариб дар ҳамаи ноҳияҳои љумҳурӣ ривољ ёфтааст. Ба ин соҳа ҳољагиҳои шахсӣ ва фермерӣ дохил мешаванд, ки зотҳои наву сермаҳсулро вобаста ба шароитҳои маҳал парвариш мекунанд. Дар Помири Шарқи қутоспарварӣ ба роҳ мондашудааст. Ин гов бештар ба шароитҳои ин минтқа мутобиқ буда онро барои шир ва гўшт, пашм, пуст ва воситаи боркашонӣ парвариш мекунанд.

Гўсфандпарварӣ соҳаи анъанавии мардуми тољик мебошад. Вобаста ба шароитҳои табиию географӣ, географияи гўсфандпарварии љумҳурӣ фарқ мекунанд. Дар қадим гўсфанди навъи дарвозӣ, ба шароити кўҳистон мутобиқ дар ноҳияи баландкўҳ парвариш карда мешуд. Дар водии Вахш гўсфандони навъи қароқўлӣ ва дар водии Ҳисор гўсфанди Ҳисорӣ парвариш карда мешуданд. Ба ноҳияҳои шимолӣ љумҳурӣ (вилояти Суғд ) гўсфанди «љойдорӣ» хос аст, ки аз љиҳати вазн баъди гусфанди ҳисорӣ љои дуюмро ишғол мекунад. Дар тули солҳои Ҳокимияти Шуравӣ навъҳои сермаҳсули гўсфандонро пайдо карданд. Ҳоло дар минтқаҳои баландкўҳ-гўсфандони маҳинпашми дарвозӣ дар шимол – гўсфандони љойдорӣ;дар водии Вахш ва Кулоб гўсфандони қароқулӣ ва дар дигар ноҳияҳо гусфандони навъи ҳисорӣ парвариш мекунанд.

Соҳаи дигари чорводории љумҳурӣ бузпарварӣ мебошад, ки он дар минтиқаҳои кўҳӣ ва доманакўҳӣ соҳаи ривољёфта ба ҳисоб меравад, Хусусан парвариши бузҳои маҳинпашми ангорӣ аҳамияти калони хољагӣ доранд. Ин соҳа бештар дар шимоли љумҳурӣ рушт ёфтааст.

Парандапарварӣ дар чумҳурӣ аз соли 1965 оғоз ёфта дар солҳои Ҳокимияти Шуравӣ ин соҳа дар сатҳи саноати амал мекард, ки хољагиҳои махсусгардидаи дорои техналогияи бузурги истеҳсолӣ буд. Ба ҳайати он фабрикаи Душанбе, Чиптура, Хуљанд, Конибодом, Ваҳдат, стансияҳои мурғпарварии Панљакент, мурғи марљони Файзобод доҳил мешуданд. Ҳоло дараљаи истеҳсолии ин корхонаҳо хеле паст шудаанд. Аксари онҳо бо кумаки сармояи хориљию маҳалӣ ҳамчун корхона мекунанд.

Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзии Тољикистон мебошад, Дар ибтидо ба кирмакпарварӣ уезди Хуљанд ва гурўҳ нояҳои љанубӣ љумҳурӣ (н.Қабодиён ) парвариш менамуданд. Дар солҳои Шуравӣ базаи ғизоии он мустаҳкам шуда ин соҳа хеле ривољ ёфт, ки ҳоло қариб дар ҳаммаи винтиқаҳои љумҳурӣ парвариш карда мешавад. Дар тули даҳсолаҳо зиёда аз 36 млн бех ниҳоли тут шинонида шуд, ки заминаи ғизоии кирмакпарварӣ мансуб меёбад. Ниҳолҳои тутро дар қад- қади раҳҳо, љуйҳо атрофи заминҳои кишт мешинонанд, ки он нафақат ғизои кирмак балки заминҳоро аз шамол ва бодхудшавӣ нигоҳ медоранд.

Барои истеҳсоли 1 кг пилла барои кирмак тахминаи 18-19кг барги тут лозим аст. Кирмакпарвари сердаромад буда рушти он ба зиёд намудани майдони тутзорҳо ва дастовардҳои илмӣ вобастагӣ дорад,

Занбўрпарварӣ нисбат ба дигар соҳаҳои чорводорӣ љавонтар аст. Аммо барои мардуми тољик ин соҳа аз замонҳои қадим маълум буд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар љумҳурӣ ҳоло хиёда аз 64829 ҳазор оилаи занбур мављуд аст. Зиёда аз 70 %-и он ба хољагиҳои шахсӣ таълуқ доранд. Ғайр аз ин ба занбўрпарварӣ хољагиҳои љангал, хољагиҳои ёрирасони назди корҳонаҳои саноатӣ, хољагиҳои деҳқонӣ ва ғайра машғуланд. Ҳоло қариб дар тамоми қаламравӣ љумҳурӣ ба ин соҳа диққат медиҳанд.

Аспарварӣ дар Тољикистон соҳаи қадима аст. Зотҳои аспи тољикӣ, хуталонӣ, аз қадим машҳуранд, ки онҳо дар намуди бозиҳои асптозӣ, ва чавгонбозӣ шўҳрати зиёд доранд.

Аспро инчунин барои боркашонӣ, саворӣ ва корҳои хољагиҳои васеъ истифода мебаранд. Ҳоло дар љумҳурӣ ипподром, хољагиҳои аспарварии шахсию давлатӣ амал мекунанд. Ба ин кор инистутӣ илмӣ – тадқиқотии чорводории Тољикистон роҳбари мекунанд. Соли 2008 шумораи асп дар мамлакат 75,4 ҳазор сарро ташкил менамуд.

Моҳидорӣ бошад дар Тољикистон баъди сохтимони обанборҳо ва ҳавзҳои сунъӣ аз солҳои 60-уми асри ХХ оғоз ёфт. Хусусан баъди сохтмони обанбори Қайроқум, хољагиҳои моҳирпарварии Чубек, Љиликўл, Қумсангир ва Панљакент ҳаљми моҳидорӣ афзуд. Ҳоло дар љумҳурӣ хољагиҳои моҳидории Қайроқум, Панљакент Чубек, Кофарниҳон ва Хољамастон фаъолият мекунанд. Дар ин хољагиҳо намуди моҳиҳои зағора, амури сафед, судак, карас сазан, гулмоҳӣ ва ғайра парвариш карда мешаванд. Љумҳурӣ барои дар оянда ташакул додани ин соҳа имкониятҳои зиёд

дорад.

Дар кўлҳои водии Вахш нутрияпарварӣ мављуд аст. Нутрия дар шароити Тољикистон хуб мутобиқ шуда бо суръат меафзояд. Ин ҳайвон аҳамияти калони саноатӣ дошта онро барои муинаи зебояш парвариш мекунанд.

1 Скачать
test

Добавить комментарий