Ноҳияи иқтисоди Вахш

 

Ноҳия ҳудуди ҷанубу ғарбии Тоҷикистонро фаро мегирад. Масоҳати он 12 ҳазор километри мураббаро ташкил менамояд. Ноҳия аз шимол бо ноҳияи иҷтисоди Ҳисор, дар шарқ бо ноҳияи Кулоб, дар ҷануб бо давлати Афғонистон ва дар ғарб бо Ӯзбекистон ҳамдуд мебошад. Дар байни ноҳия ва давлати Афғонистон ва истгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон ба воситаи дарёи Панҷ ва Аму киштиҳои хурди боркашӣ ҳаракат мекунад. Дарозии хати роҳи обӣ 260 километр аст. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки иқтисодиёти ноҳия ба таври комплексӣ инкишоф меёбад.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Шароити табиии ноҳия ба шароити табиии ноҳияи иқтисодии Суғд шабоҳат дорад. Релефи ноҳия он қадар муракаб нест. Дар ҳудуди он қаторкӯҳҳои начандон баланд воқеъ гардидаанд. Барои ноҳия тобистони гарму хушк ва зимистони кӯтоҳи мулоим хос мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл аз +28градус то +30градус январ бошад, аз -1градус то -3градус дараҷаи тағир меёбад. Боришоти солона 150-400мм-ро ташкил менамояд. Вобаста ба тақсимоти ҳарорати дар ҳудуди ноҳия зонаи биёбон ва нимбиёбон ва дашт ташкил ёфтааст. Дар шароити обёри суъӣ ва ба замин андохтани нуриҳои минерали ҳосили баланд гирифтан мумкин аст. Инчунин, иқлими гарму хушки ноҳия бо паёастаги обёри сунъӣ барои то 2-3 ҳосил гирифтан имконоят медиҳад. Бо ин мақсад аз оби дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон истифода мебаранд.

То дараи Шурави, аҳоли асосан ба чорводори ва ғаллакори  машғул буд. Баъди аз худ намудани водии Вахш, ноҳия асосан ба парвариши пахта (80% -и онро кишти пахтаи маҳинах ташкил мекард), ҷут (ноҳияи Панҷ) ва меваҳои судруси махсус гардонда шуд. Дар як вақт ба боғу токпарварӣ асос гузошта шуд, ки дар гузашти соҳаи ақибмонда ба ҳисоб мерафт. Ҳамҷудияити чароҳгоҳҳои васеъ барои инкишофи чорводори, аз ҷумла соҳаи анъанавии он қароқӯл парварӣ, мусоидат намуд. Дар ноҳия як чанд хоҷагиҳои қароқӯл парвари ( Қубодиён, Яккадин, Кофарниҳон) ташкил карда шуд. Барои парвариши зоти гусфанди гушти равған диҳанда, Совхози ба номи Куйбишев таъсис ёфт.

Ноҳия дорои шабакаи инкишоф ёфтаи нақлиёт мебошад. Аз ҷиҳати таъмин будани роҳ ноҳия дар байни ноҳияҳои иқтисоди чойи муҳимро ишғол менамояд. Ба ҳар ҳазор километри мураъба зиёда аз 213километр

роҳ рост меояд. Дар ноҳия 17% роҳи мошинагард ва 34%хати роҳи оҳани ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст. Ҳамин тавр,зимни истифодаи захираҳои табии, энергетики, ашёи хоми кишоварзӣ ва захираҳои меҳнати дар ноҳия комплекси ягонаи минтақавию истеҳсоли ташаккул ёфтааст. Асоси онро зинаҳои барқию химиявӣ, кишоварзию саноатӣ ва саноатию сохтумон ташкил менамояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.