Ноҳияи иқтисоди Суғд

 

Ин ноҳияи иқтисодӣ дар шимоли ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Масоҳатати он 26,88 ҳазор километри мураббаъро ташкил менамояд.

Сатҳи ҳамвориро адирҳо начандон баланд халалдор менамоянд. Онҳо ҳамчун як силсилаи баландӣ аз Ҷанубу Ғарб ба самти Шимолу Шарқ тӯл кашидаанд: баландии Деҳмой, Исфосор, Оқбел, Оқҷар, Қизилҷар. Баландии мутлақи онҳо 400-100метрро ташкил менамояд. Дар канори ғарбии ҳамворӣ дашти Мирзочӯл воқеъ гардидааст, ки баландии мутлақи он ба 250-300метр мерасад.

Иқлими ин минтақа нисбатан ба минтақаи биёбон салқин аст. Маҷмӯи ҳврорвти мусби 4200-4600градус,давомнокии гармо 200-210 рӯзро ташкил менамояд. Боришоти солона аз 115 то 300-350мм тағйир меёбад. Хоки минтақаро намудҳои гуногуни хоки хокистарранг ташкил мекунанд. Аз ҷумла, дар даштҳои қӯҳии Исфара хоки хокистарранги равшан, одӣ дар Ӯротеппа, хокистарранги сиёҳтоб васеъ паҳн гардидаанд.

Обҳои дохилии ноҳияро шабакаи дарёҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил менамоянд. Дарёҳои калонтарини ноҳияи Сир, Исфара, Исфана, Хоҷабоқирғон ва Оқсӯ ба ҳисоб мераванд. Ғайр аз дарёи Исфара боқимондаи онҳо оби худро берун аз марзи ҷумҳурӣ мегиранд. Оби дарёҳо пурра барои обёрӣ сарф мегардад. Дарёҳое, ки аз нишебиҳои Ҷанубу Шарқии кӯҳи Қурамос ҷори мешаванд, (Кадак, Коксар, Ошоба, Гудас, Бобои об, Оқтош, Саврак ва ғаёра) аз сабаби камоб буданашон аз ҳамвории доманаи он берун ҷори намешаванд. Кӯлҳо дар ҳудуди ноҳия зиёд нестанд, дар инҷо фақат кӯли Оқсукон воқеъ гардидаааст. Оби он шӯр буда, тобистон хушк мешавад. Аз он намак ва лойқаи табобатӣ  истеҳсол мекунанд. Дар баъзе мавзеъҳои ноҳия обҳои зеризаминӣ муайян карда шуданд. Қисми онҳо барои обёрӣ ва нӯшокӣ истофода мешаванд.

Ба заминаи табиӣ дар ноҳия пеш аз ҳамасарватҳои таъиноти бисёрҷабҳа – об ва замин дохил  мешавад. Миқдори умумии заминҳои ноҳия бештар аз 1,9 млн гектар аст. Аз он 215,1 ҳазор гектар ба заминҳои обӣ ва 120 ҳазор гектар ба заминҳои озоди обёришаванда рост меояд. Зиёда аз 65 %-и фонди заминро чарогоҳ ташкил менамояд.

Ҳудуди ноҳия дорои шабакаи васеи роҳҳои нақлиётӣ аст. Он асосан аз роҳҳои мошингард ва оҳан иборат аст. Дарозии умумии шабакаи роҳҳои автомобилгард 3072 километрро ташкил мекунад. Аз ин 2174 километр бо асфалту бетон пушида шудаанд. Роҳҳои автомобилгард на фақат қисмҳои алоҳидаи ноҳияро, инчунин онро бо қисми ҷанубии ҷумҳурӣ (роҳи Хуҷанд – Айни – Душанбе) бо ҳам мепайвандад. Роҳи оҳани ноҳия як қитъаи роҳи оҳани Андиҷон – Москва мебошад. Дарозии ин қитъа 163 километр аст. Барои ноҳия афзоиши баланди аҳолӣ  хос мебошад. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби муҳоҷирати байни ноҳиявӣ микдори захираҳои меҳнатӣ мунтазам меафзояд.

Шомоли Тоҷикистон бахши тараққикардаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷо зимни истифодаи боигарии табиӣ ва иқтисодии мавҷуда комплекси ягонагии минтақавию истеҳсоли ташакул ва инкишоф ёфтааст. Дар таркиби он мавқеъи асосиро саноат ва кишоварзӣ ишғол менамоянд. Ин соҳаҳо 36,4 % маҳсулоти саноати ва 26 % маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро медиҳанд. Саноати ноҳия асосан ба коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва истеҳсоли сарватҳои зеризаминӣ нигаронида шудааст. Он соҳаҳои саноат, ки дар ин замина ташкил ва инкишоф ёфтанд, соҳаҳои махсусгардондаи саноат ба ҳисоб меравад.

Географияи саноати сӯзишворӣ.Дар ҳудуди ноҳия кони ангишти сиёҳтоби Шӯроб воқеа аст. Дар он ҳамаги 25 қабати ангиштдиҳанда мавҷуд аст. Ғавсии умумии онҳо 35 метрро ташкил менамояд. Дар замони Ҳокимияти шӯравӣ дар як сол 600 ҳазор тонна ангишт истеҳсол мешуд, ки ҳоло хеле кам ҳамаги 40-50 ҳазор тонна. Онро асосан дар худи ноҳия ва роҳи оҳани Осиёи Марказӣ истифода мебаранд. Конҳои асосии он дар Конибодом ва Исфара ҷойгир шудааст. То солҳои наздик дар ин ҷо нефт фақат аз кони КИМ истеҳсол мегардад. Ҳоло дар наздикии  ш. Конибодом конҳои нав кушоданд: Конибодом, Конибодоми Шимоли, Работ, Айретан, Ниёзбек, Маданият, Маҳрам. Дар кони Конибодом, Ниёзбек ва Маданият ҳамроҳи нафт, газ низ истеҳсол карда мешавад. Газе, ки аз ин конҳо истихроҷ мекунанд, дар як шабонарӯз 800 метри муракаабро ташкил медиҳад, ки ин талаботи ноҳияро аз газ таъмин карда наметавонад.Манбаи асосии истеҳсоли энергияи барқӣ НБО-и  Қаёроққум мебошад. Иқтидори он ба 126 ҳазор кВт барбар аст.

    Соҳаи кишоварзию саноатӣ. Бояд хотирнишон намуд ки, дар кишоварзии ноҳия шароит барои тарақиёти зироаткорӣ ва чорводорӣ як хел нест. Дар айни замон ноҳия қариб 1/5 ҳиссаи пахта, 50 фоизи меваю ангур ва 30 фоизи гӯшти ҷумҳуриро истеҳсол менамояд. Пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва кирмакпарвари соҳаҳои махсусгардондаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб мерафт.

Бо ашёи хоми ин соҳаҳо ва чорводорӣ корхонаҳои зинаи кишоварзию саноатӣ кор мекунанд. Ин зина ба ду шоха ҷудо мешавад: саноати кишоварзи ва саноатию кишоварзию гидромелиоративи. Ин шохаҳо қатъи назар аз баъзе фарқияташон дар байни худ як умумият доранд.

test

Добавить комментарий