Гурӯҳи металҳои ранга 

 

Ба ин гурӯҳ металҳои мис, рӯҳ, сурб, алюминия, магний, қалъагӣ, симоб, сурма, висмут дохил мешаванд.

Тоҷикистон дорои захираҳои боӣ маъдани металҳои ранга мебошад.

Аз замонҳои қадим сурб, рӯҳ ва мис дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода бурда мешаванд.

Аксарияти конҳои маъдани сурб ва рӯҳ  дар Шимолӣ республика асосан дар Қарамазор (кӯҳи Қурама) ҷойгир шудаанд. Дар инҷо конҳои Олтинтопган, Қуруқсой, Чолота, Консой, Кони Мансур, Чуқурҷилға, Чамбарак, ва ғайра маълуманд. Дар атрофи ноҳияи Исфара низ якчанд конҳои сурб ва рӯҳ (Эскикон, Қаротек) маълум карда шудааст.

Конҳои маъдани сурб ва рӯҳ дар Тоҷикистони Марказӣ дар нишебии қаторкӯҳи Ҳисор мавҷуданд, (Таккоб, Кондара, Сафедорак, Дияималик ва ғайра).

Дар бисёр конҳои сурбу рӯҳи  ҷумҳури ба қадри даркори захираҳои мис ҳам вомехӯранд. Захираи маъдани мис дар конҳои Чоруқдорон ва Тарор (ноҳияи Панҷакент) муайян карда шудааст.

Конҳои маъдани сурб ва рӯҳ асосан дар эраи палеозой ба вуҷуд омадаанд. Конҳои Тоҷикистони ҷанубӣ-Ёкунҷ, Дараишо бошанд, нисбатан ҷавон буда ба эраҳои мезозой ва кайнозой таалуқ доранд.

Дар таркиби маъданҳои бештари конҳо ба ғайр аз сурб ва рӯҳ ба миқдори муайян пайвастаҳои нуқра, кобалт, кадмий ва дигар филизот мавҷуданд.

Алюминий – дар таркиби бисёр минералхо, мавҷуд бошад, ҳам, алҳол асосан аз боксит  алунит, сиенит истеҳсол карда мешавад. Боксит – ҷинси кӯҳиест, ки бо гил, хок ва регсанги сурх ё сафед монанд  буда дар таркиби он, ба қадри даркори гидрооксидҳои алюминий ҳаст.

Як қисми конҳои боксити Тоҷикистон дар нишебии қисми шимолии қаторкӯҳҳои Туркистон (Ворух, Шаҳристон) дар байни оҳаксангҳои эраи палеозой ҷойгир шудаанд. Қисми дигари онҳо дар каторкӯҳҳои Зарафшон (Киштут) ва Ҳисор (Янгиоб) дар байни регсанг ва гилҳои эраи мезозой вомехӯранд.

Конҳои боксит дар нишебии қаторкӯҳҳои Ҳисор (Ромит, Қаротоғ) дар болои ҷинсҳои магмавӣ воқеанд. Аммо  конҳои боксити Тоҷикистон хеле хурд  буда ва аҳамияти саноатӣ надоранд. Ҳоло заводи алюминий Тоҷикистон ашъёи хомро барои ҳосил кардани алюминий аз дигар давлатҳо мегирад.

Солҳои охир алюминиро бевосита аз ҷинсҳои магмавӣ, аз сиенитҳои нефелиндор низ ҳосил мекунанд. Калонтарин кони нефелин дар ноҳияи Рашт (Кони Турпӣ) ҷойгир аст.

Барои ҳосил кардани алюминий аз сиенитҳои нефелиндор технологияи навро ҷорӣ кардан лозим меояд. Барои истеҳсоли алюминий қувваи хеле зиёди  барқ сарф мешавад.

Магний – ҳам хеле аз филизотҳои муҳими ранга мебошад. Онро аз доломит (оҳаксанги магнитдор) ҷудо карда гирифтан мумкин  аст. Доломит дар бисёр ҷойҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор (Қаротоғ) ва дар назди ноҳияи  Ёвон ёфт  шудааст.

Қалъагӣ – дар Тоҷикистони Марказӣ ва Помир маълум аст. Дар конҳои Тагобикул ва Кумарх (ҳавзаи дарёи Яғноб) минерали қалъагӣ касситерит дар байни хоросанг ва варақсангҳои метаморфии палеозой вомехӯранд. Дар кони Майхура  низ (ҳавзаи дарёи Варзоб) кассетирит дучор меояд.

Қалъагиро барои истеҳсоли асбобҳои биринҷӣ, қуттиҳои консерва ва  кафшеркунӣ истифода мебаранд.

Симобу сӯрма – ҳануз дар замонҳои қадим маълум буданд. Симобро асосан, аз шангарф (киновар)-Hg S – ном минерал, ки ранги сурхи баланд ё қирмизи дорад, ҳосил мекунанд. Яке номи он аз калимаи  арабии «кино бари» ба миён омадааст, ки маънояш «хуни аждаҳо» мебошад.

Симоб ягона филизаи моеъ мебошад, ки баъзан дар намуди холис низ дучор меояд, Вай нуқраранг аст, барои ҳамин ҳам ӯро баъзан «Оби нуқра» меноманд.

Агар вазъи ҳаво муътадил бошад хосияти ҷоришавии симоб зиёд ва ба ҳар тараф парешон мешавад. Аз замонҳои қадим қимати симоб ба қимати тилло баробар дониста мешуд. Барои ҳосил кардани симоб минерали шангарфро куфта, баъд метафсонанд. Симоб аз таркиби минерал ба намуди буғ ҷудо мешавад ва сипас хунук шуда ба симоби моеъ мубаддал мегардад.

Яке аз хусусиятҳои аҷиби симоб ин маҳлулкунии тилло мебошад.

Агар маҳлули симоби тиллодорро тафсонем симоб буғ шуда, дар рӯи зарф тиллои холис боқӣ мемонад.

Симоб ва пайвастаҳои он заҳрнок мебошанд. Симобро дар бисёр соҳаҳои тиб, сохтани ҳароратсанҷ, ҳавосанҷ ва лампаҳои махсус барои тайёр кардани асбоби тарконанда (детанатор) ба кор мебаранд.

Конҳои симоб дар  Кончоч (назди Искандаркул), Қавноқ, Зардхок ва Заҳок ҷойгир шудаанд. Кони Ҷиҷикрут дар баробари симоб сурма ҳам дорад. Солҳои охир дар қаторкӯҳҳои Туркистон ва Помири Шимолӣ ҳам конҳои симобро кашф кардаанд.

Сӯрма – сӯрмаро асосан аз минерали антимонит (Sb2  S3) ки ранги сурбро дорад, ҳосил мекунанд. Сурма ҳам  хосияти гуногун дорад. Филизе, ки ғаши сурма дорад, дар натиҷаи соидан аз гарми на ин ки васеъ, балки баръакс фишӯрда мешавад. Ин хусусияти сӯрмаро дар техника, алалхусус дар саноати мошинсозӣ васеъ истифода мебаранд. Гири чархҳо, подшибник ва соққоҳои онро аз ҳамин филиза месозанд. Сурма барои тайёр кардани хулаҳои филизии матбаа (бо омехтаи сурб) ва ҳар хел рангҳо ҳам ба кор меравад. Аз замонҳои қадим сурмаро барои тайёр кардани ҳар хел дорӯҳо низ истифода мебаранд.

Аксарияти конҳои сурма дар ҳавзаҳои дарёҳои Шингов, Моғиён ва Яғноб ҷойгир шудаанд, ки ин конҳои Туркпарида, Қароқамар, Гурдара, Рӯдакӣ, Учкадо, Калтакӯл аз қабили онҳоанд. Умуман Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои сурма дар байни давлатҳои  ИДМ ҷои якӯмро ишғол мекунад. Дар айни замон аз конҳои Ҷиҷик-рут сурмаю симоб истеҳсол, мекунад. Барои ба тарзи пурра истифода бурдани конҳои сурмаю симоби кӯҳистони Зарафшону Ҳисор дар ҷои якшавии дарёҳои Фон ва Искандар дар ноҳияи Айнӣ комбинати маъдантозакунии Анзоб сохта шуд. Ҳоло геологҳои  ҷумҳурӣ якчанд конҳои нав кашф кардаанд, ки истеҳсоли сурмаю симобро хеле зиёд  мекунад. Дар доираи қаторкӯҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷустуҷӯи конҳои нав давом дорад.

Висмут – дар металлургия барои ҳосил кардани хӯлаҳои тезгудоз,  тайёр кардани ҳар хел шишаҳои махсус, реактивҳои химиявӣ ба кор бурда мешавад. Газворҳое, ки бо маҳлули висмут кор карда шудаанд, намесӯзанд. Аз висмут   ҳар гуна дорӯҳо низ тайёр мекунанд.

Хокаи маъдани висмут дар Қарамазори Шарқӣ маълум аст. Ин конҳои Адрасмон, Сари Қурғон, Маразбулоқ ва Челтимас мебошанд. Ин конҳо дар байни ҷинсҳои вулконии турш – порфирҳои кварцдор ҷойгир шудаанд. Маъдани ин конҳо мураккаб буда, дар таркибаш ғайр аз висмут минералҳои сурб, рӯҳ, кадмий, кобалт ва нуқра  доранд.

Рӯйхати адабиётҳо

  1. Кабутов М.К. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷӯмҳурии Тоҷикистон. (китоби дарсӣ). Дар зери таҳрири доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х.М. : Душанбе, , 2005. – 208саҳ.
  2. Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р., Географияи Тоҷикистон. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ
  3. Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон . – 2011. 189саҳ
  4. Ғафуров Ф.Ғ. , Алидодов Б.А. Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок. қисми 1 – Душанбе: «Мир издателей», 2010. – 204саҳ
  5. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экология – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 220 саҳ.
  6. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экологияи истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ. Душанбе. «Ирфон»- 2010,147саҳ.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.