Тавсифи сангҳои қиматбаҳо

Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон – лаъл, лоҷвард, фирўза ва дигарҳо аз замонҳои қадим машҳуранд.

Алмос (бриллиант), ёқути кабуд (сапфир), ёқути сурх (рубин), хризоберилл, алоксандрит (зумрад), лаъл (шпинели асил) ба гурўҳи сангҳои қиматбаҳои худранги дараҷаи якўм дохил мешаванд. Мутаасифона, дар Тоҷикистон аз ҷумлаи сангҳои дараҷаи якум то ҳол ба ҷўз лаъл дигар сангҳои қиматбаҳои дараҷаи якўм дарёфт карда нашудааст.

Фирўза, аметист (нилум), булўри кўҳӣ, халцедон, ақиқ ба гурўҳи сангҳои худранги дараҷаи дуюм ва сеюм дохил мешаванд.

Сангҳои рангин – лоҷвард, кварцҳои рангин, яшм, ҷазъ (оникс), мармар, газ, ба гурўҳи сангҳои кандакорӣ – резакорӣ дохил мешаванд.

Сангҳои қиматбаҳо на фақат дар заргарӣ, балки дар соҳаҳои гуногуни саноат ва техникаи навтарин истифода мешаванд.

Лаъли Бадахшон санги қиматбаҳои сурхранги дурахшон аст. Ин санг, чи хеле, ки аз номаш маълум аст, дар Вилояти Автономии Бадахшони Кўҳии республикамон дида мешавад. Деҳае, ки дар он ҷо кони лаъл воқеъ аст, бо номи деҳаи Кўҳи Лаъл аст. Лаъли Бадахшон аз замонҳои хеле қадим машҳуру маълум будааст. Лаъли Бадахшонро дар бозорҳои Бухоро, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои машрикзамин савдо мекарданд.

Заргарон тоҷ, ангуштарин ва дасмонаҳои шоҳонро ба лаъл меоростанд.

Аввалин маълумоти муфассалро доир ба лаъли Бадахшон олими машҳур Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ул ҷавоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» овардааст.

Дар боби махсуси ин китоб, ки «Ал-Лаъл-ул-Бадахш» ном дорад, Берунӣ менависад, ки «Лаъл байни табақоти сангҳои сафеди булурин ба ҳаҷми гуногун ба андози чормағз то ба андозаи харбуза бихобад».

Таркиби химиявии лаъл (шпинел) аз алюмосиликати магнийдор иборат буда, дар он омехтаи оксиди оҳан, хром ва манган ҳам ҳаст.

Ранги сурх ва гулобии шпинели Кўҳӣ Лаъл ба омехтаҳои хром вобаста аст. Шпинелро оксиди манган ранги бунафша диҳад, оксиди оҳан тобиши осмонӣ медиҳад. Лаъл минерали басо сахт аст. Сахтии нисбии алмос 10 бошад, аз лаъл 8 мебошад, вазни хоси он ба ҳисоби Берунӣ 3,5 аст. Аксарияти шпинелҳои Кўҳӣ Лаъл сурху гулобиранганд. Баъзе булўрҳои бунафшаранг ва сиёҳ ҳам вомехўранд.

Андозаи булўрҳо аз якчанд милиметр то 2 х 3 см, баъзан ба андозаи 6 х 12 см мешаванд.

Солҳои охир геологҳо дар атрофи Кўҳи Лаъл дар Ғорондара, Лоҷварддара, Абхарв, Сумчин, Ямчин чанд конҳои нави лаълро муайян кардаанд.

Ҳоло лаъл на фақат чун ҷавоҳирот балки дар соҳаҳои гуногуни техникаи навин, алалхусус дар соҳаи электроника, истифода карда мешавад.

Лоҷвард – санги қиматбаҳо буда, аз замонҳои қадим маълуму машҳур будааст. Кони Лоҷвард дар ҳавзаи дарёи Шоҳдара ҷойгир шудааст.

Дар замонҳои кадим аз лоҷвард зарфҳои нафис метарошиданд ва дар лавҳакориҳо ба кор мебурданд. Аз лоҳвард инчунин нигини ангуштарину дастпонаҳо ва мўҳра месохтанд. Лоҷвардро соида, хока карда, барои наққши ранги аълосифати ултрамарин (ранги кабуди баланд) ҳосил мекунанд. Лоҷвардро бо забони илмӣ Лазурит меноманд, вайро ба гурўҳи сангҳои кошинкории дараҷаи якўм дохил мекунанд.

Лоҷвард дар бозорҳои аксари мамлакатҳои Шарқ, Миср, Юнон ва Рим шўҳрат дошт. Лоҷварди Бадахшонро бо корвонҳо ба Бобулистон, Ҳиндустон мебурданд. Овозаи лоҷварди Шоҳдара аз кадим маълум буд. Яке аз шохобҳои дарёи Бодомдара, ки ба Шоҳдара мерезад, бо номи Лоҷварддара машҳур аст.  Якумин шуда муҳандиси рус А. Серебренников соли 1894 мавҷудияти лоҷвардро дар мавзеи Шоҳдара ба харита қайд карда буд. Кони Лоҷвард аз Хоруғ 100 км дур бошад ҳам, аммо бо вуҷуди он то Шоҳдараю Бодомдара роҳи мошингард кушода шудааст.

Лоҷвард – минерали лазурит ё Ляпис-Лазур (санги нилгун) мебошад.

Таркиби кимиёвии вай аз  алюмосиликатҳои натрию калсийдор ва оксидҳои сулфур – иборат аст.

Лазурит агар – чӣ минерали шафоф нест, бо ранги осмонӣ, нилуфариву бунафши худ дилро ба тахсир меоварад, Лазурит минералӣ хеле сахт, сахтии нисбиаш аз рўи шкалаи даҳбалла 5,5 – 6 мебошад. Онро ба шиша бозўрӣ харошидан мумкин аст.

Тадқиқот нишон додааст, ки кони Лоҷварди Шоҳдара камаш 3 миллиард сол муқаддам дар давраи архей ба вуҷуд омадааст. Ҳоло аз лоҷварди Бадахшон, дастмона, ангуштарин, медалион ва дигар ороишҳои занона месозанд. Лоҷвардро инчунин барои ороиши қасрҳои маданият истифода мебаранд.  Меъморону кандакорони кишварамон бо умеди калон орзу доранд, ки қасрҳои мухташами пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо лоҷварди Помир оро диҳанд.

Фирўза – санги қимматбаҳои кабуд ё осмонранги ғайри шафоф мебошад, ба гурўҳи сангҳои гаронбаҳои рангаи дараҷаи сеюм дохил мешавад.

Фирўзаро аз замонҳои қадим чун санги зебои нисбатан арзон барои зебу зинат ба кор мебурданд. Истилоҳи байналхалқии ин санги қимматбаҳо бирюза аст, ки тахрифи фирўза мебошад.

Фирўзаро дар заргарӣ истифода мекунанд.

Фирўза минералиест, ки ҷисми он аз ҷиҳати физикӣ ва кимиёвӣ якхела буда, дар натиҷаи реаксияҳои табий дар қабатҳои қашри замин ба вуҷуд меояд. Ин минерал дар ҷойҳои кафидаи замин, ки дар он маҳлулҳои мис, алюминий, фосфор мавҷуданд, ёфт мешавад. Миқдори мис, ки сабаби асосии кабудчарангии фирўза мебошад, дар таркиби он аз 8 то 3 фоиз мавҷуд аст. Фирўза, баъзан дар натиҷаи тағйир ёфтани устухон ва дандонҳои ҳайвоноти мурда низ пайдо мешавад.

Ин навъ фирўзаро фирўзаи устухонӣ меноманд.

Сахтии нисбии фирўза ба 5 – 6 баробар аст, ки дар сатҳи он ба шиша ё корд рах гузоштан мумкин аст. Ранги фирўза, бо мурури замон дар натиҷаи фарсоиш, таъсири  муҳит ва моддаҳои органикӣ хира ва камҷило мешавад.

Конҳои фирўза дар Эрон, ИМА ва Хитой ва дар нимҷазираи Синой воқеанд. Хусусан фирўзаи нишопурӣ (Эронӣ ) фирўзаи дараҷаи аъло мебошад. Ҳоло дар ҳудуди Тоҷикистон дар як худи вилояти  Суғд 6 кони фирўза маълум аст. Яке аз конҳои шоёни диққат – Фирўзакон мебошад. Ҳоло дар яке аз конҳои вилояти Суғд фирўзаи осмонранг ва кабуд истеҳсол карда мешавад. Солҳои наздик захираҳои ҳамаи конҳои фирўза бояд муайян карда шаванд.

Геологҳо солҳои охир дар Помирӣ Шарқӣ якчанд минералҳои хушранг дарёфт карданд.

Дар Помири ҷанубу ғарбӣ аломати ёқути кабуд (сапфир), ёқути сурх (рубин) ва гранатҳои хушранг муайян карда шуданд. Дар баробари сангҳои қиматбаҳои табии, олимони кимиё, физикҳо ва минерологҳо булўрҳои гуногуни хушрангро ба таври сунъи ҳосил карда истодаанд.

Вале ягон санги сунъи ҷои офаридаи табиатро гирифта наметавонад.

Геологҳои Тоҷикистон ҳоло дар ҷустуҷўи конҳои нави сангҳои қимматбаҳо мебошанд ва  умед  аст, ки  конҳои нави  лаълу лоҷвард, фирўзаю  ёқут ва дигар сангҳои хушранг кашф карда хоҳанд шуд.

Кварц –  ин минерали сахт буда аз сабаби сахт буданаш дар вақти вайрон шудани ҷинсҳои кўҳии булўр, кварц ба шакли ғуруша мемонад. Кварцро ҳатто бо корди пўлодин ҳам харошидан мумкин нест. Кварц чун шиша ҷило медиҳад. Он,  сафед, дудранг, зардча, гулобӣ, бунафш ва сиёҳ, вале аксар вақт беранг мебошад.

Кварц дар ҷинсҳои магмавӣ дар шакли булурҳои гуногунҳаҷм вомехўрад.

Агар магма дар руи замин хунук шуда бошад, оксиди силиций (яъне кварц), чун шиша сахт мешавад.

Дар таркиби кварц шиша аз 60 то 80 фоиз   мавҷуд аст. Ҳоло аз кварц шишаҳои аълосифат тайёр мекунанд, ки он ҳам ба гарми ва ҳам ба хунуки як хел тобовар аст. Дар металлургия бе хиштҳои оташбардори кварци маъданро гудохта намешавад. Аз кварц барои асбобҳои оптикӣ линзаҳо месозанд. Лампаҳои кварцӣ дар электроника аҳамияти калон доранд, Реги кварцӣ яке аз масолеҳи асосии бинокорӣ аст.

Рўйхати адабиётҳо

  1. Кабутов М.К. Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷўмҳурии Тоҷикистон. (китоби дарсӣ). Дар зери таҳрири доктори илмҳои география, профессор Муҳаббатов Х.М. : Душанбе, , 2005. – 208саҳ.
  2. Муҳаббатов Х.М., Раҳимов М.Р., Географияи Тоҷикистон. Душанбе. «Маориф ва фарҳанг», 2011. 312 саҳ
  3. Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон . – 2011. 189саҳ
  4. Ғафуров Ф.Ғ. , Алидодов Б.А. Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок. қисми 1 – Душанбе: «Мир издателей», 2010. – 204саҳ
  5. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экология – Душанбе: «Ирфон», 2010. – 220 саҳ.
  6. Бобоев С.О., Самиҳов Ш.Р., Самиев М.Б. Экологияи истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ. Душанбе. «Ирфон»- 2010,147саҳ.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.