Кадри волидонро бидонед

 

Модар!
Ватан! Ин ду калима, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб
ёфтаанд, дар мазмуну мундариҷа он қадар маънӣ,шукӯҳу шаҳомат доранд, ки
дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида шуданду ғазалу таронаҳо
сароида мешаванд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу
муқаддасанд, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони
худро дареғ намедоранд! Тифл баробари ба олами ҳастӣ омадану чашм
кушодан аз бӯи онҳо машом муаттар карда бо ҷону дил дӯсташ медорад.
Дар оғӯши модар – Ватан хору зор нашуда зиста ба воя мерасад. Барои
ҳамин ду калима бе ҳамдигар маънои худро гум карда дар алоҳидагӣ вуҷуд
дошта наметавонад. Модар – Ватан муқаддастарин мафҳум ҳимояи он шаъну
шараф ва қарзи инсонии ҳар як шахс ба ҳисоб меравад.

 

 

Шукри Худоанд, ки ба ман модаре ато намудааст!
Бихамдуллох, ки дар олам азизу сарваре дорам

Наку гуфтору хушгуфтору зебо модаре дорам

Чу бошам дар канори у бувад гам дар канор аз ман

Наку гуфтору хушрафтору зебо модаре дорам

Тамоми моли дунёро нисори макдамаш созам

Ки аз дунё зи молу зар басе ман бехтаре дорам

Наметарсам зи печу тоби рохи зиндаги харгиз

Ки дунё додае омурзгоре рахбаре дорам

Дар ин дуёаму аз охират хам махваре дорам

Ки дар зери кадамхояш бихишту Кафсаре дорам

 

 

ДАР ЗЕРИ КУДУМИ МОДАРОН АСТ.
МОДАР он сарчашмаи чушони хаётест,ки хастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.МОДАР-сарчашмаи мехру мухаббат,шавкати беканор, нури хар як хонадон аст..
МОДАР!-туи он мохи дурахшоне,ки бо нури мехрборат шабхои тираю торики моро равшан месози.
МОДАР!-ту офтоби дар зиндаги,ки моро гармию рушнои мебахши.
МОДАР!-зиндаги аз ту огоз мешавад ва дунё аз буйи мукаддаси ту атрогин аст.
МОДАР!-бонуи хар як хонадону хуснбахши замину нусратбахши тамоми рухи инсон хасти.
МОДАР!-сафедии муи сарат барои фарзандонат рохи сафеди зиндагист.
МОДАР!-нафаси ту насимест,ки оромишро дар чону тани мо чори мекунад.
МОДАР!-чехраи нуронии ту барои мо азизу мукаддас аст.
МОДАР!-дасти навозишгари ту таскинбахши мо дар лахзахои душвории зиндаги аст.
МОДАРЧОН хар як тори муятро мепарастам,зеро муи чун шаб сиёху руи чун сапедат барои ба камол расидани чигарбандонат сапед гаштаву дар рухсорахои гули садбаргат ожангхо падид омадаанд.Тамоми умр бахри пешравию саодатмандии рузгори фарзандонат кушиш кардаи ва ба зиндагии мо шукуху шахомат бахшидаи.

САЧДА ОРАМ ПЕШИ ПОЯТ,МОДАРАМ,
САДКАИ ХАР ТОРИ МУЯТ,МОДАР.
МОДАР!-ту сачдагох ва офтоби дурахшоне хасти дар хаёти мо фарзандонат,пас дуоямон кун,МОДАР, ки бихишт зери кудуми МОДАРОН аст.

ЯКЕ СИМУ ЗАРУ ГАВХАР БИХОХАД,
ЯКЕ САД АХТАРИ ДУНЁ БИХОХАД.
ДИЛИ МАН АЗ ХАМА КОЛОИ КИММАТ,
ДУОИ ХАЙРИ МОДАРРО БИХОХАД.

 

Модар! Чӣ калимаи ширину рӯҳнавозе! Вақте модар мегӯем, вуҷудамонро ҳиссиёти гарму нарме фаро гирифта, қалбамон таскин меёбад ва пеши назар симои азизтарин шахсе падидор мегардад, ки як умр барои фарзанд кору зиндагӣ кардааст. Бале, танҳо модар барои фарзанд меҳрубонтарину ғамхортарин кас аст, ки ҳатто ҷонашро дареғ намедорад. Танҳо модар фарзандро нӯҳ моҳ дар батн бо эҳтиёт парварида бо чӣ дарду машаққат ба дунё меораду ҳамон лаҳза ҳама азобҳои кашидаашро фаромӯш карда тифлакашро бо меҳри беандозае ба оғӯш гирифта, пистон ба даҳонаш мегузорад. Модар аст, ки шаб то саҳар нахуфта беминат сари гаҳвораю болини ҷигарбанд алла мегӯяду луқмаи лазизтаринро на ба даҳони худ, балки ба даҳони фарзанд мегузорад. Модар аст, ки барои фарзандон хона обод мекунад, ба ҷабри шавҳар ба хотири фарзанд сабру тоқат менамояд, хӯрок мепазаду либос мешӯяд, нахӯрдаю напӯшида бо нияти нек ҷиҳоз ҷамъ мекунад, нозу итоб, қаҳру ғазаби ҷигарбандашро таҳаммул карда, назди касе лаби шикоятро во намекунад ва ҳамеша ҷурму нуқсашро пинҳон медорад. Ба ин бузургии модар боз чиро метавон баробар кард?! Ҳеҷ чизро!
Аз уқёнус пурсидаанд.
– Аз ту пурталотумтар чист?
– Гуфт: Дили модар!
Аз Офтоб пурсиданд:
– Аз ту гармтар чист?
– Гуфт: Дили модар!
Аз кӯҳ пурсиданд:
– Аз ту сахттару устувортар чист?
– Гуфт: Ҷисму матонати модар.
Аз чашма пурсиданд.
– Аз ту софу поктар чист?
– Гуфт: Меҳри модар.
Худоё! Аз ту бахшандатар боз кӣ буда метавонад? Нидо омад: Модар!
Аммо мо фарзандон ин ҳама бузургию шаҳомати модарро ба назар нагирифта, барои хизматҳояш бо чӣ посух мегӯем? Бо бемеҳрӣ, бепарвоӣ, сангдилию бераҳмӣ. Магар модар гунаҳгор аст, ки моро ба олами ҳастӣ оварда ба воя расонид?! Магар модар гунаҳгор аст, ки мо аз дасту доманаш дошта шевои роҳгардӣ омӯхтему сар ба зонуяш гузошта ба хоби ноз рафтем? Чаро модар баҳри фарзанд аз ҳама чиз рӯй метобаду мо фарзандон ба хотири зану шавҳари худ осон аз баҳри модар мегузарем?!
Чаро модар айёми кӯдакию нотавонии фарзанд барояш меҳнату заҳматашро дареғ намедораду фарзандон айёми пирию нотавонии модар ӯро ба ҷои такягоҳию дастгирӣ ва нигоҳубин партофта мераванд, таҳқиру озор

 

 

 

 

 

Модар, маро бизоду ба сад ноз парварид.
Аз бахри ман саодату осоише надид.
Бори гарони захмати фарзандро кашид,
То ман забон кушодаму,бо по равон шудам.

Модар! дар чехраи ту мехру сафо мавч мезанад,
Эй шухра дар вафову сафо! мепарастамат,
Дархам шикаста чехраи ту, маъбади Худост,
Эй боргохи кудси Худо мепарастамат.

Модар ту азизу мехрубон бахри мани,
Модар ту бихишти човидон бахри мани.
Модар ту дар ин олами бемехру вафо,
Бахшандаи умри човидон бахри мани

 

 

test

Добавить комментарий