Бозори меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот

 

1. Музди кор ҳамчун нархи захира ва принсипҳои муайян

кардани он.

2. Шакл ва низоми музди кор

3.Талаботи фирма ба омили тағйирёбанда (меҳнат).

4. Бозори рақобатии меҳнат.

1. Музди кор ҳамчун нархи захира ва принсипҳои муайян кардани он.

Масъалаи музди кор (ҳаққи меҳнат) аз умдатарин масоиле мебошад, ки оиди он аз қадим то инљониб, соҳибкорону хољагидорон ва мутафаккирони зиёди илмҳои гуногун баҳсу мунозираи худро идома медиҳанд.

Аз ибтидо то кунун, љомеа ба синфҳову гурўҳҳо тақсим-бандӣ шуда, яке чун корфармо ва дигаре ҳамчун кориљро-кунанда дар асоси иљрои кору адои ҳаққи меҳнат баҳам пайваст шуда меоянд. Адои хизмат дар мояи услуби адолат “ҳаққи баробар ба меҳнати баробар” сурат мегирад. То ҳатто дар Қуръони Шариф махсус қайд карда шудааст, ки “ҳаққи меҳнат пеш аз хушк шудани арақи бадани коргар пардохта шавад”.

Дар илми иқтисод фаҳмиш ва равияҳои гуногуну мухталиф оиди нақш, моҳият ва шаклу низоми музди кор дида мешавад.

Классикони “иқтисоди сиёсӣ” (А.Смит, Д.Рикардо, К.Мар-кс) гумон доштанд, ки мояи ташаккули музди корро арзиши предметҳои истеъмолӣ ташкил медиҳад. Таҳлилу тадқиқи доманадору амиқи ин масъала, онҳоро ба хулоса овард, ки андозаи воқеию айнии онро на танҳо арзиши предметҳои истеъмолӣ ва хадамот, балки тақозою арзаи худи меҳнат ташкил медиҳад. Меҳнат мол аст ва дорои нархи табиӣ буда, тибқи масрафи истеҳсолот дар шакли арзиши воситаҳои зиндагии коргар ва оилаи он муайян карда мешавад. Тибқи ақидаи К.Маркс музди кор на ҳамчун нархи меҳнат (нархи истифодаи хизмати меҳнат), балки ҳамчун арзиши қувваи коргарӣ, яъне қобилияти ба меҳнат доштаи инсон баромад мекунад. Дар навбати худ, арзиши мол “қувваи коргарӣ” ҳамчун функсияи кулли арзиши молу хадамот, ки коргар бо ҳамроҳии оилаи худ барои барқарор кардани қувваи коргарӣ истеъмол менамояд сурат мегирад.

Бо ибораи дигар, консепсияи марксистии музди кор тақозо менамояд, ки ба сифати музди кор на аз нигоҳи меҳнат, балки қобилияти ба меҳнат доштаи коргар, ки ҳамчун арзиши воситаҳои ҳаёти коргар ва оилаи он заруранд аҳамият дода шавад. Меҳнат сарчашмаи арзиш буда, худ он(арзиш)-ро доро намебошад. Меҳнат бо меҳнат чен карда намешавад. Ба ҳайси музди кор на ҳамаи арзиши маҳсулоти тавлидшуда (А=С+V+M), балки ба қисми он, алалхусус, маҳсулоти зарурӣ (V), яъне арзише, ки барои барқарор кардани қувваи коргарӣ масраф мешавад, ҳақ дода мешавад.

Диди неоклассикҳо (ниҳоиюн) оиди ин масъала тамоман дигар аст. Тибқи ақоиди онҳо, музди кор – нархи меҳнат аст. Онҳо бештар на ба масоили назарияви(моҳият)-и музди кор, балки ба дараљаи он, ки муқарраран тибқи тақозо ва арза ташаккул меёбад, диққат медиҳанд.

Аз таҳлил ва тадқиқи бисёрљанбаҳои намояндагони он хулоса бармеояд, ки ҳангоми ба ҳам мувофиқ омадани тақозо ва арза ба меҳнат, дараљаи муозини музди кор ташкил меёбад. Чӣ қадаре, ки тақозо ба меҳнат (қувваи коргарӣ) боло равад, ҳамон қадар (таносубан) музди кор ҳам баланд мегардад.

Ва баръакс, дар ҳолати паст рафтани тақозо ба меҳнат музди кор низ паст мегардад. Яъне байни тақозо ва арза ба меҳнат ва музди кор алоқаи диалектикӣ вуљуд дошта, таѓйироти яке ба дигаре оварда мерасонад.

Дар навбати худ, тақозо ба меҳнат ҳангоми афзудани теъдо-ди коргарони ба кор банд буда, аз рўи манфиатнокии интиҳоии маҳсулот муайян карда мешавад: агар манфиатнокии маҳсулот аз истифодаи меҳнат нисбат ба омилҳои дигар зиёдтар бошад, он гоҳ тақозо ба меҳнат баланд мегардад ва баръакс. Албатта, ин таносубият бидуни таъсири омилҳои муайян ба вуљуд омада наметавонад. Аз ин нигоҳ тақозои меҳнат таҳти омилҳои зер қарор гирифта метавонад: миқдори аҳолии қобилияти меҳнатӣ дошта; дараљаи ихтисос ва тайёрии касбии аҳолӣ ва ѓайра.

Олимони Ѓарб масоили музди корро аз нигоҳи омилҳои бозор ва механизми амали он ба тавсиб додаанд. А. Маршалл, ба сифати омилхои баҳаракатдароварандаи музди кор – интиҳои маҳсулнокии меҳнат(ба русӣ – предельная производительность труда)-и коргарони ба таври илова коркунанда ва харољоти так-рористеҳсол оид ба баланд бардоштани сатҳ ва дараљаи маълумотнокӣ ва подош кардани харољоти зиндагии коргар – тавсия менамояд.

Тибқи ақидаи А.Маршалл музди кор майли ба маҳсули холиси меҳнат баробар шудан дорад; интиҳои маҳсулнокии меҳнат нархи меҳнатро ба тартиб медарорад; музди кор ба қадре, аз љиҳати мураккабию бисёрљанбавӣ будани харољот, мустақиман алоқа надошта бошад ҳам, он майл ба сўи болоравии такрор-истеҳсоли қувваи коргарӣ – баланд бардоштани дараљаи маълумотнокӣ ва подош кардани харољоти кормандони истеҳсолӣ дорад.

А.Маршалл таъкид менамояд, ки интиҳои маҳсулнокии меҳнати коргарон ҳархела сурат гирифта, кор ва натиљаи он бо ҳосилнокӣ ва натиљаҳои гуногун анљом меёбад. Ин аз лаёқат, истеъдод, ташаббус, қуввату идрок ва дигар хусусиятҳои коргар, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд вобаста аст. Аз ин нигоҳ, натиљаи ниҳоии интиҳоии судмандии меҳнати онҳо ҳархела ба роҳ монда шуда, музди кори тафриқанок таъин карда мешавад.

Мувофиқи пешниҳоди А.Маршалл ҳардуи ин омилҳо дар ҳамбастагӣ баромад мекунанд. Омили якўм, тақозо (интиҳои махсулнокии меҳнат) ва омили дуввўм (харољоти такрористеҳсол барои маълумот ва нигоҳ доштани коргарон), арзаи меҳнатро ба миён меоранд. Маҳз ҳамоҳангии тақозо ва арза дар бозор дараљаи музди корро муайян месозад.

Яке аз самтҳои муайянкунандаи музди кор ҳамчун нархи захира, ин назарияи сармояи инсонӣ мебошад. Таҳти сармояи инсонӣ, маљмўи маблаѓҳое, ки ба такрористеҳсоли қувваи коргарӣ (сармоягузорӣ барои соҳаҳои маориф, баланд бардоштани дара-љаи ихтисоснокӣ, рушди маҳорат) ва баланд бардоштани самараи меҳнати коргар алоқаманд мебошад фаҳмида мешавад.

Сармояи инсонӣ ҳамчун пардохти пешакӣ ва қобилияти ақлонии инсон мебошад, ки дар рафти хондану таҳсил, тарбия гирифтан ва дар асоси таљриба, маҳорат ва ташаббуси инсон рушду нумўъ, ташаккул ва такмил меёбад.

Ин осори қобилият таи даҳ ва садсолаҳо ҳамчун анъана, бо мурури гузаштани вақт андўхта шуда, дар шакли истифодаи таљрибаи падару бобоён, масрафи меҳнати муљассаму љорӣ, маблаѓҳои моддию пулӣ, яъне сармоягузории давраҳои гузаштаю ҳозира ба инсон ташаккул меёбад.

Сармоягузорӣ ба инсон дар шакли масраф ба соҳаи маориф ва тайёр кардани мутахассисон дар ҳамаи звеноҳои таълим (мактабҳои ҳамагонӣ, гимназия, коллељ, омў-зишгоҳҳои касбию техникӣ, олӣ…), нигоҳ доштани соҳаи тандурустӣ (пешгирии беморӣ, хўроки парҳезӣ, пардохти манзил, истироҳат…), ки ѓайримустақим барои барқарор кардани қувваи коргарӣ таъсир мерасонад истифода карда мешавад.

Ин гурўҳи тадбирҳо, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба роҳ монда мешавад, дар барқарор кардани саломатӣ, таъмини дарозумрӣ, истиқрори меҳнати фикрию љисмонӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати коргар саҳми муайян мегузорад.

Касб ва ихтисосҳое, ки натиљаи меҳнати пурмушаққатанд аз љониби љамъият қадр карда мешаванд ва арзиши баланд доранд. Донишу малака ва истеъдоди хосаи қисме аз мутахассисон (артистон, спортсменҳо, рассомон, ҳуқуқшиносон, иқтисоддонон, духтурон, менељерон, операторон…)-и баландихтисос, ҳамчун натиљаи сармоягузории волои инсон, касбҳои бонуфуз ва баландмуздгиранда, донистаю қадр карда мешаванд.

Дар шароити бозор музди кори якхела ба намуди кори якхела, сарфи меҳнати ҳархела, қобилияту шароити ҳархела вуљуд надорад. Аз ин лиҳоз, пардохти музди кор дар асоси услуби тафриқабандӣ сурат мегирад.

Тафриқабандии музди кор, пеш аз ҳама аз дараља ва сатҳи мављуд ва истифодаи захираҳои иқтисодӣ, маҳсулнокии меҳнат, рушди иқтисод ва таъсири шароитҳои мушаххаси таърихӣ, љуѓрофӣ, иљтимоию иқтисодӣ, маданӣ, ки ба иқтисодиёт таъсир мерасонанд вобастагӣ доранд.

Аз ин љиҳат, дараљаи музди кор (музди кори исмӣ ва воқеӣ) дар ҳар як сатҳ: корхона, соҳа, ноҳия, мамлакат ва ѓайра метавонад ҳархела ташкил ёбад.

Ба андозаи музди кор шароитҳои хосаи соҳа ё худ шароитҳои раванди истеҳсолот (меҳнат) низ таъсир мерасонад. Дар љомеа ихтисосҳое мављуданд, ки начандон дилчаспкунандаву љозибаноканд (ѓун ва тоза кардани ахлоттўдаҳо, кор дар шахта, соҳаи нефт, химия, атом ва ѓайра), вале мављуд буданашон ҳатмӣ мебошад. Аз ин сабаб ба ин гурўҳи кормандон музди баланди кор таъин карда мешавад (ниг. нақшаи

Аз ҳамин нигаҳ, ба корҳои берун аз вақти муқаррарӣ, шабона, рўзҳои истироҳат иљрошаванда низ музди баландтар таъин карда мешавад.

Охирон, барои ҳавасманд ва қусурбарории меҳнати дилночаспу нофорам ва шароитҳои ҳархелаи меҳнат муайян карда мешавад. Ин раванд дар адабиёти кунунии Ѓарб ҳамчун баробаркунии фарқиятҳо шарҳ дода мешавад. Ин шакли масрифот ба раванди истеҳсолот, ба сарф ва ҳосилнокии меҳнат, мустақиман алоқаманд намебошад.

Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти ин хусусиятҳо меъёри музди кор танзим карда мешавад. Ҳадди ақали музди кор аз љониби давлат, ҳадди аксар, шакл ва намудҳои он аз љониби худи соҳибкорон муайян карда мешавад. Дар аксарияти мамла-катҳои фавқулинкишоф дараљаи музди кори исмӣ нисбат ба дараљаи миёнаи музди кории љаҳонӣ баландтар мебошад.

Ҳадду ҳудуди аксар ва ақали кормандони соҳаҳои ѓайри-истеҳсолӣ (илм, маориф, маданият, мудофиа, идора…), асосан аз тарафи давлат муайян карда мешавад.

Чӣ тавре аз таљрибаи солҳои охир дида мешавад, дар аксари давлатҳои собиқ Шўравӣ, алахусус дар Љумҳурии Тољикистон, новобаста аз мушкилию меҳнатталабии зиёд ба баъзе ихтисосҳо (устодони мактабҳои олӣ, духтурҳо, ходимони илму фарҳанг ва ѓайра) музди кори ночиз таъин карда шудааст, ҳол он ки онҳо барои подошт кардани сарфи меҳнати љисмонию фикрӣ сармоягузории зиёди шахсӣ ва љамъиятиро тақозо менамоянд.

Дараљаи музди кор тибқи нишондиҳандаҳои музди кори номиналӣ (исмӣ) ва реалӣ (воқеӣ) муайян карда мешавад. Музди кори исмӣ музде ҳисобида мешавад, ки дар шакли пул ба коргар ба ивази меҳнаташ дода мешавад. Он ҳамчун музди кори асосӣ (корбайъ, вақтбайъ) ва музди кори иловагӣ (мукофотҳо) сурат мегирад.

Музди кори воқеӣ музде мебошад, ки бевосита дар неъмат-ҳову хадамот таљассум ёфта, бо воситаи пули ба ивази меҳнат ба даст овардашуда хариду фурўш карда ме-шавад.

Ҳаљм ва андозаи он аз ҳаљми музди кори исмӣ, нархҳо, тарифҳо барои хизмат, андоз, даромади аҳолӣ, нархи хонаю љой, хизматрасонии тиббӣ, арзиши таълим, дараљаи инкишофи иқтисодиёт, сиёсати иљтимоии давлат ва ѓайра вобаста мебошад. Ба дараљаи он ҳаљми захираҳои моддию пулӣ, меҳнатӣ, сарват, пешрафти илму техника, тафриқашавии аҳолӣ тибқи даромад низ таъсир мерасонанд. Музди кори воқеӣ яке аз нишондиҳан-даҳои дараљаи зиндагонии мамлакат эътироф карда мешавад.

2. Шакл ва низоми музди кор

Дар шароити гуногуншаклии моликият, гуногуншаклии корхонаҳо, соҳа ва ҳавзаҳои иқтисодию иљтимоӣ, хусусиятҳои ташкилӣ, идоракунӣ, сохти техникию технологӣ, сирати истифодаи захираҳои иқтисодӣ, тавлиди неъматҳову хадамот ва омилҳои муайянкунандаи дараљаи музди кор (нақшаи 51), шакл ва намудҳои мухталифи музди кор истифода карда мешавад.

Таърихан, шаклҳои гуногун гирифтани музди кор ба давраи тараққиёти капитализм дар саноат, яъне амиқ гаштани раванди љамъиятигардонии истеҳсолот (кооператсияи оддӣ, манафактура, истеҳсолоти мошинӣ, тахассус, кооперативонӣ, тамарказ ва марказияти истеҳсолоти капиталистӣ) вобаста мебошад.

Асосан ду шакли музди кор(вақбайъ, корбайъ)-ро фарқ мекунанд. Дар фаъолияти хољагидорӣ ҳар ду шакли музди кор: музди кори вақтбайъ ва музди кори корбайъ ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Музди кори вақтбайъ музде мебошад, ки вобаста ба андозаи вақти кории иљрошуда ва дараљаи ихтисоснокии корманд дода мешавад. Он дар шароити низоми бозорӣ ё худ бидуни бозорӣ ҳамчун шакли ҳаққи меҳнати инфиродӣ ба таври васеъ истифода карда мешавад. Андозаи вақти корӣ тибқи нормаи вақт муайян мегардад. Нормаи вақт вақте мебошад, ки барои тайёр кардани воҳиди маҳсулот ё иљрои ягон амалиёти мақсаднок (истеҳсолӣ) муқаррар карда мешавад.

Музди кори вақтбайъ дар доираи корхонаҳо мувофиқи андозаи даромади коргар, тибқи разрядҳои таъруфа ва миқдори вақти кор карда шуда, ҳисобу китоб карда мешавад.

Ин шакли музди кор дар мавридҳое истифода карда мешавад, ки раванди меҳнатро муайян кардан, онро ба норма даровардан, нормаи вақт ва нормаи маҳсули корро муайян сохтан имконнопазир ё душвор бошад. Музди кори вақтбайъ дар намуди музди кори вақтбайи оддӣ ва вақтбайъи мукофотӣ истифода карда мешавад. Ҳангоми музди кори вақтбайъи оддӣ ба коргарону хизматчиён, коркунони инженерию техникӣ мувофиқи вақти иљрои кор (масалан, 6 ё 8 соат) ва ставкаи таъруфа моҳона муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолати иљро кардани нақшаҳои истеҳсолӣ, ноил гаштан ба натиљаҳои беҳтарин, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҳосилнокию самаранокии тавлидот ва ѓайра ба кормандон ба замми музди кори вақтбайъи оддӣ боз мукофотҳо низ илова карда мешавад, ки он ҳамчун музди кори вақтбайъи мукофотӣ бештар маъруфу машҳур аст.

Музди кори вақтбайъ, афзалиятан дар ҳавзаи истеҳсолоти ѓайри моддӣ (идоракунӣ, маориф, илм, тандурустӣ, маданият, мудофиа) ва қисми соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, махсусан қисмати менељменту маркетинг, кормандони идораи звеноҳои гуногун, операторон, муҳандисону техникҳо ва ѓайра, ки бо туфайли прогресси илму техника истифодаи ин шаклҳо имконпазир гардондаанд истифода карда мешавад.

Музди кори корбайъ музде мебошад, ки ба ивази тавлиди неъматҳо ва адои хизмат ба иљрокунандагони он дода мешавад. Он ҳамчун шакли ҳамљояи низоми музди кори корбайъи оддӣ, мукофотӣ, прогрессивӣ ва аккордӣ ташкил меёбад.

Музди кори корбайъи оддӣ (муқаррарӣ), музде мебошад, ки дар асоси вобастагии мутаносибии ростаи байни коркард ва музди кори коргар ташкил карда мешавад.

Нархномаи корбайъи музди кор тибқи формулаи зерин муайян карда мешавад:

РшСММК ё РшСМВ

дар ин љо:

РШ – нархномаи воҳиди маҳсулот;

ТСМ – ставкаи таъруфаи ин ё он разряд дар смена;

НМК – нормаи маҳсули кор;

ТС М– ставкаи таъруфаи соатбайъ;

НВ – нормаи вақт (соат)

Музди кори корбайъи мукофотӣ, чунин шакли музди коре мебошад, ки тибқи иљроиши кор ва барзиёд иљро кардани он дода мешавад. Миқдори мукофот мувофиқи фонди музди асосӣ, ки бо нархномаи корбайъ вобаста бо хусусиятҳои тавлид ва кори иљрошуда муайян карда шудааст муқаррар карда мешавад. Мукофот барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва сифати маҳсулот, сарфаю сариштакорӣ, кам кардани харољот (арзиши аслӣ), аз худ кардани ихтисосҳои гуногун, љорӣ кардани навовариҳо, ихтироотҳо ва ѓайра таин карда мешавад.

Музди кори прогрессивӣ – муваққатан дар участкаҳои муҳи-ми истеҳсолоти асосӣ љорӣ карда мешавад. Музди кор барои иљро кардани нормаи маҳсули кор, ба монанди музди кори корбайъи оддӣ (муқаррарӣ) муқаррар карда мешавад. Ҳангоми барзиёд иљро гардидани нормаи муқарраршуда бар зиммаи он мукофот илова мегардад.

Он дар участкаҳои асосӣ, ҳалкунандаю душвор дар сурате тадбиқ карда мешавад, ки коргаронро ба афзудани маҳсули кор, махсус аз љиҳати моддӣ ҳавасманд гардондан зарур бошад.

Музди кори корбайъ вобаста ба зарурияти ташкил ва истифода ҳамчун музди кори корбайъи фардӣ ва коллективӣ ташкил карда мешавад.

Музди кори корбайъи фардӣ дар љое тадбиқ карда мешавад, ки сарфи меҳнати фардӣ ва натиљаи онро аниқ ҳисоб кардан мумкин бошад. Агар коргар якчанд кор(амалиёт)-ҳои гуногунро иљро намояд, онгоҳ музди умумии вайро аз рўи ҳаққи ҳар як навъи кори иљрокардааш муайян мекунанд.

Музди кори корбайъи коллективӣ, ҳамчун натиљаи кори коллектив (гурўҳ, бригада, звено…) дода мешавад. Он мувофиқи зариби (коэффисенти) иштирок дар меҳнат (кор), яъне ҳиссаи воқеии ҳар як коргари бригада дар натиљаи меҳнати коллектив сурат мегирад. Музди кор тибқи разряди таъруфаи коргар ва вақти ҳақиқии масраф гардида пардохта мешавад.

Аз гуфтаҳои боло хулоса бар меояд, ки музди кор (ҳам шакли вақтбайъ ва ҳам корбайъ) аз ду қисм: асосӣ ва иловагӣ иборат аст.

Музди кори асосӣ, ҳамчун ҳаққи меҳнати коргар, тибқи ставкаҳои муайянкардашуда, аз рўи нормаи вақт ё худ маҳсу-лоти тавлидкарда дода мешавад.

Музди кори илова, ҳамчун қисми иловагии музд (мукофот) барои ба даст овардани натиљаҳои иловагӣ нисбат ба нормаи муқарраркардашуда, инчунин мукофоту ҳақ барои барзиёд иљро намудани нормаи коркард ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, маҳорати касбу ҳу-нар ва ѓайра сурат мегирад.

Маљмўи шакл ва намудҳои музди кор низоми онро ташкил медиҳад. Низоми музди кор дар чорчўбаи низоми таъруфа, маълумотномаи таъруфаи ихтисос, ставкаи таъруфа ва љадвали таъруфа ташкил меёбад.

Низоми таъруфа аз маълумотномаҳои таъруфаи ихтисосҳо, љадвалҳои таъруфа, схемаҳои моҳонаи кормандони вазифадор (муҳандисон, техникҳо, хизматчиён), ставкаҳои таъруфа ва зарибҳои ноҳиявии музди кор иборат аст.

Маълумотномаи таъруфаи ихтисос љузъи муҳимтарини низоми таъруфа мебошад.

Дар он маълумоти мухтасар оид: ба корҳое, ки коргарони истеҳсолӣ бояд иљро намоянд; талаботи техникӣ; дониш ва малакаҳои таи солҳои зиёд андўхташудаи коргар; тавсифи ихтисос (моҳияти ихтисос, дараљаи мустақилият, тартиби омодагӣ ба кор…) байни дараљаи ақали донишҳои назариявӣ барои иљро кардани ин ё он кор ва ѓайра нишон дода мешавад.

Маълумотнома дар худ разрядҳои таъруфаи ҳар як касбу ихтисосро фаро мегирад. Бо ёрии он душвориҳои кор муайян карда мешавад ва ба коргарон разрядҳои ихтисос пешбарӣ карда мешавад.

Ставкаи таъруфа ҳуљљатест, ки тибқи он ҳаққи меҳнат аз рўи воҳидҳои вақт, яъне разрядҳо муайян карда мешавад.

Агар кор аз рўи нормаи вақт ба норма гирифта шавад, дар он ҳолат – ставкаи таъруфаи соатбайъ ва агар он аз рўи маҳсули кор ва ба нормадарории меҳнат анљом дода шавад – ставкаи таъруфаи соатбайъ, рўзбайъ ва моҳона муқаррар карда мешавад.

Љадвали таъруфа љадвалест, ки таносуби андозаи ставкаи таъруфаро вобаста ба ихтисос (разряд) ва мураккабии кор муайян мекунад. Ба ҳар як разряд зариб (коэффисиент) бо фарқияти муайян гузошта мешавад. Дар аксарияти соҳаҳои саноат, љад-вали 6-разрядӣ (баъзан 8 ва аз он зиёд) истифода карда мешавад.

Таљрибаи хољагидорӣ нишон медиҳад, ки фонди музди кор хеле ҳам мурракаб буда, унсурҳои зиёдеро дар бар мегирад. Тах-минан, таркиби онро чунин тасвир кардан мумкин аст

 

Таркиби фонди музди кор (100 фоиз)

№ п/п Нишондиҳандаҳо Фоиз
1 2 3
1. Адои музд тибқи ҳисобкуниҳои ставкаи таъруфа, оклад

аз љумла:

музди кори корбайъ

музди кори вақтбайъ

58,5

30,6

27,9

2. Мукофот аз фонди музди кор 10,7
Мукофотҳо:
3. Барои иљро ва барзиёд иљро кардани нақ-шаҳо 3,8
4. Барои аз худ кардан, сохтан ва љорӣ кардани техникаи нав 0,3
5. Кам кардани масрифоти моддӣ 0,3
6. Мукофот дар охири сол 2,4
7. Мукофот барои хизмати дуру дароз дар як љой 2,0
8. Музди зариб(коэффисиент)-и ноҳиявӣ 7,2
9. Музди бекористӣ 0,4
10. Музди барои иљрои кори ѓайримуқар-рарӣ 0,3
11. Музди рухсатии меҳнатӣ 7,6
12. Музди илова барои аз худ кардани ихтисосҳои дигар, ихтисоснокӣ ва ѓайра 5,8
Љамъ: 100

Аз нигоҳ ба љадвал хулоса бармеояд, ки даромади умумии коргар аз ду қисм: даромад дар шакли музди кор ва изофапу-лиҳо аз ҳисоби корхонаҳо ташкил мегардад. Ба он иловапулиҳо аз ҳисоби давлат низ зам карда мешавад, ки онро љубронпулӣ меноманд.

Дар ИМА ёрдампулиҳо ва имтиёзҳо ба коргарону хизматчиён дар соли 1993 35803 долл., аз он љумла 29367 долл. музди кор ва 6436 долл. музди иловаро ташкил дод (39, 209).

Тафриқасозии музди кор ба музди асосӣ ва иловагӣ имкони-ят медиҳад, ки нақш ва мақоми коллектив дар фирма мустаҳкам, эътиқод ба он пурзўр, ҳавасмандгардонии коргарон оиди таъ-мин бо хонаю љой, табобати бепул, хизматрасониҳои яквақта, истироҳат, нафақа ва ѓайра баланд бардошта шавад.

Тафриқабандии музди кор ва баланд бардоштани ҳавас-мандгардонии коргар хусусияти ҳозираи фирма буда, он таҳти назарияи “музди кори босамар” бештар маълум мебошад.

Тарафдорони ин назария итминони қавӣ доранд, ки музди кор дар фирма бояд аз дараљаи зарурие, ки имконияти иљро кардан дорад, бояд баландтар гузошта шавад. Ин имкон меди-ҳад, ки нерўи љисмонӣ ва ақлонии коргар пурра истифода карда шуда, ҳосилнокӣ ва шиддатнокии меҳнат баланд бардошта шавад.

Ин низоми музди кор то ҳатто дар мавриди ба дараљаи муайян кардашуда нарасидани ҳосилнокии меҳнат ҳам ба гирифтани музди кор кафолат медиҳад.

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ ба ин низомҳои Хелси, Рован, Барта, Бедо ва ѓайраро дохил мекунанд.

Низоми Хелси дар мояи барқарор кардани нормаи вақт ва сари вақт иљро кардани он ва муайян кардани изофапулӣ барои ҳар як фоизи сарфакардаи вақт ташкил карда мешавад.

Дар низоми Рован мукофот ҳамчун қисми ставкаи вақт-байъи коргар тибқи сарфа ва нормаи вақт муайян карда мешавад. Масалан, ставкаи 1 соатаи коргар ба 0,96 воҳиди пулӣ баробар бошад, онгоҳ дар ҳолати иљро кардани нормаи 10 соата (ба љои нормаи муқарраршудаи 7 соата) мукофотпулӣ 30%-ро ташкил медиҳад.

Низоми Бедо талаб менамояд, ки музди кори коргар тибқи нормаи вақти ҳақиқӣ, ки ҳар як соати кор ба нуқтаҳои алоҳида тақсим карда шудааст дода шавад. Дар давоми рўзи кори 8 соата ба коргар аз рўи иљро кардани 480 нуқта музд дода мешавад.

Таи даҳсолаҳои охир дар аксарияти давлатҳои сармоядорӣ низоми пурзўргардонии ангезаи иштироки коргарон дар фоидаи корхона ва ба вуљуд овардани моликияти коргарӣ густариш меёбад. Тибқи ин низом ширкатҳо қисми фоидаи љории худро ба “фонди коргарон” интиқол менамоянд. Он ҳамчун ҳиссаљудоку-ниҳо аз фонди музди кор барои инкишофи истеҳсолот дар асоси андозҳои имтиёзнок сурат мегирад.

3.Талаботи фирма ба омили тағйирёбанда (меҳнат).

Байни ҳамаи захираҳои иқтисодӣ аз ҳама муҳимтар меҳнат баромад мекунад:
ҳар як аъзои қобилияти корӣ доштаи ҷамъият субъектибозори меҳнат мебошад;
мукофот (музди меҳнат), ки аз тарафи соҳибони захира дар бозори меҳнат ба даст оварда мешавад, қисми асосии даромади аҳолии ҳар як давлатро ташкил мекунад;
масъалаҳои шуғл, бекорӣ, сатҳи музди меҳнат ҳамчун объекти сиёсӣ ва муҳорибаи иқтисодӣ, сиёсати давлатӣ мегарданд.

Пеш аз ба тадқиқи бозори меҳнат гузаштан, як қатор фарзияҳоро мебароем. Дар аввал, чӣ хеле ки қайд шуда буд, хусусияти меҳнат ин таъсиррасонӣ ба гардиши захираи додашуда, омилҳои ғайрииқтисодӣ мебошад. Омили ягона, ки талабот ва пешниҳоди меҳнатро (QD ва QS) муайян менамояд, музди меҳнат мебошад, дар навбати худ нархи меҳнат баромад менамояд, ки фaқат дар зери таъсири талабот ва пешниҳоди он ба миён меояд.

Дуюм, мафҳуми «музди меҳнат» дар маънои «мизони музди меҳнат» (wage rate) истифода бурда мешавад, ки пардохти меҳнатро дар фосилаи кӯтоҳи вақт (соат, рӯз, ҳафта, моҳ) нишон медиҳад. Ҳангоми ин, мафҳуми «музди меҳнат» ва «даромадро» (earning) фарқ кардан зарур аст, ки охир он аз мизони музди меҳнат ва миқдори вақти коркарда вобаста мебошад. Инчунин бояд дар назар дошт, ки дар зери мизони музди меҳнат бузургии номиналии он не, балки аслӣ фаҳмида мешавад, яъне стаҳи нархҳо дар бозори молу хизматҳо; андозҳои ситонидашаванда бетағйир дар назар дошта шудаанд. Сеюм, барои бозори меҳнат афзалиятнок он мебошад, ки вай метавонад ҳам аз тарафи истеҳсолкунандагон ва ҳам аз тарафи истеъмолкунандагон монополӣ гардонида шавад Монополияи талабот ба меҳнат, ки монопсония ном дорад, дар он ҳолат ба вучуд меояд, ки дар соҳа ягона фирма амал мекунад, ки коргаронро киро менамояд.

Талабот ва пешниҳоди меҳнат дар шароити рақобати мукаммал.

Бозори меҳнатро дар шароити рақобати мукаммал дида мебароем, ки ба он чунин хосиятҳо хос мебошад:

дар ҳар як соҳа шумораи муайяни фирмаҳо вуҷуд доранд, ки байни худ барои киро намудани ин ё он мутахассис рақобат мекунанд;
шумораи зиёди мутахассисони касбҳои муайян вуҷуд доранд, ки дорои тахассуси якхела ҳастанд, ва ҳар яки онҳо новобаста аз ҳамдигар хизмати худро дар бозори меҳнат пешниҳод менамоянд;
ягон фирмаи алоҳида, ягон коргари муайян қобилияти таъсиррасониданро ба сатҳи музди меҳнати дар соҳа ҷорӣ шуда надорад.
Фирмаи алоҳида, ҳангоми қабули қарор оиди миқдори коргарони киро мекарда бояд нархи талаботро ба меҳнат муайян намояд (яъне сатҳи музди меҳнат). Нархи талабот бошад ба ягон омили истеҳсолот аз ҳосилнокии интиҳоии он вобаста мебошад, ё – аз ҳосилнокии меҳнат.
Ҳосилнокии интиҳоии меҳнат – ин тағйирёбии ҳаҷми барориши маҳсулот, ки дар натиҷаи истифодаи воҳиди иловагии меҳнат ба вуҷуд омадааст, ба шарте, ки дигар омилҳо бетағйир ҳастанд. Фаҳмо аст, ки тағйирёбии миқдори меҳнати истифодашаванда дар фирмаи алоҳида, бояд ба тағйирёбии дигар захираҳо, ки дар истеҳсолот кор фармуда мешаванд оварда расонад, масалан, захира дар давраи кӯтоҳмуддат ва сармоя дар давраи дарозмуддат. Ҳосилнокии интиҳоии меҳнат вобаста аз маҳсулоти интиҳоии меҳнат ҳисоб карда мешавад (МРL). Дар зери мафҳуми охирон зиёднамоии истеҳсолот, ки дар натиҷаи киро намудани воҳиди иловагии меҳнат ба даст оварда шудааст, фаҳмида мешавад. Воҳиди арзишии маҳсулоти интиҳоии меҳнатро маҳсулоти интиҳоии меҳнат бо воҳиди меноманд, ё ин ки даромади интиҳоии маҳсулоти меҳнат (МRРL). Маълум аст, ки агар нархи меҳнат РL ташкил кунад ва бозори меҳнат дар шароити рақобати мукаммал бошад, дар ин ҳолат ҳар як фирма дар кадом бозоре, ки вай маҳсулоти худро фурӯхта набошад (мукаммал ё номукаммал), ба меҳнат то он даме талабот зоҳир менамояд, ки агар бузургии маҳсулоти интиҳоӣ бо воҳиди пулӣ MRPL бо PL баробар нашавад, яъне РL = w = MRPL. ки дар ин ҷо PL,w–нархи меҳнат; MRPL–даромади пули маҳсулоти (ҳосилнокии) интиҳоии меҳнат. Барои ҳар як фирма қисми пастшавандаи каҷхаттаи MRPL каҷхаттаи талабот ба меҳнат мебошад. Агар бо истисноҳо қабул намоем, ки каҷхаттаи талаботи соҳавии меҳнат натиҷаи ҷамънамоии горизонталии каҷхаттаи талаботҳои фирмаҳои алоҳида аст, дар ин ҳолат мо метавонем талаботи (каҷхаттаи талабот) соҳаро ба меҳнат муайян созем. Каҷхаттаи соҳавии талабот нишон медиҳад, ки ба кадом миқдори умумии хизматчиён аз тарафи ҳамаи фирмаҳои соҳа аз рӯи ҳар як мизони музди меҳнат W, талабот зоҳир карда мешавад. Агарфирмаҳои соҳаи саноати сабук дар бозори меҳнат дар шароити рақобати мукаммал, дар шароити шуғли пурра амал кунанд, дар ин ҳолат барои ҷалб намудани мутахассисони иловагӣ ба соҳа аз дигар соҳаҳо, бояд мизони музди меҳнат баланд бардошта шавад.

4. Бозори рақобатии меҳнат .

Барои бозори меҳнат рақобати номукаммал бештар хос аст. Ин ҳолат асосан зери таъсири фаъолияти иттифоқҳои касаба, ки онҳо дар тарафи пешниҳоди меҳнат мавҷуд буда, ба мизони музди меҳнат таъсир мерсонанд ва соҳибкороне, ки дар тарафи талаботи меҳнат вуҷуд дошта ба мизони музди меҳнат бо воситаи талабот таъсир мерасонанд пойдор мегардад. Иттифоқҳои касаба ҳамчун монополист амал намуда, соҳибкорон бошанд ҳамчун монопсонист амал мекунанд, яъне иттифоқҳои касаба ҳамчун як фурӯшанда ва соҳибкорон ҳамчун як харидор баромад мекунанд. Ҳар дуи ин қувваҳои монополӣ нархи меҳнатро ҷорӣ мекунанд. Барои баробар намудани нархи меҳнат низоми шартномаҳои коллективӣ вуҷуд дорад. Ҳолатеро дар бозори меҳнат мушоҳида мекунем, ки дар он иттифоқҳои касаба мавҷуд нестанд ва кордиҳанда бошад як фирма баромад мекунад. Чунин бозори меҳнат бозори монопсонӣ ба ҳисоб меравад. Монопсония мавҷудияти як харидорро дар бозор дар назар дорад. Мувофиқан, монопсония дар бозори меҳнат маънои мавҷудияти танҳо як харидори қувваи кориро дорад. Дар чунин бозор як кордиҳанда ба миқдори зиёди коргарони кирояи мустақил амалкунанда мутақобилият мекунад.Ҷиҳати асосие, ки ҳолати монопсониро аз рақобати мукаммал фарқ мекунонад, ин афзоиши мизони музди меҳнат ҳангоми киро намудани миқдори коргарони афзоишёбанда мебошад. Бо ибораи дигар, агар барои фирмаи рақобати мукаммал пешниҳоди меҳнат мутлақо чандир буда, фирма тавонад ҳар як миқдори коргаронро бо як мизон киро намояд,
ҳангоми монопсония бошад хатти пешниҳод намуди оддии бо баробари баландшавии нархҳо афзоишёбандаро дорад. Ин ҳолат бо он маънидод карда мешавад, ки монопсонист дар амал фирма – соҳа мебошад. Афзоишёбии талаботи ӯ ба меҳнат маънои афзоишёбии талаботи умумисоҳавиро дар назар дорад. Барои ҷалб намудани коргарони иловагӣ, зарурияти ҷалб намудани онҳо аз дигар соҳаҳо ба миён меояд. Таносуби талабот ва пешниҳод дар иқтисодиёт тағйир меёбад, нархҳо ба меҳнат афзоиш меёбанд. Монопсония дар бозори меҳнат дар он зоҳир мегардад, ки барои фирмаи монопсонист хароҷотҳои интиҳоии бо пардохти омили меҳнат алоқаманд буда нисбат ба мизони музди меҳнат тезтар афзоиш меёбанд. Бинобарин мувозинатӣ дар бозори рақобати номукаммал чунин навишта шуданаш мумкин аст: MRPL = MRCL
Мувозинатии бозори меҳнатро дар мисоли модели монопсония барои рақобати мукаммал ва номукаммал дида мебароем Дар ҳолати рақобати мукаммал мувозинатӣ дар нуқтаи С –буриши каҷхаттаҳои талабот ва пешниҳоди меҳнат муайян карда мешавад.

умумисоҳавиро дар назар дорад. Барои ҷалб намудани коргарони иловагӣ, зарурияти ҷалб намудани онҳо аз дигар соҳаҳо ба миён меояд. Таносуби талабот ва пешниҳод дар иқтисодиёт тағйир меёбад, нархҳо ба меҳнат афзоиш меёбанд. Монопсония дар бозори меҳнат дар он зоҳир мегардад, ки барои фирмаи монопсонист хароҷотҳои интиҳоии бо пардохти омили меҳнат алоқаманд буда нисбат ба мизони музди меҳнат тезтар афзоиш меёбанд. Бинобарин мувозинатӣ дар бозори рақобати номукаммал чунин навишта шуданаш мумкин аст: MRPL = MRCL
Мувозинатии бозори меҳнатро дар мисоли модели монопсония барои рақобати мукаммал ва номукаммал дида мебароем Дар ҳолати рақобати мукаммал мувозинатӣ дар нуқтаи С –буриши каҷхаттаҳои талабот ва пешниҳоди меҳнат муайян карда мешавад.

12 Загрузки
test

Добавить комментарий