Рафтори истеъмолкунанда дар иқтисоди бозорӣ

  1. Интихоби истеъмолкунанда дар иқтисоди бозорӣ
  2. Афзалгузории ҷаҳонии истеъмолкунандагон: қонуниятҳои инкишоф
  3. Якдигарро пурранамоӣ ва якдигарро ивазнамоии молҳо ва хизматрасониҳо
  4. Интихоби истеъмолкунанда дар иқтисоди бозорӣ

Дар назди ҳар як истеъмолкунанда се савол гузошта шудааст: 1. Чӣ харидан лозим аст? 2. Чӣ қадар арзиш дорад? 3. Барои харид намудан оё пул кифоя мебошад ё не? Барои посух додан ба саволи якум бояд фоиданокии молро муайян намуд, барои саволи дуюм бошад, нархро таҳқиқ кардан зарур аст ва барои саволи сеюм, даромади истеъмолкунандаро муайян намудан лозим мебошад. Ин се масъала, яъне фоиданокӣ, нарх ва даромад мазмуни назарияи истеъмолкунандаро ташкил медиҳад. Бинобар ин алоқамандии онҳоро бояд муайян кард.

Фоиданокии неъмат (utility of good)-ин қобилияти неъмати иқтисодие, ки як ё якчанд талаботи инсонро қонеъ мегардонад. Дар натиҷаи тадқиқот дар асри XIX чунин қонуният муайян шудааст: дар раванди истеъмоли пай дар паи ягон намуди неъмат фоиданокиаш барои истеъмолкунанда пайваста паст мегардад. Дар баробари ин дар назар аст, ки завқи истеъмолкунандагон доимӣ ва функсияи истеъмол бефосила мебошад (бинобар ин дар ҳар нуқта гуногун).

Ин онро ифода менамояд, ки ҳама гуна беинтиҳоии андак зиёдшавии миқдори неъмати Q ба афзоиши фоиданокии умумӣ (total utility) TU мувофиқат мекунад (ниг. расми 1-1 а). Чунончи, фоиданокии умумӣ бо баробари зиёдшавии миқдори неъматҳо пайваста меафзояд, фоиданокии интиҳоӣ (marginal utility)-MU бо ҳар як воҳиди иловагии неъмат бошад бемайлон кам мегардад (ниг. расми 1-1 б). Максимуми қонеъгардонии фоиданокии умумӣ дар нуқтаи А ба назар мерасад, дар мавриде, ки фоиданокии интиҳоӣ баробари сифр (0) мешавад.Ин онро ифода менамояд, ки неъматҳо талаботро пурра қонеъ мегардонанд.

 

image96

б)

Расми 1-1 фоиданокии умумӣ (а) ва интиҳоӣ (б)

Агар истеъмоли минбаъда зарар орад (фоиданокии интиҳоии неъматҳо манфӣ мебошад), он гоҳ фоиданокии умумӣ паст мегардад буриши (ниг. буриши АВ дар ҳар ду график). Ҳар чӣ қадаре ки неъмати зиёд дошта бошем ҳамон қадар ҳар як воҳиди иловагии он барои мо арзиши паст дорад. Бинобар ин, нархи неъматҳо барои истеъмолкунанда на бо фоиданокии умумӣ, балки бо фоиданокии интиҳоии он муайян карда мешавад. Азбаски фоиданокии интиҳоии неъматҳои иқтисодӣ барои истеъмолкунанда паст мегардад, он гоҳ истеҳсолкунанда маҳсулоти иловагии худро танҳо дар он сурат фурўхта метавонад, ки агар нархро паст намояд. Чунин қонуни камшавии фоиданокии интиҳоӣ заминаи муайян намудани талабот мебошад.

Функсияи фоиданокӣ. Намояндагони мактаби илмии австриягӣ, ба монанди К. Менгер, Е.Бем-Баверк, Ф. Визер яке аз аввалинҳо кушиш намуданд, ки алоқамандии байни талабот ва нарх, захира ва миқдорро муайян намоянд. Онҳо асоснок намуданд, ки миқдор яке аз омили муҳими таъсиркунанда ба нарх дар шароити маҳдуд будани захираҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин аз тарафи ин олимон қонунияте муайян карда шуд, ки пай дар пай истеъмол намудани миқдори ягон неъмат камшавии фоиданокиро барои истеъмолкунанда меоварад (расми 1-2).

Масалан, истеъмолкунандае , ки аз ташнагӣ азоб мекашад истакони пепси-коларо бо халоват менушад. Истакони дуюм бошад, бавай нисбат ба якум камтар ҳаловат мебахшад ва истакони сеюм нисбат ба дуюм боз ҳам камтар ҳаловат мебахшад. Ҳамин тавр ин ҳолат то он вақте давом меёбад, ки агар фоиданокии интиҳоии истакони навбатӣба сифр баробар шавад. Чуночи, фоиданокии умумӣ меафзояд, фоиданокии интиҳои бошад кам мешавад ва дар натиҷа ин ба суст гардидани афзоиши фоиданокии умумӣ меоварад (расми 1-2).

Мувофиқи назарияи пайравони мактаби илмии Австриягӣ нархи неъматҳо барои истеъмолкунанда на ба фоиданокии умумӣ, балки бо фоиданокии интиҳоӣ муаян карда мешавад.

Функсияи фоиданоки гуфта, функсияеро меноманд, ки камшавии фоиданокии интиҳоии неъматро нисбат ба зиёдшавии миқдори он нишон медиҳад:

MU=

Дар ин ҷо MU-фоиданокии интиҳоӣ , вай ба ҳосилаи хусусии фоиданокии умумии ҳамин неъмат баробар мебошад.

image97

Расми 1-2 Вобастагии фоиданокии умумии неъматҳо аз миқдори он

Ҳануз дар асри XVIII мунаққидони назарияи фоиданокӣ парадокси об ва алмосро мавриди таҳлил қарор дода буданд. Онҳо чунин ҳисобида буданд, ки об воситаи ҳаётан муҳим буда, бояд барои ҳама фоиданокии максималӣ дошта бошад, алмос бошад, баръакс минималӣ. Мувофиқан нархи об нисбат ба алмос бояд баланд (максималӣ) бошад, лекин дар таҷриба баръакс мебошад. Ҳақиқати ҳол чунин аст, ки бузургии захираҳои об ва алмос гуногун мебошад. Захири об аз ҳад зиёд буда, алмос бошад хеле кам мебошад. Ҳамин тариқ, миқдори (Q1) об зиёд ва нархи он (P1) паст буда, аз алмос бошад баръакс, яъне миқдори он (Q2) кам ва нархи он (P1)баланд мебошад (ниг. Расми 1-3).

Ин онро ифода менамояд, ки фоиданокии умумии об баланд буда фоиданокии интиҳоияш паст мебошад, аз алмос бошад баръакс, фоиданокии умумияш паст ва интиҳояш баландтар мебошад. Азбаски нархи онҳо на аз рўи фоиданокии умумӣ, балки аз рўи фоиданокии интиҳоӣ муайян карда мешавад, бинобар ин парадокси об ва алмос функсияи фоиданокиро инкор наменамояд. Маҳз функсияи фоиданокӣ заминаи интихоби истеъмолкунанда мебошад.

C:\Users\User\Desktop\нав\Изображение 026.jpg

Расми 1-3 Парадокси об ва алмос

Аксиомаи (ҳақиқати баҳснопазири) асосии назарияи рафтори истеъмолкунганда. Дар назарияи муосири интихоби истеъмолкунанда дар назар дошта мешавад, ки: 1) даромади пулии истеъмолкунанда маҳдуд мебошад; 2) нархҳо аз миқдори неъматҳое, ки хоҷагиҳои алоҳидаи хонагӣ харид менамоянд, вобаста намебошад; 3) ҳамаи харидорон фоиданокии интиҳоии маҳсулотҳоро дуруст тасаввур менамоянд; 4) истеъмолкунандагон кушиш менамоянд, ки маҷмўи фоиданокиро мақсималӣ гардонанд.

Назарияи интихоби истеъмолкунанда бо истифода аз чунин аксиомаҳо асоснок карда мешавад:

  1. Бисёр будани намудҳои истеъмол. Ҳар як истеъмолкунанда мехоҳад, ки неъматҳои сершумори гуногунро истеъмол намояд.
  2. Қонеъ набудан. Истеъмолкунанда кушиш менамояд, ки бештар миқдори ҳама гуна мол ва хизматҳоро дошта бошад, лекин ў на аз ҳамаи онҳо қонеъ мебошад. Фоиданокии интиҳоии ҳамаи неъматҳои иқтисодӣ ҳама вақт мусбӣ мебошад.
  3. Транзитӣ. Назарияи интихоби истеъмолкунанда аз завқи таѓйирнопазир ва мувофиқаткардашудаи истеъмолкунанда асос мегирад. Мантиқан инро чунин ифода кардан мумкин аст: агар А, В ва С мувофиқати ягон неъмат ба шумор раванд ва истеъмолкунанда бетавофут дар байни интихоби А ва В ва байни В ва С бошад, он гоҳ чунин бетавофут дар байни интихоби А ва С низ мебошад.
  4. Субститутсия (ивазшавӣ). Истеъмолкунанда розӣ ҳаст аз миқдори на он қадар бисёри неъмати А даст кашад, агар ба ў миқдори бештари неъмати ивазшаванда пешниҳод карда шавад.
  5. Пастшавии фоиданокии интиҳоӣ. Фоиданокии интиҳоии ягон неъмат аз ҳамон миқдори умумии он вобаста аст, ки дар ихтиёри ҳамин истеъмолкунанда мебошад.

Шарти мувозинатии истеъмолкунанда. Фарз мекунем, ки талаботи истеъмолкунандаро се неъмат қонеъ мегардонад-А, В ва С. Бигзор фоиданокии интиҳоии неъмати А ( marginal utility-MU) баробари 100 ва нархи он (P)-10 доллар; фоиданокии интиҳоии неъмати В баробари 80 ва нархи он 4 доллар; фоиданокии интиҳоии неъмати С баробари 45 ва нархи он 3 доллар бошад (ниг. ҷадвал)

Фоиданокии интиҳоӣ ва нархи неъмат

Неъмат Фоиданокии интиҳоӣ Нарх, доллар Фоиданокии интиҳоии муайяншуда
(MU) (P) (MU/P)
A 100 10 10
B 80 4 20
C 45 3 15

Бинобар ин мо метавонем буҷети пулии худро аз нав чунин тақсим намоем, то ин ки неъмати В-ро бештар ва неъмати А-ро камтар ба даст орем. Дар мисоли мо бояд аз охирин неъмати А даст кашид. Ҳамин тавр мо 10 доллар сарфа менамоем. Ба вай 2,5 қисми неъмати В-ро харида метавонем, ки ба мо дар ҳаҷми 200воҳид ид (аз неъмати А) тарҳи 100 воҳид (аз камшавии истеъмоли неъмати А) ва дар маҷмуъ бошад 100 воҳид фоида меоварад. Чунин азнавтақсимнамоӣ ба баландшавии фоиданокии интиҳоии неъмати А ва пасташавии фоиданокии интиҳоии неъмати В меоварад.Ҳамин тавр дар натиҷаи азнавтақсим намудани даромад мо кўшиш намудем ба ҳолате расем, ки фоиданокии интиҳоии муайяншуда баробар гардад, ки ин дар ҷадвали 1-4. Оварда шудааст. Дар ин нуқта истеъмолкунанда ба ҳолати мувозинат мерасад.

 

Ҳолати мувозинати истеъмолкунанда (дар назарияи кардиналӣ)

Неъмат MU P MU/P
A 150 10 15
B 60 4 15
C 45 3 15

(1-4)

Интихоби истеъмолкунанда (consumer choice)-ин интихоби максималгардонии функсияи фоиданокии истеъмолкунандаи оқил дар шароити маҳдуд будани захираҳо (даромади пулӣ) мебошад.

Функсияи фоиданокӣ дар он ҳолат максималӣ гардонида мешавад, агар даромади пулии истеъмолкунанда тавре тақсим карда шавад, ки ҳар як доллари охирони (сомонӣ, рубл, марка ва ѓайра) сарфкардашуда барои ба даст овардани ҳама гуна неъмат фоиданокии интиҳоии якхела оварад. Қоидаи максималгардонии фоиданокӣ имконият медиҳад, ки як қатор хулосаҳо бароварда шавад:

Дар ҳақиқат агар

он гоҳ

 

Пас таносуби байни фоиданокии интиҳоии ҳама гуна n неъматҳо баробари таносуби нархи онҳо мебошад, яъне

MU1:MU2: MU3: …….:MUn=P1 :P2….:Pn. (1-5)

Фоиданокии интиҳоии муайяншударо чунин ифода менамоем:

дар ин ҷо

Ҳамин тавр, дар шароити мувозинатӣ фоиданокии интиҳоии истифодабарии воҳиди пулӣ дар ҳама гуна ҳолат баробар мебошад. Дар намуди умумӣ чунин навиштан мумкин аст:

MUi=Pi g (1-6)

Ин формула ифода менамояд, ки фоиданокии интиҳоии неъмат ба хароҷоти интиҳоии истеъмолкунанда баробар мебошад. Ҳамин тавр, интихоби дурандешонаи истеъмолкунанда на танҳо муқоисаи даромади иловагӣ (MB), балки баробаршавии байни онҳоро ба назар мегирад MB=MC.

2.Афзалгузории ҷаҳонии истеъмолкунандагон: қонуниятҳои инкишоф

Аксари одамон миқдори молҳои истеъмолиро зиёд ё сифати онҳоро беҳтар кардан, рухсатии меҳнатиро дарозтар намудан, ба мошинҳои ѓайриоддӣ савор шудан, дар тарбхонаҳои беҳтарин хўрок хўрдан ва амсоли инҳоро мехоҳанд. Одамон нисбат ба хоҳиши худ камтар истеъмол мекунанд, чунки хароҷот ё сарфи онҳо бо даромад маҳдуд шудааст. Мо омўзиши назарияи интихоби истеъмолкунандаро бо санҷидани алоқамандии даромад ва хароҷот оѓозмекунем.Барои осон кардани кор қарори истеъмолкунандаеро, ки танҳо ду намуди молро мехарад,дида мебароем: питса ва пепси. Албатта, дар ҳаёти воқеӣ одамон ҳазору як намуди молҳоро мехаранд. Фарз кардани он, ки фақат ду намуди мол мавҷуд аст, бе таѓйир додани моҳияти барои харидани питса ва пепси маҳдуд менамояд. Фарз мекунем, кидаромади моҳонаи истеъмолкунанда $1000 аст ва ў ҳамаи моҳонаашро барои харидани питса ва пепси сарф мекунад. Нархи як питса $10 ва як қуттӣ пепси $2 мебошад. Нақшаи 1 ҷо ба ҷо гузории гуногуни питса ва пепсиро нишон медиҳад,киазбайнионҳо истеъмолкунанда харидорӣ менамояд. Қатори якумиҷадвалнишонмедиҳад,киагаристеъмолкунанда ҳамаи даромади худро ба харидани питса сарф кунад, вай дар як моҳ 100
дона питса харида метавонад, аммо ягон қуттӣ пепси харида наметавонад.Қатори дуюм нишон медиҳад, ки агар вай дар як моҳ 90 питса харад, он гоҳ 50 қуттӣ пепси ҳам харида метавонад.
Хароҷоти ҳар як дастаи истеъмолӣ $1000-ро ташкил мекунад.
Ҷадвали 1 маҷмўи дастаҳои молҳои истеъмолиро нишон медиҳад, ки онро истеъмолкунанда интихоб карда метавонад. Хати амудӣ шумораи қуттиҳои пепсиро ифода мекунад,хати уфуқӣ бошад, шумораи питсаро ифода менамояд. Дар ин нақша се нуқта нишон дода
шудааст: дар нуқтаи А истеъмолкунанда пепси намехарад, вай фақат 100 адад питса истеъмол мекунад; дар нуқтаи В истеъмолкунанда питса намехарад,вай фақат 500 қуттӣ пепси истеъмол мекунад; дар нуқтаи С истеъмолкунанда 50 адад питса ва 250 қуттӣ пепси истеъмол мекунад.
Нуқтаи С дар миёнҷои хати А ва В ҷойгир шудааст. Нуқтаи С ин нуқтаест, ки истеъмолкунанда барои харидани питса ва пепси ба миқдори баробар($500)харҷ мекунад.Инҳо танҳо се ҷо ба ҷогузории харид кардани питса ва пепси аст, ки истеъмолкунанда интихоб карда
метавонад. Ҳама нуқтаҳои каҷхаттаи байни А ва В имконпазир ҳастанд. Ин хат маҳдудияти буҷет номида мешавад ва маҷмўи дастаҳои истеъмолиро нишон медиҳад,ки истеъмолкунанда харид карда метавонад. Дар ин ҳолат он интихоби байни питса ва пепсиро нишон медиҳад, ки истеъмолкунанда бо он рў ба рў мешавад. Аз рўи поён хамидани каҷхаттаи маҳдудияти буҷет меъёрӣ иваз кардани як мол бо моли дигар аз тарафи истеъмолкунанда чен карда мешавад. Ба хотир оред, ки хамиши байни ду нуқта ҳамчун нисбати таѓйирёбии масофаи амудӣ ба ивазшавии масофаи уфуқӣ ҳисоб карда мешавад. Аз нуқтаи А то В масофаи амудӣ 500 қуттӣ ва масофаи уфуқӣ 100 адад питса аст. Аз ин ҷост, ки хамиши байни онҳо ба 5 қуттӣ пепси барои як питса баробар мешавад(азбаски каҷхаттаи маҳдудияти буҷет ба поён хамиш дорад, ин поёншавӣ адади манфиро нишон истеъмолкунанда бо он рў ба рў мешавад.Аз рўи поён хамидани каҷхаттаи маҳдудияти буҷет меъёрӣ иваз кардани як мол бо моли дигар аз тарафи истеъмолкунанда чен карда мешавад.Ба хотир оред ,ки хамиши байниду нуқта ҳамчун нисбати таѓйирёбии масофаи амудӣ ба ивазшавии масофаи уфуқӣ ҳисоб карда
мешавад. Аз нуқтаи А то В масофаи амудӣ 500 қуттӣ ва масофаи уфуқӣ 100 адад питса аст.Аз ин ҷост, ки хамиши байни онҳо ба 5 қуттӣ пепси барои як питса баробар мешавад(азбаски каҷхаттаи маҳдудияти буҷет ба поён хамиш дорад, ин поёншавӣ адади манфиро нишон
медиҳад, аммо мо бо мақсади муайян ин рақами манфиро қабул намекунем). Маҳдудияти буҷет дастаҳои гуногуни молҳоро нишон медиҳад, ки истеъмолкунанда мувофиқи даромади худ харида метавонад. Дар ин ҷо истеъмолкунанда фақат ду мол харида метавонад: питса ва пепсӣ. Ин нақша ва ҷадвал нишон медиҳанд, ки истеъмолкунанда даромади моҳонаи $1000 дошта бошад, чӣ харида метавонад. Нархи питса $10 ва нархи пепси $2 аст.

Миқдори питса Қуттии пепси Харҷ барои пепси Харҷ барои питса Хароҷоти умумӣ
100 0 $1,000 $0 $1,000
90 50 900 100 $1,000
80 100 800 200 $1,000
70 150 700 300 $1,000
60 200 600 400 $1,000
50 250 500 500 $1,000
40 300 400 600 $1,000
30 350 300 700 $1,000
20 400 200 800 $1,000
10 450 100 900 $1,000
0 500 0 1,000 $1,000

 

Миқдори

пепси 500 В

250 С маҳдудияти буҷети истеъмолкунанда

А

0 50 100 Миқдори пепси

Каҷхаттаи маҳдудияти буҷети истеъмолкунанд

Қайд кардан лозим аст, ки поён хамидани каҷхаттаи маҳдудияти буҷет ба нархи нисбии ду мол баробар аст, яъне он нархи муқоисавии як намуди молро бо моли дигар ифода мекунад. Нархи питса аз нархи як қуттӣ пепси 5 маротиба зиёдтар аст, бинобар ин, арзиши алтернативии
як адад питса ба 5 қуттӣ пепси баробар мешавад. Хамиши каҷхаттаи маҳдудияти буҷет интихоби дар бозор мавҷудбударо инъикос мекунад: 1 питса ба ҷои 5 қуттӣ пепси.

Каҷхаттаи «даромад-истеъмол» Афзоиши даромади пулӣ лаѓжиши росхаттаи буҷетиро ба тарафи рост ба боло ифода менамояд. Чунин натиҷа низ ҳангоми паст гардидани нархи ҳар дуи молҳо ба вуҷуд омада метавонад, ки ин ҳамзамон афзоиши даромади ҳақиқиро ифода мекунад. Ҳангоми паст гардидани даромади буҷетӣ ё ин ки баланд шудани нарх, росхатаи буҷетӣ ба тарафи чап ба поён ҳаракат менамояд.

Баробари афзоиши даромади ҳақиқӣ маҳдудияти буҷетӣ пай дар пай ба ҳолати В123,…Вn ҳаракат менамояд. Нуқтаҳои тамоси каҷхатаҳои беэътиноӣ бо маҳдудиятҳои буҷетии K1, K2, K3, K4…….Kn ҳолати пайдарпаии мувозинати истеъмолкунандаро мувофиқ ба афзоиши даромади он нишон медиҳанд (2-1). Ин каҷхатаро Дж. Хикс «даромад-истеъмол» номидааст, ки дар адабиёти амрикоӣ каҷхатаи сатҳи зиндагӣ ном гирифтааст.

F:\..\..\..\WINDOWS\Temp\FineReader11.00\media\image108.png

Расми 2-1 Каҷхаттаи “даромад-истеъмол” (сатҳи зиндагӣ)

Агар каҷхатаи “даромад-истеъмол”-ҳамчун хати рост аз ибтидои координат аз кунҷи 450 барояд, ин онро ифода менамояд, ки бо баробари афзоиши даромад истеъмолкунанда бо таносуби баробар истеъмоли ҳам Х ва ҳам неъмати Y-ро зиёд менамояд. Агар зиёдшавии истеъмоли неъматҳо номутаносиб гардад, он гоҳ кунҷи нишебии каҷхата тағйир меёбад. Дар мисоли мо дар аввал босуръат зиёдшавии истеъмоли неъмати Y ва баъдан нисбатан камшавии истеъмоли он ва тадриҷан зиёдшавии истеъмоли неъмати Х ба назар мерасад.

Аллакай дар асри XIX муайян шудааст, ки бо баробари афзоиши даромади ҳақиқии истеъмолкунанда истеъмоли неъмати дуюминдараҷа нисбат ба аввалиндараҷа зиёдатар афзоиш меёбад. Тадқиқотчии аввалин, ки ба масъалаҳои таъсири тағйирёбии даромад ба сохтори хароҷотҳои истеъмолкунанда машғул шудааст оморшиноси немис Эрнтс Энгел (1821-1896) мебошад.

Каҷхатаҳои Энгел дар шарҳи муосир дар расми 2-2 нишон дода шудааст. Дар хати абсисса даромади истеъмолкунанда I ва дар хати ордината миқдори хариди маҳсулот -Q-ро мегузорем. Пеш аз ҳама қонеъгардонӣ ба молҳои озуқаворӣ, пас аз он ба молҳои саноатии стандартӣ ва дар охир ба молҳо ва хадамоти баландсифат ба назар мерасад.

 

image109 Молҳо ва хадамоти баландсифат

Молҳои саноатии босифати стандартӣ

Молҳои озуқаворӣ

Расми 2-2 Каҷхатаи Энгел дар шарҳи Торнквист

Каҷхатаи “нарх-истеъмол” Каҷхатаи “даромад-истеъмол”-ро мо аз нуқтаи назари тағйирнопазирии нархи неъмат таҳлил карда будем. Дар он ҷо танҳо даромад тағйир меёфт. Акнун фарз мекунем, ки ба сифати бузургии доимӣ даромад ва ба сифати тағйирёбанда бошад нархи яке аз неъматҳоро,масалан нархи неъмати X-ро мегирем. Бигзор нархи неъмати X паст шавад, яъне Px1>Px2>Px3>Px4 ва ғайра. Масалан, як воҳид неъмати Х 100 доллар арзиш дошт, акнун бошад 50 доллар арзиш дорад. Ин ҳолат онро ифода мекунад, ки харидор ба 100 доллар метавонад ду неъмати Х харад.

Ба таври графикӣ ин ҳамчун ҳаракати маҳдудияти буҷетӣ аз ҳолати NX2 ба ҳолати NX3 ифода меёбад (расми 2-3).

image110

Расми 2-3. Каҷхатаи “нарх-истеъмол” (а) ва тасвири каҷхатаи тақозо (б)

Пастшавии минбаъдаи нархҳо мувофиқан дар росхатаҳо NX4, NX5 ва ғайра ифода меёбад. Нуқтаҳои тамоси каҷхатаҳои беэътиноии U1, U2, U3, U4-ро ба маҳдудияти буҷетӣ бо нуқтаҳои R1, R2, R3, R4 ифода намуда ва ин нуқтаҳоро пайваст карда, дар натиҷа каҷхатаи “нарх-истеъмол”-ро тасвир мекунем.

Дар асоси ин каҷхата тасвир кардани каҷхатаи тақозо осон аст (ниг. Расми 2-3 б). Дар ин ҳолат дар хати ординат нархи моли X(Px)-ро, дар хати абстсисса бошад, миқдори неъмати Х гузошта мешавад.

Ҳангоми таҳлили каҷхатаи “даромад-истеъмол” мо таъсири тағйирёбии даромадро, ҳангоми таҳлили каҷхатаи “нарх-истеъмол” таъсири тағйирёбии нархро ба ивазкунии нисбии як неъмат ба неъмати дигар таҳлил карда будем. Акнун мо бояд муайян намоем, то кадом андоза тағйирёбии тақозо нисбат ба неъмати Х дар асоси таъсири тағйирёбии нарх ва тағйирёбии даромади ҳақиқӣ ба миён меояд.

Самараи ивазшавӣ ва самараи даромад.

Истеъмолкунанда даромади худро барои хариди таносуби
муайяни ду моли додашуда сарф менамояд. Фарз мекунем, ки
хароҷотҳои барои хариди молҳо сарф мешуда ба даромади
истеъмолкунанда баробар аст, яъне даромад пурра сарф карда
мешавад. Бояд қайд намуд, ки даромади (буҷетӣ)
истеъмолкунанда маҳдуд аст. Баробарии маҳдудияти буҷетӣ
чунин намуд дорад: I=P1X1+P2X2, ки дар ин ҷо I – даромади номиналии истеъмолкунанда;
P1P2- нархҳои бозории неъмати якум ва дуюм;
X1X2 – шумораи моли якум ва дуюм, ки ба
таносуби додашуда дохил мешаванд.

Баробарии додашударо нисбат ба X2 ҳал мекунем ва
баробарии хатти буҷетиро ҳосил мекунем: X2= I/P2-(P1/P2)X1.

Хамшавии хатти буҷетӣ ба нисбияти нархи ду неъмат
баробар аст: -P1/P2.

Фарз мекунем, ки даромади истеъмолкунанда 12 сомонӣ
дар як рӯз, нархи неъмати якум–1,5 сомонӣ, неъмати дуюм–1,0
сомонӣ. Баробарии хатти буҷетӣ дар чунин ҳолат чунин
намудро мегирад: X2= 12-1,5X1

Азбаски истеъмолкунанда даромади худро пурра сарф
менамояд, ҳамаи вариантҳои имконпазири комбинатсияи ин ду
неъматҳои додашуда дар хатти буҷетӣ ҷойгир мешаванд.
Шумора, нарх ва хароҷоти умумии истеъмолкунанда барои
харидорӣ кардани ин молҳо (ҳангоми баробар будани даромад
ба 12 сомонӣ) дар ҷадвали 2-4 ифода карда шудаанд.

Таносуби харидории моли А ва моли В ҳангоми буҷети
истеъмолӣ дар ҳаҷми 12 сомонӣ

Шумораи моли А. (нархи мол 1 сомонӣ барои як воҳид) Шумораи моли В (нархи мол1 сомонӣ барои як воҳид) Хароҷоти
умумӣ
(сомонӣ)
8 0 12(12+0)
6 3 12(9+3)
4 6 12(6+6)
2 9 12(3+9)
0 12 12 (0+12)

Маълумотҳои дар ҷадвал овардашударо истифодабурда,
хатти буҷетиро дар системаи координат ифода мекунем (расми
2-4).

шумораи

моли А U2

А U

a Е

Х*а

0 b шумораи моли В

Х*в В

Расми 2-4. Интихоби оптималии истеъмолкунанда.

Мақсади истеъмолкунанда ин максимизатсияи фоиданокӣ мебошад, ки аз таносуби молҳо дар муҳдудияти буҷетии додашуда ба даст оварда мешавад: maxU(X1,X2), ҳангоми P1X1+P2X2=I. Ҳалли ин муамморо ба таври графикӣ мушоҳида мекунем. Дар расми 2-4 ду каҷхаттаи бефарқиятӣ U1,U2 ва хатти маҳдудияти буҷетӣ AB инъикос ёфтаанд. Ду ҳолат имконпазир аст: хатти маҳдудияти буҷетӣ каҷхаттаи бефарқиятии U1 мебурад ва ё ба каҷхатаи бефарқиятии U2 мерасад. Дар хатти
буҷетии АВ се варианти таносуби неъматҳо ифода ёфтаанд: а,b, e. Хароҷотҳо барои харидории ин неъматҳо якхелаанд ва ба
даромади истеъмолкунанда баробаранд. Истеъмолкунанда
интихоби оптималиро барои оқилона сарф кардани даромади
худ ба вуҷуд меоварад. Таносуби молҳои а ва b дар каҷхаттаи
бефарқиятии U1 ҷойгиранд, таносуби Е бошад дар каҷхатти
бефарқиятии U2 ҷойгир аст. U2>U1 ба назар гирифта
истеъмолкунанда варианти Е – ро интихоб мекунад. Аз ин ҷо
хулоса бар меояд, ки дар буҷети маҳдуди додашуда интихоби
оптималии истеъмолкунанда дар нуқтаи расиши хатти буҷетӣ
бо каҷхаттаи бефарқиятӣ ҷойгир аст. Дигар вариантҳои
таносуби ин молҳо, ки дар каҷхаттаи бефарқиятии U2 ҷойгир
аст барои истеъмолкунанда дастнорас аст. Хамшавии хатти
буҷетии АВ ба нисбияти нархи ду неъматҳо баробар аст, -Р1/Р2. Дар нуқтаи расиши каҷхаттаи бефарқиятӣ ва хатти маҳдудиятибуҷетӣ хамшавии ин каҷхаттаҳо баробар аст, яъне дар нуқтаи Е
хамшавии хатти буҷетӣ ба меъёри ҳаддии ивазшавии ду неъмат
баробар аст. Мувофиқан, меъёри ивазшавии ду неъмат ба
нисбияти нархи онҳо баробар аст: Р1/Р2=MRS=MU1/MU2.

Нисбияти нархҳои бозории неъматҳо меъёри ивазшавии
онҳоро дар бозор нишон медиҳад, нисбияти фоиданокии
интиҳоӣ–меъёри ивазшавии интиҳоиро нишон медиҳад.
Ҳангоми баробар будани ин нишондиҳандаҳо истеъмолкунанда
фоиданокии максималиро дар ҳолати нархи додашудаи бозорӣ
ба даст меоварад: Р1/Р2=MU1/MU2 ва ё MU1/Р1=MU2/Р2.

Истеъмолкунанда мавқеъи оптималии мувозинатиро он гоҳ
дастрас мегардад, ки агар нисбияти фоиданокии интиҳоии
неъматҳо ба нисбияти нархҳои бозории онҳо баробар бошад.
Дар назарияи шуморавии фоиданокӣ каҷхаттаи талаботи
инфиродӣ аз каҷхаттаи нарх – истеъмолот ҳосил карда
мешавад. Исбот карда мешавад, ки хамшавии баракси
каҷхаттаи талаботи инфиродӣ бо амали самараи даромад ва
самараи ивазшавӣ асос ёфтааст. Ҳангоми баландшавӣ ва ё
пастшавии нархи неъмати якум Р1 нархи муқоисавӣ низ тағйир
меёбад Р1/Р2. Агар ҳангоми баландшавии нархи неъмати якум
Р1, нархи муқоисави Р1/Р2 баланд шавад, дар чунин ҳолат
истеъмолкунанда бар ивази моли якуми қимматгашта моли
дуюми нисбатан арзонро харидорӣ мекунад. Самараи
ивазшавии як неъмат бо неъмати дигар дар натиҷаи
тағйирёбии нархи муқоисавии ду молҳо ба миён меояд.
Ҳангоми тағйир наёфтани даромади номиналӣ I баландшавии
нархи неъмати якум Р1 ба камшавии даромади номиналии
истеъмолкунанда I/P1 оварда мерасонад. Самараи даромад дар
натиҷаи тағйирёбии даромади аслии истеъмолкунанда ба миён
меояд.

Самараи даромад (income effect)-ин таъсир намудан ба тақозои истеъмолкунанда аз ҳисоби тағйир ёфтани даромади ҳақиқӣ дар натиҷаи тағйирёбии нархи неъмат бе назардошти самараи ивазкунӣ мебошад. Дар мисоли молҳои муқаррарӣ самараи даромад ва ивазкунӣ ҷамъ карда мешавад, чунки истеъмоли молҳои муаррарӣ зиёд мегардад.

Фарқ кардани самараи даромад ва самараи ивазкунӣ барои фаҳмидани қонуниятҳои нархгузорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ аҳамияти муҳим дорад ва барои муайян намудани тағйирёбии тақозо ҳангоми зиёд ё ин ки паст шудани нарх ба молҳо ва хизматрасониҳо имконият медиҳад.

Самараи ивазкунӣ (substitution)-ин тағйирёбии таркиби тақозои истеъмолкунанда (таносуби маблағҳои ҷудонамуда барои харид намудани молҳои гуногун) дар натиҷаи тағйирёёбии нархи яке аз молҳое ба маҷмӯи молҳои истеъмолӣ бе назардошти самараи даромад воридшаванда мебошад. Афзоиши талаботи боқимонда ба неъмати X дар намуди порчаи R2 R1 самараи даромадро ифода менамояд, зеро бо гузариши як маҳдудияти буҷетӣ ба дигараш вобаста аст. Ин ба баландшавии қобилияти харидории истеъмолкунанда баробар мебошад.

3.Якдигарро пурранамоӣ ва якдигарро ивазнамоии молҳо ва хизматрасониҳо

Якдигарро пурранамоии неъматҳо. Хосияти молҳо ё ин ки хизматрасониҳо оид ба қонеъ намудани тақозо (шахсӣ ё ин ки истеҳсолӣ) танҳо дар маҷмӯъ бо ҳамдигар якдигарро пурранамоии неъматҳо номида мешавад. Мисоли якдигарро пурранамоии неъматҳои истеъмолӣ автомобил ва бензин, ручка ва коғаз, лижа ва таҳҷизоти лижаронӣ, миз ва курсӣ шуда метавонанд. Якдигарро пурранамоӣ на танҳо ба неъматҳои истеъмолӣ, инчунин ба захираҳои истеҳсолӣ низ хос мебошад: ба монанди сармоя ва меҳнат, компютер ва барномаҳои компютерӣ ва ғайра. Неъматҳои якдигарро пурракунандаро молҳои комплементарӣ (complementary good) меноманд. Якдигарро пурранамоӣ мутлақ ва нисбӣ шуда метавонад. Якдигарро пурранамоии мутлақ дар мавриде ҷой дошта метавонад, ки агар ба як неъмат шумораи муайяни неъмати дигар мувофиқат намояд, ба монанди лижа ва таҷҳизоти лижаронӣ. Якдигарро пурранамоии нисбиро дар мисоли чой ва қанд, автомобил ва бензин шарҳ додан мумкин аст. Графики якдигарро пурранамоии мутлақ танҳо як нуқтаи тамоси каҷхатаҷхои беэътиноӣ ба ҳар гуна росхатаи буҷавӣ (расми 4-18). Дар ин маврид интихоби истеъмолкунанда новобаста анз нарх ба неъмати X ва MN дар ин хусус ба таври возеҳ шаҳодат медиҳанд. Бинобар ин меъёри интиҳоии ивазкунӣ ба сифр баробар аст: MRS=0.

C:\Users\User\Desktop\нав\Изображение 023.jpg

Аксар вақт якдигарро пурранамоии нисбӣ ҷой дорад, ки вай дар каҷхатаи беэътиноии дар расми 4-19 ифодаёфта таҷассум гардида метавонад. Дар ин ҳолат ба сифати доираи якдигарро пурранамоӣ порчаи каҷхата аз нуқтаи С то нуқтаи D баромад менамояд. Паст гардидани нарх ба яке аз молҳои якдигарро пурракунанда, масалан, дастгоҳи аксбардорӣ, ба боло рафтани тақозо нисбат ба онҳо оварда мерасонад. Баробари боло рафтани тақозо нисбат ба дастгоҳи аксбардорӣ тақозо нисбат ба коғази аксбардорӣ низ боло меравад (дар мавриди бетағйир мондани дигар шартҳо ). Ин маънои онро дорад, ки паст намудани нарх ба яке аз молҳои якдигарро пурракунанда ба боло рафтани тақозо ва мувофиқан ба боло рафтани нарх ба дигар моли якдигарро пурракунанда оварда мерасонад ва баръакс. Ҳамин тавр, агар ду маҳсулоти якдигарро пурракунанда ба шумор раванд, он гоҳ дар байни нарх ба яке аз онҳо ва тақозо ба дигаре аз онҳо робитаи баръакс ҷой дорад.

C:\Users\User\Desktop\нав\Изображение 024.jpg

Якдигарро ивазнамоии неъматҳо. Хосияти молҳо ё ин ки хизматрасониҳо оид ба қонеъ намудани тақозо(шахсӣ ё ин ки истеҳсолӣ) аз ҳисоби ҳамдигар якдигарро ивазнамоии неъматҳо номида мешавад. Дар мисоли якдигарро ивазнамоии неъматҳо гули садбарг ва мехчагул, хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ, хизматрасонии соҳаи маданӣ-равшаннамоӣ (кино-театр-сирк) ва амсоли инҳо баромад карда метавонанд. Якдигарро ивазнамоии неъматҳо на танҳо неъматҳои моддӣ, инчунин захираҳои истеҳсолӣ, ба монанди ангишт, нефт, гази табиӣ; неругоҳҳои обӣ, аловӣ, атомӣ; оҳан, пластмасса ва монанди инҳо шуда метавонанд. Якдигарро ивазнамоии неъматҳоро мол-субститутҳо (substitutional) меноманд. Якдигарро ивазнамоӣ мутлақ ва нисбӣ шуда метавонад. Якдигарро ивазнамоии мутлақ дар мавриде ҷой дошта метавонад, ки агар як неъмат неъмати дигарро пурра иваз карда тавонад. Масалан, мехчагули сурх ва шафтолуранг. Дар мисоли якдигарро ивазнамоии нисбӣ чой ва қаҳва, равғани маска ва маргарин баромад карда метавонанд.

Ҳамин тавр, агар ду маҳсулот якдигарро ивазкунанда ба шумор раванд, он гоҳ дар байни нарх ба яке аз онҳо ва тақозо ба дигаре аз онҳо робитаи мустақим ҷой дорад. Бузургии робитаи мустақимро бо истифода аз коэффитсиенти чандирии гузаранда ҳисоб кардан мумкин аст.

дар ин ҷо Qx-бузургии тақозо нисбат ба неъмати X;

Py-нархи неъмати Y.

Чандирии гузарандаи мусбии мол-субститутҳо () онро ифода менамояд, ки тақозо ба неъмати X ва нархи неъмати Y дар як самт тағйир меёёбанд. Чи қадаре чандирӣ зиёд бошад, ҳамон қадар якдигарро ивазнамоӣ зиёд мебошад. Бинобар ин якдигарро ивазнамоии мутлақ дорои коэффитсиенти чандирии гузаранда мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки андак беохир зиёд гардидани нархи неъмати Y ба пурра гузаштани тақозо ба неъмати X оварда мерасонад. Агар аломат баръакс бошад (-∞)ба пурра гузаштани тақозо ба неъмати Y оварда мерасонад.

Фаҳмиши якдигарро пурранамоӣ ва якдигарро ивазнамоии неъматҳо барои таҳлили қоидаи рафтори агентҳо ва қонуниятхои нархгузорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ аҳамияти муҳимро доро мебошад. Стратегияи самараноки нархгузорӣ бидуни якдигарро пурранамоӣ ва якдигарро ивазнамоии неъматҳо амалӣ шуда наметавонад.

9 Загрузки

 

test

Добавить комментарий