Даромадҳои давлатӣ

Ҳаҷми умумии даромадҳо барои давраи миёнамӯҳлат ва манбаъҳои ташаккулёбии онҳо

Сиёсати ҷамоварии андозҳо ба Буҷети давлатӣ дар давраи миёнамуҳлат дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешаванд.

Дар соли 2009 бо сабаби сар задани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва расонидани таъсири манфии он ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои заруриро бо мақсади сифатнок ҷамъоварии маблағҳо ба буҷет амалӣ намуд.

Бо мақсади дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дар ин замина таъмин намудани даромади Буҷети давлатӣ, дастгирии молиявии давлатӣ ва ҳавасмандкунии соҳибкории хурду миёна ва роҳ надодан ба коҳиш ёфтани ҳолати молиявии корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт лоиҳаҳои якқатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд.

Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 майи соли 2009 қабул карда шуд, ки мутобиқи он меъёри андоз аз фоида аз 25 то 15 фоиз ва меъёри андоз аз арзиши иловашуда барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт аз 20 то 18 фоиз паст карда шуд.

Барои андозсупорандагоне, ки тибқи низоми соддакардашуда фаъолият мекунанд, ҳадди ниҳоии даромад аз 600 ба 800 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Ҳамин тариқ иҷрои пешакии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2009 ба андозаи 99,7 фоиз, ё дар ҳаҷми 5532,6 млн. сомонӣ таъмин карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008 544,5 млн. сомонӣ зиёд буда, нисбат ба нақшаи

пешбинигардида 16,9 млн. сомонӣ кам мебошад.

Иҷрои даромади Буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, дар ин давра 94,2 фоиз таъмин гардида, ба он зиёда аз 152 млн. сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ бошад, дар ин давра ба андозаи 110 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1236 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 43 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бо дарназардошти ин омилҳо ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат бо чунин нишондиҳандаҳо пешбинӣ мегарданд.

Ҳаҷми умумии даромадҳои тасдиқгардидаи Буҷети давлатӣ дар соли 2010 бо афзоиши номиналии 17,0 фоиз нисбати соли 2009 дар хаҷми 6536,4 млн. сомонӣ муайян гардидааст, ки ин нишондиханда ба 26,7 фоизи ҳаҷми ММД баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ бо афзоиши миёнасолонаи 16,6 фоиз дар солҳои 2011-2013 мувофиқан ба 7724,0 млн. сомонӣ, 9350,5 млн. сомонӣ ва 10379,0 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 25,6 фоиз, дар соли 2012 ба 25,5 фоиз ва дар соли 2013 бошад, ба 23,2 фоизи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

§2. Таҳлили даромадҳо аз рӯи намудҳои алоҳидаи андозҳо

Даромадҳои Буҷети давлатӣ дар соли 2010 аз ҳисоби Барномаи инвеститсияҳои давлатӣ дар ҳаҷми 1141,3 млн. сомонӣ бо афзоиши номиналии 45,5 фоиз нисбат ба соли 2009 дар назар дошта шудааст, ки он ба 4,9 фоизи ММД баробар мебошад. Ин нишондиҳанда дар солҳои 2011-2013 мутаносибан ба 1094,3 млн. сомонӣ, 1299,6 млн. сомонӣ ва 779,2 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки даромадҳои Буҷети давлатӣ аз ҳисоби Барномаи инвеститсияҳои давлатӣ дар солҳои 2011-2013 нишондиҳандаҳои тахминӣ буда, бо дарназардошти идома ёфтани гуфтушунидҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва тағйир ёфтани вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ онҳо низ метавонанд, тағйир ёбанд.

Даромадҳои Буҷети давлатӣ аз ҳисоби қарзи давлатӣ дар соли 2010 дар ҳаҷми 301,3 млн. сомонӣ ё 1,2 фоизи ММД, соли 2011 дар ҳаҷми 274,6 млн. сомонӣ ва ё 0,9 фоизи ММД, дар соли 2012 ва 2013 бошад мувофиқан, бо нишондиҳандаҳои муваққатӣ дар ҳаҷми 242,2 млн. сомонӣ ва 38,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидаанд.

Даромадҳои Буҷети давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ дар соли 2010 дар ҳаҷми 283,6 млн. сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки он ба 4,3 фоизи ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ баробар

мебошад. Ин нишондиҳанда дар солҳои минбаъда афзоиш ёфта, дар соли 2011 ба маблағи 370,1 млн. сомонӣ, соли 2012 ба маблағи 501,2 млн. сомонӣ ва дар соли 2013 бошад, дар ҳаҷми 644,2 млн. сомонӣ ё 29,0 фоиз зиёд нисбат ба соли

  1. дар назар дошта шудааст, ки он ба 6,2 фоизи ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ баробар мегардад.

Иҷрои пешакии даромадҳои ҷории Буҷети давлатии соли 2010 дар ҳаҷми

  1. млн. сомонӣ бе дарназардошти грантҳо, ё ба андозаи 103,7 фоизи нақша баҳодиҳӣ карда мешвад, ки он ба 18,9 фоизи ҳаҷми ММД баробар буда, нисбат ба даромадҳои ҷории иҷрогардидаи соли 2009 23,7 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ бе ҷалби грантҳо барои соли 2011 ба маблағи 5841,1 млн. сомонӣ, соли 2012 – 7256,6 млн. сомонӣ ва соли

  1. – 8917,6 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010 ба андозаи 26,8 фоиз , ё 1235,1 млн. сомонӣ, нисбат ба соли 2012 – 24,2 фоиз ё
  2. млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2013 ба андозаи 22,9 фоиз ё 1661 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Барои солҳои 2011-2013 бинобар сабаби пурра муайян набудани ҳаҷми умумии маблағҳои грантӣ онҳо дар назар дошта нашудааст. Барои солҳои 2011 ва 2012 мувофиқан дар ҳаҷми 144,0 млн. сомонӣ (30 млн.долл) ва 51,0 млн. сомонӣ (10 млн. долл) маблағҳои грантӣ дар қисми даромади Буҷети давлатӣ пешбинӣ карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо ҳадди ниҳоӣ набуда, бо дарназардошти гузаронидани гуфтушунид бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, маблағҳои грантӣ дар солҳои дахлдор метавонанд тағйир ёбанд. Айни замон гуфтушунидҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар давлатҳои донор барои дарёфти маблағҳои грантӣ идома доранд.

Дар шароити ҳозира бо дарназардошти тағйир ёфтани вазъи иқтисодӣ эҳтимолияти тағйирёбии сиёсати андозбандӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Дар ин давра такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо дар он бо мақсади ҳавасмандгардонии соҳибкорони хурду миёна, зиёдкунии нерӯи содиротии ҷумҳурӣ, беҳтаргардонии ҷамъоварии маблағҳои андозӣ, барҳам додани имтиёзҳои амалкунандаи андозӣ, дарёфткунии манбаҳои нави андозбандӣ ва ғайраҳо дар назар дошта мешаванд.

E:\Файлхои дарсхо\00000\CCSA_X86FRE_RU-RU_DV5\Кафедрахо\1- Кафедраи андоз ва андозбанди\китобхои дарси\китобхо\Барномаи хароҷот\media\image10.png Таркиби даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ дар солҳои 2011-2013 аз рӯи мақомоти воридкунанда чунин мебошад:

E:\Файлхои дарсхо\00000\CCSA_X86FRE_RU-RU_DV5\Кафедрахо\1- Кафедраи андоз ва андозбанди\китобхои дарси\китобхо\Барномаи хароҷот\media\image11.png Ҳиссаи даромадҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадҳои ҷории Буҷети давлатии соли 2011 – 58,5 фоиз, 2012 – 59,0 фоиз, 2013 – 59,1 фоиз баробар буда, нисбат ба ММД – и соли 2011 – 11,3 фоиз, соли 2012 – 11,7 фоиз ва соли 2013 – 11,8 фоизро ташкил намуда, аз рӯи ҳаҷми даромадҳо афзоиш нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2010 – 771,5 млн. сомонӣ, мутаносибан соли 2011 – 865,1 млн. сомонӣ, 2012 – 986,8 млн. сомонӣ зиёд пешбинӣ карда шудааст.

Ҳиссаи даромадҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадҳои ҷории Буҷети давлатии соли 2011 -39,5 фоиз, 2012 – 39,1 фоиз, 2013 – 39,0 фоиз баробар буда, нисбат ба ММД соли 2011 -7,6 фоиз , мМд соли 2012 – 7,7 фоиз ва ММД соли 2013 – 7,8 фоиз ташкил намуда, аз рӯи ҳаҷми даромадҳо афзоиши 2011 нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2010 – 455,1 млн. сомонӣ, мутаносибан соли 2012 нисбати 2011-534,4 млн. сомонӣ, 2013 нисбати соли 2012 – 637,4 млн. сомонӣ зиёд пешбинӣ карда шудааст.

§3. Дурнамои даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар давраи миёнамӯҳлат

Ҳамин тариқ дурнамои даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ аз рӯи ҳар як сарчашмаи даромад дар давраи миёнамӯҳлат бо чунин нишондиҳандаҳо пешбинӣ мегарданд.

2009

ичр

2009/

ММД

(%)

2010 с.

дур-

намо

2010 с ичр пеш-к 2011 афз.

2011\

2010

2012 афз.

2012\

2011

2013 с афз.

2013\

2012

Маҷмуи маҳсулоти дохилй 20623,0 24500,0 25300,0 30180,0 36650,0 44790,0

Бо ҳамин тариқ афзоиши даромадҳо дар солҳои 2011-2013 асосан аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда аз 544,2 млн. сомонӣ то 774,9 млн. сомонӣ, андози

19

иҷтимоӣ аз 117,2 то 179,8 млн. сомонӣ, андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз 104,0 то 203,0 млн. сомонӣ, андози ҳадди ақал аз даромадҳо аз 15,6 то 60,4 млн. сомонӣ, андози аксизӣ аз 73,8 то 98,1 млн. сомонӣ ва боҷи гумрукӣ аз 67,3 то 75,3 млн. сомонӣ мебошад .

Вазни қиёсии андоз аз арзиши иловашуда дар даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ барои солҳои 2011 -2013 аз 41,0 фоиз то 41,1 фоиз, андози даромад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 14,2 фоиз то 15,6 фоиз, андози иҷтимоӣ аз 11,3 то

  1. фоиз, аксизҳо аз 5,0 то 5,1 фоиз ташкил медиҳад.

Дурнамои даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ барои солҳои 2011 – 2013 аз рӯи сарчашмаҳои воридотӣ ва манбаҳои андозбандӣ бо тариқи зайл ташаккул ёфтааст.

§4. Воридоти маблағҳои грантӣ барои дастгирии Буҷети давлатӣ ва Барномаҳои инвеститсионии давлатӣ дар давраи миёнамӯҳлат.

Воридоти андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ доир ба музди меҳнат ва дурнамои он дар солҳои 2011 -2013 ба маблағи 530 млн. сомонӣ, 683 млн. сомонӣ ва 885,9 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Андози иҷтимоӣ аз ҳисоби андозсупорандагони ғайрибуҷетӣ аз рӯи манбаи андозбандӣ дар соли 2011 ба маблағи 657,2 млн. сомонӣ, 2012 -832 млн. сомонӣ ва соли 2013 1011,8 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Аз рӯи маълумотҳои Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳаҷми майдонҳо ва меъёри миёнаи амалкунандаи андозҳо, инчунин бо дарназардошти ҳолати молиявии хоҷагиҳои кишоварзӣ воридоти андози замин ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои 2011-2013 131 млн. сомонӣ, 145 млн. сомонӣ ва 188 млн. сомонӣ муайян карда шудааст.

Воридот аз ҳисоби андоз аз фурӯши нахти пахта аз рӯи истеҳсоли он дар соли ҷорӣ ба миқдори 370,0 ҳаз. тонна ва дар соли 2011 ба миқдори 390 ҳаз. тонна, 2012 – 411 ҳаз. тонна ва фурӯши нахти пахта дар ҳаҷми 118,8 ҳаз. тонна, 2013 – 412,8 ҳаз. тонна ва фурӯши нахи пахта 123,5 ҳаз. тонна бо нархи миёнаи

  1. доллари амрикоӣ ба 1 тонна бо меъёри 10 фоиз ба маблағи 62,5 млн. сомонӣ, 2012 – 70,0 млн. сомонӣ ва 2013 -72,6 млн. сомонӣ муайян карда шудааст.

Дар соли 2011 -2013 аз рӯи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва ҳисобҳои пешакӣ маблағи имтиёзҳо барои воридоти мол зиёда аз 2,0 млрд. сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 1,3 млрд. сомонӣ ва боҷҳои гумрукӣ 0,7 млрд. сомониро ташкил менамояд.

Аз ҷумла маблағи аксизҳои дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва аз молҳои зериаксизии берун аз ҷумҳурӣ воридшаванда дар солҳои 2011-2013 – 298,4 млн. сомонӣ, 358 млн. сомонӣ ва 456 млн. сомонӣ муайян шудааст.

Боҷи гумрукӣ дар соли 2011-2013 аз 287,3 млн. сомонӣ, 362,6 млн. сомонӣ ва 426 млн. сомонӣ аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми молҳои воридотӣ ва арзиши гумрукии молҳои воридшаванда вобастагӣ дорад.

Дар солҳои 2011-2013 воридоти андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ бо

дарназардошти афзоиши реалии ММД, тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ва имтиёзҳои андозии амалкунанда ба маблағи 669,2 млн. сомонӣ, 829,7 млн. сомонӣ ва 1049,5 млн.сомонӣ муайян карда шудааст.

9 Загрузки
test

Добавить комментарий