Баҳсҳои меҳнатӣ

 

1.Мафҳуми баҳсҳои меҳнатӣ ва намудҳои онҳо

2. Баҳсҳои фардии меҳнатӣ.

3. Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

§ 1.Мафҳуми баҳсҳои меҳнатӣ ва намудҳои онҳо.

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ зиддиятҳои танзимнашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шароити меҳнат мебошад, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ пешбинӣ шудааст.

Баррасии ғайрисудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар комиссияҳои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ сурат мегирад. Созмон додан ва тартиби фаъолияти чунин комиссияҳоро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ танзим менамоянд.

Комиссия дар корхонаҳо аз шумораи баробари намояндагони коркунон ва кордиҳандагон созмон дода мешавад.

Комиссияи оиди ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ мақомоти аввалии ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ мебошад, ки дар он ҳамаи баҳсҳои меҳнатӣ, ба ғайр аз баҳсҳое, ки кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ тартиби дигари барраси онҳоро муқаррар намудаанд.

Барои муроҷиат намудан ба комиссияҳои мазкур мӯҳлати 3 моҳа аз рӯзе, ки коркун дар бораи вайрон шудани ҳуқуқҳои меҳнатиаш донист ё бояд медонист, муайян шудааст.

Комиссия баҳси инфиродии меҳнатии коркунро дар ҳузури ӯ, дар давоми на дертар аз 10 рӯз аз рӯзи муроҷиати коркун баррасӣ менамояд.

§ 2. Баҳсҳои фардии меҳнатӣ.

 

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ зиддиятҳои танзим нашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шароити меҳнат мебошад, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ пешбинӣ шудааст.

Баҳсҳои меҳнатии фардиро судҳо баррасӣ мекунанд.

Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ тартиби пеш аз суд дар ташкилотҳо баррасӣ кардани баҳсҳои меҳнатии фардӣ пешбинӣ шуда метавонад.

Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ аз тарафи комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатӣ, ки дар асоси баробарии байни корфармо ва мақомоти ҳимоякунандаи манфиати кормандон таъсис дода мешаванд ё аз ҷониби коллективҳои меҳнатӣ интихоб мегарданд ва ё аз тарафи дигар мақомот пеш аз суд дар ташкилот баррасӣ шудани баҳсҳои меҳнатии фардӣ пебинӣ шуда метавонад.

Таъсиси ин комиссияҳо бо шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ муайян карда, дар айни замон ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки хоҳ бо комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ муроҷиат кунад ва хоҳ бевосита ба суд. Агар дар шартнома ё созишномаҳои коллективӣ таъсиси комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ дар ташкилот пешбинӣ нашуда бошад, баҳсҳои меҳнатии фардие, ки дар ин ташкилот ба миён меоянд, бояд дар суд баррасӣ карда шаванд.

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо бо аризаи касони зерин баррасӣ мешаванд:

– корманд, корфармо ё намояндагоне, ки манфиати онҳоро дар сурати розӣ набуданашон бо қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳимоя мекунанд;

– корманд, агар комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ таъсис нашуда бошад ё комиссияи мазкур аризаи ӯро дар давоми даҳ рӯзи муқарраршуда баррасӣ накарда бошад;

– прокурор, агар қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ бо қонунҳо ё дигар санади меъёрӣ ва созишномаҳои оид ба меҳнат мухолиф бошад.

Дар судҳо бевосита чунин баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳаллу фасл мешаванд:

– оид ба барқарор кардан ба кор, сарфи назар аз асоси қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва вазифа; оид ба тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод карадан; оид ба пардохти музд дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд; оид ба ситондани маблағ барои бо гуноҳи корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарори суд дар бораи барқарор кардан ба кор;

– дар бораи аз нав бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои мӯҳлати нав ё мӯҳлати номуайян, ба шарте, ки дар қонун ё шартнома ҳуқуқи афзалиятноки тамдиди он зикр шуда бошад;

– доир ба ҳифзи шарафи меҳнатӣ, номус ва эътибори касбии корманд ва доир ба ҷуброни зиёди моддӣ ва маънавии ба ин муносибат ба ӯ расонидашуда;

– оид ба ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ба корманд расидааст ва аз ин саломатии ӯ бад шудааст;

– дар бораи аз тарафи корманд ҷуброн шудани зиёни моддие, ки ба амволи ташкилот расидааст.

Бевосита дар судҳо ҳамчунин баҳсҳои зерини меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор қабул накардани ин касон баррасӣ мешавад.

– ашхосе, ки ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд;

– ашхсе, ки ба кор аз ташкилоти дигар даъват шудаанд;

– ашхоси дигаре, ки корфармо вазифадор аст бо онҳо мутобиқи қонунҳо ё созишномаи меҳнатӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад;

– ашхосе, ки корфармо аз тартиб додани акти фалокат саркашӣ кардааст ё онҳо бо мазмуни акт розӣ нестанд.

Судҳо баҳсҳои меҳнати фардиро низ дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо баррасӣ менамоянд.

Таъсиси комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнати фардӣ

Комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо аз шумораи баробари намояндагии кормандон ва корфармо таъсис дода мешаванд. Намояндагони кормандон ба комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар маҷлиси умумии (конференсияи) ташкилот интихоб карда мешаванд.

Намояндагони корфармо бо фармони роҳбари ташкилот таъин карда мешаванд.

Салоҳияти комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ – комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ мақоми аввалияест, ки баҳсҳои меҳнатии фардии дар ташкилот рӯйдиҳандаро, ба истиснои ихтилофоте, ки ҷиҳати баррасии онҳо дар Кодекси мазкур ва дигар санади меъёрӣ тартиби дигар муқаррар шудааст, баррасӣ мекунад.

Дар комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, бахшҳои ташкилот баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ҳудуди ваколатҳои ҳамин бахшҳо баррасӣ шуда метавонанд.

Салоҳият ва тартиби корӣ комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, ҳамчунин муроҷиат ба он ва мӯҳлати баррасии баҳсҳо бо Низомномаи тасдиқнамудаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ – қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи байни намояндагони корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қабул карда мешавад.

Қарори комиссия бояд далелнок ва ба конунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос ёфта бошад.

Дар қарори комиссия оид ба масъалаҳои пул маблағе, ки корманд ба он ҳақдор аст, бояд аниқ нишон дода шавад.

Қарорро раис ва котиби маҷлис имзо мекунанд. Иҷрои ин ҳатмӣ буда, ба тасдиқи он зарурат нест.

Нусхаи қарор дар давоми се рӯзи қабул шудани он ба корманд, корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон супурда мешавад.

Аз қарори комиссия дар давоми даҳ рӯз ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Иҷрои қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ – қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бояд аз тарафи корфармо дар муддати се рӯзи баъди гузаштани мӯҳлати даҳрӯза, ки барои шикоят ба суд пешбинӣ шудааст, иҷро гардад.

Агар корфармо қарори комиссияро дар ин мӯҳлат иҷро накунад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд шаҳодатномае медиҳад, ки эътибори варақаи иҷроияро дорад.

Иҷрокунандаи судӣ қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардиро дар асоси шаҳодатномае, ки комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд додааст ва ӯ ин шаҳодатномаро дар давоми се моҳи гирифтанаш ба суд пешниҳод кардааст, ба тариқи маҷбури ба иҷро мерасонад.

Агар корманд шаҳодатномаро бо сабабҳои узрнок дар муддати се моҳи муқарраршуда пешниҳод карда натавонад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардие, ки шаҳодатномаро додааст, ин мӯҳлатро барқарор карда метавонад.

Барқарор кардани корманд ба кори собиқа, ба ҷои собиқаи кор ва шароитҳои асосии собиқа. Ҷуброни пурраи зиёни моддие, ки дар натиҷаи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор расонида шудааст.

Ҷуброни зарари маънавӣ – агар корманд бе асоси қонунӣ ё бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида аз кор озод карда ё ғайриқонуни ба кори дигар гузаронида шуда бошад, бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи ихтилофоти меҳнатӣ аз рӯи ихтисос ё вазифае, ки дар шартнома (қарордод) зикр шудааст, бо шартҳои пешинаи меҳнат дар ташкилот ба ҷои кори собиқааш барқарор карда шавад.

Ҳангоми қабули қарори барқарор кардан ба кор, мақоме, ки баҳси меҳнатиро баррасӣ мекунад, ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии корманд барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё фарқи музди меҳнат дар давраи иҷрои кори каммузд, ҳамчунин оид ба ҷуброни имконпазири зиёни маънавӣ ва дигар хароҷоти иловагии вобаста ба шикоят доир ба гузаронидан ба кори дигар ва аз кор озод кардани ӯ қарор қабул мекунад.

Мақоми баррасикунандаи баҳси меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи корманд, бар ивази ба кор барқарор кардан метавонад ба фоидаи ӯ танҳо ҷуброни дар боло нишондодашуда, зиёни моддӣ ва маънавиро ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат ситонад, тасвияи асоси аз кор озод карданро ба тарзи аз кор озод шудан бо хоҳиши худ тағйир диҳад.

Дар сурати эътирофи нодурустии тасвияи аз кор озод кардан ё ба Кодекси мазкур ва ё қонуни дигар мувофиқ набудани он мақомоте, ки баҳси меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, вазифадор аст онро тағйир диҳад ва дар қарор сабаби аз кор озод карданро мутобиқи тасвияи лозима ва истинод ба моддаи марбутаи қонун аниқ нишон диҳад.

Агар тсвияи нодурусти аз кор озод кардан, ки дар дафтарчаи меҳнатӣ сабт шудааст, барои ба кори нав қабул шудани корманд монеъа ба вуҷуд оварда бошад, мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии ӯ барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва ҷуброни зиёни маънавӣ қарор қабул менамояд.

Ҳисоб кардан ва ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор – ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор он бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ мутобиқи қонун индексасия карда шавад.

Ҳангоми ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор дар ҳолати ғайриқонунӣ аз кор озод кардан, аз кор дур намудан, тасвияи нодурусти сабаби аз кор озод кардан, ки барои қабул шудан ба кори дигар монеа ба вуҷуд овардааст, маблағҳои зерини гирифтани корманд ҳисоб карда мешаванд: кӯмакпулии аз кор рафтан, музди миёнаи меҳнат, ки дар давраи бо кор таъмин шудан нигоҳ дошта мешавад, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, стипендияи давраи касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, пардохти музд барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ, музди меҳнат барои иҷрои кори нав дар ташкилоти дигар, ки корманд дар ҳудуди мӯҳлати ғайриҳозирии пулакӣ ба он қабул шудааст.

Ҳангоми ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, ба кори дигар гузаронидан, тағйири шартҳои асосии меҳнати корманд бо қарори комиссияи баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ фарқи музди меҳнати тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд пардохта мешавад.

Мӯҳлати мурур – кормандон метавонанд дар давоми се моҳи фаҳмидани он, ки ҳуқуқашон вайрон шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор мешудаанд, ба комиссияи ба баҳсҳои меҳнатӣ фардӣ муроҷиат намоянд.

Барои муроҷиат кардан ба суд мӯҳлатҳои зерин муқаррар мешаванд:

– аз рӯи баҳсҳои ба кор барқарор намудан – як моҳ аз рӯзи ба корманд супорида шудани нусхаи фармони аз кор озод кардан (ба кори дигар гузаронидан) ё дафтарчаи меҳнатӣ;

– аз рӯи баҳсҳои ҷуброни зиёнии моддие, ки корманд ба ташкилот расонидааст, як сол аз рӯзе, ки корфармо зиёни расонидашударо ошкор сохтааст;

– аз рӯи баҳсҳои дигари меҳнатии фардӣ – се сол аз рӯзе, ки корманд вайрон шудани ҳуқуқи худро фаҳмидааст ё бояд мефаҳмид.

Мӯҳлати мурури даъво ба даъвоҳои зерин дахл надоранд:

– ба даъвоҳо оиди муҳофизати ҳуқуқии шахсии ғайриамволӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

– ба даъво оиди талофии зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии корманд расонида шудааст. Аммо даъвоҳое, ки баъди се соли ҳуқуқдор шудан ба талофии чунин зиён пешниҳод мешаванд, барои на зиёдтар аз се соли пеш аз пешниҳоди даъво қонеъ мешаванд.

Ҳангоми гузаштани мӯҳлати мурури даъво бо сабабҳои узрнок суд ва ё комиссияи баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ метавонанд мӯҳлати гузаштаро барқарор намоянд.

Ҳангоми бо масъалаҳои меҳнатӣ ба суд муроҷиат кардан корманд пардохти хароҷоти суд ба фоидаи давлат озод карда мешавад.

Иҷрои бетаъхири баъзе қарорҳои суд оид ба парвандаҳои меҳнатӣ – қарори суд дар бораи ба кор барқарор намудан, ҳамчунин дар бораи тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод кардани корманд бояд бетаъхир иҷро шавад.

Ҳангоми аз тарафи корфармо бо таъхир иҷро шудани чунин қарор суд таъинот мебарорад, ки музди миёнаи меҳнат ё фарқи музди миёнаи меҳнати корманд барои тамоми давраи ба таъхир андохтани иҷрои қарор пардохта шавад. Ҳамчунин қарори суд дар бораи ситонидани музди меҳнат бояд зуд, аммо дар давоми на зиёдтар аз се моҳ иҷро гардад.

Суд метавонад иҷрои бетаъхири пурра ё қисм ба қисми қарроро оиди дигар парвандаҳои меҳнатӣ талаб намояд.

Қонеъ сохтани даъвоҳои пулии корманд – даъвоҳои асосноки пулии кормандро мақоме, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, пурра қонеъ мегардонад.

Ба ӯҳдаи шахси мансабдор гузоштани ҷавобгарии моддие, ки дар қатъи ғайриқонунии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё ба ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидани корманд айбдор аст – дар сурати аз тарафи шахси мансабдор ба корфармо расонида шудани зиёни марбуд ба пардохти музди меҳнат ба корманде, ки ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст ё ба корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида шудааст, суд ҷуброни зиёнро ба ӯҳдаи шахси мансабдор мегузорад.

Агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳи ошкоро вайрон кардани қонун қатъ шуда, корманд ба кори дигар гузаронда шуда бошад ва ё шахси мансабдор иҷрои қарори судро дар бораи ба кор барқарор кардани корманд ба таъхир андохта бошад, ӯҳдадории ҷуброни зиён ба зиммаи шахси мансабдор вогузор мешавад.

Андозаи ҷуброни зиён аз маоши семоҳаи шахси масабдор зиёд буда наметавонад.

Маҳдудият дар мавриди гардонидани иҷрои қарор оиди парвандаҳои меҳнатӣ – иҷрои қарори судро доир ба парвандаҳои меҳнатӣ (дар бораи ба кор барқарор кардан, қонеъ гардонидани даъвоҳои пулӣ), ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳангоми ба тариқи назорати судӣ бекор карда шудани қарори суд танҳо дар ҳолати ба маълумоти бардурӯғи корманд ё санади қалбакии аз тарафи ӯ пешниҳодшуда асос ёфтани қарори бекоркардашуда гардонидан мумкин аст.

§ 3. Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Баҳсҳои меҳнатии колективӣ – мухолифатхои танзимнашудаи байни корфармо (иттиҳодяхои корфармоён) ва коллективҳои кормандон (намояндагони кормандон) дар масъалаҳои муқаррар намудан, тагйир додани шароити меҳнат дар ташкилотхо, бастани шартномаю созишномахои коллективӣ ва ичрои онҳо, ҳамчунин дар мавриди тадбиқи муқаррароти конунхо ва дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаю созишнохои коллективӣ мебошанд.

Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо Кодекси меҳнат, қонун, шартномаю созишномаҳои коллективӣ танзим мешавад.

Талабҳои кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабҳо барои иштирок кардан дар ҳаллу фасли баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро таъин мекунанд.

Намояндагони кормандон талабҳояшонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақоми намояндагиро таъсис додааст, пешниҳод мекунанд.

Талабҳо хаттӣ пешниҳод карда, ба корфармо фиристода мешаванд.

Намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ – мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар мақомоти намояндагие, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон таъсис додааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд.

Намояндагони корфармоён роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассосиасияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд.

Миёнаравӣ – бо мувофиқаи тарафҳо интихоб карда мешавад ва ӯ дар гузаронидани гуфтушунид ва ҳосил гардидани созиш ба онҳо ёрӣ мерасонад.

Миёнарав ҳақ дорад барои иҷрои вазифаҳояш аз тарафҳо тамоми маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.

Миёнарав ҳақ надорад маълумоти махфиро, ки барои иҷрои вазифаҳояш гирифтааст, фош намояд.

Қоидаи миёнаравро тарафҳо бо ризоияти миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъди кӯшиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тавсиянома навишта медиҳад.

Агар ҳеҷ кадоми тарафҳо дар давоми даҳ рӯз таклифи миёнаравро рад накарда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо воҷиб мегардад.

Ҳакамияти меҳнатӣ – агар дар комиссияи оштидиҳӣ тарафҳои баҳси (низои) меҳнатии коллективӣ дар давоми даҳ рӯз созиш намоянд, бо иштироки ҳукумати ноҳия ё шаҳр ҳакамияти меҳнатӣ таъсис дода мешавад.

Ҳайати ҳакамияти меҳнатиро аз рӯи ҳар баҳс (низоъ) миқдоран ва узван тарафҳо муайян мекунанд. Раиси ҳакамяти меҳнатӣ бо созишномаи тарафҳо аз ҷумла аъзои ҳамин ҳакамияти меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

Ба ҳайати ҳакамияти меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони мақомоти иттифоқҳои касаба, мақомоти оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.

Ҳакамияти меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор ҳаллу фасл мекунад.

Ҳакамяти меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рӯзи таъсис ёфтанаш қарор қабул намояд.

Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори ҳакамияти меҳнатӣ воҷиб аст.

Тарафҳо ва мақомоти оштидиҳанда вазифадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси (низои меҳнатии коллективӣ гаштаанд, тамоми имкониятҳоро истифода намоянд.

Агар комиссияи оштидеҳ ва ҳакамияти меҳнатӣ ихтилофи тарафҳоро танзим гардонида натавонад, сабабҳои инро ба коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба навишта мефиристад. Дар ин ҳолат коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба ҳақ доранд барои иҷрои талабҳое, ки мувофиқи моддаи 206-уми ҳамин Кодекс дар миён гузошта шудаанд, тамоми воситаҳои пешбиникардаи қонунро то худи пурра ё қисман бас кардани кор (ба кор набаромадан, иҷро накардани вазифаҳои меҳнатӣ) дар ташкилот, муассиса, ташкилот корпартоӣ (коршиканӣ)-ро истифода барад.

Баррасии судии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ – баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мавриди татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии оид ба меҳнат (иҷро накардан ё вайрон намудани онҳо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафҳо бояд дар суд барраси гардад.

Ҳангоми баррасии аризаҳо дар суд ва иҷрои қарорҳои он қоидаҳо ва мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин Кодекс барои баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқарар шудаанд, истифода мегарданд.

Корпартоӣ – агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштидиҳӣ ҳаллу фасл нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштидиҳӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти ҳаллу фасли баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳақ доранд, ки воситаҳои дигари ҳаллу фасли баҳс (митинг, намоиш ва иқдомҳои дигари оммавӣ) – ро то худи татбиқи охирин чораи ҳаллу фасли баҳси меҳнатӣ – корпартоиро истифода баранд.

Қарори корпартоӣ кардан дар маҷлиси (конференцияи) колективи меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории ин қарор камаш аз се ду ҳиссаи аъзои коллективӣ дар маҷлис ҳузурдошта (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференция намояндагони коллективӣ меҳнатӣ, дар сурати дар маҷлис мавҷуд будани кворуми аз нисф зиёди аъзои коллективи меҳнатӣ (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ва ё аз се ду ҳиссаи вакилони конфиренция овоз дода бошанд, он қабул мегардад.

Корпартоиро як шахс ё гурӯҳи ашхосе, ки аз тарафи коллективӣ меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ваколатдор шудаанд, роҳбарӣ мекунанд.

Корфармо аз оғози корпартоӣ ва мӯҳлати имконпазири он камаш ду ҳафта пеш бояд хатти огоҳ карда шавад.

Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобиляти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварад, ҳуқуқи корпартоӣ метавонад маҳдуд карда шавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи корпартоӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.

Кафолатҳо ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки корпартоӣ мекунанд – ширкат дар корпартоӣ ихтиёрист. Ҳеҷ кас наметавонад ба ширкат кардан ё накардан дар корпартоӣ маҷбур карда шавад.

Ширкати корманд дар корпартоӣ (ба истиснои ширкат дар корпартоиҳои ғайриқонунӣ) ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат баррасӣ шуда ё барои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад.

Маоши кормандоне, ки дар корпартоӣ ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти иҷрои кори худро надоштанд, на камтар аз ҳадди ҳолати бекористӣ, ки ба он корманд гунаҳкор нест, дода мешавад.

Агар дар шартнома оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ барои давраи корпартои музди меҳнати кормандони дар он ширкаткарда дода намешавад.

Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми дахлдори намояндагии кормандон ҳақ доранд, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо фонди корпартоӣ, ҳамчунин фонди махсуси суғурта таъсис диҳад,

Ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани қонун дар дар бораи баҳсҳои меҳнатии коллективӣ – аз корфармое, ки дар комиссияи оштидиҳӣ иштирок кардан намехоҳад ё барои таъхир ёфтани иҷрои қарорҳои мақомоти оштидиҳӣ гунаҳгор аст, барои ҳар рӯз баъди гузаштани мӯҳлати муқарраргардида то даҳ маоши ҳадди ақал аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад.

Аз корфармое, ки барои иҷро накардани ӯҳдадории созишномаи дар натиҷаи чораи оштидиҳӣ ҳосилгардида ё худ барои ба ҷо наовардани қарори суд оиди баҳси меҳнатии коллективӣ гунаҳкор аст, то сад маоши ҳадди ақал аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад.

Бо талаби иттифоқи касаба, мақоми дигари намояндагии кормандон мақоми идораи хоҷагӣ вазифадор аст, ки то худи аз вазифа озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ӯ баҳси меҳнатии коллективӣ рӯй додааст, чораи таъсирбахш андешад.

Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ – ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст, ё худ иштирок дар он вайрон кардани интизоми меҳнат буда, боиси андешидани чораҳои муҷозоти интизомии пешбиникардаи қонунгузорӣ шуда метавонад.

Шахсоне, ки мардумро бо роҳи зӯрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур месозанд, тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Зиёни ба мулкдор аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз фонди истеъмолии ташкилот аз тариқи суд ҷуброн карда мешавад.

Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба гузаронида шуда бошад, зиён бо назардошти амволи иттифоқи касаба ба андозаи муайяннамудаи суд аз ҳисоби он ҷуброн карда мешавад.

Шахсоне, ки ҳомии манфиати тарафҳо буда, қоидаҳои дар Кодекс пешбинишударо вайрон кардаанд, мувофиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

7 Загрузки
test

Добавить комментарий