Идораи ҷамъияти саҳҳомӣ

Идораи ҷамъияти саҳҳомӣ гуфта механизм ё низоми ҳамкории иштирокчиён ва усулҳое фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо манфиатҳои худро ҳимоя менамоянд. Мақоми олии идораи ҷамъияти саҳҳомӣ, ки изҳори иродаи моликони сармояро таъмин менамояд, маҷлиси умумии саҳмдорон мебошад. Иҷрои корҳои зайл аз салоҳияти он аст:

  • муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият, тасдиқ намудани нақшаҳо ва ҳисоботи иҷрои онҳо;
  • тағйир додани оинномаи ҷамъият;
  • интихоб намудан ва бозхондани аъзои Шӯрои ҷамъияти саҳҳомӣ (Шӯрои нозирон);
  • интихоб намудан ва бозхондани аъзои мақоми иҷроия ва комиссияи тафтишотӣ;
  • тасдиқ намудани натиҷаи солонаи фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ, аз ҷумла филиалҳои он, тасдиқ кардани ҳисоботу хулосаҳои комиссияи тафтишотӣ, тартиби тақсими фоида, муайян намудани тартиби пӯшонидани (ҷуброни) зиён;
  • таъсис додан, аз нав ташкил кардан ва барҳам додани филиалу намояндагиҳо, тасдиқ кардани низомномаҳои (оинномаҳои) онҳо;
  • баровардани қарор дар бораи ба ҷавобгарии шайъӣ (амволӣ) кашидани мансабдорони ҷамъият;
  • тасдиқ намудани қоидаҳои расмиёт ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, муайян кардани сохтори ташкилотии ҷамъият;
  • ҳалли масъалаи аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомӣ харида гирифтани саҳмияҳои баровардааш;
  • муайян кардани шарту шароити додани музди кори шахсони мансабдори ҷамъияти саҳҳомӣ, филиалу намояндагиҳои он;
  • тасдиқ намудани шартномаҳое, ки маблағи мувофиқашудаашон аз маблағи дар оинномаи ҷамъият зикршуда зиёдтар мебошад;
  • қабул кардани қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҷамъият, таъин намудани комиссияи барҳамдиҳӣ, тасдиқ кардани тавозуни (баланси) барҳамдиҳӣ;
  • қабул кардани қарори азнавташкилдиҳии ҷамъият.

Бо оинномаи ҷамъият дигар масъалаҳоро низ ба салоҳияти мустаснои маҷлиси умумӣ нисбат додан мумкин аст.

Ҷамъият сарфи назар аз маҷлисҳои дигар соле як бор маҷлиси умумии солонаи саҳмдоронро мегузаронад. Фосилаи байни маҷлисҳои умумии солона аз 15 моҳ зиёд буда наметавонад. Ҷамъият ғайр аз маҷлиси солона маҷлиси ғайринавбатӣ гузаронида метавонад.

Маҷлиси солонаи саҳмдорон:

  • ҳисоботи директорон (раисон), тавозуни (баланси) солона, ҳисоби фоидаву зиён, тақсими фоида, аз ҷумла суди ниҳоиро тасдиқ мекунад;
  • директорон (раисон) ва дигар кормандони ҷамъиятро интихоб менамояд;
  • аудиторро таъин ва хизматонаи ӯро муқаррар мекунад.

Маҷлис дар сурати ҳузур доштани на камтар аз нисфи саҳмдорон ё намояндагони қонунии онҳо (аз рӯи шумораи саҳмияашон) салоҳиятдор ҳисоб меёбад.

Дар маҷлис раиси Шӯрои директорон (раисон) ё ҷонишини ӯ раисӣ мекунад. Дар сурати набудани онҳо бо интихоби аъзои Шӯрои директорон (раисон) яке аз директорон (раисон) раисӣ мекунад.  Агар директорон (раисон) ҳозир набошанд ё раисӣ кардан нахоҳанд, пас маҷлис раисро аз ҷумлаи саҳмдорон интихоб менамояд.

Агар дар давоми ним соат кворум ҷамъ нашавад, маҷлисе, ки бо талаби саҳмдорон даъват шудааст, пароканда карда мешавад. Маҷлиси даъватнамудаи директорон (раисон) то мӯҳлати муқарраркардаи раиси маҷлис мавқуф гузошта мешавад (на бештар аз 30 рӯз). Маҷлиси такрорӣ дар сурати ҳозир шудани ҳар миқдори саҳмдорон салоҳиятдор ҳисоб меёбад.

Агар раиси маҷлис ё на камтар аз панҷяки саҳмдорон (ё намояндагони ваколатдори онҳо) ё саҳмдори дорандаи 10 фоизи саҳмияҳо мувофиқи миқдори саҳмияҳо овоздиҳии махфиро талаб накунанд, масъалаҳоро дар маҷлис бо роҳи овоздиҳии ошкоро (бе ҳисоб кардани овозҳо) ҳал кардан мумкин аст. Дар сурати баробар будани овозҳо овози раиси маҷлис ҳалкунанда мебошад. Тағйир додани оиннома ва қарор дар бораи қатъ гардидани фаъолият бо аксарияти комили аз чор се ҳиссаи саҳмдорони дар маҷлис ҳозирбуда қабул карда мешавад. Аз рӯи масъалаҳои дигар аксарияти оддии овозҳои саҳмдорони дар маҷлис иштирокдошта кофӣ мебошад.

Саҳмдор ё намояндаи вай танҳо дар сурати ба танзим овардани тамоми ҳисобу китоб аз рӯи саҳмияҳо иштирок карда метавонанд.

Намояндаи саҳмдор танҳо дар сурати мавҷуд будани ваколатномаи дар идораи нотариалӣ тасдиқшуда метавонад дар маҷлис иштирок кунад ва овоз диҳад.

Ҳангоми овоздиҳӣ аз тариқи бардоштани даст ҳар як саҳмдори ҳозирбуда як овоз, ҳангоми овоздиҳии махфӣ (пинҳонӣ) бошад, мутобиқи шумораи саҳмияҳояш овоз дорад.

Мутобиқи Қонун ҳуқуқи даъват кардани маҷлиси ғайринавбатии саҳмдоронро шӯрои директорони (раисони) ҷамъият, комиссияи тафтишотӣ  ё саҳмдорони дорандаи на камтар аз 10 фоизи саҳмияҳо доранд.

Огоҳинома дар бораи даъвати маҷлис ба саҳмдор бояд на дертар аз 36 рӯз пеш аз барпо гардидани он ба воситаи мактуби фармоишӣ ба суроғае, ки дар китоби қайди саҳмияҳо нишон дода шудааст, фиристода шавад. Бо қарори маҷлис саҳмдоронро бо роҳи дар рӯзномаи муайян чоп кардани эълон огоҳонидан мумкин аст. Огоҳинома дар бораи маҷлиси ғайринавбатӣ бояд ифодаи аниқи масъалаҳои муҳокимашавандаро дар бар гирад. Огоҳинома ба ҳамаи саҳмдороне, ки аз рӯи саҳмияҳои муқаррарӣ аъзоҳаққиро пурра пардохтаанд, инчунин ба аудитори ҷамъият фиристода мешавад. Ҳуқуқи овоздиҳиро дар ҷамъияти саҳҳомӣ саҳмдороне доранд, ки дорои саҳмияҳои муқаррарӣ (оддӣ) ба ҳисоби 1 саҳмия – 1 овоз мебошанд.

Дар байни маҷлисҳои умумӣ мақоми олии идораи ҷамъият шӯрои директорон (шӯрои нозирон) мебошад. Шӯрои директорон, мисли маҷлиси саҳмдорон масълаҳои стратегияи ҷамъиятро ҳаллу фасл мекунад, самтҳои асосӣ, муҳими фаъолияти ҷамъиятро муайян менамояд, вай ба фаъолияти ҷамъият, ба истиснои ҳаллу фасли масъалаҳое, ки Қонун дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ онҳоро аз салоҳияти хосаи маҷлиси умумии саҳмдорон медонад, роҳбарии умумӣ мекунад.

Мутобиқи банди 2 моддаи 114 КГ ҶТ дар ҷамъиятҳое, ки шумораи саҳмдоронашон аз панҷоҳ нафар бештар аст, шӯрои директорон (шӯрои нозирон) таъсис дода мешавад. Бояд гуфт, ки шӯрои деректорон (шӯрои нозирон) метавонад дар ҷамъиятҳои шумораи саҳмдоронашон аз ин камтар низ таъсис дода шавад.

Шӯрои директорон (шӯрои нозирон)-ро маҷлиси умумии саҳмдорон интихоб мекунад. Шумораи директоронро маҷлиси умумии саҳмдорон муқаррар мекунад ва он бояд тоқ бошад. Танҳо саҳмдор ё намояндаи саҳмдор, ки миқдори саҳмияҳояш дар оиннома қайду шарт шудааст, директор шуда метавонад. Директорон ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол интихоб мешаванд ва метавонанд якчанд маротиба аз нав интихоб гарданд.

Дар маҷлис барои интихоб шахсонеро, ки аз тарафи директорон ё саҳмдорон пешниҳод шудаанд, пешбарӣ кардан мумкин аст. Ба котиби ҷамъият на дертар аз як ҳафта пеш аз гузаронидани маҷлис якҷоя бо розигии хаттии аз тарафи номзад имзошуда дар хусуси пешбарӣ кардани номзадиаш ба воситаи мактуб дар бораи хоҳиши пешбарӣ кардани номзад ба вазифаи директор маълумот дода мешавад.

Маҷлис метавонад шумораи директоронро зиёд намояд ва барои иҷрои вазифаҳои муайян директорони иловагиро интихоб кунад.

Маҷлис метавонад директорро то ба охир расидани ваколатҳояш аз вазифа холӣ намояд. Дар давраи байни маҷлисҳо шӯрои директорон метавонад барои пурра кардани вазифаи холишуда директорро таъин намояд. Пеш аз маҷлиси навбатии солона вай ваколатҳояшро аз сар соқит мекунад, аммо метавонад аз нав интихоб гардад.

Директорон тамоми ваколатҳои худро, сарфи назар аз вазифаҳои холишуда, нигоҳ медоранд. Ба директорон дар давраи иҷрои вазифаҳояшон хароҷоти нақлиёт ва хароҷоти дигар талофӣ мешаванд, инчунин маблағи муайяни аз тарафи маҷлиси умумӣ муқарраршуда дода мешавад.

Ба ҳайати шӯрои директорон (шӯрои нозирон) намояндаи коллективи меҳнатиро бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст. Қарорҳои маҷлис амали анҷомдодашудаи шӯрои директорон (шӯрои нозирон)-ро, ки мухолифи оиннома нестанд, бекор карда наметавонад.

Директорони ҷамъият мувофиқи салоҳдиди худ қарор қабул карда, кори худро ташкил мекунанд. Агар дар оиннома тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, иштироки аз се ду ҳиссаи аъзоёни шӯрои директорон (шӯрои мушоҳидакорон) кворум ба ҳисоб меравад. Дар сурати баробар будани овозҳо овози раис ҳалкунанда мебошад.

Маҷлиси шӯрои директорон (шӯрои нозирон) аз тарафи раиси шӯро ва ё яке аз ду нафари директорон даъват карда мешавад. Директорҳо раиси шӯро ва яке ё якчанд ҷонишинонро ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол интихоб мекунанд. Дар маҷлисҳои шӯро раиси шӯро ё ҷонишини ӯ раисӣ мекунанд.

Қароре, ки аз тарафи тамоми директорон имзо шудааст, баробари қарори шӯрои директорон (шӯрои нозирон) эътибор дорад. Шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ҳангоми зарурат метавонад барои ҳал намудани масъалаҳои мушаххас аз ҳисоби худ ва дигар кормандони ҷамъият кумитаҳо ташкил намояд.

Директорон навиштани протоколи маҷлисҳои умумии саҳмдорон ва маҷлисҳои шӯрои директорон (шӯрои нозирон), қайд кардани тамоми қарорҳо, рафти баҳсу мунозира ва таъинотро таъмин менамоянд.

Шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ба қадри зарурат маҷлис мегузаронад.

Аъзои правленияи ҷамъияти кушода аъзои шӯрои директорони (шӯрои нозирон) ҷамъият шуда наметавонанд.

         Директорони иҷрокунанда

Маҷлис аз ҷумлаи директорон камаш ду нафар директорони иҷрокунандаро, ки фаъолияти ҳаррӯзаи ҷамъиятро раҳнамоӣ мекунанд, интихоб менамояд. Як нафари онҳо директори генералии иҷрокунанда (президент, раиси) ҷамъият таъин карда мешавад.

Директорони иҷрокунанда ва мудирҳо – роҳбарони калонтарин қисмҳои ҷамъият ҳамчунин мақоми асосии иҷроияи ҷамъият правленияи ҷамъиятро таъсис медиҳанд. Директори генералӣ (президент, раис) дар маҷлисҳои правления раисӣ мекунад.

Дар фосилаи байни маҷлисҳои саҳмдорон ва маҷлисҳои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) правления дар доираи салоҳияти худ, ки оиннома ба ӯ додааст, ба тамоми фаъолияти ҷамъият роҳбарӣ мекунанд.

Маҷлисҳои правления ба қадри зарурат гузаронида мешаванд.

Директори генералӣ (президент, раис) ҳуқуқ дорад, ки бе ваколатнома аз номи ҷамъият амал кунад. Дигар аъзои правления дар доираи салоҳиятҳое, ки оиннома ё қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ба онҳо додааст, амал мекунанд.

Директори генералӣ (президент, раис) тартиб додани протоколи маҷлисҳои правленияро ташкил мекунад. Маҷмӯаи протоколҳо бояд кадом вақте ки бошад, ба саҳмдорон дода шавад.

Маҷлиси умумии саҳмдорон мувофиқи оиннома барои назорати фаъолияти молиявию хоҷагии ҷамъият аз ҷумлаи саҳмдорон комиссияи тафтишотӣ интихоб мекунад. Аъзои комиссияи тафтишотӣ аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё директорони иҷрокунанда буда наметавонанд.

Комиссияи тафтишотӣ бо супориши маҷлиси умумӣ, ташаббуси шахсӣ ё талаби саҳмдорон, ки ба таври умумӣ дорои зиёда аз 10 фоизи саҳмияҳо мебошанд, тафтишҳо мегузаронад.

Аъзои комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ доранд, ки аз шахсони мансабдори ҷамъият пешниҳод намудани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва баёноти шахсиро талаб кунанд.

Комиссияи тафтишотӣ натиҷаи тафтишотро ба маҷлиси умумии саҳмдорон пешниҳод мекунад.

Дар сурати ҳозир набудани аудиторон комиссияи тафтишотӣ аз рӯи ҳисоботи солона ва тавозунҳо (балансҳо) хулоса тартиб медиҳад, ки бе он маҷлиси саҳмдорон онро тасдиқ карда наметавонад.

Аъзои комиссияи тафтишотӣ дар сурати ба вуҷуд омадани хатари ҷиддӣ ба манфиати ҷамъият вазифадоранд, ки даъват намудани маҷлиси ғайринавбатии саҳмдоронро талаб кунанд.

 

  1. Субъектҳои соҳибкории хурд

 

Қонун «Дар бораи ҳимояи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти соҳибкориро ба соҳибкории хурд ва соҳибкории миёна тақсим мекунад.

Имрӯз соҳибкории хурд бахши босуръат тараққиёбандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пайдост, ки дар саросари олам соҳибкории хурд таъмингари асосии технологияҳо, навовариҳо ва навахбор дар амалияи истеҳсолот, яъне калиди мотори пешрафти илмию техникӣ ва илмию иқтисодӣ аст[1].

Субъектҳои соҳибкории хурд корхонаю ташкилотҳо буда, дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат нест ва шумораи кормандонашон дар давраи ҳисобот ба ҳисоби миёна дар саноат ва сохтмон аз 50 нафар ва дар соҳаҳои дигар аз 15 нафар зиёдтар намебошанд.

Дастгирии давлатии соҳибкории хурд аз рӯи барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии дастгирии соҳибкории хурд сурат мегирад, ки ин нақшаҳоро мувофиқан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия (ҳукуматҳо) тартиб медиҳанд[2].

 

  1. Иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ)

 

Қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, ки  ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданиро  ба зимма дошта бошанд, инчунин оид ба ҳар гуна фаъолияте, ки  қонунгузории амалкунанда манъ накардааст, доир ба амал баровардани  мақсадҳои худ  машғул шаванд; яъне дорои қобилияти ҳуқуқдории  умумӣ  мебошанд (КГ ҶТ мод.49).

Дар баъзе мавридҳо қонунгузор талаб менамояд, ки чӣ барои субъекти муносибати ҳуқуқӣ ва чӣ барои амволи ӯ шароити иловагии гуногунхусусият муҳайё карда шавад.  Талаботҳои иловагӣ пеш аз ҳама бо тамоилҳои имконпазире, ки ба манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, маънавиёт ва саломатии онҳо зарар расонида метавонанд, алоқаманд аст. Зеро чунин фаъолият дар ҳолати беихтисосӣ ва камихтисосии онҳо ба амал бароварда мешавад.

Иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ), аз як тараф, як намуди назорати давлатӣ мебошад, ки ба таъмини мудофиаи кишвар ва амнияти давлат ва ҳамчунин ба муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии бозори ягона равона гардидааст, аз тарафи дигар, чорабиниест, ки бо додани литсензия, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи литсензиядорӣ алоқаманд мебошад.

Иҷозатнома (литсензия) иҷозати  махсусе мебошад, ки онро мақомоти иҷозатномадиҳанда  барои  амалӣ намудани  фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳи   ба шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ додааст (мод.1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба  баъзе намудҳои фаъолият»). Ваколатҳои иловагии субъекти хоҷагидорӣ, ки аз фаъолияти он талабҳои «махсус»-ро чашмдоранд, бо литсензия (иҷозатнома) тасдиқ карда мешаванд.

Иҷозатнома (литсензия) салоҳияти субъекти хоҷагидорро дар соҳаи муайяни фаъолият тасдиқ менамояд. Он ба намудҳои фаъолияти литсензияшавандае дода мешавад, ки барои амалӣ гардонидани онҳо дониши махсус ё шароити махсус лозим  аст. Иҷозатнома иҷозати махсусест, ки онро  мақомоти ваколатдор барои амалӣ гардонидани намудҳои муайяни фаъолият медиҳанд.

Ҳоло асоси ҳуқуқии ичозатномадихӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ичозатномадихӣ ба  баъзе намудҳои фаъолият» мебошад. Қонун беш аз 100 намуди фаъолиятро  пешбинӣ кардааст, ки барои он гирифтани  иҷозатнома зарур аст.

Қонун усулҳои асосии зерини иҷозатномадиҳиро муайян кардааст:

  • таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • муқаррар намудани рӯйхати ягонаи намудҳои фаъолияти литсензияшаванда;
  • муқаррар кардани тартиботи ягонаи литсензиякунонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • муқаррар намудани талаботу шартҳои литсензия бо низомнома дар бораи хусусиятҳои литсензиякунонии баъзе намудҳои фаъолият;
  • ошкорбаёнӣ ва аёнияти литсензиякунонӣ;
  • риояи қонуният ҳангоми литсензиякунонӣ.

Талабгори литсензия барои гирифтани он ба мақоми дахлдори литсензиякунонӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– ариза дар бораи гирифтани литсензия бо ишораи намуди фаъолияти литсензияшаванда, ки дар он маълумоти зерин дарҷ шудааст:

а) барои шахси ҳуқуқӣ – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи               ҳуқуқӣ ва ҷои буду бош, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;

б) барои соҳибкори инфиродӣ – фамилия, ному насаб, ҷои истиқомат,               шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он;

  • ба кадом мӯҳлат гирифтани литсензия;
  • таърихи додани дархост, рақами ба қайд гирифта шудани он ва имзои талабгор;
  • дигар маълумотҳо вобаста ба хусусияти фаъолият;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии талабгори литсензия ба сифати шахси ҳуқуқӣ – барои шахси ҳуқуқӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфиродӣ – барои соҳибкори инфиродӣ;
  • нусхаи шаҳодатномаи дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудани талабгори литсензия;
  • ҳуҷҷате, ки пардохта шудани музди литсензияро барои аризаи литсензиягириро баррасӣ намудани мақоми литсензиякунӣ тасдиқ мекунад;
  • маълумот дар бораи тахассуси кормандони талабгори литсензия (мод.9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи литсензияккунӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»).

Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат  қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад.

Шахсе, ки барои гирифтани литсензия муроҷиат намудааст, бояд музди литсензиякунониро пардозад. Ва мақоми литсензиякунанда бояд дар давоми се рӯзе, ки дар бораи пардохти музди литсензиягирӣ ҳуҷҷат пешниҳод шудааст, ҳуҷҷате диҳад, ки литсензия доштани шахсро тасдиқ менамояд.

Мӯҳлати эътибори литссензия на камтар аз 5 сол муқаррар карда, баъди гузаштани ин мӯҳлат он метавонад аз рӯи аризаи литсензиядор дароз карда шавад.

Агар ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ менамояд, гум шуда бошад, литсензиядор вазифадор аст, ки дар давоми 15 рӯзи гум шудани он ба номи мақоми литсензиякунанда дар бораи аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ мекунад, ариза нависад. Ҳамчунин дар ҳолатҳои табдил ёфтани (дигаргун шудани) шахси ҳуқуқӣ, тағйир ёфтани ном ё маҳалли будубоши он ва инчунин дигар гаштани ҷои зист ё номи соҳибкори инфиродӣ дар давоми 15 рӯз дар бораи аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ менамояд, ариза медиҳад. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷудияти литсензияро тасдиқ менамояд, ба андозаи ду маоши ҳадди ақал музд ситонида мешавад.

Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истисноӣ, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногенӣ, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад  ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад.

Қарори мавқуф гузоштани эътибори литсензия, бекор кардани он ё худ ба суд фиристодани аризаи бекоркунии литсензия ба литсензиядор бо далелу бурҳони дахлдор баъди се рӯзи қабул гардиданаш расонида мешавад. Аз қарори мавқуф гузоштани эътибори (амали) литссензия ва бекор кардани он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

test

Добавить комментарий