Асосҳои ҳуқуқии муфлисшавӣ

 

 1. Мафҳум ва нишонаҳои муфлисшавӣ

2. Баррасии парвандаҳои муфлисшавӣ

3. Расмиятҳои муфлисшавӣ. Ҳолати ҳуқуқии мудир

4. Мушоҳида

5. Идораи беруна

6. Истеҳсолоти озмунӣ

7. Созишномаи мусолиҳа

 

 

 

  1. Мафҳум ва нишонаҳои муфлисшавӣ

 

Институти муфлисшавӣ барои низоми  танзими ҳуқуқии ватанӣ ва амалияи муносибатҳои соҳибкорӣ падидаи нав аст.

Шартҳои асосӣ ва тартиби муфлис эълон намудани ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқи)-и қарздор, соҳибкорони инфиродӣ аз ҷумла шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва асосҳои ҳуқуқии маҷбуран ё мустақилона барҳам додани чунин соҳибкорон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» аз 8 декабри соли 2003 № 46 муқаррар карда шудааст.

Дар зери мафҳуми муфлисшавӣ – аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби қарзхоҳон (кредиторон) оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва (ё) иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмӣ, ки аз ҷониби суд эътироф шудаанд ё қарздор қодир набуданашро эълон намудааст, фаҳмида мешавад (қ.1 моддаи 4 «Қонун дар бораи муфлисшавӣ»).

Аз мафҳуми зикршуда ва талаботи қисми 2 моддаи 66 КГ ҶТ бармеояд, ки муфлисшавӣ бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад:

  1. Маҷбурӣ – яъне аз тарафи судҳои иқтисодӣ;

2.Ихтиёрӣ – яъне соҳибкорон инчунин метавонанд якҷоя бо кредиторон дар хусуси эълони муфлисшавӣ ва ихтиёран барҳам дода шуданашон қарор қабул намоянд.

Моҳияти муфлисшавӣ дар нишонаҳои асосии он инъикос меёбад, ки дар ҳуқуқи гражданӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда шудааст:

  1. Нишонаҳои берунӣ;
  2. Нишонаҳои дохилӣ.

Нишонаҳои берунӣ дар он ифода меёбанд, ки аз ҷой доштани онҳо суди иқтисодӣ масъалаи оғоз кардани парвандаи муфлисшавиро ҳаллу фасл менамояд.

Нишонаҳои берунии муфлисшавӣ чунинанд:

а) агар ӯҳдадориҳо аз тарафи онҳо дар давоми се моҳи баъди эътибор пайдо карданашон иҷро карда нашаванд;

б) агар талабҳо нисбати қарздор – шахси ҳуқуқӣ дар маҷмӯъ на камтар аз 10 фоизи ҳаҷми активҳои балансии қарздор ва нисбати соҳибкори инфиродӣ на камтар аз панҷсад ҳадди ақалли музди меҳнатро ташкил диҳад.

Агар яке аз аломатҳои зикршуда мавҷуд набошад, суди иқтисодӣ аризаро қабул намекунад.

Нишонаҳои дохилӣ дар он ифода меёбанд, ки аз ҷой доштани онҳо суди иқтисодӣ масъалаи нисбати қарздор татбиқ намудани марҳалаҳои барқарорсозӣ ё барҳамдиҳиро ҳаллу фасл менамояд.

Ягона нишонаи дохилӣ аз арзиши амволи ба қарздор тааллуқдошта зиёд будани маблағи умумии ӯҳдадориҳо аст. Яъне агар шахси ҳуқуқии машғули фаъолияти тиҷоратӣ бо  сабаби нокифоя  будани активҳои бозоргир барои қонеъ гардонидани талаботи ба ӯ пешниҳодгардида қодир набошад, метавонад муфлис эътироф карда шавад (КГ ҶТ моддаи 66).

 

  1. Баррасии парвандаҳои муфлисшавӣ

 

Боби 19 Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМХ ҶТ) ба «хусусиятҳои истеҳсолот аз рӯи категорияҳои алоҳидаи парвандаҳо» бахшида шудааст, ки асосан баррасии парвандаҳо дар бораи муфлисшавии ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар назар дошта шудааст. Мувофиқи моддаи 143 КМХ ҶТ «парвандаҳо дар бораи муфлисии ташкилотҳо ва шаҳрвандон аз тарафи суди иқтисодӣ аз рӯи қоидаҳое, ки Кодекси мурофиавии хоҷагӣ пешбинӣ намудааст, бо хусусиятҳое, ки  тавассути Қонун дар бораи муфлисшавӣ муқаррар гардидаанд, баррасӣ карда мешаванд».

Аз нишондодҳои қонунгузориҳо ва фикрҳои олимон ба хулоса омадан мумкин аст, ки парвандаҳои муфлисшавиро танҳо судҳои иқтисодӣ баррасӣ менамоянд.

Мувофиқи моддаи 26 Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» аризаи аз тарафи шахсони зерин пешниҳодшуда барои оғоз намудани парванда оид ба муфлисшавӣ асос шуда метавонад:

  1. Қарздор, кредитор, прокурор ва дар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, шахсони дигар бо сабабҳои дар назди онҳо иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулӣ;
  2. Қарздор, прокурор, мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдор дар хусуси муфлисшавии қарздор бо сабаби иҷро накардани воридоти пардохтҳои ҳатмӣ.

Мувофиқи моддаи 28 КМХ ҶТ «парвандаҳо дар бораи муфлисии ташкилотҳо ва шаҳрвандон аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани қарздор баррасӣ карда мешаванд».

Дар ҳолатҳои ҷой доштани нишонаҳои берунии муфлисшавӣ суди иқтисодӣ аризаро қабул менамояд ва баррасии парвандаро оғоз менамояд.

Дар ҳолатҳои зерин суд ҳалнома оид ба рад кардани муфлис эътироф намудани  қарздорро қабул менамояд:

  1. Набудани нишонаҳои муфлисшавӣ;
  2. Қонеъ гардидани талаботи арзшудаи кредиторон то вақти аз тарафи суд қабул намудани ҳалнома дар бораи парвандаи муфлисшавӣ;
  3. Муқаррар гардидани муфлисшавии сохта ва барқасд;
  4. Дар ҳолатҳои дигар, ки Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» пешбинӣ намудааст.

 

  1. Расмиятҳои муфлисшавӣ. Ҳолати ҳуқуқии мудир

 

Мувофиқи Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» нисбати шахсони ҳуқуқӣ расмиятҳои зерини муфлисшавӣ татбиқ шуданаш мумкин аст:

  1. Мушоҳида;
  2. Идоракунии берунӣ;
  3. Истеҳсолоти озмунӣ;
  4. Созишномаи мусолиҳа.

Нисбати соҳибкорони инфиродӣ бошад, танҳо расмиятҳои зерини муфлисшавӣ татбиқ шуданашон мумкин аст:

  1. Истеҳсолоти озмунӣ;
  2. Созишномаи мусолиҳа.

Барои татбиқи расмиятҳои муфлисшавӣ аз тарафи суди иқтисодӣ «мудир» таъин карда мешавад.

Шахсе мудир (мудири муваққатӣ, мудири беруна, мудири озмунӣ) таъин шуданаш мумкин аст, ки ӯ шахси воқеӣ буда, ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ҳамчунин дорои донишҳои махсус буда, нисбат ба қарздор ва кредиторон шахси манфиатдор набошад.

Шахсони зеринро мудир таъин намудан мумкин нест:

  • шахсоне, ки қаблан идоракунии корҳои қарздор – шахси ҳуқуқиро анҷом медоданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки аз лаҳзаи сабукдӯш гардидани чунин шахсон аз идоракунии корҳои қарздор на камтар аз се сол гузашта бошад;
  • шахсоне, ки нисбаташон баҳри татбиқи фаъолияти идоракунии корҳо ва (ё) амволи шахсони дигар маҳдудият вуҷуд дошта бошад (шахсони маҳрумшуда);
  • шахсоне, ки доғи судӣ доранд.

 

  1. Мушоҳида

 

Расмияти мушоҳида дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» падидаи нав аст, чунки Қонун «Дар бораи муфлисшавии корхона» аз соли 1992 инро пешбинӣ накарда буд.

Расмияти мушоҳида аз рӯзи аризаи муфлис эътироф намудани қарздорро қабул намудани суди иқтисодӣ ҷорӣ карда мешавад.

Барои мушоҳида дар Қонун мӯҳлат нишон дода нашудааст. Мувофиқи моддаи 114 КМХ ҶТ «парванда бояд дар давоми ду моҳи ба суди иқтисодӣ расидани даъво баррасӣ гардида, қарор қабул карда шавад». Нишондоди ин моддаро ба инобат гирифта, ҳисобидан мумкин аст, ки мӯҳлати мушоҳида аз ду моҳ зиёд буда наметавонад.

Расмияти мушоҳида бо мақсади таъмини нигоҳдории амволи қарздор ва таҳлили ҳолати молиявии он татбиқ карда мешавад. Барои мушоҳида ва таҳлили ҳолати молиявии қарздор аз тарафи суди иқтисодӣ мудири муваққатӣ таъин карда мешавад.

Мудири муваққатӣ ҳолати молиявии қарздорро таҳлил менамояд ва баъди анҷоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш ба суди иқтисодӣ дар бораи фаъолияти худ ҳисобот медиҳад. Дар ҳисобот бояд оид ба ҳолати молиявии қарздор маълумоти зарурӣ бошад, ҳамчунин дар бораи имконпазир будан ё набудани барқарорсозии қобилияти пардохтии қарздор таклифҳо пешниҳод намояд.

 

  1. Идораи беруна

 

Идораи беруна – расмияти муфлисшавӣ, ки нисбати шахси ҳуқуқӣ бо вогузошти ваколатҳои идораи амволиаш нисбат ба мудири беруна татбиқ карда мешавад. Идораи беруна расмияти барқароркунӣ ба ҳисоб меравад.

Идораи беруна аз тарафи суд дар асоси қарори маҷлиси кредиторон ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» пешбинӣ намудааст, ҷорӣ карда мешавад. Барои ҷорӣ намудани идораи беруна суд таъинот мебарорад, ки он бояд бетаъхир иҷро карда шавад. Идораи берунаро мудири беруна, ки аз рӯи таъиноти суд таъин карда мешавад, мегузаронад.

Идораи беруна ба муддати на бештар аз 12 моҳ, ки мумкин аст на бештар аз 6-моҳи дигар дароз карда шавад, ҷорӣ карда мешавад. Ҳамчунин бо илтимоси маҷлиси кредиторон ё мудири беруна мумкин аст дар доираи мӯҳлатҳои зикршуда каму зиёд карда шавад.

Ҳангоми идораи беруна роҳбари қарздор аз иҷрои вазифааш дур карда, идораи корҳои қарздор ба мудири беруна вогузор карда мешавад.

 

Мудири беруна дар доираи ваколатҳои худ ба мақсади барқарорсозии қобилияти пардохти қарздор тадбирҳои зеринро андешида метавонад:

  • тағйир додани фаъолияти истеҳсолӣ;
  • бастани истеҳсолоти фоиданоовар;
  • пӯшонидани қарзхои дебиторӣ;
  • фурӯхтани қисми амволи қарздор;
  • гузашт кардан аз ҳуқуқи талаботи қарздор;
  • иҷрои ӯҳдадориҳои қарздор аз тарафи молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ ё шахси (шахсони) сеюм;
  • дигар усулу воситаҳои барқарор кардани қобилияти пардохти қарздор.

На дертар аз понздаҳ рӯз то анҷомёбии мӯҳлати муқарраргардидаи идораи беруна ва ҳамчунин ҳангоми мавҷудияти асосҳо барои пеш аз мӯҳлат қатъ намудани он мудири беруна вазифадор аст, ки ба маҷлиси кредиторон ҳисобот пешниҳод намояд.

Ҳисоботи дар маҷлиси кредиторон баррасишудаи мудири беруна ва протоколи маҷлиси кредиторон на дертар аз панҷ рӯзи баъди баргузории маҷлис ба суд фиристода мешавад.

Аз тарафи суд тасдиқ шудани ҳисоботи мудири беруна асоси қатъ намудани парвандаи муфлисшавӣ мегардад.

 

  1. Истеҳсолоти озмунӣ

 

Агар дар рафти расмияти мушоҳида маълум гардад, ки ҳоҷат ба татбиқи расмияти барқарорсозӣ нест, ё расмияти идораи беруна ба барқарорсозии ҳолати молиявии қарздор оварда нарасонид, суд дар бораи муфлис эълон намудани қарздор ҳалнома қабул менамояд. Аз лаҳзаи қабул кардани ҳалнома расмияти барҳамдиҳии муфлисшавӣ, «истеҳсолоти озмунӣ» оғоз мегардад.

Истеҳсолоти озмунӣ – расмияти муфлисшавие, ки нисбати қарздори муфлис бо мақсади мутаносибан қонеъ гардонидани талаботи кредиторон татбиқ карда мешавад.

Мӯҳлати истеҳсолоти озмунӣ аз як сол дарозтар буда наметавонад. Суд ҳуқуқ дорад онро боз шаш моҳ дароз кунад. Ҳамчунин ҳангоми зарурат ин мӯҳлатро суди иқтисодӣ дарозтар карда метавонад. Аз болои таъиноти судӣ оиди дароз кардани мӯҳлат шикоят кардан мумкин аст.

Барои пешбурди истеҳсолоти озмунӣ, ҳангоми қабули ҳалнома оид ба татбиқи истеҳсолоти озмунӣ «мудири озмунӣ» таъин карда мешавад. Мудири озмунӣ баъди таъин шуданаш дар бораи муфлис эътироф кардани қарздор ва  оғоз кардани  истеҳсолоти озмунӣ дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр менамояд.

Мақсади асосии истеҳсолоти озмунӣ тақсими молу мулки озмунӣ дар байни кредиторон, яъне қонеъ гардонидани талаботи кредиторон ба ҳисоб меравад. Тамоми амволи дар рӯзи оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ мавҷудбуда ва дар ҷараёни он ошкоршудаи қарздор молу мулки озмуниро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии амволи қарздор, ки молу мулки озмуниро ташкил медиҳад, мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад муҳосибон, аудиторҳо ва дигар мутахассисонро ҷалб намояд.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки ҳарчанд дар қонунгузорӣ нишон дода нашудааст, барои дуруст назорат кардани тамоми маблағу амволи қарздор мудири озмунӣ бояд як суратҳисоби ҳисоббаробаркуниро дар бонк истифода барад.

Дар ҳолати тамоми амволи қарздорро, ки молу мулки озмунӣ ҳисоб меёбад, дар як суратҳисоб ҷамъ овардан, мудири озмунӣ ба қонеъ гардонидани талаботи кредиторон оғоз менамояд. Талаботи кредиторон тибқи моддаи 78 Қонун ва моддаи 65 КГ ҶТ бо навбати зайл қонеъ карда мешавад:

  • дар навбати аввал талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад:
  • дар навбати дуюм пардохти кӯмакпулии аз кор рафтан ва музди кори шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти подош аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;
  • дар навбати сеюм талаботи кредиторон аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки барои онҳо амволи қарздор ба гарав гузошта шудааст;
  • дар навбати чорум пӯшонидани қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмии ба буҷет воридшаванда, ҳамчунин ба фондҳои ғайрибуҷетӣ;
  • дар навбати панҷум талаботи кредиторони дигар.

Бояд қайд намуд, ки талаботи ҳар навбат баъди пурра қонеъ гардонидани талаботи навбати пештара қонеъ гардонида мешавад.

Мудири озмунӣ баъди ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо кредиторон вазифадор аст, ки аз натиҷаи гузаронидани истеҳсолоти озмунӣ ба суд ҳисобот пешниҳод намояд.

Суд баъди баррасии ҳисоботи мудири озмунӣ оид ба натиҷаҳои истеҳсолоти озмунӣ дар хусуси ба итмом расидани истеҳсолоти озмунӣ таъинот мебарорад. Мудири озмунӣ бояд дар давоми 10 рӯзи баъди баровардани таъинот онро ба мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро анҷом медиҳад, пешниҳод намояд. Таъиноти суд оид ба анҷом ёфтани истеҳсолоти озмунӣ барои дар рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ даровардани қайди барҳамхӯрии қарздор асос мешавад. Аз рӯзи ба рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ сабт намудани қайди барҳамхӯрии қарздор ваколатҳои мудири озмунӣ қатъ мегардад, истеҳсолоти озмунӣ ба итмомрасида ва қарздор барҳамхӯрда ҳисобида мешавад.

 

  1. Созишномаи мусолиҳа

 

Яке аз расмияти асосии муфлисшавӣ «созишномаи мусолиҳа» ба ҳисоб меравад. Қарздор ва кредиторони озмунӣ дар ҳама марҳалаҳои баррасии парвандаи муфлисшавӣ ҳуқуқ доранд созишномаи мусолиҳа банданд.

Бояд қайд намуд, ки созишномаи мусолиҳа дар шакли хаттӣ баста мешавад. Созишномаи мусолиҳа байни кредиторони озмунӣ, қарздор ва шахсони сеюм (дар ҳолати иштирокашон) баста мешавад ва аз рӯзи тасдиқи суди иқтисодӣ эътибор пайдо менамояд.

Бастани созишномаи мусолиҳа дар ҳолате имконият дорад, ки талаботи кредиторони навбатҳои якум ва дуюм пурра қонеъ шуда бошад ва розигии кредитороне, ки бо гарави амволи қарздор таъмин шудаанд, мавҷуд бошад.

Дар чунин ҳолатҳо созишномаи мусолиҳа бо аризаи қарздор, кредитор ё прокурор беэътибор дониста мешавад:

  1. Агар дар созишномаи мусолиҳа шартҳое бошанд, ки манфиати кредиторони алоҳидаро ҳимоя ё ҳуқуқу манфиатҳои кредиторони дигарро поймол намоянд;
  2. Агар иҷрои созишномаи мусолиҳа қарздорро ба муфлисшавӣ расонад;
  3. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дигари беэътибор донистани аҳдҳо, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа барои аз нав шурӯъ намудани пешбурди парвандаи муфлисшавӣ асос мегардад. Дар бораи аз нав шурӯъ намудан ба пешбурди парвандаи муфлисшавӣ суд таъинот мебарорад.

 

 

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.