Системаи маркетинг ва муҳити маркетингӣ

1.Бозор – унсури базавии системаи маркетингӣ

2.Комплекси маркетинг ҳамчун унсури назораткунандаи

системаи маркетинг.

3.Микромуҳити маркетингии фирма.

4.Макромуҳити маркетингии фирма.

1. Бозор – унсури базавии системаи маркетинг.

Дар шароитииқтисодиёти бозорӣ ҳамаи фирмаҳо бо бозор кор доранд. Ҳар фирма кушиш менамояд, ки мақсад ва ассортименти молаш барои бозори конкретӣ доимо муҳим бошанд. Фирмаҳо давра ба давра муқараротҳои мақсадноки стратегӣ ва тактикии худро дида мебароянд.Онҳо барои мушоҳида кардани бозор ва муайян намудани тағйиротҳо дар бозор ба маркетинг такя мекунанд.Маркетинг дар истифода намудани имкониятҳои беҳтарини бозорӣ шароит фароҳам меорад.

Ҳар фирма бояд имконияти бозории худро муайян намояд. Ягон фирма наметавонад доимо ба мол ва бозори мавҷудаи худ умед бандад. Бамоли нав, ба бозори нав рӯй овардан ба гирифтани фоида кафолат медиҳад. Дар назди ҳар фирма перспективаҳои зиёди бозорӣ кушодаанд. Бинобар ин фирмаҳо метавонанд имкониятҳои нави бозории худро кобанд. Бо ин мақсад онҳо методҳои гуногуни ҷамъ кардани ахборотро истифода намуда идеяҳои нав меҷӯянд.

Бисёр фирмаҳо роҳҳои гуногунро истифода намуда бозорҳои навро зоҳир менамоянд. Яке аз роҳи фоиданок истифода намудани тури тараққиёти мол ва бозор мебошад. Бо ёрии ин тур интихоби чунин имкониятҳои бозорӣҷой доранд.

1.Якум, фирма бо моли мавҷудаи худ дар бозори мавҷуда корро давом медиҳад. Роҳбари истеҳсолот фикр мекунад, ки моли мавҷудаи худро дар бозори мавҷуда чуқур ҷойгир намояд, яъне бе тағйир додани моли мавҷудааш дар бозори мавҷуда муффақиятро соҳиб шавад. Дар чунин ҳолат якчанд муносибатро санҷидан мумкин аст, аз ҷумла паст кардани нархи прейскурантии мол, зиёд кардани хароҷот барои реклама, коркарди муроҷиати рекламавӣ, паҳн кардани мол ба воситаи шумораи зиёди магазинҳо ва ғ.

2.Дуюм, фирма барои моли мавҷудааш мехоҳад бозорҳои нав ёбад.Бо ин мақсад фирма бозорҳои демографиро меомӯзад: бозорҳои кӯдакони хурдсол, томактабӣ, наврасон, ҷавонон, одамони калонсол. Бо ин роҳ мехоҳад муайян намояд, ки кадоме аз ин гурӯҳ ба истифодаи молҳои вай мароқ доранд ва фаъолона харид карданианд. Пас фирмабозори ташкилотҳоро меомӯзад: клубҳои тандурустӣ, кабинетҳои косметикӣ, беморхонаҳо. Мехоҳад донад, ки метавонад фурӯши молҳояшро ба онҳо зиёд намояд. Баъд фирма бозорҳои географиро меомӯзад: бозорҳои мамлакатҳо ва минтақаҳои гуногунро бо мақсади дар онҳо кушодани бозорҳои нав. Инҳо муносибатҳои стратегии фирма барои васеъ намудани сарҳади бозорҳояш мебошанд.

3.Сеюм, фирма мехоҳад ба мизоҷонаш дар бозори мавҷуда молҳои нав пешниҳод намояд.Дар ин ҳолат фирма метавонад ба молҳо компонентҳои нав илова намояд ё борҷомаи молҳоро нав намояд. Инчунин фирма метавонад ба бозор тамоман маркаҳои нави молҳоро пешниҳод намояд. Ин ҳама муносибатҳои стратегии фирма барои коркарди молҳо мебошанд.

4. Чорум, фирма мехоҳад ба бозорҳои нав молҳои нав пешниҳод намояд.Дар чунин ҳолат дар ихтиёри фирма имкониятҳои зиёди диверсификатсионӣҷой доранд ва вай метавонад истеҳсоли маҳсулоти тамоман нави ба ассортименти мавҷудаи фирма алоқаманд набударо дар худ кушояд ё харид намояд.

Зоҳир намудани имкониятҳои бозорӣ ин яктарафи кор аст, муҳимияти дигар муайян намудани он аст, ки кадоме аз онҳо барои фирма мувофиқат мекунад. Барои ин лозим аст, ки имконияти маркетингӣ ба мақсад ва захираҳои фирма аниқ мувофиқат намояд.

Мақсадҳои фирма. Ҳар фирма кушиш менамояд, ки мақсадҳои зеринро соҳиб шавад:

1) сатҳи баланди фоида,

2) сатҳи баланди фурӯш,

3) афзоиши савдо ва

4) ба даст даровардани таваҷҷӯҳи мизоҷон.

Захираҳои фирма. Ҳар фирма шароитҳои худро барои ба даст даровардани мақсадҳояш сафарбар менамояд. Барои ин мавҷуд будани захираҳои зерин талаб карда мешавад:

1) ҳаҷми зарурии сармоя,

2)донистани сири технологӣ, яъне “ноу хау”-и зарурии истеҳсолӣ ё маркетингӣ ва

3) мавҷуд будани роҳҳои самараноки тақсимкунии молҳо.

Интихоби бозорҳои мақсаднок.Ҷараёни зоҳир намудан ва баҳо додани имкониятҳои бозорӣ одатан идеяҳои нави зиёдро ба вуҷуд меоранд. Вазифаи асосии фирма интихоб намудани бозорҳои мақсаднок мебошад, яъне интихоб намудани идеяи беҳтарин аз байни идеяҳои нағзе, ки ба мақсаду захираҳои фирма мувофиқат мекунанд. Бинобар ин ҳангоми гузарондани баҳодиҳии якқатор имкониятҳои бозорӣ фирма бояд ҳисоб карда тавонад, ки тараққиёти бозори интихоб кардаашро пурра мувофиқи мақсад ва захираҳои фирма таъмин намудааст.

2. Комплекси маркетинг ҳамчун унсури назораткунандаи системаи маркетинг

Фирма ҳангоми пешниҳод намудани молаш ба бозор тайёр аст узвҳои комплекси маркетингиро ба нақша гирад.Комплекси маркетинг ин маҷмӯи омилҳоитағйирёбандаи ба назоратдодашавандаи маркетингӣ мебошанд, ки онҳоро фирма барои аз тарафи бозори мақсаднокгирифтани ҷавоби даркорӣ истифода мебарад.

Ба комплекси маркетинг ҳамаи чизҳое дохил мешаванд, ки онҳоро фирма ҳамчун имкониятҳои худ метавонад барои таъсиррасонӣ ба талаботи молашистифода намояд.Имкониятҳои зиёди мавҷударо дар чор гурӯҳҳои асосӣ мутаҳид намудан мумкин аст:

1) мол,

2) нарх,

3) методи паҳнкунӣ ва

4) иетоди ҳавасмандкунӣ.

Ҳалли ҳамаи масъалаҳои ба комплекси маркетинг алоқаманд буда бештар аз қабули фирма оид ба пешниҳоди моли конкретӣ вобаста аст. Бинобар ин ҳалли масъала оиди пешниҳоди мол ба бозор барои коркади комплекси маркетингии мақсаднок асос мебошад.

Кор оиди таҳлили имкониятҳои маркетингӣ, интихоби бозорҳои мақсаднок, коркарди комплекси маркетинг ва амалӣ намудани вай мавҷуд будани системаҳои ёрирасони идоракунии маркетингро талаб менамояд. Бинобар ин фирма барои коркард ва дар ҳаёттатбиқ намудани чорабиниҳои комплекси маркетингӣ инҳоро бояд дошта бошад:

1) ситемаи ахбороти маркетингӣ,

2) банақшагирии маркетинг,

3) ташкили хизматрасонии маркетингӣ ва

4) назорати маркетингӣ.

3.Микромуҳити маркетингии фирма

Муҳити мркетнгӣ маҷмӯи қувваҳои “ба назорат доданашавандае” мебошанд, ки бо назардошти онҳо фирмаҳо бояд комплекси маркетингии худро кор карда бароянд.

Муҳити маркетингӣ – маҷмӯи субъектҳо ва қувваҳои фаъоле мебошанд, ки берун аз ҳудуди фирма амал мекунанд ва ба имкониятҳои роҳбарияти хизмати маркетингӣ барои муқаррар намудан ва нигоҳ доштани муносибатҳои ҳамкории муваффақиятнок бо мизоҷони ба мақсад мувофиқ таъсир мерасонанд.

Муҳити маркетингӣ аз микромуҳит ва макромуҳитимаркетингӣиборат мебошад.

Микромуҳити маркетингӣ қуваҳое мебошанд, ки бо худи фирма ва имкониятҳои вай оиди хизматрасонӣ ба мизоҷон бевосита муносибат доранд, яъне таъминкунандагон, миёнаравони маркетингӣ, мизоҷон, рақибон ва аудиторияҳои алоқамандкунанда.Мақсади асосии ҳар фирма гирифтани фоида мебошад. Бинобар ин вазифаи асосии системаи идоракунии маркетинг таъмин намудани истеҳсоли молҳое ҳаст, ки аз нигоҳи бозорҳои мақсаднок қобили қабуланд. Дар навбати худ муваффақияти роҳбарияти маркетинг ҳам аз фаъолияти фирма ва ҳам аз амалиётҳои миёнаравон, рақибон ва аудиторияҳои алоқамандкунандаи гуногуни вай вобаста мебошад.

Қувваҳои таъсиркунандаизерини микромуҳити фирмароҷудо менамоянд:

1) фирма,

2)таъминкунандагон,

3) миёнаравони маркетингӣ,

4)мизоҷон,

5) рақибон,

6) аудиторияҳои алоқамандкунандаи фирма.

1.Фирма. Ҳангоми коркарди нақшаи маркетингӣ роҳбарияти хизматрасонии маркетингии фирма бояд манфиати гурӯҳҳои дохилии худи фирмаро ба ҳисоб гиранд: а) роҳбарияти олӣ, б) хизмати молиявӣ, в) хизмати тадқиқоти илмӣ ва коркардҳои таҷрибавӣ – конструкторӣ, г) хизмати маркетингӣ, д) бухгалтерия, е) истеҳсолот ва ж) хизмати таъминоти моддӣ – техникӣ.

2.Таъминкунандагон. Инҳо фирмаҳо ва шахсони алоҳидае мебошанд, ки фирмаро бо захираҳои моддии барои истеҳсол ва хизматрасонӣ зарур буда таъмин мекунанд.

3. Миёнаравони маркетингӣ. Инҳо гурӯҳи коркуноне мебошанд, ки ба фирма дар ҳаракат додан, фурӯш ва тақсим намудани молҳои вай дар байни мизоҷон ёрӣ мерасонанд. Ба инҳо дохил мешаванд: а) миёнаравони савдо, б) мутахассисон оиди ташкили ҳаракати молҳо, в) агенти оиди хизматрасонии маркетингӣ ва г) муассисаҳои молиявӣ – кредитӣ.

4.Мизоҷон.Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ фирма бояд мизоҷони худро ҳамаҷониба омӯзад. Вай метавонад дар панҷ типи бозорҳои мизоҷон иштрок намояд: а) бозори истеъмолкунандагон; б) бозори истеҳсолкунандагон; в) бозори фурӯшандагони мобайнӣ; г) бозори муассисаҳои давлатӣ ва д) бозори байналхалқӣ.

5. Рақибон.Ҳар фирма бо рақибони зиёди гуногун дучор мешавад. Чор типи асосии рақибонро ҷудо мекунанд: а)рақибони хоҳишдор, яънемехоҳанд, ки хоҳиши истеъмолкунандаро қаноатманд намоянд; б) рақибони молӣ – меросӣ, яънедигар усулҳои асосии қаноатманд намудани ягон хоҳиши конкретӣ; в) рақибони молӣ – намудӣ, яъне намудҳои дигари ҳамон моле, ки хоҳиши конкретии истеъмолкунандаро қонеъ мегардонанд; г) рақибони маркагӣ, яъне маркаҳои гуногуни ин ё он молҳое, ки метавонанд хоҳиши истеъмолкунандаро қонеъ гардонанд.

6. Аудиторияҳои алоқамандкунандаи фирма.Аудиторияҳои алоқамандкунанда гурӯҳҳое мебошанд, ки оиди ташкил ё таъсиррасонӣ ба имконияти фирма барои ба даст овардани мақсади гузошта шуда манфиати реалӣ ё потенсиалӣ зоҳир менамоянд. Ҳар фирма дар иҳотаи ҳафт типи аудиторияҳоиалоқамандкунанда амал менамояд:

1) гурӯҳҳои молиявӣ;

2) аудиторияҳои алоқамандкунандаи воситаҳои ахборотӣ;

3) аудиторияҳои алоқамандкунандаи муассисаҳои давлатӣ;

4) гурӯҳҳои шаҳрвандии амалкунанда;

5) аудиторияҳои алоқамандкунандаи маҳаллӣ;

6) оммаи васеи мардум;

7) аудиторияҳои алоқамандкунандаи дохилӣ (коркунони худи фирма).

4. Макромуҳити маркетингии фирма

Макромуҳити маркетингӣ қувваҳои иҷтимоии хеле васее мебошанд, ки ба микромуҳити фирма бо омилҳои характери зерин дошта таъсир мерасонанд:

1) демографӣ,

2)иқтисодӣ,

3) таббиӣ,

4) илмӣ – техникӣ,

5) сиёсӣ ва

6) фарҳангӣ.

1.Муҳити демографӣ. Маълум аст, ки бозорҳо аз одамон иборатмебошанд. Бинобар ин муҳити демографӣ барои онҳое, ки ба маркетинг машғуланд манфиати калон дорад. Дар ин ҳолат чунин тамоилҳои ҷиддии демографӣ ба эътибор гирифта мешаванд:

1) таркиши демографии ҷаҳонӣ;

2)паст шудани таваллуд дар ШМА ва дигар мамлакатҳои инлустриалӣ;

3) пиршавии аҳолӣ дар бисёр мамлакатҳо;

4) тағйирот дар оилаҳо, аз ҷумла дер ба ақти никоҳ даромадан, дар оилаҳо кам шудани кӯдакон, зиёд шудани шумораи талоқ, аз нисф зиёди занҳои шавҳардор кироя кор мекунанд, бисёр ҷавонон хонаи падару модарро барвақт тарк мекунанд;

5) ҳаракати аҳолӣ;

6) баланд шудани сатҳи маълумотнокӣ ва афзоиши шумораи хизматчиён.

2.Муҳити иқтисодӣ. Барои бозор дар баробари одамон қобилияти харидории онҳо низ бисёр муҳим аст. Қобилияти харидорӣ аз сатҳи даромади ҷорӣ, нарх, пасандоз, дастрасии қарз, пастравии иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, зиёдшавии арзиши қарзҳо вобаста мебошад. Вобаста ба ин бозори истеъмолкунандагонро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

1) истеъмолкунандагоне, ки ба синфи олӣ таалуқ доранд;

2) истеъмолкунандагони синфи миёна;

3) истеъмолкунандагон – синфи коргар;

4) истеъмолкунандагон аъзоёни табақаи қашоқи ҷамъият.

3.Муҳити табиӣ.Дар нимаи дуюми асри 20 тараққиёти баланди истеҳсолоти саноатӣ аҳли ҷамъиятро ба ташвиш овард, ки дар мамлакатҳои мутараққии саноатӣ вай ба муҳити табиати атроф чигуна таъсир мерасонад. Ин дар ба вуҷуд омадани чунин проблемаҳо зоҳир мегардад:

1) камчинии баъзе намудҳои ашё;

2) қимат шудани энергия ва сӯзишворӣ;

3) афзоиши ифлосшавии муҳит;

4)дахолати қатъии давлат ба ҷараёни истифода ва такрористеҳсоли захираҳои таббиӣ.

4. Муҳити илмӣ – техникӣ.Кормандони бозор бояд ба тамоилҳои зерини комплекси илмӣ – техникӣ бодиққат мушоҳида намоянд:

1) тезондани пешрафти илмӣ – техникӣ;

2) ба вуҷуд омадани имкониятҳои бе маҳдуд;

3) афзоиши маблағгузорӣ ба тадқиқоти илмӣ ва коркардҳои таҷрибавӣ – конструкторӣ;

4) баланд шудани мароқ ба ҷорӣ намудани такмилдиҳиҳои начандон калон ба молҳои алакай вуҷуд дошта;

5) пурзур намудани назорати давлатӣ барои молҳои баландсифат ва бехатар.

5. Муҳити сиёсӣ. Ин иборат аст аз идораҳои давлатии ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои таъсиррасони ҷамъиятӣ, ки ба ташкилотҳои гуногун ва шахсони алоҳида дар доираи қонунҳои ҷамъият таъсирмерасонанд. Инҳоро фарқ мекунанд:

1) қонун оиди танзими фаъолити соҳибкорӣ;

2) баланд бардоштани талаботи муассисаҳои давлатӣ, ки риояи қонунҳоро назорат менамоянд;

3) афзоиши шумораи гурӯҳҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои ҷамъият.

6. Муҳити фарҳангӣ. Дар ҳалли масъалаҳои маркетингӣ чунин омилҳои фарҳангӣ метавонанд таъсир расонанд:

1) тарафдории устувори боигариҳои фарҳангии анъанавии асосӣ;

2) фарҳангиҳои майда дар доираи фарҳанги ягона;

3) тағйиротҳои мувақатии боигариҳои фарҳангии дуюмдараҷа.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.