Тадқиқотҳои маркетингӣ ва ахбороти маркетингӣ

1. Мафҳум ва вазифаҳои тадқиқоти маркетингӣ.

2. Намудҳои тадқиқоти маркетингӣ.

3. Ҷараёни тадқиқотҳои маркетингӣ.

4. Системаи ахбороти маркетингӣ.

1. Мафҳум ва вазифаҳои тадқиқоти маркетингӣ.

Мафҳуми маркетинг дар маънои васеъ на танҳо таҳлили бозорро, балки вай комплекси чорабиниҳоро дар соҳаи тадқиқоти фаъолияти савдою фурӯш, оиди омӯзиши ҳамаи омилҳои ба ҷараёни истеҳсолот ва ҳаракати молҳо ва хизматрасониҳо аз истеҳсолкунанда то истеъмолкунанда таъсир расонандаро дар бар мегирад.Бо ёрии маркетинг роҳбарияти фирма ахбороти заруриро дар бораи он, ки истеъмолкунандагон кадом маҳсулотҳоро ва барои чӣ мехоҳанд харид кунанд, дар бораи нархҳо, ки истеъмолкунандагон тайёранд бо онҳо маҳсулоти талаб доштаашонро харид намоянд, мегирад. Бо ёрии маркетинг муайян карда мешавад, ки ба кадом намудҳои истеҳсолот, ба кадом соҳаҳо маблағ гузоштан бештар фоида меорад, дар куҷо сохтани корхонаи нав мувофиқи мақсад аст.

Маркетинг инчунин имконият медиҳад, ки истеҳсолкунанда, фирма чи тавр бояд ҷараёни фурӯши моли худро ташкил намояд, корҳои ҳаракат додани маҳсулоти навро дар бозор, сохтани стратегияи реклама ва ғ.фаҳмида тавонад, вариантҳои гуногунихараҷоти самаранок дар истеҳсолот ва фурӯши масулоту хизматрасонӣ ҳисоб карда шаванд. Инчунин муайян карда шавад, ки кадом намудҳои маҳсулоти ба истеъмолкунандагон ва дар кадом минтақа фурӯхташуда, воҳиди маблағи ба истеҳсолот, кашондан, нигоҳ доштан, реклама, фурӯш гузошта шуда бештар фоида меорад.

Тадқиқотчиёни маркетинг вазифаҳои зерини муҳимро ҳал менамоянд:

1) омӯзиши тавсифи бозор;

2) чен кардани имкониятҳои потенсиалии бозор;

3) таҳлили тақсими ҳиссаи бозор дар байни фирмаҳо;

4) таҳлили фурӯш;

5) омӯзиши тамоили фаъолнокии кордонӣ;

6) омӯзиши молҳои рақибон;

7) пешбинии кутоҳмӯҳлат;

8) омӯзиши таасурот ба моли нав ва потенсиали вай;

9) пешбинии дарозмӯҳлат; *

10) омӯзиши сиёсати нарх.

2. Намудҳои тадқиқоти маркетингӣ.

Маркетинг комплекси чорабиниҳо оиди тадқиқоти ҳамаи масъалаҳои баҷараёни истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти (хизматрасонии) фирма алоқаманд бударо дар бар мегирад. Бинобар ин намудҳои зерини тадқиқоти маркетингӣҷой доранд:

1) омӯзиши истеъмолкунанда;

2) тадқиқи сабабҳои рафтори истеъмолкунанда дар бозор;

3) таҳлили худи бозори фирма;

4) таҳқиқи маҳсулот ва намуди хизматрасонӣ;

5) таҳлили шакл ва роҳҳои фйурӯши маҳсулот;

6) таҳлили ҳаҷми гардиши моли фирма;

7) омӯзиши рақибон, муайян намудани шакл ва сатҳи рақобат;

8) тадқиқи фаъолияти рекламавӣ;

9) муайян намудани роҳҳои самараноки ҳаракати молҳо дар бозор;

10) омӯзиши бозори “холӣ” ( “ниши” ), яъне соҳаҳои фаолияти истеҳсолӣ ё тиҷоратӣ, ки фирма метавонад имкониятҳои зиёд намудани гардиши моли худро таъмин намояд.

Албатта, барои ҳар фирма вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти вай намудҳои тадқиқот ҳар хел зоҳир мегарданд. Барои муваффақиятнокии фирма дар муборизаи рақобатнок оиди гирифтани натиҷаҳои баланди молиявӣ истифодаи дурусти намудҳои гуногуни тадқиқоти маркетингӣ аҳамияти махсус дорад.

,

3. Ҷараёни тадқиқотҳои маркетингӣ.

 

Тадқиқотҳои маркетингӣ ин ба таври системавӣ муайян намудани маҷмӯи маълумотҳое мебошанд, ки барои ҳолатҳои маркетингии фирма, таҳлил ва ҳисобот дар бораи натиҷаҳои маркетингӣзаруранд. Чандин роҳҳои гузарондани тадқиқотҳои маркетингӣҷой доранд.

1.Фирмаҳои хурдметавонанд ду роҳро пеш гиранд: а)барои гузарондани тадқиқот донишҷӯён ё муаллимони маҳалии мактабҳоро хоҳиш намуда ҷалб намоянд; б) метавонанд барои гузарондани тадқиқот ташкилоти махсусгардондашударо киро намоянд.

2. Бисёр фирмаҳои калону азим худашон шӯъбаҳои тадқиқоти маркетингӣ доранд. Кормандони шӯъба мутахасисони соҳаҳои гуногун шуда метавонанд ( иқтисодчӣ, омор, сотсиолог, моделиронӣ ва ғ. ), ки онҳо ҷараёнитадқиқоти маркетингиро бо муваффақият таъмин менамоянд.

Ҷараёни тадқиқотҳои маркетингӣ 5 марҳилаҳои асосиро дар бар мегирад:

  1. зоҳир намудани проблемаҳо ва маънидоди мақсадҳои тадқиқот;
  2. интихоб кардани манбаъҳои ахборот;
  3. ҷамъ кардани ахборот;
  4. таҳлили ахбороти ҷамъ карда шуда;
  5. пешниҳоди натиҷаҳои гирифташуда.

1.Зоҳир намудани проблемаҳо ва маънидоди мақсадҳои тадқиқот.Дар навбати аввал муайян намудани проблемаҳо ва мувофиқа намудани мақсадҳои тадқиқот зарур аст. Беҳуда намегуянд, ки “ нағз муайян кардани проблема – ин алакай нисфи роҳ ба ҳалли вай мебошад”. Масалан, барои таъмин намудани муваффақият дар кори намудҳои нақлиёт ду проблемаро зоҳир мекунанд:

  1. чӣ тавр мизоҷ барои худ намуди нақлиётро интихоб мекунад;
  2. чӣ тавр ба истифодабарии намуди нақлиёт мизоҷони зиёдро ҷалб кардан мумкин аст.

Баъди ин ифода намудани мақсадҳои тадқиқот даркор аст. Мақсадҳоитадқиқот инҳо шуда метавонанд: а) ҷуяндагӣ, б)тавсифӣ ва в)таҷрибавӣ.

Пас аз он маънидод кардани мақсадҳои тадқиқот ва гузарондани дигар марҳилаҳо барои гирифтани натиҷаҳои баланди тадқиқоти маркетингӣ муҳим мебошанд.

2. Интихоб кардани манбаъҳои ахборот.Намуди ахбороти фармоишгар ҳавасманд буда ва роҳҳои аз ҳама самараноки ҷамъ оварданивайро муайян намудан зарур аст. Тадқиқотчӣ метавонад маълумотҳои дуюмдараҷа ва якумдараҷаро ё ин ва онро дар як вақт ҷамъ оварад.

Маълумотҳои дуюмдараҷа – ахборотҳое мабошанд, ки алакай дар ҷое вуҷуд доранд, яъне пештар барои дигар мақсадҳо ҷамъ оварда шудаанд.

Маълумотҳои якумдараҷа – ахборотҳое мебошанд, ки барои ягон мақсади конкретӣ аввалин маротиба ҷамъ оварда шудаанд.

Тадқиқотро одатан аз ҷамъ овардани маълумотҳои дуюмдараҷа сар мекунанд. Манбаъҳои маълумотҳоиасосии зеринро ҷудо мекунанд:

дохилӣ (ҳисоботҳо оиди фоида ва зарар, ҳисоботҳои балансӣ, нишондиҳандаҳои фурӯш, ҷадвалҳои баҳисобгирии арзишҳои молӣ-моддӣ, ҳисоботҳо оиди тадқиқотҳои пешина);

берунӣ (нашрияҳои муассисаҳои давлатӣ, даврагӣ, китобҳо, хизматрасониҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ).

Нақшаиҷамъ овардани маълумотҳои якумдараҷаинҳоро дар бар мегирад:

1) методҳои тадқиқот(мушоҳида, таҷриба, пурсиш);

2) олотҳои тадқиқот(анкета,тартиботи механикӣ);

3) нақшаи тартиб додани интихобкунӣ (интихобкунии алоҳида, ҳаҷми интихобкунӣ, маросими интихобкунӣ) ва

4) усулҳои алоқакунӣ бо аудиторияҳо(телефон, почта, алоқаи шахсӣ).

3. Ҷамъ кардани ахборот.Ин марҳилаи аз ҳама гарон ва хатоҳои хатарнок доштаи тадқиқоти маркетингӣ мебошад. Ҳангоми гузарондани пурсиш якбора чор проблемаҳои калон ба вуҷуд меоянд.

Якум, ҳангоми пурсиш баъзе пурсидашавандаҳо метавонанд на дар хона ва на дар ҷои кор бошанд. Бинобар ин лозим меояд, ки бо онҳо боз такроран алоқа карда шавад.

Дуюм,дигарон метавонанд аз иштирок кардан дар пурсиш даст кашанд.

Сеюм,гурӯҳи дигарон метавонанд боғаразона ва носамимона ҷавоб диҳанд.

Чорум,худи пурсиш гузаронанда метавонад ғаразнок ва носамимона бошад.

Ҳангоми гузаронданитаҷриба тадқиқотчиён бояд мушоҳида кунанд, ки назоратчиён бо иштироки худ ба гурӯҳи таҷрибавӣ таъсири манфӣ нарасонанд.

4. Таҳлили ахбороти ҷамъ карда шуда. Марҳилаи дигараз маҷмӯи маълумотҳои гирифта шуда ахборот ва нитаҷаҳои муҳим гирифтан мебошад. Бо ин мақсад тадқиқотчӣ бо ёрии методҳои статистикии муосир ва истифодаи ҳалли моделҳо натиҷаҳои дилхоҳро соҳиб мешавад.

5. Пешниҳоди натиҷаҳои гирифташуда.Барои қабули қарори маркетингии дуруст ба роҳбарияти фирма бояд натиҷаҳои асосӣ пешниҳод карда шаванд.

4. Системаи ахбороти марктингӣ.

Қариб дар ҳар қадами ҷараёни таҳлил, банақшагирӣ, амалӣ намудан ва назорати фаъолияти чорабиниҳои маркетингӣ ахборот дар бораи мизоҷон, рақибон, дилерҳо ва дигар қувваҳои дар бозор амал кунанда талаб карда мешавад. Ҳозир се тамоили зарурияти гирифтани ахбороти маркетингии васеъ ва хушсифат пурзур шудааст:

1.Гузариш аз маркетинг дар сатҳи маҳал ба маркетинг дар миқёси умумимиллӣ.

2.Гузариш аз эҳтиёҷоти харидорӣ ба талаботи харидорӣ.

3.Гузариш аз рақобати нархӣ ба рақобати ғайринархӣ ( ба мисли ба молҳо гузоштани номгуи маркаҳо, индивидуализатсияи молҳо, реклама ва ҳавасмандкунии фурӯш ).

Ба ахбороти маркетингӣ ҳарчи бештар талабот ҷой дорад ва нарасидани вай ҳамеша ҳис карда мешавад. Бинобар ин барои ҳалли ин проблема бисёриҳо махсус системаи ахбороти маркетингиро кор карда мебароянд.

Ахборотро бо ёрии чор системаи ёрирасонҷамъ ва таҳлил менамоянд, ки онҳо дар маҷмӯъ системаи ахбороти маркетингиро ташкил медиҳанд:

1) системаи ҳисоботҳои дохилӣ;

2) системаи ҷамъ намудани ахбороти маркетингии берунаи ҷорӣ;

3) системаи тадқиқотҳои маркетингӣ; .

4) системаи таҳлили ахбороти маркетингӣ.

Ахборотҳо ба дасти идоракунанда оиди маркетинг меоянд. Онҳо дар гузаронидани таҳлил, банақшагирӣ, дар ҳаёт тадбиқ намудан ва назорат намудани истифодаи чорабиниҳои маркетингӣ ёри мерасонанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.