Моҳият ва вазифаҳои менеҷменти байналмиллалӣ

Нақша:

  1. Мафҳум ва масъалаҳои менеҷменти байналмиллалӣ.
  2. Менеҷменти миллӣ ва сохтори он.
  3. Вазифаҳои менеҷменти байналмилалӣ.
  4. Мафҳум ва моҳияти менеҷменти байналмиллалӣ.

Менеҷменти байналмиллалӣ –яке аз намудҳои асосии менеҷмент ба ҳисоб рафта, мақсади асосиаш рушд ва истифодабарии афзалиятҳои рақобатпазирии фирма аз ҳисоби имкониятҳои ба роҳ мондани бизнес дар мамлакатҳои гуногун ва истифодаи имкониятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ ва мадании ин мамлакатҳо мебошад. Дар маҷмӯ гуфтан мумкин аст, ки менеҷменти байналмиллалӣ – ин идоракунии ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти байналмилалии ширкатҳои фаромилалӣ мебошад.

Дар замони мо бурдани фаъолияти бурунмарзӣ, xустуxeи имконоти фоидагирӣ дар бозори xаҳонӣ шакли uайриодии менеxмент набуда, зарурияти ҳатмии тамоми намуди соҳибкорӣ мебошад. Чунин як талабот сабабҳои зерини худро дорад:

  • имконоти бурдани фаъолияти фоиданоки соҳибкорӣ дар ҳудуди як давлат маҳдуд мебошад;
  • гуногун будани базаи захиравӣ, ашёи хоми давлатҳо, фарқи калон доштани нархҳо, шароити хуби мубодилаи байниякдигариро пайдо месозад;
  • фарқияти калони байни миқдор ва сифати қувваи коргарӣ, малакаи дониш ва музди меҳнати аслии онҳо дар давлатҳои гуногун имкон медиҳад, ки ин омилҳоро ҳамчун сарчашмаи асосии гирифтани фоида истифода намоянд;
  • мавxуд будани миқдори зиёди давлатҳо ва халқҳои қафомонда имкон медиҳанд, ки ин бозорро барои фурeши маҳсулоти технологияи баланд истифода кунанд;
  • инкишофи паст доштани соҳаи хизматрасонӣ ва афзоиши талабот ба маҳсулот ва хизматҳои беҳтар кардани ҳаёт, ба фаъолияти иқтисодии байналхалқӣ имкон медиҳад, ки ояндаи фаъолияти худро ба ин тараф равона созанд;
  • ояндаи фаъолияти байналхалқӣ боз дар он зоҳир мегардад, ки дар бозори xаҳонӣ молҳои хусусияти миллӣ дошта, мавқеи баланд доранд ва мувофиқи мақсад аст, ки агар онҳоро дар ватанашон истеҳсол карда дар хориxа мефурeхтанд.

Сохтори принсипиалии менеҷменти байналмиллалӣ ба сохтори миллӣ (ё менеҷменти мамлакатҳои дигар) монанд мебошад ва ба худ 5 масъалаи зеринро дарбар мегирад.

Тадқиқотбарӣ, таҳлил ва баҳодиҳии муҳити беруна и бизнес ва муҳити дохилии корхона;

Раванди алоқа ва қабули қарор (ҳамчунин модел ва усулҳо);

Асоси функсияҳои идоракунӣ (банақшагирии стратегӣ ва амалигардонии стратегия, бунёди корхона, мотиватсия, назорат ва мутобиқоткунӣ);

Саволҳои гурӯҳӣ ва идоракунӣ

Саволҳои фаъолияти самарабахши фирмаҳо (идоракунии коргарон, истеҳсолот, маркетинг, идоракунии ҳосилнокӣ дар умум)

Хусусияти миллию мадании мамлaкатҳои ҳамкор ва тиҷорати байналхалқӣ. Ин муносибатҳо дар асоси таъсири анъанаҳо ва урфу одати миллӣ, дину оин, хoҳишу дархости мардуми ин давлатҳо сурат мегирад. Надонистани хусусиятҳои миллӣ монеаи калон барои фаъолияти соҳибкорӣ мегардад. Соҳибкор бояд донад, ки олмониҳо дар хӯроки нисфирӯзӣ хӯроки якум намехӯранд, ё кореягиҳо гушти саг мехӯранд, Ё худ хосияти хоси рафтори мардони франсуз он аст, ки онҳо аз занҳо дида ду маротиба атр зиёд истифода мекунанд. Ё номи мошинаи «Жигулӣ» дар забони франсавӣ «Жиго – оворагард, ё xангара»-ро дорад.

Инчунин идоракунии махсуси бизнеси байналмиллалӣ бо маштабҳои ҷойдошта базаи бевоситаи маълумотҳои дигар талаб карда мешавад. Мушкилотҳои азхудкунӣ ва донистани забонҳо ва таъмини профисианалии идоракунии қарорҳо мебошад. Муҳити дохилии фирма бошад, дар ин ҷо ҳам мушкилотҳо ва ҳам фарқият бо ҳамон муҳити байналмиллалӣ муайян карда мешавад. Аммо намуди берунаи ин корхонаҳо котегорияи муайянкунӣ ба монанди мақсад, сохтор , тақсими мӯҳлат дар дохили фирма, координатсия ва ҳам параметрҳои технологӣ ба худ фарқиятҳои зиёд аз модели миллӣ надорад, лек ҳамаи он ба асоси таъалуқ доштаи одамон, талаботҳои он, фаҳмидагирӣ, интизорӣ, мақсади рафтор, дар ин ҷо лозимии бақайдгирии омилҳои миллӣ-фарҳангӣ ба вуҷуд меояд.

Масъалаи мушкил барои менеҷменти байналмиллалӣ ин ҳамбастагии глобалӣ ва маҳаллӣ бар фаъолияти фирма наздик мебошад, инчунин, дурустии ташкилёбӣ ва тарқаиёти рафтори фирмаҳо дар умум бо шаҳр ва ноҳияҳое, ки зиндагӣ мекунанд, алоқаманд мебошад. Дар ҳолатҳои бисёр, вақте, ки муносибати глобалии фаъолият ва тарақиёти фирмаҳо чунин ҳалро аз сардори он талаб мекунанд, ки бо пешниҳодҳо доир ба ҳокимият ва аҳолӣ (масъалан маҳкамкунии корхонаҳои маҳаллӣ) дошта рост намояд.

Бе ѓайр аз ин, садорати фирмаи байналмиллалӣ маҷбур аст ҳалли масъалаҳои комплексӣ, ки бо қайди сиёсӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, асъорӣ, хатари крименалӣ дар шаҳрҳои гуногун пайваст аст, қабул намояд.

Менеҷменти миллӣ ва сохтори он.

Фарқияти менеҷменти байналмилалӣ аз миллӣ дар рафтори одамон, арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳо, расму оинҳо, забон в дигар афзалиятҳои миллӣ намудор мегардад. Мушкилотҳо дар менеҷменти байналмилалӣ дар раванди идоракунии коргарони фирмаҳои байналмиллалӣ, махсусан дар масъалаҳои мативатсионӣ ва назорат ба чашм мерасанд, аз сабаби оне, ки махсус дар инҷо хислатҳои фарҳангӣ бисёртар мавҷуд будани худро нишон медиҳад. Масъалаи ҳамдигарфаҳмӣ ва коммуникатсия фарҳанги миллии гуногунро намояндагӣ менамояд ва ширкатҳои фаромилаллӣ « кросс-фарҳангӣ» «cқoss-cultuқ» номида мешавад.

Масъалаҳои полярӣ (минтақавӣ)-ин модели аниқи ѓарбӣ, ки дар он гурӯҳҳои нофорамӣ реаксия якбора ба талаботҳои шахсии қонеънашуда ва модели Японӣ, ки дар гурӯҳ-қисми асосии сохори фирмаи иҷтимоӣ ва сохтори ҷомеъа дар умум мебошад. Дар ин фикр он чизе, ки дар айни замон барои Ҷануб объекти гуфтушуниди зинда мебошад (нақш ва аҳамияти меъёри гурӯҳ, фикру ақидаи гурӯх ва ѓайра), барои Шарқ ин масъала пеш роҳи ҳалли худро ёфт. Барои ҳамин ҳамбастии ин фикрҳо ва аз худкунии он ба хусусиятҳои фарҳангӣ зерқисмҳои миллӣ наон қадар оддии менеҷменти байналмиллалӣ мебошад. Худи ҳамон ҳам ба саволҳои ҳукуматдорӣ, пешвоӣ ва иштироки узви коллектив дар ҳалли масъала таалуқ дорад. Дар қутбҳо ба ин савол идоракунии демократӣ ва авторитарӣ ёфт мешавад.

Ҳамин тарзи таъсиррасонӣ қариб дар ҳама намуди фарҳангӣ Осиё б осину сол аниқ мешавад, дар замоне, ки ба монанди моделҳои шарқ таъсири ин фактор муътадил бошад, инчунин метавонад аспектҳои муқобил дошта бошад.

Фарқияти ноайён ҳам дар рафтори нақш ҳам таъмири анъанаҳо вуҷуд дорад, ки қисми асосии дилхоҳ фарҳанг мебошад. Дар ин фикру ақида фарҳанги Амрико ва Япониҳоро санҷидан лозим аст. Дар асоси фарҳанги Амрикоӣ анъанаи ахлоқи протестантӣ ҷой дорад, принсипҳои демократии шарқ ва бозори озод, ки ҳаракти он шакли базавии рафтории милли мебошад. Бо чунин тарз метавонем оиди модели японӣ низ гӯем-инқадар эҳтиёткорона нигоҳ доштани анъанаҳо ва пайравӣ ба корхонаҳои сохти миллӣ. Аммо ҳар ду миллат пешравиҳои куллӣ дар тарақиёти илимӣ-техникӣ пешрафта дорад. (махсусан Японҳо), яъне анъанапарастӣ халал намерасонад, балки ёрӣ мерасонад, дар навбати худ нақши полоишро мебозад. Ҳамаи дастовардҳои одамро аз дилхоҳ соҳа (илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ѓайра) гирифта шуда, бо пуррагӣ аҳамияти онро ба фарҳанги мили ва махсусан тавоноии он ба шаклдигаркунии ҷидди назорат карда мешавад. Қайд намудани аҳамияти ҷиддии анъанаҳо барои менеҷменти байналмиллӣ аз тарзе, ки «таъсиррасонӣ ба анъанаҳо» балки ҳатман баҳо дода шавад ё пешгӯи кардан даркор, ки то чӣ қадар ин ё он рафтор дастгирии анъанаҳои маҳалӣ мешавад, ё бартарафии нисбати он, ё норозогии байён мешавад (дар ин ҳолат ҳама кӯшишҳо бояд ба камшавии норозигиҳо расонад).

Аз гуногунии анъанаҳо дар рафтори фарқияти байналмиллалӣ ва рафтори гуногун бар дигаркунии институтсионӣ бар меояд. Агар фарҳанги Ѓарб бо фикру ақидаи «дигаргуни дар он ҳолат хуб ҳисобида мешавад, ки он ба иҷрокунандагон фаҳмо ва қабул шудааст», лек дар дигар фарҳанг – ин ҳамчун «дигаргуни дар он ҳолат фоиданок ҳисобида мешавад, ки садорати корхона боварӣ дошта бошад» (кори коргарон бар муҳокима нест, балки танҳо бар иҷрои фармошҳо). Дар фарҳанги менеҷменти Японҳо бошад нияти додугирифти маълумотҳои бошиддат байни сатҳи идоракунии шарқӣ барои баровардани ҳалли ҷидди дар намуди модели миллии менеҷмент аст, мебошад.

Боз як намуди фарқияти фарҳанги миллӣ, ки бояд менеҷери байналмиллалӣ ба ҳисоб гирад, ин наздикшавӣ ба баҳодиҳии фаъолияти бадастоваррдаи коргар мебошад. Дар фарҳанги Ѓарб барои шаҳрҳои гуногун бурдборӣ, дастовардҳо ва баҳодиҳии ратсионалии коргарон дар раванди идоракунии фаъолияти корхона нақши асосиро мебозад. Дар масъалаи фарҳанги Осиё, бештар нақши дастовардҳо ва бурдбориҳои шахсӣ , ҳамчун долелнокии кори басамар ҳисобида мешавад. Вале дар инҷо фарқият хело калон: масъалан, дар қолаби фарҳанги Ҳиндустон нақши хело муҳимро дастовардҳои дарунӣ мебозад, ё худ такмилдиҳии шахсӣ, дар фарҳангӣ Японӣ бошад ба ҷои дастоварди шахси хело хоксор, баҷои иштироки коргар бар бурдбориҳои ба дастомади гурӯҳҳо бештар аҳамият медиҳанд. Амма, агар менеҷменти байналмиллалӣ бо ин усул дар шароитҳои гуногуни фарҳангӣ кор кунад, он дар қарори ҳолатҳо аз таъсирнокӣ дур натиҷаҳои назаррас мегирад.

Ҳамин тариқ, сифати асосии менеҷменти байналмиллалӣ дар бақайдгирии лозима ва исифода дар идораи корхонаҳо сифати фарҳангии коллективи милии гуногун барои дастовардҳои сифатӣ ва бурдбориҳо асос ёфтааст.

Вазифаҳои менеҷменти байналмиллалӣ.

Дар чорчӯбаи мақсаднокии менеҷменти байналмиллалӣ ҳамаи масъалаҳои онро ба 5 гурӯҳ ҷудо менамоем:

  1. Азхудкунии комплексӣ, таҳлил ва баҳодиҳии муҳити берунаи бизнеси байналмиллалӣ дар ҷустуҷӯи манфиатҳо ва баамалбарории сарчашмаҳо афзалиятҳои рақобатпазирии фирма.
  2. Таҳлили амиқ ва баҳодиҳии фонди фарҳангӣ дар ҳар мамлакати фаъолияткунанда ва истифодаи имкониятҳои мамлакати мазкур дар ҳолати коркарди қарорҳои стратегӣ, тактикӣ ва оперативӣ .
  3. Баҳодиҳӣ, интихоб ва истифодаи таҷрибавии ташкилӣ, дар чорчӯбаи равандҳои фирмаҳои мамлакатҳои тарақиёфта роҳбари намояд, бо он, ки таъсири ниҳоят калони истифодаи потенсиалии иқтисодӣ ва тавоноии ҳуқуқии шаҳри истиқоматкунанда мебошад.
  4. Бавуҷудоӣ ва тарақиёти коллективи бисёрмиллатаи фирма ва зерқисмҳои он дар шаҳрхои вуҷуддошта, инчунин дар шаҳрҳои истиқоматкунандаи манфиатҳои аз ҳад зиёди истифодаи потенсиалии коргарони шахсӣ, тавоноии коллективҳои алоҳида ва асоси бисёрмиллата аз ҳамкории дарунии фирма мебошад.
  5. Кофтукоб, тарақиёт ва истифодабарии асосии тавоноии гуногуни ҷойгиршавии бизнеси байналмиллалӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва функсионалии гуногун.

Фаҳмидан мумкин аст, ки сатҳи хусусияти байналмиллалӣ дар ҳар як 5 вазифаҳаои ҷудошуда асосан гуногунанд, ва зиёда аз ин дигаршавии кули ҳангоми дар дохили як вазифа дигар шудан, инчунин аз саволи аниқ вобастагӣ дорад, ки дар чорчӯбаи он дида мешавад.

Ин хусусият ба нуқтаи максимум расида, дар масъалаи дуюм (ба ҳисобгирии фонди фарҳангӣ), лекин он мутанносибан мӯътадил дар соҳаи баҳодиҳӣ ва интихоби шаклҳои корхона бошад. Намуди дар боло зикршуда, муайянкунии вазифаҳои менеҷменти байналмиллалӣ муайян кардан мумкин аст. Вай бояд:

  1. Хусусияти бо кадом усул идора карданро брояд фаҳмад, яъне худи бизнеси байналмиллалӣ ва аз ин дуршуда, аниқии ҷалбкунии фирмаи худро дар биснеси байналмиллаӣ муайян намояд, ки барои сатҳи тарақиёти фирмаи мазкур оптималӣ мебошад.
  2. Аз нигоҳи мутахассис аз назар гузаронидани тавоноии фирма аз нуқтаи назари бизнеси глобалӣ, яъне муайянкунии стратегӣ, ки чанқадар масъалан глобализатсияи технологӣ метавонад бар асоси воридшавии бизнеси байналмиллӣ кӯмак расонад;
  3. Боварӣ кардан ва тарафдори фаъоли наздикшавии фарҳангӣ, яъне бо тамоми нозукӣ аз худ намудани омилҳои фарҳангӣ дар баландшавии асосии идоракунии бизнеси байналмиллалӣ мебошад.
  4. Қабули ҳамаи масъалаи фикршуда, оиди ҳасмбастии оптимумҳои глобалӣ ва локалӣ дар фаъолияти фирмаи байналмиллалӣ.
  5. Дуруст ва оқилона истифода бурдани менеҷменти модели миллии худ, азхудкунии он бар сифати бизнеси байналмиллалӣ мебошад.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.