Менеҷменти байналмиллалӣ дар шароити глобализатсияи иқтисодӣ

Нақша:

  1. Тамоюлҳои асосии глобалии иқтисодӣ.
  2. Омилҳои асосии глобализатсияи бизнеси байналмиллалӣ.
  3. Стратегияи арзишӣ.
  4. Тамоюлҳои асосии глобалии иқтисодӣ.

Бо саршавии нави ҳазорсолаҳо баҳодиҳӣ шавқовар аст, чӣ қадар дунё пеш рафтааст ва чӣ навигариҳои иқтисодиёти глобалӣ барои бизнеси байналмиллалӣ мерасонад.

Глобализатсияи иқтисодӣ ду нишондодҳои асосӣ дорад:

  1. Глобализатсияи бозор
  2. Глобализатсияи истеҳсолот

Глобализатсияи бозор – раванди якҷояшавии алоҳидаи таърихӣ бар сарҳадҳои миллии бозор дар муҳити умумии бозори глобалӣ мебошад.

Глобализатсияи истеҳсолот –раванди паҳншавии истеҳсолоти беруна аз чорчӯбаи мамлакатҳои алоҳида ва диверсифисиатсияи он байни шаҳрҳои гуногун бо мақсади истифодаи тавоноии миллӣ бо нархи хароҷот ва сифати омилҳои истеҳсолӣ мебошад.

  1. Омилҳои асосии глобализатсияи бизнеси байналмиллалӣ.

Сабабҳои сиёсии

– зиёдшавии нақши корхонаҳои байналмиллаӣ, ки бозори байналмилларо назоратменамояд (ВТО, МВФ, гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ);

-ташкили гурӯҳҳои интегратсионӣ (ЕС, NAFTA, ACEAN, MEPKOCYҚ);

-камшавии монеъа дар савдои байналмиллалӣ ва табдилдиҳии хориҷӣ;

-раванди приветизатсиякунӣ;

-зиёдкунии миқдори мамлакатҳои демократӣ;

Омилҳои иқтисодӣ

Глобализатсияи бозорҳо, нархҳо, рақобатпазирӣ ба корхонаҳо истеҳсолотро дар шаҳрҳое, ки хароҷоти истеҳсолашон кам имконият медиҳад.

Омилҳои технологӣ

  • Техгнологияи телекоммуникатсионӣ, шабакаи интернет имконият медиҳад ба тезшавии муносибатҳои байниҳамдигарӣ;
  • раванди додугирифти маълумотҳо ва алоқаи наздикро бо истеъмолкунанда зиёд намояд.
  • рекламакунии маҳсулот дар шаҳрҳои гуногун.
  • координатсикунии истеҳсолот ва тарақиёти маҳсулот ва хизматрасонӣ дар филиалҳои хориҷӣ
  • интенсификатсияи Е-коммерсионӣ

Дар шароити ҳозиразамони иқтисодиёти глобалӣ фомилҳои зиёд вуҷуд дорад, ки барои тарақиёти муҳити бизнеси байналмиллалӣ таъсир мерасонад.

Омилҳои назоратшаванда:

  • -омили истеҳсолот
  • – ҳаҷмҳои истеҳсолот
  • – маркетинг
  • -иқтисодӣ
  • -кормандон

Омилҳои назоратнашаванда:

  • нишондодҳои микроиқтисодӣ (ВНП, ВНП-барои ҳар як нафар, харҷи як маҳсулот, ҳаққи хароҷоти истеъмолкунда дар маҳсулоти асосии истеъмолшаванда).
  • молиявӣ (маблаѓи фоизӣ, андозҳо, сатҳи беқурбшавии пул);
  • рақобатпазирӣ (миқдор ва намудҳои рақибон, мавқеи онҳо, ҳисса дар бозор);
  • дистрибутсия (шӯъбаҳо ва филиалҳои миллӣ ва хориҷӣ барои фурӯши маҳсулот ва хизматрасонӣ);
  • сиёсӣ (усули идоракунӣ, тартиботи маъмурӣ-минтақавӣ, ҳизбҳо, ташкилотҳои хориҷӣ);
  • иҷтимоӣ –демографӣ (зиччии тақсимоти аҳолӣ, ҳайати ҷинсиву синну сол , сатҳи музди меҳнат);
  • фарҳангӣ –иҷтимоӣ (анъанаҳо,расму русумҳо, миллатҳо ва нажодҳо, динҳо);
  • меҳнатӣ (тахассус, малакаҳо, муносибат ба меҳнат);
  • технологӣ (дастрас будани технологияи муосир, алоқаҳо ва телекоммуникатсияҳо, Интернет).

Стратегияи арзишӣ

Стратегияҳои арзишӣ – интихоби асоснок аз байни якчанд вариантҳои нарх (ё номгӯи нархҳо), ки барои дастовардҳои баланди (меъёрӣ) даромад барои ширкат дар бозор дар чорчӯбаи марҳилаи ба нақша гирифташуда равона шудааст, мебошад. Стратегияҳои арзишӣ ба зергурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  • -нархгузории дифференсиалӣ(тафриқавӣ).
  • -нархгузории рақобатпазирӣ;
  • -нархгузории ассортиментӣ.

Стратегияҳои нархгузории дифференсиатсияшуда дар харидорҳои ҳархела ва имконияти фурӯши як маҳсулот бо нархи ҳаргуна асос ёфтааст.Ба стратегияҳои нархгузории дифференсиалӣ дохил мешаванд:

  • арзонкунии стратегияи арзишӣ дар бозори дуюм асос ёфтааст дар хусусиятҳои хароҷоти доимӣ ва ивазшаванда. Дар нархгузории дифференсионӣ ё стратегияҳои арзонкунӣ дар бозорҳои дуюми де- мографӣ (масалан,донишҷӯён, кӯдакон, нафақахӯрҳо) ифода ёфтааст;
  • стратегияи арзишии арзонкунии марҳилавӣ асоснок шудааст дар хусусиятҳои талаботи категорияҳои гуногуни харидорон. Хангоми пастшавии муваққатӣ ва марҳилавии нархҳои маҳсулоти мӯдшудаи ѓайримавсимӣ, тарифҳои туристии ѓайримавсимӣ ,нархи чиптаҳои намоишҳои рӯзона (спектаклҳо), нархи моделҳои кӯҳнашуда истифода мешаванд. Принсипи асосии стратегияҳо чунин аст: хусусияти пастшавии нархро дар вақташ пешгӯӣ кардан мумкин аст ва он ба харидорон маълум аст;
  • стратегияи арзишии «арзоншавии ногаҳонӣ» ба хароҷотҳои ҷустуҷӯӣ такя мекунад. Хамин тариқ, ширкат кӯшиш менамояд миқдори харидоронеро, ки аз пастшавии нархҳо огоҳанд ё огоҳ нестанд, зиёд намояд.
  • стратегияҳои нархгузории рақобатпазирӣ дар асоси рақобатпазирии ширкат ба воситаи нарх сохта мешаванд.
  • стратегияҳои нархгузории ассортиментӣ онгоҳ қобили қабул ҳастанд, агар ширкат маҳсулотҳои монанд,алоқаманд ё ивазшаванда дошта бошанд. Ба стратегияҳои нархгузории ассортиментӣ дохил мешаванд:
  • стратегияи арзиши «маҷмӯъ» ҳангоми талаботи нобаробар ва ивазнашаванда истифода мешавад;
  • стратегияи маҷмӯи омехта – маҷмӯъ мувофиқи нархи пасттар аз элементҳои он пешкаш карда мешавад. Хамчун намунаҳои стратегияҳои мазкур чиптаҳои мавсимӣ, ѓизоҳои маҷмаавӣ, маҷмӯи стереоаппаратураҳо ва деталҳои маҷмаавии мошинҳо ҳисобида мешаванд;
  • стратегияи арзишии «комплект» (маҷмаа)»-асос ёфтааст дар баҳоҳои гуногуни харидорони як ё якчанд маҳсулоти ширкат;
test

Добавить комментарий