Усулҳои воридшавӣ ба бозори хориҷӣ

Нақша:

  1. Усулҳои воридшавӣ ба бозори хориҷӣ.
  2. Интихоби модели воридшавӣ.
  3. Литсензиякунонӣ.
  4. Усулҳои воридшавӣ ба бозори хориҷӣ.

1.Саволҳои пешакӣ зимни қабули қарор оид ба воридшавӣ ба бозори хориҷӣ.

Ҳалли масъала дар бораи воридшавӣ ба бозори хориҷӣ бо се вазифаи бо ҳам алоқаманд муқаррар мешавад:

  1. қабули қарор дар бораи воридшавӣ ба бозори хориҷӣ(кай ва ба кадом миқдор);
  2. интихоби модели воридшавӣ;
  3. механизми содирот.

Масъалаҳои дар боло зикршударо дида мебароем. Пеш аз ҳама, ширкат бояд қарори ба бозори хориҷӣ воридшавиро аниқ муайян кунад. Интихоби бозори мушаххаси аз байни 188 давлат-аъзоёни СММ ба назар дошта шудааст,ки имкон медиҳад мақсаду вазифаҳои потенсиалиро татбиқ намояд ва тавозунро ба даст орад. Яке аз нишондодҳои асосии диққатҷалбкунии бозор ҳаҷми бозор ва қобилияти харидкунии гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ мебошад.

Вақти воридшавиро бояд қайд намуд- пеш аз ҳама (бо воридшавии аввали маҳсулот ба бозори хориҷӣ алоқамандӣ дорад) ё навбатӣ ( дуюмӣ, сеюмӣ ва ѓайра).

Бартариҳои воридшавии аввалӣ:

  • набудани рақибон,имконияти истифодаи брендҳои нав;
  • имконияти сохтани доираи истеъмолгарон;
  • сохтани имиҷи ширкат ва барқароркунии алоқаҳои иҷтимоӣ

Камбудиҳои воридшавии ибтидоӣ:

  • зарурати сарфаи вақт барои омӯзиши бозори потенсиалӣ;
  • агар ширкати саноатӣ воридшави ибтидоиро ба вуҷуд меорад,ки барои мамлакат намуди нави истеҳсолотро ташкил медиҳад;
  • ширкат барои ширкатҳои дигар истеъмолгаронро омода месозад;
  • лозим меояд душвориҳои адаптатсияи ширкатҳои хориҷиро паси сар кард;
  • дигаргунии мураттабии давлатӣ зери таъсири воридшавии истеҳсолгарони хориҷӣ дар бозор;

Масштабҳои воридшавӣ бо масштабҳои забти бозорҳои хориҷӣқамандӣ доранд,ки муқоисаи сатҳ ва ҳаҷми захираҳо зарур аст.ҳаҷми захираҳои ибтидоӣ новобаста аз масштабҳои воридшавӣ бояд якхела бошанд.

  1. Интихоби модели воридшавӣ

Якчанд моделҳои воридшавӣ вуҷуд доранд: содирот, кор бо иҷозатномаҳои литсензионӣ, франчайзинг, корхонаҳои муштарак ва барпо кардани филиалҳо дар хориҷа, алянсҳои (иттиҳодияҳои) стратегӣ, ки ҳар яки онҳо камбудӣ ва бартариҳои худро дорад.

Содирот – яке аз модели аввалини воридшавии маъмули ширкат ба бозорҳои хориҷӣ мебошад. Ин дар навбати худ ба мустақим ва ѓайримустақим ҷудо мешавад:

Мустақим (ҳангоми фурӯши бевосита ба истеъмолгарони хориҷӣ) Ѓайримустақим(фурӯш ба хориҷа бо кӯмаки миёнаравон).

  1. Литсензиякунонӣ

Литсензия (лот.licentia-ҳуқуқ,иҷозат)

Литсензиякунонӣ– cозишномае, ки мувофиқи он литсензиар(литсензиядиҳанда) ҳуқуқи истифодаи моликияти ѓайримоддии худро ба литсензиат( литсензиягиранда) кафолат медиҳад, моликияти ѓайримоддӣ дар шакли патентҳо, ҳуқуқи муаллифӣ, маркаҳои савдоии ихтироъ, дизайн ва дигарҳоро дар бар мегирад. Созишномаи литсензионӣ ба литсензиат ҳуқуқҳои кафолатдорро пешкаш мекунад барои истифодаи активҳои ѓайримоддӣ.

Агар литсензиат маҳсулотро бо истифодаи бренди литсензиар фурӯшад, литсензиар ҳуқуқи барқарор кардани назорати стратегиро дорад.Барои паст кардани таваккал созишномаи кросс-литсензионӣ истифода мешавад.Вақти пешкаш намудани литсензияи ҳуқуқи истифодаи активҳои ѓайримоддӣ ба шарики хориҷӣ ширкат-литсензиар аз шарик талаб мекунад,ки литсензия кунонад.Ин чорабинӣ барои паст шудани хавфи хатар имкон медиҳад,чунки литсензиат имкони истифодаи активи ѓайримоддиро надорад.

Масалан.Ширкати биотехнологии амрикоии «Амген» литсензияи яке аз доруҳои маъмули «Нупроген»-ро ба ширкати фармасептии ҷопонии «Кирин» фурӯхт.Литсензия ба «Кирин» ҳуқуқ дод,то дору дар ҷопон фурӯхта шавад. Бар ивази он «Амген» ройалти гирифт ва ҳуқуқи фурӯши баъзе доруҳои «Кирин»-ро дар миқёси ИМА.

test

Добавить комментарий