Франчайзинг

Нақша:

    1. Мафҳум моҳияти франчайзинг.
    2. Бартариятҳо ва камбудиҳои франчайзинг.
    3. Намудҳои франчайзинг.
      1. Мафҳум моҳияти франчайзинг.

Франчайзинг– (англ.fқanchise, «литсензия», «афзалият»), франшиза (фр.fқanchiқ, -озод намудан»)- намуди муносибатҳо байни субъектҳои бозорӣ , ки яке аз тарафҳо (франчайзер) ба ҷониби дигар (франчайзи) бо шарти гирифтани фоиз муайян аз ҳамин фаъолият ҳуқуқи намуди муайяни бизнесро медиҳад.

Ин намуди такмилёфтаи литсензиякунонӣ , ки як ҷониб ба ҷониби дигар ҳуқуқи ѓаразнокро медиҳад ва ӯ аз номи худ нишонаҳо ва брендҳои франчайзеро истифода мебарад.

Умумӣ карда гӯем. Франчайзинг – ин «иҷораи» нишонаи молӣ ё тиҷоратӣ мебошад. Истифодаи франшизҳо аз рӯи шартномаи байни франчайзер ва франчайза таъин мешавад.Мазмуни шартнома низ гуногун мебошад. Дар шартнома маблаѓи ҷудошуда талаб карда нашавад, он гоҳ дар ин ҳолат франчайзӣ ӯҳдадор аст аз франчайзер миқдори муайяни маҳсулотро бихарад.

      1. Бартариятҳо ва камбудиҳои франчайзинг.

Афзалиятҳо барои франчайзерҳо:

Фоидаи франчайзер дар он аст,ки он ҳаҷми фурӯши кафолатноки маҳсулоти худро дорад,чунки франчайза вазифадор аст, ки як қисми маҳсулотро бихарад. Агар даромад мӯътадил бошад, он гоҳ равишҳои навро такмил додан лозим аст.

Франчайзер машаққати зиёд вобаста ба омӯзиш ва интихоби кормандон,назорати сифатнокро надорад.

Афзалиятҳои франчайзинг

  • Истифодаи силсилабизнеси санҷидашуда
  • Имконияти кушодани кори худ
  • Имконияти интихоби соҳа
  • Имконияти паст кардани хавфи хатар
  • Баромади бомуваффақият ба бозор таъмин аст
  • Хароҷоти кам барои реклама ва маркетинг
  • Гирифтани иҷозат ба базаи дониши франчайзер
  • Системаи кафолатдори пешкашҳо

Камбудиҳои франчайзинг

  • Франчайза бояд ба қоидаҳои франчайзерҳо риоя кунанд,агар даромади зиёд надошта бошанд ҳам .
  • Франчайза бояд масолеҳро аз таъминотчиён харанд,ки онҳоро водор месозад бон архи қиммат бихаранд.
  • Барои франчайза талаботҳои сахт гузошта мешаванд,онҳо ҳуқуқи кушодани корхонаҳои рақобатпазирро дар мӯҳлати муайян надоранд.
  • Франчайза ба масъалаҳои маркетинги марказикунонида ва рекламаҳо дахолат карда наметавонанд,вале маҷбур ҳастанд ширкатҳои рекламавиро маблаѓгузорӣ кунанд.Хуллас,маблаѓи онҳо бар фоидаашон сарф намешавад.
  • Ширкат-франчайзерҳои машҳур фақат 15% -и тарабхонаҳои «Мак-Доналдс» дар ҷаҳон ба ширкати «Мак-Доналдс Корпорейшн» , тааллуқ доранд, боқимондааш моликияти хусусии дистрибюторҳои генералӣ мебошанд.Шартҳои истифода хеле сахтанд.
  • Истеҳсолгари машҳури либоси спортии «Коламбия спортвея компании» айни ҳол ба фурӯш аз рӯи франчайзинг гузашт.Талаботи асосӣ –доштани майдони калони на кам аз 100 м. кв. дар бинои алоҳида ,дар ҷои серодам ё ҷое,ки арзишаш аз 80 000 доллар камнабошад.
  • Дар Россия бо фаъолияти франчайзингиаш ширкати IC машҳур аст,ки соли 2010 зиёда аз 3 300 франчайза дошт.

Франчайзинг- гуногунии намуди созишномаҳои литсензионӣ,ки мутобиқи он франчайзер кафолати ҳуқуқи истифодаи активҳоро медиҳад.Усули амалкунандагии франчайбоза-қисми бренди франчайзер мебошад.

Франчайзинг бо литсензиякунонӣ бисёр умумиятҳо дорад,кибо мӯҳлати давомдори шартнома алоқаманд аст.

Франчайзер ба франчайзи барои бурдани бизнес кӯмак мерасонад.Франчайзер ройалтиро дар намуди фоизи муайян аз даромади франчайза мегирад.Литсензиякунӣ дар ширкатҳои истеҳсолӣ ва франчайзинг дар соҳаи хизматрасонӣ истифода мешавад.

Зуд ривоҷ ёфтани «Мак-Доналдс» бо истифодаи стратегияи франчайзингӣ алоқаманд аст,ки мутобиқи он ба менеҷменти ресторанҳо талаботҳо пешкаш карда мешаванд: ба меню,усули тайёркунии ѓизо,идоракунии кормандон,дизайни манзил ва ёрии моддӣ барои тайёр намудани кадрҳо.

      1. Намудҳои франчайзинг.

Солҳои охир Франчайзинг ба низоми мураккаби тиҷоратӣ мубаддал гашта пеш аз ҳама дар бахши тиҷорат, хӯроки умумӣ ва хизматрасонӣ паҳн гардидааст.

Намуди ибтидоии Франчайзинг – франчайзингӣ молӣ мебошад.

Франчайзинги молӣ – ин шартнома дар бахши тиҷорат буда дар асоси он ҳуқуқи истисноии фурӯши мол дар ҳудуди маҳдуд дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар франяайзинги морлӣ нишони моли фурӯхта намешавад балки ба шартҳои муайян барои истифода пешниҳод карда мешавад.

Дар таҷриба Франчайзинги молӣ имконият медиҳад ширкат соҳиби номи нек шавад. Аммо дар таҷриба франчайзидиҳанда дар ин маврид бояд боварӣ дошта бошад, ки эътибори онро паст намегардонад. Боиси нигаронӣ аст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ нишони молиро бон архи баланд мефурӯшанд, аммо бо назардошти таҷрибаи ширкати Магдоналс, ки 30 сол барои нуфузу эътибор пайдо кардан кӯшишҳои пай дар пай намудааст. Далели дар боло овардашударо исбот мекунад. Дар хориҷа Франчайзинги молӣ дар соҳаи савдо хизматрасониҳои нақлиётӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва нӯшокиҳои ѓайри алкаголӣ истифода менамоянд.

Дар доираи Франчайзинги молӣ имрӯзҳо як қатор ширкатҳо фаъолияти самаранок менамоянд. Дар ин маврид лозим нест, ки соҳибмулки онҳо ки ҳастанд, балки таҳти номи ягона фаъолият кардан муҳим ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо муайян кардани номи мол ва соҳибмулки он бо шиносшавӣ бо ҳуҷҷатҳои тасисӣ ѓайри имкон аст. Масалан: қариб 20 сол мешавад, ки нишони моли «Pizza – Нат», «Кентукӣ – Фричиккен» бо ширкати «Пепси – кола» таълуқдоранд.

Намуди дигри Франчайзинг – ин франчайзинги истеҳсолӣ мебошад.

Франчайзинги истеҳсолӣ имконият медиҳад зери нишони моли истеҳсолот ва фурӯши маҳсулотро ба роҳ монад. Соҳаи истифодаи Франчайзинги мазкур ин истеҳсол ва фурӯши нӯшокиҳои ѓайриалкаголӣ мебошад. Ҳама ширкатҳое калонтарини дунё ба монанди «Пепси – кола» ва «Coca – cola» аз рӯи ҳамин принсип фаъолият мекунанд.

Намуди дигари франчайзинг – ин Франчайзинги корӣ мебошад. Дар таҷриба онро бизнес – формат меноманд.

Ҳангоми истифодаи Франчайзинги мазкур ширкат фаъолияти худро дар бахши хизматрасонӣ таълим ва фурӯши умумӣ ба роҳ мемонанд. Моҳияташ дар он аст, ки франчизагиранда фаъолияташро аз рӯи модел ва бо иштироки франчизадиҳанда ташкил ва инкишоф медиҳад.

Бизнес – формат дар соҳаи меҳмонхонадорӣ васеъ истифода мешавад. Масалан: шабакаи меҳмонхонаҳои «Ҳолидей Иннз», «Ромадо Иннз», «Ҳаят Резенс» ва ѓайра

Намуди дигари Франчайзинг и корпоративӣ мебошад, ки дар он франчизагиранда бо шабакаи васеъи корхонаҳо фаъолият мекунад.

Франчайзинги минтақавӣ – шаклӣ ташкили фаъолияти франчайзингӣ мебошад, ки ба минтақаҳои муайян дахл дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *