Корхонаҳои муштарак

Нақша:

Корхонаҳои муштарак-яке аз усулҳои маъмули воридшавӣ ба бозорҳои хориҷӣ дар даҳсолаҳои охир.

Хислатномаи корхонаҳои муштарак

  • Доштани ду ё зиёда ширкатҳои муштарак,ки яке аз онҳо барои давлати мазкур резидент намебошад.Корхонаҳои муштарак бо ҳиссаи баробари хусусӣ (50/50%) барпо мешаванд.Инчунин тими муштараки менеҷерҳо созмон мешавад.Агар яке аз ҷонибҳо ҳиссаи диёд дошта бошад,ҳуқуқи ҷорӣ намудани назорати пурзӯрро дорад.
  • Корхонаҳои муштарак ба усулҳои «дохилии» воридшавӣ ба бозорҳои хориҷӣ дохил мешавад.
  • Боз яке аз самтҳои солҳои охир барпокунии филиалҳо дар хориҷа мебошад,ки хусусикунонии садфоиза дорад бо роҳи ташкили корхонаҳои нав ва баровардани маҳсулот.

Ташкили корхонаи муштарак интихоби усули баромадан ба бозори ҷаҳониро пешбинӣ менамояд. Бинобар ин ширкат ҳангоми воридшавӣ ба бозори хориҷа маҷмӯи аломатҳоеро амалӣ менамояд, к ибо хароҷотҳои гуногун ховар самаранокӣ алоқаманд аст.

Мафҳуми воридшавии ширкат ба бозори хориҷа дараҷаи байналмилалишавии фаъолият инъикос менамояд. Марҳилаи зеринро воридшавии ширкат ба бозори хориҷа эътибор мекунанд:

  1. Содирот – тавассути агентҳо ва диститрабютерҳо;
  2. Содирот – тавассути намояндагиҳои тиҷоратӣ ва ё филиалҳо;
  3. Ҷамъоварӣ ва ё борҷомакунии маҳсулот дар корхона;
  4. Истеҳсолот дар хориҷа

Дар ин замина ширкат стратегияи воридшавӣ ба бозори хориҷа интихоб менамояд, ки ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд.

Содирот ва кооператсияи содиротӣ;

Шакли созишномавии фаъолияти муштарак;

Фаъъолияти муштарак дар заминаи сармоягузориҳои мустақим.

  1. Кооператсияи содиротӣ – ҳамкории ихтиёрии як чанд ширкатҳо дар мавриди содироти мол ифода мекунад.

Кооператсияи содиротӣ ҷамъбаҳои функсионалӣ, инструменталӣ ва институтсионалӣдорад. Муносибатҳоифунксионалӣ ҳамкории соддаи як гурӯҳ ширкатҳои мустақимро дар бар мегирад. Ҷамъбаҳои инструменталӣ ва институтсионалӣ бошад, истифодаи усул ва механизмҳои гуногунро дар бар мегирад.

  1. Айни замон шакли аз ҳама паҳнгуштаи ташкили фаъолияти муштарак ин шартномаҳое мебошад, ки бе содироти сармоя баста мешавад.

Шартномаҳои мазкур ташаккули ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва илмӣ – техникиро дар бар гирифта зимнан сарҳадро маҳсулоти фаъолияти эъҷодӣ, донишҳои нав, таҷриба, лоиҳаҳои техникӣ ва ѓайра мекунад.

Созишномаҳои мазкур ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд:

1. истеҳсолоти литсензионӣ:

2. идоракунӣ аз рӯи қарордод;

3. истеҳсолот аз рӯи қарордод.

Истеҳсолоти литсензионӣ – яке аз усулҳои арзон ва беҳтари воридшавии ширкат ба бозори хориҷа мебошад. Дар таҷриба созишномаҳои литсензионӣ воситаи ягонаи воридшавӣ ба бозори хориҷа мебошад. Дар амал мувофиқи созишнома Оферемти миллӣ (литсензиядиҳанда) ва истеъмолкунандаи хориҷа (литсензиягиранда) ҳуқуқи истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи технологияро медиҳад.

Амалиётҳои литсензионӣ ба созишномаи мустақими литсензионӣ ва франчайзинг ҷудо мешавад. Объекти созишномаи литсензионии мустақим метавонад, додани ҳуқуқи истифодаи литсензия НОУ – ХАУ, нишонаи молӣ, машвари технологӣ, таъмини ашёи хом, маводҳо, нимфабрикатҳо ва ѓайра баромад кунанд.

Фаъолияти муштарак дар заминаи сармоягузории мустақим.

Дар таҷриба сармоягузориҳои мустақим дар шакли маблаѓгузорӣ бунёди корхонаҳои нав ва ё васеъсозии корхонаҳои амалкунанда суръат мегирад, аксаран сармоягузорӣ барои бунёди корҳои такмилдиҳанда ё худ корхонаҳое, сикли пурраи истеҳсолӣ надоранд амалӣ карда мешаванд.

Ду шакли содироти сармояро ҳангоми таъсиси фаъолияти муштарак аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:

  1. Истеҳсолоти таҳлилӣ;
  2. Истеҳсолоти пурра.

Истеҳсолоти таҳлилӣ дар хориҷа бо мақсади ҷамъоварии маҳсулоти ниҳоӣ ташкил карда мешавад.

Масалан: ширкати олмонии Simens дар давлати Непал (Африко) маҳсулотиниҳоии худро ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ин маврид хизматрасониҳо оиди ҷамъоварии маҳсулот бон архи умумии он дохил карда мешавад.

Истеҳсоли маҳсулот дар хориҷа дар филиал ё корхонаҳои пудратӣ ба роҳ монда мешавад, истеҳсоли маҳсулоти ибтидои дар хориҷа ҳамон вақт самаранок аст, ки бозор васеъ бошад. Истеҳсолот ба ашёи хом наздик бошад, барои сармояи хориҷа имтиёз пешниҳод шуда бошад.

Таснифи ширкатҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ фаъолият мекунанд.

Вобаста ба соҳа ва намуди фаъолияти корхонаҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ фъолият мекунанд, ба ширкатҳои саноатӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, лизингӣ ва ѓайра ҷудо мешавад.

Ширкатҳои саноатӣ – ширкатҳое мебошанд, ки 50% – и гардишашонро маҳсулоти худӣ ташкил мекунанд.

Ширкатҳои тиҷоратӣ – ба хариду фурӯш машѓуланд.

Ширкатҳои лизингӣ – ба харидани таҷҳизот ва минбаъд ба иҷора додани он машѓуланд.

Ширкатҳои мазкур як қисми ширкатҳои дар бозори ҷаҳони фаъолияткунанда буда, ѓайр аз онҳо ширкатҳои машваратӣ, идоравӣ, илмӣ – техникӣ, аудиторӣ франчайзингӣ ва ѓайра фаъолият мекунанд.

Дар байни онҳо корпоратсияҳои фаромиллатӣ мавқеи муҳим доранд. Дар адабиёт ширкатҳои фаромиллатӣ бо як чанд меъёр муайян карда мешавад.:

Агар гардиши солонаашон аз 1 ва ё 5 миллиард$ зиёд бошад;

Шумораи давлатҳои иштироккунанда аз 2 то 5 бошадн.

Аз рӯи маълумотҳои СММ дар ҷаҳон 38000 ширкатҳои фаромиллатӣ фаъолият мекунанд, ки 400 ҳаз. филиал доранд. Ҳаҷми фурӯши молу хадамот 1997 9,7 триллион $ ташкил дод.

Ширкатҳои дар бозори ҷаҳонӣ амалкунанда бо ихтисорҳои зерин номнавис мешаванд.

Ихтисораҳое, ки шашли ташкили ҳуқуқии ширкатҳои хориҷиро дар бозори хориҷӣ муайян мекунад.

Ихтисорҳо Тавсифи ширкат
PLC Габлик Лиметид Comқan Шширкати дорои маҳсулиятш маҳдуд

(ААнглия, Ирландия)

LTD (Лиметид) Дар давлатҳои англисзабон маҳсулияти маМаҳдудро ифода мекунанд
Inc (Incoқpoқetin) Дар Амрико ва марказҳои офшорӣ васеъ исистифода мешавад
Coқp (Coқpoқeston) Ширкате, ки сармояи оинномавиаш ба Cаҳмияҳо ҷудо шудааст
LLC Ширкати маҳсулияти маҳдуд, вале интишоркунандаи саҳмия
SA (Sost) Бозори доираи маҳдуди аз ҶС дар Фаронса, Испания, Белгия, Шветсария
SAҚL Дар Фаронса ҶСММ

 

Истеҳсолоти шартномавӣ бо ду роҳ баргузор мегардад.Аввалиаш бо воридшавӣ ба бозорҳои хориҷӣ бе маблаѓгузорӣ дар таҷҳизот алоқаманд аст. Бо корхонаи маҳаллӣ шартнома баста мешавад зимни истеҳсоли маҳсулот мутобиқи стандартҳои ширкатҳои хориҷӣенд доранд. Дуюм- бо бастани субконтракт барои корҳои монтажӣ –васлкунӣ ё барои истехсол барои ширкатҳои хориҷии мустақил.Агар ширкати байналмилалӣ аз рӯи шартҳои субконтракт харидори ягона ва бақувват бошад,ин баробар аст бо барпо кардани ширкати нав,чунки аз ҳисоби истеъмоли маҳсулот ҷои ко рва худи истеҳсолот таъмин мешавад.Ширкати байналмилалӣ ба корхонаи ҳамшарик аз рӯи муносибатҳои байни ширкатҳои модарӣ ва духтарӣ займ медиҳад.Ин «маблаѓгузории хориҷии мустақим бе маблаѓгузорӣ» ном дорад.

«Фурӯш таҳти калид»- шартномаест,ки аз рӯи он яке аз тарафҳо ҷузъи нақшаи лоиҳаро барои мизоҷи хориҷӣ кор карда мебарояд,сипас ба мизоҷ ҳуқуқи идоракунии корхонаро медиҳад.Модели мазкур бештар дар сохтмони корхонаҳои кимёӣ,фармасавтӣ,нафткоркунӣ ва коркарди металл паҳн шудааст.

Алянси (иттиҳодияи) стратегӣ – барпо кардани иттиҳодҳо ,ки дар ҳамшарикии байни рақибон,истеъмолгарон,таъминотчиён бо мақсади воридшавӣ ба бозори хориҷӣ,таъмин бо маҳсулот,технология,бозорҳо,боҷустуҷӯи захираҳо асос ёфтааст.

Алянсҳо намудҳои гуногуни ҳамшарикиро қабул мекунанд.Ширкатҳое,ки технологияҳои навро ба даст овардан мехоҳанд,литсензияҳои мутақобиларо (ҳар кас технологияи худро барои дигарӣ литсензия мекунонад) истифода мебаранд.Агар мақсад бо зарурати гузаронидани тадқиқот алокаманд бошад,шарикии Қ & D барпо мешавад.

Масалан, соли 1977 ширкатҳои «INTEL», «MOTOҚOLA» , «ADVANCED MIKҚO DEVICES» дар бораи ташкил кардани ширкати бедаромаднок таҳти унвони EUV эълон намуданд. Лоиҳаи мазкур арзиши 250 млн. Доллар дорад ва ширкати калони тиҷоратии тадқиқотӣ ҳисоб мешавад. Се лабораторияи давлатӣ ҳуқуқи истифодаи натиҷаҳои технологияҳоро гирифтанд.

Алянс барои истеҳсолгарони аврупоӣ ва ҷопонӣ кушода шудааст.Алянсҳо ҳамчун корхонаҳои муштараки истеҳсол ва маркетинги маҳсулот ташкил мешаванд. Масалан,агар яке аз ҷонибҳо барои ба даст овардани технологияи мушаххас иштиёқманд боша два бар ивазаш таҷҳизоти истеҳсолии худ,бино.хизматрасони молиро пешкаш кунад.

Алянсҳо аз рӯи принсипҳои омезиш , ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда,хусусан дар дар рақобат байни се корхонаи мазкур барпо мешавад.

Аз рӯи қоида, воридшавии ибтидоӣ ба бозори хориҷӣ бо амалиётҳои содиротӣ алоқаманд аст.Агар ин марҳила бомуваффақият бошад,ширкатҳои хориҷии фурӯши маҳсулот ташкил мешаванд.Баъди муваффақ шудани ширкат,заводҳои истеҳсоли маҳсулот сохта мешаванд,ки дар интиҳо ба корхонаҳои силсилаи ба итмом расидаи истеҳсолот табдил меёбад.Пешравӣ аз савдои хориҷӣ ба маблаѓгузории хориҷии мустақим роҳи ягона нест.Дар давлатҳое,ки корхонаҳои хориҷии амалкунандаи рақибон вуҷуд доранд,якбора корхонаҳои истеҳсолӣ барпо мешаванд.

test

Добавить комментарий