Давраҳои инкишофёбии илми Менечмент

Сарсухан

  1. Давраҳои пайдоиши калимаи Менеҷмент
  2. Мавриди баҳс қарор гирифтани калимаи Менеҷмент дао Эрони бостон
  3. Шарҳи давраҳои Менеҷмент аз ҷониби таърихшиносон

Халоса

Адабиёти истифода шуда

Сарсухан

Менеҷмент ин як соҳаи муҳими илми иқтисоди ба ҳисоб мераад,аз ҳамин чиҳат ба тамоми донишҷӯёни соҳаҳои иқтисоди муҳим аст ки ин фанро омузанд ва хулоса барори карда тавонанд. Барои фаҳмидани илми менеҷмент ба мо зарур мешавод, ки тамоми давраҳои илми менеҷмети қадимро омузем ва бо менечменти ҳозиразам муқоиса намоем.

1, Давраҳои пайдоиши калимаи Менеҷмент:

Дар Юнони кадим калимаи «менеҷмент» истифода намешуд. Ба ин мазмун монанд калимаи «master» бо мазмуни шахси «кобанда», «ҷустуҷукунанда» истифода мешуд. Санъати идоракунии одамон дар забони юнонй «демагогия», яъне «demos — халк,, ago — мебарам» дар забони тоҷики маънои «роҳбарии халк,»-ро дорад. Баъдтар реҳаи давлатдоронро «despoteia» яъне хукмронии беандозаи шахсони алоҳида аз болои мардум меномиданд. Аммо дар навбати аввал «деспот» маънои соҳибхона, соҳибмулк, сардорро бо худ дошт. «Деспотия» ин хукмронии руломдорро ба рулом меномиданд. Деспотизм шакли роҳбарие мебошад, ки дар асоси хукмронии беҳудуди шахсон ташкил карда шудааст. Асоси калимаи «деспотизм» ин «des» буда, маънои «баста»-ро Дорад.

Калимаи «демагог» инчунин маънои намояндаи давлатиро низ дорад. Чуноне ки Б. Ғафуров қайд мекунанд, Сарварии қабилаҳои ориёиро «пешвоён», ё худ «подшоҳоне» ба ухда доштанд, ки аз ашрафи ҳарбиён баромада буданд.

2; Мавриди баҳс қарор гирифтани калимаи Менеҷмент дао Эрони бостон

Дар куҳи Бесутун, воқеъ дар Чумҳурии Исломии Эрон катибахри забони порсии қадим то имруз дар тахтасангҳои бузурги танаи кух, нигохдорй шудаанд, ки бо хатти мехӣ ба се забон — порсии қадим, аккодӣ, эламӣ навишта шуда, аз панч, сутун иборат мебошанд. Катибаи мазкур ба соли 525 то мелод мансуб буда, бо фармони шоҳи бузурги Ҳахоманишӣ Дорошоҳ навишта шудааст. Катибаи мазкур аз бузургтарин ва қадимтарин манбаи хаттӣ дар таърихи эрониён ва халқиятҳои Шарк, мебошад, ки дар он дар бораи хукмронӣ, рохбарӣ, яъне подшохӣ ва кишвардори сухан меравад. Дар ин матн калимаи «х§а$га т » ба маънои хок мият (имрӯз ин калима дар шакли «шаҳр» истифода мешавад) ва калимаи «xsayaqya» ба маънии «шоҳ» хеле фаровон истифода шудааст. Имруз аз нигоҳи илми менеҷмент омухтани ин манбаъ басо муҳим ва арзишманд хоҳад буд.

Калимаи «демократия» хамчун мазмуни кувва ё хукмронии халқиро ба худ гирифтааст ва ба маънии “demos” — халқ “ kratos»-идopa, хркимиятро дорад. Калимаи «педагогика» — ин санъати тарбия ва нигохубини кудакро дошта, дар баъзе мавридхр ин калима ба маънои «роҳбари кардан», «ташкил», ё худ «омузиш» истифода мешуд. Дар навбати аввал педагог ғуломеро мегуфтанд, ки кудакро ба мактаб Гусел мекард, баъдан ин калима маънои «сардор», рохбар»-ро гирифт.

Оиди «роҳбарӣ» ва вазифадорӣ дар кадим тоҷикон низ гуфтахои зиёде мавҷуд мебошад.

Ҳануз аз давраҳои қадим дар мардумони эронитабор, аз чумла тоҷикон амалдоронро аз руи унвонҳои “солор”, “сарвар”, “раис”, “мир” “муҳосиб”, ‘амлокдор”, “мунрдор”, “котиб”, “дастархончй” ва ғайpaҳо ном мебурданд.

Баъди ба миён омадани давлатдории Рими қадим, дар забони лотини калимаи «mancepts» — сохҳибкор, ҳамкор пайдо шуд. Инчунин «maneipium» маънои ҳуқууи моликиятдориро дошт, ки аз ду қисм иборат буд: «manus» — дacт, хукмронӣ ва capio» — боигарӣ, капитал. Манафактура низ бо чунин маъно пайдо гаштааст. Яъне «manus» — даст «factura» – тайёр кардан. Таърихшиноси немис И. Шнайд калимаи «менеҷмент»-ро аз этимологияи итолиёвӣ ёфта менависад, ки «maneggiare» — «қобилияти идора кардани асп»- ро дорад. Бо ин монанди калимаи англисии «manage» на фақат идора кардан, балки «донишмандӣ», «ҳакимиро» низ дар назар доштааст.

Шарҳи давраҳои Менеҷмент аз ҷониби таърихшиносон.

Таърихнависон 5 давраи инкишофи менеҷментро чунин шарҳ медиҳанд:

1. инқилоби давраи аввали илми менеҷмент4-5 ҳазор сол пеш дар давраи ғуломдории Шарқи Қадим ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра одамоне пайдо гаштаанд, ки урфу одат ва талаботи динии мардумро тағир доданд, яъне ба ҷои қурбонии одамон онҳоо қурбонии рамзии дигарро ҷорӣ намуданд. Дар натиҷа ин диндорон аз хисоби курбонии мардум пулу мол, гову гусфанд, равғану дигар асбобҳо бой шуда, гуруҳи одамони навро ташкил доданд. Ин гуруҳи одамон на тоҷир ва на

капиталист буданд, балки бо ном барандагони урфияти динӣ буданд, дар як мудати кутоҳ боигарии калонро ба даст дароварданд. Хамин тариқ дар давраи якуми инкилоб менечмент хамчун восита. ё асбоби дин ва тичорат ташаккул ёфт.

Маҳз дар ҳамин давра навиштаҷоту Сабти амвол ва ҳисобу китобу назорат ҷорй гашта буд.“Чуноне ки дар китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» омадааст «Нахустин сарчашмаҳои хаттии санавй, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медананд, дар асри VII-VI пеш аз мелод дар ин сарзамин сукунат доштани кавлу тоифаҳои эронинажод – суғдиён, бохтариёон, марғиёниҳо, хоразмиёон ва ғайраҳо хотирнишон намудаанд

2 . инқилоби дуюми менезментро баъди ҳазор сол, ба давраи ҳукмронии шоҳи Бобул Хаммурапй (1792-1750 то давраи мо) мансуб медонанд. Дар замони ҳукмронии Хаммурапй, ки даврони зиёдеро дар бар мегирифт, одамон маҷбур шуданд, ки системаи идоравиро фикр карда бароянд. Маҳз дар ҳамин давра 285 қонуни идоракуни доираҳои гуногуни ҳаётиро қабул намуданд, ки нишонаи қимматноки ҳуқуки ва давраи муайяни таърихи менеҷмент дар Шарқи қадим мебошад.

Бартарии ин давра дар он мебошад, ки аввалин маротиба системаи маъмурй пайдо гашт. Ин системаи маъмурӣ барои подшоҳони баъдина намчун навоварӣ қабул карда мешуд. Ҳамин тариқ бартарии давраи дуюми инкишофи таърихии менеҷмент дар он аст, ки аллакай системаи ташкил ва танзими муносибатнои одамон пайдо гаштааст.

Мисол якчанд қонунҳо ин подшохро овардан мумкин аст, ки қариб то замони мо дар баъзе давлатхр истифода мешуд. Мувофиқи конун волидайн агар қашоқ, мемонданд фарзандашонро мефурухтанд. Агар зани шавҳардорро бо марде медиданд, уро ба об мепартофтанд ва агар мардро медиданд уро ба суд медоданд. Мард аз молу мулки хона чизе ҳақ, надошт, молу мулк, ҳақи фарзандон — кудакон буд. Афсарон барои рафтори дагалона нисбати аскари қатори ҷазои то хукми кдтлро мегирифт. Барои дуздии молу мулк хукми қатл таъин мешуд. Агар кас дар вақти дуздӣ дастгир мешуд дар девори ҳамон хона қатл мешуд. Барои сухани дағал ба падару модар забонро мебуриданд. Барои куфтани падару модар дастро мебуриданд. Ҷаррохро барои ҷароҳии нодуруст дасташро мебуриданд. Барои сохтмони хуб ба меъмор маоши хело баланд медоданд, вале агар хона чапа мешуду соҳибхонаро мекушт, уро ба қатл мерасониданд, ё агар хона кисман вайрон мегашт, аз ҳисоби меъмор таъмир мегашт. Чунин як қонун барои киштисозон низ вузуд дошт.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки маҳз дар давраи 2-юми инкишоф менеҷмент аллакай мавқеи худро ҳамчун як шакли фаъолият ва соҳа пайдо мекунад. Дар ин давра одамон маҷбур буданд, ки касбро бо тамоми нозукихряш омузанд ва хамчун шахси касбии соҳа-менеҷер баромад кунанд.

3 . инқилоби сеюми идоракуни — баъди ҳазор соли аз байн рафтани Ҳаммурапи, Вавилон боз аз нав дар маркази инкишофи менеҷмент қароргирифт. Шоҳ Навухудонассор (605-562 то мелод) ҳамчун муаллифи лоиҳаи манораи Бобул, боғҳои гуногун, назорат дар коргоху дукон ва ғалла мебошад.

Менечмент дар ин давраи таърихии худ ҳамчун системаи истехсолию сохтмони шинохта мешавад. Дар ҳазораи IV пеш 33 милод дар ҷануби Туркманистон нахустин иншооти обёри пайдо шуд, ки дар тамоми Шарқи пеш қадимтарин иншоот ба ҳисоб мерафт. Ин низ аз мавҷудияти идораву корбарӣ шаҳодат медиҳад, ки имрузи Туркманистон сарзамини мардуми шахрнишини Эронитабор ва баъдхо ватани парфиянихо буд.

4, Инқилоби чоруми менеҷмент — ба давраи инқилоби саноати асрҳоои 18-19 рост меояд. Ин давра капитализми аврупоиро ба вуҷуд меорад.инқиилоби саноати ба назария ва амалияи идоракуни таъсири калон расонид. Дар ин давра аллакай капиталистони калоне ба вуҷуд омаданд, ки на як ё ду нафар буданд, балки ҳазорхо одамонро ташкил мекарданд.

Инчунин ба ҷои як менеҷер якчанд менеҷерон пайдо гаштанд. Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулот зиёд мешавад, суръати гардиши сармоя меафзояд, амалиётҳои бонки васеъ мегарданд. Инқилоби чоруми менезмент ба инқилоби буржуазй рост меояд, ки шахсияти нав «капиталист»-ро ба миён меорад. Дар замоне, ки капиталист медонад, ки худаш танҳо аз уҳдаи идора кардан намебарояд, шахсияти нав «менезер»-ро ба миён меорад.

5 . Давраи пнҷуми инқилоби менеҷмент. дар индавраи инқилоби саноатй ва капитализми классики ба миён омад. Дар миёнаи асри XIX дар замони монополизм мактабхри аввали бизнес пайдо шудаанд, ки менеҷерони касбии худро тайёр мекарданд. Дар ин давра менечер ҳамчун синфи алоҳидаи мутахассисони касбй ҷудо шудааст, ки давраи панқуми инкишофи идоракунй мебошад.

Инқилоби саноатй исбот намуд, ки моҳияти функсияи идоракунй аз функсияи молиявию техникй кам нест. Ҳарчанд ки иқтисодчии бузурги миёнаи асри X IX Адам Смит ба ин шубҳа дошта менависад, ки қаҳрамони асосии ин давра «менеҷер – фабрикант», ё худ «капиталист» мебошад.

Дар солҳои 60-уми асри XIX иқтисодчии бузурги немис К.Маркс асари «Капитал»-ро навишта ба қобилиятнокии идоравии капиталистон нобоварона назар дошт.

Вобаста ба талаботи замон ва инкишофи иқтисодӣ дар шахрхои қадимаишарқ ба монанди Бухорои Шариф, Самарканд, Бағдод, Марв, Нишопур, Балху Ҳирот мадрасахои махсуси шахсони идоравӣ пайдо мегардад. Ин чдвонон ба ташкилоти давлатӣ кор карда, хуччатҳои тичорати, мактубхо дастуроти баҳисобгири, ҳисоботхо менавистанд. Асосан дар омузиши ин роҳбарон бисёртар Ба фанҳои фалсафа, калом, мантик,, таълим, равоншиноей, риёзй, ва амсоли ин диктата махсус медоданд

Хулоса:

Ман бояд дар қисми хулоса фикру андешаҳо худамро баён намоям. Илми менеҷмент дар Ҷумҳурии мо бо руҳҳои хуб ба роҳ монда нашудааст, ва ман мехоҳам дар ин ҷумҳрии азизамон менеҷменти Ҷопони ба роҳ монда шавад.

Ин илм агар 5 давраро аз сар гузаронида бошад ҳам леки давлати мо як аз ин даврвҳои муҳими онродуруст бароҳ намондааст. Барои дарраҳои муҳими гузариши менечментро қабул кардан мо бояд характери менеҷменти давлатҳои абарқудратро бояд омухта бароем ва ин соҳаи менеҷериро дар ҷумҳуриамонсоз бароҳ монаем

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.