Минтакахои озоди иктисоди Чумхурии Точикистон

Нақшаи кор:

Сарсухан

  1. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисоди дар Ҷ.Т
  2. Минтақаи озоди иқтисоди “Суғд”
  3. Минтақааи озоди иқтисоди “Данғара”
  4. Минтақааи озоди иқтисоди “Ишкошим”
  5. Минтақааи озоди иқтисоди “Панҷ”

Хулоса

Сарсухан:

   Минтақаи озоди иқтисодӣ (минтақаи озоди савдо, минтақаи озоди саноатӣ ё ҳамкорӣҳои дуҷониба), дармасоҳати муайянӣ ин ё он мамлакат, ки дар он имтиёзҳои алоҳидаи иқтисодӣ барои соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, барои бозҳам тараққӣ додани соҳаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои хориҷиву ватани шароити мусоид фароҳам оварда меоварад. Минтақаи озоди иқтисодӣ – яке аз минтақаҳои алохидаи хоҷагидори, кушодани роҳои нав барои фаъолияти молиявии хоҷагии халқ, инчунин фазои муфид барои пешрафти иқтисодӣ, илми техники, экологи ва тарақиёти соҳаи иҷтимои бо як қатор ҳуқуқу ухдадориҳои иловаги, буҷави, системаи андоз ва органҳои идоракунандаи маҳалли вобаста мебошад. Бинобарин ин тартибот одатан он имтиёзҳо барои ба вуҷуд овардани амалиётҳоисавдои (то дарачаи барҳам додани боҷу хирочи гумруки), имтиёзҳои андоз, имтиёзҳои молияви, хизматрасонии камунали ва дигар имтиёзҳо аз тарафи роҳбарият барои сабук гардондани фаъолиятиин ё он ташкилот расонида мешавад.

 Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисоди дар Ҷ.Т

Минтақаи озоди иқтисоди (МОИ) гуфта- ҳудуди махсус аз чониби давлат чудонамудаеро меноманд, ки дорои имтиёзҳои бочӣ, молияви буда бо ҳадафҳои рушди иқтисодиву иҷтимои таъсис ёфтааст.

Бо мақсади бозҳам рақобатнок гардидани иқтисодӣёти Ҷумҳури Т, таъмини рушди иқтисодӣ дар соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ (минбаъд «МОИ») дар Ҷумхурии Тоҷикистон» кабул гардида нисбати таъмини иҷроиши он аз тарафи Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарори махсус доир ба тартиби ташкили МОИ ва Низомнома «Дар бораи МОИ » тасдик гардид.

Масъалаи ташкил намудани МОИ якчанд маротиба мавриди муҳокима дар ҷаласаҳои Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон карор гирифта аз тарафи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон супоришу дастурҳо ба вазорату кумитаҳои дахлдор ва мақомотҳои дигари шаҳру вилоятҳо дода шуданд. Баъди омузиши шарта шароити мавзеъҳои интихобшуда, мувофиқи ҷойгиркунии МОИ, таҷрибаи давлатҳои хориҷа, қарори махуси ҲҶТ аз 5-уми мартисоли 2008-ум «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили МОИ дар ҶТ»кабул гардид.

Минтақаи озоди иқтисоди “Суғд”    

Ҳаминро ёдовар бояд шуд, ки МОИ “Суғд” фаъолияти хешро аз моҳи августи соли 2009 оғоз кард. Масоҳати умумии минтақа 320 гектар мебошад. Дар минтақа муҳити мувофиқ ва шароити хуб барои маблағгузорон, махсусан преферентҳои андоз ва гумрук фароҳам оварда шудааст. Шиори минтақа – шаффофият, муомилот, маҳорати касбӣ ва ҳадафмандӣ мебошад. Аллакай 27 субъект барои фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шуда, чандтои онҳо имрӯз маҳсулот истеҳсол карда истодаанд. Минтақаи озоди иқтисоди “СУҒД” саосан – минтақаи саноатию, истеҳсоли ва иноватсиони мебошад.

Мӯҳлати амали МОИ «Суғд» 25 сол муайян карда шудааст. Мўҳлатҳои давраи гузариш ҳангоми ҷори кардани низоми МОИ «Суғд» аз тарафи маъмурияти минтақа на зиёдтар аз 7 сол аз рўзи кабул кардани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муайян мегардад.

Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи ҳуқуқи ваба таври воқеи аз худ намудани қаламрави МОИ«Суғд» истифода мешавад. Мўҳлат ва шартҳои давраи гузариш пеш аз қатъи амали низоми МОИ «Суғд» аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад. Дар ин маврид шартҳои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то қатъи амали минтақаи озоди иқтисоди фаро мерасанд.

Барои дароз кардани мўҳлати амали МОИ «Суғд» аз ҷониби маъмурияти МОИ ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ хулосаҳои иктисоди оид ба дароз кардани мўхлати фаъолияти МОИ «Суғд» пешниҳод мегардад, ки инҳоро дар бар мегирад:

– ояндабини ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ «Суғд»;

– баҳои самаранокии фаъолияти МОИ «Суғд».

Соҳаҳои пешрафти саноатӣ

Соҳаи саноатро дар вилоят зиёда аз 200 комбинату корхонаҳоимуштарак бо сохтори идоракунии ҷамъиятҳои сахомиву хусуси фаъолият менамояд.Номгуи истеҳсоли саноати дар ҳаҷми умуми тоба 90 номгуйро ташкил мекунад. Корхонаҳои калонтарин дар инсоҳа: АООТ “Қолинхо”-бо истеҳсоли маҳсулоти гилембофи машғул аст, АООТ “Абрешим”-матои шоҳиги, КМ “Кабул-Таҷик-Текстайлз”-истеҳсоли матоҳои пахтагин, КМ “Ҷавонӣ”- истеҳсоли ресмон ва коркарди онҳо, АО “Зиннат”- маҳсулоти ресмони,АООТ “Файз”-. Инчунин дар вилоят истеҳсоли саноати консервабарори бароҳ монада шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли солона ба 230 млн дона яъне зиёда аз 90%-и маҳсулоти Ҷумҳури рост меояд.Асоси истеҳсолкунандагони маҳсулоти консервӣ инкомбинати консервии АО Хуҷанд, камбинати консерваи Исфараву Қистақӯз ба ҳисоб меравад.Дар навбати худ метавон каме аз вазияти саноати кӯҳӣ маълумот дода бошам. Он корхонаҳои калоне, ки дар ин соҳа фаъолият дорад: комбинати коркарди куҳии Анзоб оиди бадаст овардани рӯдаву истеҳсоли консентрати сурмаву рутут, КМ “Зарафшон”- коркарди тилло, комбинати коркарди кӯҳии Адрасмон, ЧИ “Востокредмет”, “Ленинабад-угол”, “Ленинабад-нефтогаз” ва ғайраҳо. Саноати химия бошад, ИЧ “Заря Востока”- кадоме, ки дар истеҳсоли маҳсулоти резина ба заводи истеҳсоли рангубори Исфара равонашудааст.

Дигар соҳаҳои саноат бошад ҳамчун корхонаҳои бисёрсоҳа ба монанди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти гази АПО “Хуҷанд-торгмаш”, ЧС “Хуҷанд-ЗИЛ” ва дигарон башумор меравад.

Минтақааи озоди иқтисоди “Данғара”

     Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара»  2 феврали соли 2009 таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии 521 гектарро фаро мегирад.

Ҳаҷми сармояи мустақим низ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 – 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст.

Оғози  сохтмони се иншооти бузург  корхонаҳои сементбарорӣ, кафелбарорӣ ва шишабарорӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-и ноҳияи  Данғара мебошанд.

Бино ба гуфти номбурда, корхонаи сементбарорӣ дар минтақаи мазкур  дар масоҳати 20,8 гектар замин ва бо харҷи 1 миллиард сомонӣ сохта мешавад. Иқтидори солонаи корхонаи бунёдшаванда 1,6 миллион тонна сементро ташкил дода, маблағи фурўши солонаи маҳсулот ба 775 миллион сомонӣ расонида мешавад. Ба сохтмони корхона 150 нафар ҳамватанонамон ҷалб шуда, баъди ба фаъолият шурўъ кардан  дар маҷмўъ 800 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар минтақои озоди иқтисои “данғара” 27 субъкти иқтисоди ба қайд гирифта аз ончула то имруз 5 то онҳо ба кор шуруъ кардаанд. Оид ба истеҳсоли маҳсулот дар минтақаи озоди иқтисоди бо ҳочми 2,5 милион сомони рост меояд.

Минтақааи озоди иқтисоди “Ишкошим”

Минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим»  2 феврали соли 2009 таъсис ёфтанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим200 гектарро фаро мегирад.

Ҳаҷми сармояи мустақим низ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 – 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» бошад, то соли 2015 2 cубъект ба қайд гирифта шуда, аз 1-уми январи соли 2016 фаъолияташро шуруъ кардааст.

     Минтақаи озоди иқтисоди “ИШКОШИ” асосан минтақаи тиҷорати, сайёҳи, сармоягузори ва савдои назди соҳили мебошад.


Минтақааи озоди иқтисоди “Панҷ”

Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 марти соли 2008 оғоз гардид. Соли 2015 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ»  ба тасвиб расид.

Мутобиқи банди якуми қарори мазкур дар мавзеи Қарадуми ноҳияи ҚумсангирМинтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо масоҳати умумии 400 гектарро фаро мегирад.

Ҳаҷми сармояи мустақим низ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 – 2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст. Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст.

Аз 9 субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» соли 2015 2 субъект ба фаъолият шурўъ кардааст.

Оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ Шӯрои нозирон амал мекунад ва тамоми камбудиву мушкилот ва монеаҳое, ки дар фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ  вуҷуд доранд, дар Шӯрои нозирон баррасӣ мегардад. Пешниҳодҳо аз ҷониби роҳбарият, субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва аъзои Шўрои нозирон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муовинони роҳбарони вазоратҳо ва идораву мақомоти дахлдор мебошанд,  ироа гардида, таҳти роҳбарии раиси Шўрои нозирон баррасӣ карда мешаванд.

Шӯрои нозирони Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар як сол ду ҷаласа баргузор карда, рафти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Ҷаласаҳои Шўро ба навбат дар чор минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Табиист, ки барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҳама гуна фаъолияти соҳибкориву сармоягузорие, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст, танҳо ду намуди андоз — андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ ситонида мешавад. Ғайр аз ин, ворид намудани таҷҳизот низ аз боҷи гумрукӣ озод аст.

Хулоса

Албатта дар навбати хулосаҳо ва фикру андешаҳои шахси бояд қайд намоям, ки ҳоло дар Тоҷикистон давраи ташаккул ва инкишофи Минтақаҳои озоди иктисоди карор дорад, камбудиҳову норасогиҳоизиёдро дарбар мегирад.Он ҳама марзҳое, ки барои ташкил ва тараққиёти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, минтақаҳои махсус интихоб карда шудааст, бисёр ҳам дар ҳолати ғайри стандартҳои ҷаҳони қарор дорад, бинобар ин фикр мекунам имтиёзҳову ҳавасмандиҳоро пеша намуда хусусан дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҳар чи зиёдтар кушиш ба харҷ додан шарт ва зарур аст.

 Маҷмуъи фикруандешаҳои иқтисодчиён оиди ташаккул ва роли МОИ дар иқтисодиёти ин ё он мамлакат метавон гуфт, ки МОИ як қисми марзи миллӣ буда кадоме, ки дар он ҷо реҷаҳои имтиёзнок, фарқият нисбати минтақаҳои дигар, ва барои дастовардҳои гуногун шарту шароити муфид мавҷуд аст.

test

Добавить комментарий