Фирма дар шароити рақобати комил

 

  1. Мафҳум ва вазифаҳои рақобат. Шаклҳои рақобат
  2. Талабот, пешниҳод ва хароҷоти фирма дар шароити рақобати мукаммал.
  3. Максимизатсияи фоида ва муайян намудани шароити оптималии фаъолияти фирма дар шароити ракобати комил.
  4. Мафҳум ва вазифаҳои рақобат. Шаклҳои рақобат.

Эҳё ва густариши рақобат аз давраи ташаккули истеҳсо-лоти молӣ оѓоз меёбад. Сабаб ва зарурати бунёд ёфтани хоҷаги-ҳои молӣ ва бозорӣ ҳамчун заминаи ибтидоии ташаккули рақо-бат ва механизми амали он хизмат мекунад. Аз ин ҷиҳат рақо-батро ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи фаъолияти молистеҳсол-кунанда, перомуни ташкили шароити беҳтарини истеҳсол ва мубодилаи молҳо, дар чорчўбаи поймол кардани манфиатҳои субъектҳои бозор (бидуни тавлидгарони молу хадамот) медонанд.

Тибқи назардошти марксизм, рақобат хислати хоси истеҳсо-лоти молӣ буда, дар мояи моликияти хусусӣ ба воситаҳои ис-теҳсолот, муносибатҳои оштинопазирӣ байни тавлидгарони моли алоҳида оиди ба даст даровардани шароити мусоидтарини истеҳсол ва фурўши молҳо ва дар ин асос таъмин кардани механизми танзими худсарона ва таносубҳои муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ сурат мегирад. Рақобат молистеҳсолкунандагон, ҳу-нармандон ва дигар табақоти ҷомеаро хонахароб гардонда, даромади онҳоро кам мекунад. Вай сабаби асосии нокомии ҷамъ-ият – қашшоқӣ, бенавоӣ, анархия, бўҳронҳои иқтисодӣ ва нест-шавии сарвати миллӣ мегардад.

Сотсиалистони хаёлӣ (Ш.Фурье, Р.Оуэн) таҳти рақобат парокандагии нерўи мамлакат, муборизаи байни ҳамдигарӣ, шакли табдилгаштаи ҷанг ва ѓоратгариро тасаввур мекарданд. Онҳо сабаби ҳамагуна бадбахтиҳоро дар рақобат медиданд.

Тибқи ақоиди Ш.Фурье рақобат ин муборизаи ҳамкорӣ, ҳаққонӣ, содда ва кафолатнок бояд бошад.

Рақобат бештар хислати хосаи капитализми тоиндустриалӣ ва индустриалӣ дониста мешавад. Дар ин давра рақобат бо роҳи кам кардани хароҷот, паст намудани нарх, омўхтани қисматҳои бозор ва ѓайра ташкил карда мешавад. Хусусияти ин давра бо номи рақобати озод ё худ рақобати комил машҳур мебошад.

Дар давраи капитализми ахборотӣ (капитализми пас аз индустриалӣ) бештар диққат ба гуногунии намудҳои мол ва хиз-матҳо, ки қодир бошанд талаботро қонеъ гардонанд, ба масъалаи қиммат ва сифати онҳо, омўхтани сегментҳо (ҷузъиятҳо) ва ҷойҳои ноомўхтаю нотаҳлили бозор ва ѓайра дода мешавад.

Мавҷуд будани рақобат имкон медиҳад, ки:

– ҳангоми истеҳсол кардани молу маҳсулот аз захираҳои молӣ, пулӣ, меҳнати самаранок истифода карда шавад;

– комёбию нодирии захираҳо ҳис карда шуда, барои муто-биқ гардонии раванди истеҳсол ва истеъмол нигаронда шавад;

– зарурати сари вақт ҳис кардану таѓйирот даровардан ва воридсозии навовариҳову ихтироотҳо ба раванди истеҳсолот ба вуҷуд оварда шавад;

– перомуни истифодаи оқилонаи натиҷаи андўхташудаи пешрафти илму техника, дар ҳавзаи тавлиди молу маҳсулоти нав, ҷорӣ кардани техникаю технологияи ҷадид, коркарди тарзу услуби ташкил ва идораи истеҳсолот шароит фароҳам оварда шавад.

Баробари афзалият зарур аст, ки ба баъзе камбудиҳои он низ аҳамият диҳем. Асосан, камбудиҳо ва норасоиҳои рақобат аз камбудиҳои бозор сар мезанад. Ба ҷумлаи камбудиҳои рақо-бат метавон номбар кард:

– ҳирси рақибӣ ва фоидаҷўӣ, раванди истифодаи захираҳои камёбу нодирро тезонида, такрористеҳсоли онро барқарор намегардонад;

– ҳадду ҳудуди адолати иҷтимоӣ надорад: муҳити зист ва ҳифзи инсону табиатро ба дўши худ надорад, барои инкишофи соҳаҳои умум – илм, маориф, тиб, ҳавзаҳои зерсохти истеҳсолию иҷтимоӣ, аз ҷумла, роҳ, нақлиёти умум, хоҷагидории шаҳру деҳот мусоидат намекунад; барои ба даст овардани даромад, ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат кафолат намедиҳад.

Дар ҳаёти воқеӣ, дар ин ё он шакл, муносибатҳои ҳамкорӣ, мусобиқа, ҳарифӣ, мубориза дар байни субъектҳои иқтисодӣ (фард, гурўҳ, коллектив, фирмаю ширкатҳо, соҳаю территори-яҳо, ноҳияю шаҳрҳо, вилоят, давлат, ҷаҳон) вуҷуд дорад. Вобаста ба ин тақсимбандии рақобат низ ашколи ҳархела қабул карда метавонад.

Агар дар иқтисоди сиёсии марксистӣ бештар ба низоми рақобати дохилисоҳавӣ, байнисоҳавӣ, монополӣ ва ѓайра аҳа-мият медода бошанд, пас дар адабиёти кунунии иқтисодӣ ба ду тамсилаи ташкили рақобати бозорӣ – тамсилаи рақобати комил ва нокомил диққат медиҳанд.

Тамсилабандии рақобати бозорӣ дар мояи меъёрҳои гуногун ҳамчун воқеияти айнӣ, бидуни ҳодисоти моддӣ, дар шакли рамзӣ ба роҳ монда мешавад. Баъзе аз иқтисоддонон (Сажина М.А., Добрынин В., Рузавин Г.И….) исбот карданианд, ки тамсилабандии бозор ба рақобати комил ва рақобати нокомил дар шакли соф вуҷуд надорад

Тамсилаи рақобати комил ҳамчун стандарти баҳодиҳии идеалӣ ё худ базиси мантиқии қиёси таҷрид(абстракт)-ӣ истифода карда мешавад. Бо ибораи дигар, рақобати комил ҳамчун тамсилаи ибтидоии таркиботи бозорӣ барои шартан ифода кардани ҳодисаҳои воқеии иқтисодӣ истифода карда мешавад. Аломати рақобати комил, тибқи ақидаи М.Фридман, гарчанде рақибпазир набошад ҳам ҳангоми амали бозор зуҳур меёбад.

Аксар вақт бозори рақобати озод(бозори комил)-ро ҳамчун бозори рақобатпазир тасниф мекунанд. Аз ин ҷиҳат бояд тазаккур дод, ки мафҳуми рақобат ва рақобатпазирӣ ба ҳам наздиканд, вале аз ҳам фарқ мекунанд. А.Смит таҳти рақобат на таҳдиду шикаст, балки рақибпазирии фирмаҳоро бо воситаи таъсири нарх дар назар дошт.

Аз он давра то имрўз рақобат марҳалаҳои зиёду пурпечутобро паси сар кард. Дар шароити ҳозира, таҳти рақобат вазъи-ятеро мефаҳманд, ки дар бозор ягон молистеҳсолкунанда қоби-лияти бо таври яккаҳукмронӣ (монополӣ) муайян кардани нархи молҳоро надорад.

Исбот шудааст, ки кунун бо воситаи рақобатпазирӣ нархро муайян кардан дигар имкон надорад. Рақобат асосан аз мавҷуд набудани имконият дар таъсиррасонии нарх ташаккул меёбад.

Кунун, таҳти рақобатпазирӣ (лот.-pivalry) хулқу атвори истеҳсолгарон дар бозор ва таҳти рақобат муносибат ё худ қоби-лияти фирмаҳо оиди ташкили сохти таркиби(структура)-и бозорӣ фаҳмида мешавад.

Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки дар шароити рақобати комил, рақибнокӣ (ҳарифӣ), яъне рақобатпазирӣ вуҷуд надорад, чунки ягон фирма ба нарх, миқдори молҳо, тақозою арза таъсир расонда наметавонад[1]1.

Рақобати комил дар асоси моликияти хусусӣ ва муста-қилияти хоҷагидорӣ бо роҳ монда мешавад. Равобити байни ис-теҳсолкунандагон фақат бо воситаи бозор сурат мегирад. Дар ин бозор шумораи зиёди молистеҳсолкунандагони мустақил, ки молҳои якхела мебароранд ва шумораи беадади истеъмолгарон, ки муштоқи ин гурўҳи молҳо мебошанд, амал мекунад. Ҳар як истеъмолкунанда ба таври озод метавонад аз тавлидгари дил-хоҳ, тибқи манфиати истеъмолӣ ва нархҳои қулай молҳоро харида гирад.

Ҳар як тавлидгар, ихтиёран молҳои худро бе ҳадду ҳудуд барои манфиати худ фурўхта метавонад. Ягон харидор ё худ фурўшанда наметавонад ягон қисми зиёди тақозо ва арзаро ба таври кулл муайян кунад. Ягон фирма дар алоҳидагӣ ба нархи мол таъсир расонда наметавонад. Ҳаҷми арзаи худро таҳти нархи тақозо мутобиқ мегардонад, дар ин сурат ҳарифии байни фирмаҳо ҷой надорад.

Рақобати комил дар ҳолати мавҷуд будани чунин шароитҳо амал карда метавонад[2]1:

– ҳамаи истеҳсолоти фирмаи алоҳида ночиз буда, он ба нархи фурўши моли ҳамин фирма таъсир намерасонад;

– молҳои фурўхташавандаи фирма якхел намуд дошта, нарх-ҳои онҳо пешакӣ ба харидорон маълуманд. Дар ҳолати таѓйир ёфтани нарх тавлидгарон харидорони худро аз даст медиҳанд;

– фурўшандагон байни худ оиди дигаргун кардани нарх гуфтушунид намекунанд ва ҳар яке аз онҳо бидуни якдигарӣ амал мекунанд;

– фирмаҳои тавлидгар ба ҳар як соҳа имконияти озодона ворид ва аз он берун рафтанро муҳайё мекунанд;

– ягон иштирокчи(агентҳо)-и бозор дар алоҳидагӣ ба қарори дигар иштирокчӣ таъсир расонда наметавонад;

– ҳар як иштирокчии рақобат оиди бозор, ҳаҷми бозор, тақозо, арза, нарх, нормаи фоида ва ѓ. маълумоти пурра дорад;

– аз захираҳои иқтисодӣ (табиат, сармоя, меҳнат, замин) имконияти истифодаи якхела доранд;

– захираҳои молиявии худро дар шароити таъмин кардани фоидаи мўътадил барои инкишофи истеҳсолот, навоварӣ ва рақобатпазирии фирма истифода мекунанд;

– иштирокчиёни рақобат бемонеъгарӣ ва маҳдудият ба бозор ворид гашта, чизҳои зарурию дилхоҳи худро дастрас намуда, озодона аз он берун рафта метавонанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як шахс имконияти ба фаъолияти соҳибкорӣ шуѓл варзидан дошта, дар шароитҳои зарурӣ онро қатъ гардонда метавонад. Кору бори худро аз нав бунёд намуда дар фаъолияти меҳнатӣ иштирок намояд, қувваи коргарии кирояро истифода барад, саҳмияҳои худро барорад, онҳоро фурўшад, саҳмия ва дигар коѓазҳои қимматнокро харида гирад, ё худ онҳоро дар муассисаҳои молиявӣ нигоҳ дорад, аз сармоягузории худӣ ва қарзи банкӣ истифода барад.

Дар ҳолати иҷро шудани ин шарту шароит алоқаи тавлидгару истеъмолгар ба таври дилхоҳ (муозин) ба роҳ монда мешавад. Дар меҳвари он механизми танзими бозор, нарх, батартибдарории низоми иқтисодӣ, ангезаи фардҳои ҷудогона оиди ба даст овардани фоидаи баланди иқтисодӣ ва дар ин асос тадбиқ намудани мақсади ниҳоӣ – баланд бардоштани сатҳ ва дараҷаи беҳбудии оммаи халқ амалӣ мегардад.

Албатта, ин тарз ва услуби маънидодкунии рақобати комил ҳамчун шакли фавқулодда ё худ идеалии бозор эҳтимол вуҷуд надошта бошад. Вале онро дар амалияи хоҷагидорӣ ҳамчун тамсила ё худ таҳкурсии таҳлилу таҳқиқ, барои дурусттар ва ҳамаҷониба дарк кардани раванди бозор истифода мекунанд.

Ҳамчун истисно, ба ин шакли бозор хоҷагиҳои хонадорӣ, хоҷагиҳои фермерӣ ё худ корхонаҳои хурдро ворид кардан мумкин аст, ки онҳо мустақилона, дар асоси моликияти шахсӣ ё худ иҷоравӣ фаъолият пеша мекунанд. Азбаски вазни қиёсии онҳо дар бозор оиди фурўши мева, сабзавот, ѓалла, чизҳои дигари ис-теъмолӣ нисбатан кам мебошад, бинобар ин онҳо вазъи бозорро дар танҳоӣ таѓйир дода наметавонанд. Эҳтимол, аз ўҳдаи иҷрои ин кор комплексҳои кишоварзию саноатӣ ё худ корхонаҳои калонтар бароянд. Ба ин мақсад онҳо нархҳои монополӣ барқарор карда метавонанд. Вале монополикунонии соҳаи кишоварзӣ дар мамлакатҳои Ѓарб начандон васеъ истифода карда мешавад ва аз ин ҷиҳат чи қадаре, ки мол ба бозор ворид нагардад, бозорро идора ё худ зери тасарруфи худ карда наметавонанд.

Хусусияти асосии иқтисодиёти бозорӣ ин интихоби озод мебошад: истеҳсолкунанда дар интихоби маҳсулоти истеҳсол мекарда озод мебошад, истеъмолкунанда – дар интихоби мол озод аст, коргар бошад – дар интихоби ҷойи кор озод аст ва ғайра. Аммо интихоби озод, мувафққияти иқтисодиро ба таври автоматӣ таъмин карда наметавонад. Чунин мувафаққият дар муборизаи рақибона дастрас карда мешавад. Рақобат (аз калимаи лотинии «conkurrere» гирифта шуда маънояш – рӯ ба рӯ шавӣ мебошад) – ин мубориза байни иштирокчиёни иқтисодиёти бозорӣ барои шароитҳои беҳтарини истеҳсолот, хариду фурӯши молҳо мебошад. Нақши рақобат дар фаъолияти механизми бозорӣ ниҳоят калон аст. Бо воситаи амали қонуни арзиш ва қонуни талаботу пешниҳод, рақобат хароҷотҳои инфиродии молистеҳсолкунандагонро бо арзиши бозории молҳо (хароҷоти зарурии меҳнати ҷамъиятӣ) муқоиса менамояд. Рақобат истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагонро маҷбур месозад, ки талабҳои бозор ба эътибор гирифта шаванд. Рақобат механизми худтанзимшавии бозорро бо воситаи механизми тағйирёбии нархҳо ба миён меорад. Рақобат вазифаи ҷойгиркунии бозории захираҳоро иҷро мекунад, чунки дар натиҷаи таъсири механизмҳои рақобат захираҳо бетағйир ба он соҳаҳо харакат мекунанд, ки дар онҳо боздеҳ калонтар аст. Рақобат байни молистеҳсолкунандагон рафтори мутобиқшавиро пойдор мекунад, ки бо азнавтаҷҳизонидани истеҳсолот алоқаманд мебошад. Ин рафтори истеҳсолкунандагон барои ишғол намудани мавқеъи ғолибият бар рақибон асос меёбад.

Рақобат вазифаи назоратиро мебозад, то ки ягон субъект натавонад, ки аз ҳисоби субъекти дигар манфиати максималиро соҳиб гардад. Рақобат вазифаи ҳавасмандкуниро мебозад: яъне рақобат ҳар як истеҳсолкунандаро барои баланд намудани самаранокии истеҳсолоти худ, сарфа намудани захираҳо равона мекунад; аз ҳамин сабаб рақобат ҳамчун муҳаррики прогресси иқтисодиёт баромад мекунад.

Дар адабиёти иқтисодӣ рақобати нархӣ ва ғайринархиро аз ҳам фарқ мекунанд. Рақобати нархӣ ин рақобате, ки дар он истеҳсолкунандае, ғолиб мебарояд, ки нархи пасттарини молро пешкаш намояд. Рақобати ғайринархӣ муборизаи истеҳсолкунандагоро вобаста аз сифати мол, сифати хизматрасонӣ, ҷойгиршавии фурӯшанда дар назар дорад. Аз нуқтаи назари хусусияти муборизаи рақибона рақобати мукаммал ва номукаммалро фарқ мекунанд. Рақобати мукаммал – ин чунин ҳолати системаи хоҷагидории бозорӣ мебошад, ки:

1) дар бозор харидор ва фурӯшандагони зиёд мавҷуданд ва ягон гурӯҳи ин агентҳои бозор ба ҳолат ва тағйирёбии вазъияти бозорӣ таъсир расонида наметавонанд;

2) барои фурӯш молҳо ва хизматҳои якхела пешкаш карда мешаванд; 3) ягон иштирокчии бозор оиди бозор нисбат ба дигар иштирокчӣ маълумоти изофагӣ надорад, бинобар ҳамин ҳамаи фурӯшандагон ва харидорон оиди бозор ахбороти якхела ва пурра доранд;

4) харидорон ва фурӯшандагон озодона ба бозор ворид шуда озодона онро тарк карда метавонанд.

Рақобати номукаммал – ин чунин ҳолати системаи хоҷагидории бозорӣ мебошад, ки дар он ақалан ягон аз хусусиятҳои рақобати мукаммали дар боло оварда шуда вайрон карда мешавад:

1) шумораи фирмаҳо дар бозор то як воҳид кам шуданаш мумкин аст, ва худи фирмаҳо бо худ корхонаҳои хурдро не, балки корхонаҳои калонро инъикос мекунанд;

2) хусусияти маҳсулоти фурӯхта мешуда намудҳои гуногун дошта метавонад;

3) иштирокчиёни бозор барои дастрас кардани ахборот шароитҳои якхела надоранд;

4) дар ҳолати дохилшавӣ ба бозор ва тарк намудани он корхонаҳо монеъаҳои зиёдеро паси сар карданашон зарур аст.

2. Талабот, пешниҳод ва хароҷоти фирма дар шароити рақобати мукаммал.

Дар шароитҳои рақобати мукаммал фирма – нархгиранда метавонад маҳсулоти худро бо нархи бозории мавҷуд буда, ва ё бо нархи пастар фурӯшад. Ин ба талабот таъсир мерасонад. Дар ҳар як сатҳи нархи аз нархи бозорӣ баланд, талабот ба нол баробар мешавад, зеро харидор ба дастрас намудани мол нисбат ба нархи қобили пардохт манфиатдор нест. Бо нархи мавҷудбудаи бозорӣ фирма метавонад ҳама миқдори молҳоро фурӯшад. Чунки дар шароити рақобати мукаммал молҳои якҷинса истеҳсол карда мешаванд, ки одатан барои харидорон ивазшавандаи мутлақ ба ҳисоб мераванд. Паст намудани нарх аз нархи бозорӣ талботро зиёд мекунад ва ҳаҷми пешниҳод метавонад то беохир зиёд шавад, лекин он бо ҳаҷми хурди истеҳсолот маҳдуд аст. Ба ғайр ин ҳангоми пастшавии нарх даромад аз фурӯш кам мешавад. Ҳамин тавр, талабот ба маҳсулоти фурӯшандаи алоҳида мутлақо чандир аст. Бинобар ҳамин ҳангоми тасвири графикии талабот ба маҳсулоти фирмаи рақобатнок, каҷхаттаи талабот ҳамчун хатти горизонталӣ ишора карда мешавад. Маҷмӯи фирмаҳои якҷинсаи маҳсулоти якхела истеҳсол мекарда, соҳаро ташкил мекунанд. Ҳама фирмаҳои соҳа ба ҳаҷми умумии пешниҳод ва нархи бозорӣ таъсир мерасонанд. Дар ин шароит ҳаҷми талабот дар ҳамгуна сатҳои нарх гуногун аст. Бинобар ҳамин каҷхаттаи талаботи соҳавӣ каҷхаттаи ба поён ҳаракаткунандаи талабот мебошад. Каҷхаттаи талаботи фирма ва соҳа дар шароити рақобати мукаммал. Айнан шароити воридшавии фирмаҳои нав ба соҳа, хусусиятҳои мувозинатии фирмаро дар давраи дарозмуддат муайян мекунанд. Ҳангоми ҳаракати талаботи бозорӣ ба моли соҳа аз d то d1 нархи мувозинатӣ то Р1 баланд мешавад. Бо назардошти принсипи максимизатсияи фоида, фирма пешниҳоди худро то q1 зиёд мекунад, ки дар натиҷа пешниҳоди соҳа то Q1 низ афзоиш меёбад. Азбаски сатҳи нархи Р1 аз хароҷотҳои минималии миёнаи дарозмуддат (LRAC) зиёд аст, бинобар ҳамин фирмаҳои соҳа фоидаи иқтисодиро ба даст меоваранд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса ба соҳа фирмаҳои нав ворид мешаванд ва пешниҳоди соҳавӣ афзоиш меёбад. Агар пешниҳоди соҳавӣ то S3 афзоиш ёбад, дар ин ҳолат нархи бозорӣ аз сатҳи хароҷотҳои минималии LRAC паст мешаванд ва истеҳсолот зараровар мешавад, аксарияти фирмаҳо аз соҳа берун мешаванд ва нархи бозорӣ боз баланд мешавад. Дар давраи дарозмуддат фирма имконият дорад ҳамаи омилҳои истеҳсолотро тағйир диҳад, ва то ҳатто соҳаро тарк намояд, инчунин дигар фирмаҳо метавонанд ба соҳа ворид гарданд. Пешниҳоди фирма ва соҳа дар давраи дарозмуддат. Тағйирёбии пешниҳоди соҳа вобаста аз тағйирёбии нархи бозорӣ ба ҷоришавии нархи мувозинатии пешина дар сатҳи Р ва ҷоришавии нуқтаи нави мувозинатии дарозмуддат дар сатҳи Q2 оварда мерасонад. Дар сатҳи нархи Р, ки бо хароҷоти минималии миёнаи дарозмуддат мувофиқат мекунад, фоидаи иқтисодии фирмаҳои дар соҳа боқи монда дар сатҳи барориши 0 . Мавҷуд LRAC)Q (р оптималӣ q ба нол баробар мешавад: πик набудани фоидаи иқтисодӣ соҳаро диққатҷалбкунанда намекунад ва воридшавии фирмаҳои нав ба ин соҳа қатъ мегардад, вале фирмаҳои хароҷоти миёнаи дарозмуддати аз сатҳи хароҷоти минималӣ зиёд набуда ин соҳаро тарк намекунанд. Фирма ва соҳа дар ҳолати мувозинатии дарозмуддат қарор мегиранд. Афзоиши пешниҳод аз Q то Q2 бошад аз он шаҳодат медиҳад, ки дар соҳа фирмаҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки ҳаҷми онҳо ба (Q – Q2)/q баробар аст. Ҳолати мувозинатии дарозмуддати фирма ва соҳа дар назар дорад, ки фирмаҳои соҳа молҳоро бо хароҷоти миёнаи дарозмуддати минималӣ истеҳсол мекунанд ва фоидаи иқтисодиро ба даст намеоваранд. Мавҷуд набудани фоидаи иқтисодӣ маънои онро надорад, ки фирма умуман фоида намегирад, дар чунин ҳолат фирма фоидаи муҳосиботиро ба даст меорад.

3. Максимизатсияи фоида ва муайян намудани шароити оптималии фаъолияти фирма дар шароити ракобати комил.

Хусусияти хоси фирмаи дар бозори рақобати мукаммал амалкунанда аз он иборат мебошад, ки он ба нархи бозорӣ таъсир расонида наметавонад ва нархи бозориро ҳамчун додашуда қабул мекунад. Бинобар ҳамин дар ҳолати рақобати мукаммал алоқамандии байни фирмаҳо рафтори стратегиро дар назар надорад, яъне фирма ҳиссиёти рақибони худро ҳангоми қаубли қарор ба эътибор намегирад. Маънии чунин рафтор дар он аст, ки ҳар як фирма дар шароити рақобати мукаммал ба шароитҳои ба миён меомадаи бозор мутобиқат мекунад. Барои фирмаи рақобатноки мукаммал нархи бозории мол аз берун муайян карда мешавад ва аз нутқтаи назари қарори қабул мешудаи фирма ҳамчун бузургии доимӣ қабул шуданаш мумкин аст (Р – const). Дар чунин ҳолат даромади миёна ва даромади интиҳоӣ низ ба нарх баробар мешаванд.

AR = TR/Q= PQ /Q P AR= ΔTR/ΔQ= Δ(P Q) /ΔQ P ΔQ/ ΔQ =P

Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки барои фирмаи рақобатноки мукаммал шарти макзимизатсияи фоида MR=MC ба баробарии P=MC мубаддал мешавад, зеро MR=P. Аз ин ҷо бармеояд, ки фирмаи рақобатноки мукаммал фоидаи максималиро дар ҳаҷми барорише дастрас мекунад, ки дар он хароҷоти интиҳоӣ ба нархи бозории воҳиди мол баробар аст. Фоидаи умумӣ дар ин ҳолат бо чунин баробарӣ муайян карда мешавад: Pr=(P-ATC)xQ

8 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.