Асосҳои методологии менеҷмент

  1. Мафхуми менечмент хамчун илм ва фанни таълими
  2. Предмети омeзиш, максад ва вазифахои асосии фанни менечмент
  3. Услуби омузиши фанни менечмент ва алокамандии он ба дигар фанхои иктисоди
  4. Функсияхои асосии менечмент ва хусусиятхои хоси он
  5. Конуниятхо ва коидахои асосии омузиши менечмент хамчун фанни таълими

                1. Мафхуми менеҷмент хамчун илм ва фанни таълимӣ

Пайдоиш ва инкишофи менеҷмент хамчун илм пахлeхои гуногуни худро дошта, аз як тараф агар характери назариявии таърихии пайдоиш дошта бошад, аз тарафи дигар таърихи ташаккулёбии иктисодию географи низ дорад, ки вобаста ба Дарачаи инкишофи иктисоди, шаклу усули хоxагидори ва урфу одати одамон ва мавкеи географии xойгиршавии онхо дар даврахои гуногуни таърихи инкишоф ёфтааст.

Менечмент хамчун мафхуми илмию амали дар илми иктисоди хануз аз аввалхои асри ХХ ба миён омадааст. Ин фахмиш аввалан дар ИМА ва баъдан ба дигар кишвархо пахн гаштааст.

Менечмент калимаи англиси (management) буда, якчанд мафхумро ифода мекунад: – идоракуни; рохбарият; дирексия, ухдабароии кор, ё идораи воситахо.

Менечмент хамчун илм идоракуни, рохбари ва ташкили истехсолот, коидахо ва усулхои идоравиеро фаро мегирад, ки бо максади баландбардории самаранокии истехсолот ва манфиат равона карда шудааст.

Дар давоми инкишофи худ менечмент аз системаи илмию амалии дониш ба як илми алохидаи касби табдил гаштааст, ки аз аввалхои асри ХХ сар карда, дар аксари мактабхои давлатхои тараккикарда, хамчун илми алохида омeхта ва таълим дода мешавад.

Дар солхои охир асосан мафхуми менечментро панч-шаш раванд бахо медиханд:

1.     Менечмент хамчун илми идорави.

2.     Санъати идоракуни ва ҳукмрони.

3.     Кобилияти кордони ва фикррони.

4.     Усулхои самаранокии муомила бо одамон.

5.     хамчун ифодагари мафхуми органи рохбарикунанда.

6.     Муносибати касбии хамкории байни одамон барои ба максад расидан.

Аввалхои асри ХХ олимон оид ба ривочу равнак додани илми менечмент ва фанни менечмент корхои зиёди тадкикотию илмиро ичро намудаанд, ки онхоро асосан ба 4 гурухи калон чудо мекунанд:

1.     Мактаби классикии менечмент – р (1911), Гилберт (1911), Черч (1914), Файол ( Дервис (1935) ва дигарон.

2.     Мактаби рафтори идорави – Ротлисберг (1939), Мейо (1945), Бернард (1938), Друкер (1954), Мак Грегор (1960).

3.     Мактаби идоракуни – Черчмен (1957), Марч ва Саймон (1958), Форрстер (1961), Райфа (1968).

4.     Мактаби холати (ситуатсиони) – Бернс ва Сталнер, (1961), Вудворд, (1965), Томпсон (1967), Лоуренс ва Орш (1967).

хар як мактаби зикршуда услуби илмии худро дошта, барои инкишофи илми менечмент caхми муайянеро гузоштаанд.

Аз нигохи мутахассисон ин таГйирёбиро ба 5 давраи калон чудо кардан мумкин аст:

1.                Давраи якум (1900-1930). Пайдоиши мактабхoи маъмурии идоракуни, ташкили корхонахои калони истехсолии саноати, ташаккули сохтори зинабандии  менечмент.

  1. Давраи дуввум (1931-1960). Пайдоиши зарурияти афзунгардонии истехсоли мaхсулот, роххои баланд бардоштани хосилнокии мехнати коргарон. Менечмент хамчун омузиши рафтори одамон ва муносибатхои башари.
  2. Давраи сеюм (1961-1990). Пайдоиши талаботи идорави дар хама системаи пайдарпаии истехсолоту истеъмолот, сохтани моделхо ва системахои иктисодии инкишофи чамъияти, банакшагирии стратеги, пайдо намудани мавкеъ дар бозори иктисоди, ташаккули маданияти идоракуни ва пайдоиши менечменти навоварӣ, услуби ҳолатии менечмент.
  3. Давраи чорум (1991-2000). Пайдоиши услуби нави рохбари барои харчи зиёд истифода намудани имкониятхо, омузиши мeхити ичтимоию психологии корхонахо, маркетинг ва миллатхою халкхои алохида, зарурияти пешвои дар тамоми ячейкахои идорави, услуби куллан кабулшудаи ичтимоию психологии менечмент.
  4. Давраи панчум (асри ХХI). Пайдоиши глобализатсияи иктисодию ичтимои ва психологию сиёсӣ, зарурияти интихоби кобилияти фикрронии баланд, омeзиш ва мутобикгардони вобаста аз вазъият, менечмент мактаби профессионалии олии кордони ва пешвои дар асри ХХI.

Дар ин давра аллакай менечментро хамчун шаклу усули рохбари дар корхонахои ѓайридавлати гуфтан нодуруст аст. Кариб аксари олимон дар солхои охир менечментро ба намудхои зерин чудо менамоянд:

  1. Менечменти хукумати – яъне сохтори идоравии хукумати, тарзу усули рохбари бояд ба талаботи менечмент мутобикат намояд.
  2. Менечменти давлати – ташкили менечмент дар корхонахои давлати.
  3. Менечменти харби – сохтори идоравию ташкилии куввахои муссаллахи мамлакат.
  4. Менечменти сохибкори – шакли махсуси бизнес-менечмент буда, дар он хусусиятхои хоси давлатдори, урфу одати мардум, омилхои ичтимоию психологи ба инобат гирифта мешавад.

Услуби фарккунандаи бизнес-менечмент аз дигар намуди менечмент дар он мебошад, ки дар он раванди асоси ба даст овардани пул ба воситаи пул мебошад.

Муайян карда шудааст, ки самаранокии идоравии менечмент бояд ба ду унсури асоси такя намояд:

  1. Дарачаи баланди касби доштан.
  2. Истифода намудани вазъиятхои сохибкори, яъне омeзиш ва тахлили васеи маркетинг.

хамин тарик, менеxент шаклу усул ва тарзи идоракуни дар шароити иктисоди бозори  мебошад, ки Имруз чун илм ва фанни мустакил мавриди тахкик ва тадриси хатмию ногузир барои мутахассисони соха карор гирифтааст.

Максади асосии менечмент – харчи хубтар таъмин намудани талаботи воқеии одамон бо механизми бозории талабот, таклифот ва фоида.

Барои ба максад расидан усули асосии истифодаи менечмент ташкил ва таъмин намудани хaвасмандии иктисодии коргарон аз натичаи мехнат мебошад.

Расидан ба чунин максад ва иҷрои вазифаи мeхим зарурияти ба кор xалб намудани мутахассисеро, ки дорои кобилияти баланди фикррони, тахассуси ва кордонию рохбари доранд пайдо мегардонад, ки он номи «менечер»-ро ба худ гирифтааст.

Менечер – мутахассиси касбии махсус омодашуда аст, ки дар асоси шартномаи кироя барои сохибмулк дар ичрои вазифахои рохбари ва идоракунии ташкилот (корхона) фаъолият бурда, ба корхона фоида меорад

Сарчашмаи асосии ин илмро хамчун фан ба се кисм чудо кардан мумкин мебошад:

  1. Илмхои чамъиятию иктисоди – назарияи иктисоди, фалсафа, психология, сотсиология, этика ва эстетика, маданиятшиноси.
  2. Илмхои моделсози ва кибернетика – математика, ояндабинии иктисоди, моделсози, назарияи системахои мураккаб, кибернетика ва информатика.
  3. Илмхои назариявии идоракуни – назарияи идоракуни, системаи автоматии идоракуни (САИ), назарияи танзими макроиктисоди, компютерикунони ва автоматиконии идоракуни.

Дар асоси илмхои номбаркардашуда илми менечмент хамчун фанни таълими  максад, вазифахо ва услуби омузиши худро доро мебошад.

 

  1. Предмети омӯзиш, максад ва вазифахои асосии фанни менечмент

Предмети менечмент хамчун илм дар миёнаи асри ХХ муайян гардидааст. Аммо менечмент асосхои илмии худро дар натичаи фаъолияти рохбарии якчанд даврахои таърихи инсони ба даст даровардааст. Аз очеркхои таърихи маълум мегардад, ки тоxикон асосхои идоракунии давлатиро хануз зиёда аз 1100 сол пеш дар замони Сомониён хело хам хуб омeхта  ба рох мондаанд.

Классикони файласуфи Юнони кадим – Сукрот, Арасту, Афлотун, Эпикур, Лукретсий, классикони форсу тоxик чун Абуабдуллои Рeдаки, Абeали ибн Сино, Абулкосими Фирдавси, Саъдии Шерози, Абдурахмони Xоми, Низоммулмулк ва дигарон дар бораи пешвои ва санъати идоракуни андешахои арзишманд гуфтаанд, ки дар охири хамин китоби дарси кисме аз он гуфтахо оварда шудаанд.

Дар баробари инкишофи иктисоди мазмуни менечмент низ васеъ шуда, аз даврахои Гуломдори то давраи давлатхои хукукбунёди дунявии демократи даврахои инкишофи таърихии худро дорад.

Менечмент илми мустакил буда, объект ва предмети омузиши худро дорад.

Объекти омузиши фанни менечмент – одамон, техника ва технология, корхона ва ташкилот.

Субъекти идоракуни – шахсиятхо ва корхона, хамчун доираи фаъолияти менечер.

Асосхои методологии менечмент хамчун илм кисматхои зеринро дар бар мегирад:

  • aсосхои методологии менечмент;
  • таърихи пайдоиш ва инкишофи менечмент;
  • консепсияи нави менечмент вобаста ба инкишофи иктисоди;
  • технологияи менечмент;
  • таъминоти ахбории менечмент;
  • навовари ва таваккали менечмент;
  • иртибот дар менечмент;

Менечмент хамчун санъату таxрибаи идоракуни ва муносибатхои башари пурра Чараёни ташкилии корхона, истехсолот, истеъмолотро дар бар гирифта аз кисматхои зерин иборат мебошад:

  • корхона хамчун субъекти асосии менечмент;
  • Чараёни идоракуни ва карордоди идоракуни;
  • менечменти стратегии корхона;
  • мотиватсия ва хавасмандии фаъолияти одамон;
  • талаботи кормандии менечмент;
  • менечер – субъекти асосии менечмент;
  • коллективхои мехнати ва иктидори кормандон;
  • системаи идоракунии корхона;
  • идоракунии истехсолот;
  • банакшагирии стратеги;
  • ташкили фаъолияти сохибкори;
  • идоракунии захирахои инсони;
  • идоракунии маркетинг;
  • танзими андоз ва менечменти бахисобгирии бухгалтери;
  • менечменти молиявию карзи;
  • менечменти ичтимои ва экология;
  • усулхои навтарини менечменти хазорсолаи сеюм.

Равандхое, ки дар боло номбар намудем, предмети омузиши фанни менечмент буда, барномахои таълимиро пурра дар бар мегиранд.

хамин тарик, предмети менечмент хамчун илми идоракуни  конуниятхоеро дар бар мегирад, ки дар фаъолияти харрeзаи байни ташкилот ва одамон дар Чараёни  идоракуни ба миён меоянд.

Максади асосии омузиши фанни менечмент ин омузиши усулхо ва роххои таъмин намудани фоиданокии корхона бо рохи ташкили дурусти xaраёни истехсоли, чори намудани техника ва технологияи нави истехсоли, инчунин истифодаи иктидори кормандии корхона мебошад.

Фоиданокии корхона чун омили асоси кафолати фаъолияти онро дар шароити ракобати бозори озод таъмин карда метавонад.

холати бозор бошад доимо  дар таГйирот буда, мутобики шарту шароит ва талаботу таклифот дигаргун мешаванд. Бинобар ин доимо барои менечмент – таваккал кардан ва навовари услуби асосии кори мегардад. Аз тарафи дигар дар шароити ракобати бозор тан³о мавчудияти маблаГхои захирави ва имконоти навовари фаъолияти озоди корхонаро таъмин карда метавонаду халос. Асоси муваффакият бошад, аз усули идораву корбари вобастаги дорад.

Вазифаи асосии омузиши фанни менечмент ин омузиши роххои самараноки ташкили истехсоли молхо ва хизматхо мувофики талаботу таклифоти бозор, дар асоси захирахои моддӣ ва инсонии корхона, инчунин таъмин намудани вазъияти мувозинати устувори он дар бозор мебошад.

Вобаста аз гуфтаи боло ба вазифахои менечменти корхона дохил мешаванд:

  • таъмини ташкили дурусти истехсолот бо рохи интихоби касб ва xобаxогузории окилонаи кормандони баландихтисос;
  • ташкили хавасмандкунии коргарон бо рохи пайдо намудани шароити хуби мехнати ва музди мехнати баланд;
  • назорати доимии фаъолияти корхона бо рохи мутобиккунии сохторхои таркибиии он;
  • xустуx¢ ва чори намудани навовари оид ба фаъолияти истехсоли ва бозори истеъмолии корхона;
  • кор карда баромадани равандхои асоси ва максадхои ояндабинии корхона, пайдарпай будани ичроиши максадхо;
  • кор карда баромадани маxмуи чорабинихо барои ба максад расидан дар даврахои муайяни кори;
  • муайян намудан ва пайдо намудани сарчашмахои захирави барои ба максад расидан;
  • назорати ичроиши максадхо.

3.Услуби омузиши фанни менечмент ва алокамандии он ба дигар фанхои иктисодӣ

Услуби асосии омузиши фанни менечмент ба монанди дигар фанхои иктисоди услуби диалектики мебошад, ки проблемахои идоракуниро дар алокамандии доими, харакат ва инкишоф меомeзад. Яъне ходисахоро аз одди ба мураккаб, аз поёни то болои,  аз мушаххас то абстракт меомeзад.

Хусусияти хоси услуби фанни менечмент дар он мебошад, ки дар маркази омeзиш «Одам» карор дорад, ки хамчун рохбар ва ё хамчун коргар  фаъолияти кори дорад.

Натичагирии фаъолияти пурраи корхона, ташкилот аз он вобаста аст, ки хар як «одам» аз коргари одди сар карда, то рохбари болои то чи андоза фахмишу дониш дошта, кобилияти ичроиши кор ва вазифаро дорад. Аз ин рe, услуби менечмент – ин тахлили илмии рафтори одамон дар корхона, инчунин омузиши алокаманди ва бохамтаъсиррасонии одамон ва фаъолияти корхона мебошад.

Махсусан услуби тахлили системави ва статистики дар менечмент мавкеи назаррас дорад. Дар солхои охир бо рохи моделсозии риёзи самараноки ва интихоби оптималии фаъолияти корхона муайян карда мешавад. Ин услуби омeзиш низ дар менечмент хаматарафа истифода карда мешавад.

Услуби  дигари омузиши назарияви ва таxрибавии менечмент ин услуби экспериментали мебошад.

Услубхои дар боло номбаршуда дар омузиши хамаи фанхои иктисоди истифода карда мешаванд.

Фанни менечмент хамчун фанни иктисоди бо фанхои назарияи иктисод, тахлили фаъолияти корхона, риёзи, моделсози, кибернетика, фалсафа педагогика, психология, назарияи эхтимолият, географияи иктисоди, демография, иктисоди корхонахо ва ташкили истехсолот алокаманд буда, дар омeзишу тахкик аз онхо истифода менамояд.

Дар навбати худ фанни менечмент ба омузиши дигар фанхо кумаки худро мерасонад.

  1. Функсияхои асосии менечмент ва хусусиятхои хоси он

Мафхуми функсия аз калимаи лотини «Functio»- eхдадори буда,   доираи фаъолият ва ё мавкеъро мефахмонад. Ин мафхум кариб дар омузиши хамаи фанхо истифода карда мешавад.

Функсия хамчун категорияи менечмент намуди бехтарини фаъолияти идоракунии алокамандии байни одамон мебошад.

Менечмент хамчун илми идоракунии Чараёни ичтимоию иктисоди функсияеро ичро менамояд, ки барои фаъолгардонии амалиёти одамон дар сохаи идоракуни барои ба максади нихои расидан кeмак мерасонад.

Функсияхои асосии менечмент – ин ташкили илмии сохтори идоракуни, пайдарпайии идоракуни дар хама зинахои рохбариро дар бар гирифта, асосан ба 12-гурухи калон чудо карда мешаванд.

  1. Максаднокии менечмент – муайян намудани талабот, миссия ва максади корхона, захирахо, ахбор ва натичагирии ахбор.
  2. Стратегияи менечмент – муайян кардани стратегияи корхона, тактика ва усули менечмент, ташкил ва иктидори захирахо, ахбор.
  3. Банакшагирии менечмент – коркарди консепсия, пешгeи, барномасози, накша ва ахбор.
  4. Батанзимдарории менечмент – риояи конун, регламент, стандарт, меъёр, андоз, xарима, литсензия, ахбор.
  5. хавасмандкунонии менечмент – усули хавасмандгардони, механизмхо, вазифа ва таксимоти кормандхо, музди мехнат, мукаррарии ахбор.
  6. Ташкилии менечмент – сохтори идорави, технологияи ташкили, система, коммуникатсия ва услуби идоракуни, ахбор.
  7. Хирадмандонии менечмент – маълумотноки, маданият, урфу одат, профессионализм, этика, ахбор.
  8. хамо³ангсозии менечмент – мутобиккунони, баланси, мувозинати, захирави, идорашавандаги, коммуникатсия ва ахбор.
  9. Мотиватсия ва фаъолгардони – талабот, услуб, манфиат, хукмрони, вазифа ва мартаба, масъалагузори, ахбор.
  10. Иттиходияви – мухити корхона, пешво, обруву эътибор, иртибот, ахбор.
  11. Назорат – меъёр, коида ва тартибот, технология, тахлили ахбор.
  12. Баходихи – нишондихандахои сифати, экспертиза, тартибот, ахбор.

Аз гуфтахои боло маълум мегардад, ки хар як функсияи менечмент вазифахои хоси худро доранд. Аммо дар маxмeъ ин функсияхо стратегияи ягонаи менечментро ташкил медиханд, ки барои ба максади асосии стратеги расидан кeмак мерасонанд.

Стратегияи идоракуни дар шароити иктисоди бозори бояд омили пуркуввате бошад, ки корхона бо воситаи он ба ракобати озоди бозор тоб оварда тавонад.

Асосан стратегияи идоракуни бояд ба саволхои зерин xавоб гардонад:

Кадом намуди мaхсулот бояд истехсол кард?

Барои ки ва дар куxо бояд тиxорат намоем?

Кадом технологияро бояд истифода кард?

Чи тавр ба ракобати бозор тоб оварем?

Консепсияи идоракунии корхона бояд назария, фикру акоид ва услуб,  тарзи идоракуниеро пешбини намояд, ки барои ба максад расидан кeмак расонад.

Макоми карордоди идоракуни дар коркард ва амали гардонидани фаъолияти идорави зохир гашта, аз руи натоиxи охирон бахо дода  мешавад.

Кисмати зиёди масоили сохибкориро менечерон дар натичаи омeзиш, асосноккуни муайян карда, барои ичроиш ба хайати корхона пешниход менамоянд. Вазифаи функсионалии аъзоёни коллективи корхона ичрои масъалахои гузоштаи менечери корхона мебошад. Коркард ва амали гардонидани карордоди идоракуни хислати хоси функсияи менечмент буда, бояд хусусияти муттасили, оxили, ичтимои ва алтернативиро дошта бошад.

хар як функсияхои дар боло номбаршудаи менечмент ахбори махсуси худро доранд. Бинобар ин дар 12 функсияи менечмент ахбор кисми таркибиро ташкил медихад. Хулосаи асосии менечмент дар ичроиши ин ё он функсия дар асоси ахбори функсияи мувофик омeхта мешавад.

Гурухбандии функсияхои менечмент вобаста аз хусусияти хоси истехсолии корхона дар ³ар як соха фарк мекунад. Яъне вобаста аз соха ин, ё он функсияи менечмент метавонад макоми хоси худро дошта бошад, инчунин шаклхои гуногунро бо худ гирад.

Вобаста аз системаи идорави ва аломатхои алокаманди шаклхои зерини функсияхои менечмент чудо карда мешаванд:

  1. I. Идоракунии корхонахо:
  2. Вобаста аз шакл ва системаи менечмент.
  • идоракунии корхонаи мустакил;чамъияти саххоми;иттиходияхо; ширкатхо, хамкор, филиалхо ва Гайра.
  1. Вобаста аз хусусияти истехсоли.
  • идоракунии маркетинг; коркарди лоихаи илми ва истехсоли; идораи фуруши моли корхона; хизматрасони.
  1. Вобаста аз омилхои истехсоли.
  • идоракунии захирахои инсони; идоракунии захирахои ахбори ва материалхо; идоракунии истехсоли махсулот; идоракунии молияви.
  1. II. Идоракунии соха ва системахои байнисохави:
  2. Мавкеи соха дар такрористехсоли васеи иктисоди.
  • идоракунии навовари; идоракунии сармоягузори; идоракунии бахши иктисоди ва ичтимои; идоракунии системаи молиявию карзи.

III. Идоракунии инкишофи системаи менечмент: – стратегияи    инкишоф.

  • идоракунии зидди бeхрон ва инкишофи иктисоди; интегратсия; глобализатсия;

экология;

  1. IV. Функсияи касбигардонии менечмент ба 2 гурух чудо мешаванд:
  2. Функсияи касбигардонии фаъолият
  • навовари; менталитет; масъулиятноки ва таваккалкори; натичагири ва самараноки;

пешвои; идорашавандаги ва таъxили (оперативи)

  1. Функсияи касбияти менечерон
  • зехни; арзандаги; дониши хукуки доштан; максадноки; Гайратноки; ташкилотчиги;

мадани ва рафтори этики.

  1. Қонуниятҳо ва қоидаҳои асосии омӯзиши менеҷмент ҳамчун фанни таълимӣ.

Самараноки ва сифати идоракуни дар асоси усулхо, конуниятхо ва коидахои методологии халли карордодхо муайян мегарданд. Дар асоси тадкикот аксари олимон 13 усули фаъолияти менечментро пешниход менамоянд:

  1. Усули системави – объекти идоракуни хамчун чамъи унсурхои бо хам алокаманд омeхта шуда, дар асоси коидахои зерин ташкил карда мешавад.
  • Чараёни кабули карордоди идоракуни бояд аз муайян кардани максади ани¥ сар шавад;
  • масоил бояд, ки яклухт омeхта шуда, хамаи пахлeхои он муайян карда шавад;
  • коркард ва пешниходи варианти алтернативии халли масъала;
  • максади тамоми система бояд ягона бошанд ва набояд ба моxарои дигар система мубаддал гардад;
  • аз абстракт ба мушаххас гузаштан;
  • тахлили мантики ва таърихи фаъолият;
  • муайян кардани омилхои мухити беруна.
  1. Усули комплекси – дар вакти истифодаи ин усул дар омузиши менечмент мо бояд равандхои техники, экологи, иктисоди, ташкили, ичтимои, психологи, инчунин сиёсию демографиро дар алокамандии якдигар омeзем.
  2. Усули интегратсиони – бо максади тадкикот ва алокамандии байни:
  • унсурхои системаи менечмент;
  • даврахои хаёти ва объекти идоракуни;
  • Дарачаи идоракунии бар ва кад.

Усули интегратсиони имконоти хамкории байни субъектхои алохидаи менечментро пайдо месозад. Яъне хамкории системаи ахбори дар маркетинг, сифат ва микдори хароxот, корхои тадкикотию илми, ташкилию технологи, истехсоли махсулот, навовари дар бозорро дар бар мегирад. Инчунин хамкори байни субъектхои алохидаи идоракуни аз руи усули интегратсиони имконоти бартарияти ракобати фирмaхо дар бозор, бехтар кардани системаи менечментро пайдо месозад.

  1. Усули маркетинги – нишонагирии объекти идорави бо максади халли масъалахои истеъмоли. Дар вакти истифодаи ин усул бисёртар ба аломатхои зерин диккат дода мешавад:
  • баланд бардоштани сифати мол, ё хизматрасони вобаста ба талаботи истеъмолкунанда;
  • масрафи захирахо аз хисоби баланд бардоштани сифати мол;
  • масрафи захирахо аз хисоби истифодаи ҷараёни илмию техники, инчунин системаи нави менечмент.
  1. Усули функсионали – талабот хамчун кулли функсияхое кабул карда мешавад, ки бояд ичро карда шаванд. Баъд аз муайян намудани чунин як объект хамон моле интихоб карда мешавад, ки дар мeхлати тез бо хароxоти камтарин истехсол карда шавад.
  2. Усули диалектики – объекти идоракуни дар асоси тахлили  иктисодии 5-10 соли охир гирифта шуда, боз барномаи пешгeи тартиб дода мешавад.
  3. Усули такрористехсоли – чунин як усуле мебошад, ки барои доимо таъмин гардонидани истехсоли мол барои бозори мавчудбудаи корхона бо назардошти хароxоти камтарин нигаронида шудааст.
  4. Усули пайдарпайи – объекти идоракуни хамчун як Чараёни пайдарпай муттасил омeхта шуда, барои бетанаффус ичро шудани он кeшиш карда мешавад.
  5. Усули меъёри – ин усул дар хамаи системаи идоракунии менечмент истифода шуда, меъёрхои зеринро бояд дошта бошад:
  • максадноки – нишондихандахои сифати ва камхарxии мол, Дарачаи ташкилию техники, инкишофи ичтимои коллектив, мухофизати мухити зист;
  • функсионали – меъёрхои сифати накша, ташкили системаи менечмент, сифати бахисобгири ва назорат, меъёри хавасмандии мехнат;
  • таъминкунанда – меъёрхои ба коргарон таъмин будани хамаи сохторхои таркибии корхона, шароити хуби кори барои ичрои максадхои корхона, меъёрхои истифодабарии тамоми захирахои корхона, меъёрхои таъминкунандаи самаранокии истифодабарии вакт, фондхо ва Дарачаи автоматикунони.
  1. Усули микдори – омузиши нишондихандахои гузариш аз микдор ба сифати ва аз сифат ба микдор бо роххои риёзӣ, оморӣ, хисобхои мухандисӣ, холдихӣ ва монанди ин.
  2. Усули маъмури – бо рохи муайян кардани функсияхо, вазифа ва eхдадорихо, меъёрхои сифати, хароxот, мeхлатгузори, фармон, фармоишхо, инструксия, стандарту дастурамалхо ичро карда мешавад.
  3. Усули рафтори рохбари – максади чунин як усул барои кeмак расонидан ба коргарон барои фахмидани имконоти худ, кобилият ва хунархои шахсии хар як коргар равона карда шудааст. Ин усул бо рохи ташкил намудани кружокхо, курсхои махсуси илми, ташкили клубхо ба рох монда мешавад. Максади ин усул баланд бардоштани самаранокии истехсолот аз хисоби захирахои дохилии мехнати мебошад.
  4. Усули холати – вобаста ба холате, ки дар кори менечмент пайдо мегардад, бояд хамон усул истифода карда шавад. Дар Чараёни идоракуни якчанд омилхои дохили ва беруна мебошад, ки таъсири худро мерасонанд, бинобар ин усули ягонаи идорави вучуд надорад. Хуб мешавад, ки вобаста ба холати пайдошуда, усули мувофикро истифода намоем.

Конуниятхои инкишофи истехсолот объективи буда, идоракуни хамчун воситаи истифодаи ин конунхо дар Чараёни фаъолияти кории одамон иштирок менамоянд.

Идоракуни як шакли махсуси фаъолияти одамон мебошад, ки дар вакти таксимоти мехнат чудо карда мешавад. Бинобар ин Гайр аз конуниятхои умумии мехнати, идоракуни як катор конуниятхои махсуси худро дорад, ки барои риояи он дониши касби ва маълумот шарт ва зарур мебошад.

Дар назарияи илми идоракуни  як катор конуниятхо ва конунхое вучуд дорад, ки дар менечмент хатман бояд риоя шавад. Ин конуниятхо хам мохияти назарияви ва хам мохияти амали доранд. Мисол барои менечмент донистани он, ки кувваи коргари баъди 8 соати кори бояд аз нав баркарор шавад ва бояд барои ин истирохати коргар зарур мебошад, нуктаи мухим аст ва ё конунияти физики вучуд дорад, ки баъди 4-5 соати кори, коргар бояд хeрок хeрад. Ичро ва риояи чунин  конуниятхо аз тарафи рохбар шарт ва зарур мебошад.

Донистан ва риоя кардани конуниятхои идоракуни дар асоси тахлили назарияви ва таxрибаи кори чунин имконият медихад:

  • тахлили амики системаи идоракуни гузаронида, имконот муайян карда мешаванд;
  • омили вакт ба инобат гирифта мешавад, дар холати бехтар кардани системаи идоракуни;
  • ба инобат гирифтани омилхои субъективии идоракуни;
  • чори намудани усули системавии идоракуни.

Асосан чор конунияти менечмент чудо карда мешавад:

  1. Ягонагии системаи идоракунии истехсолот – алокаи босуботи системаи менечмент дар холати таъсири омилхои беруна буда, дар кори амалии менечмент ин конуният чунин амали мегардад:
  • ягонагии коидахои идоракуни барои хамаи звенохо, дараxахо ва системахои идоракуни;
  • ягонагии системаи ташкилии идоракуни;
  • ягонагии услуби идоракуни барои ичрои проблемахои гуногуни идорави;
  • ягонагии системаи идоракуни, ки пайдарпайи ва мунтазамии корро таъмин месозад.
  1. Мувозинати истехсолот ва идоракуни – чунин як конунияте мебошад, ки на факат барои корхона, балки барои тамоми иктисоди мамлакат зарур мебошад. Яъне  идоракуни набояд аз хакикати истехсолот дур бошад.  Ҳар як системаи идоракуни бояд хам микдоран ва хам аз xихати техники имконоти ичрои вазифахои худро дошта бошанд.
  2. Марказонидан ва гайримарказонии идоракуни. Варианти оптималии мувозинати марказони ва гaйримарказони – ин таксимоти вазифа, функсия ва хукук додан мебошад. Дарачаи марказонида шудани идоракуни вобаста аз Дарачаи инкишофи истехсолот таГйир меёбад. Баробари афзоиши исте³солот Дарачаи марказонидан кам мешавад.
  3. Таносуби дурусти байни сардор ва идораи корхона, яъне таносуби байни субъект ва объекти корхона аст, ки фактори асосии ин таносуб омили ташкилию иктисоди мебошад.

Вобаста аз инкишофи иктисоди арзиши мехнати идорави меафзояд. Мураккабшавии Чараёни истехсолот ба он овардааст, ки дар идоракунии корхонахо психолог, сотсиолог ва барномасозу мутахассисони сохаи электроника бояд иштирок намоянд. Чунин як пешравии кори идоракуни ин конунияти инкишофи системаи идоракуни ва объекти идоракуни мебошад.

Коидахои менечмент – гуфта, конуниятхоеро меноманд, ки дар доираи он алокамандии системаи идоракуни амали мегардад.

Аз дигар тараф коидаи менечмент гуфта,  коида, меъёрхои хукуки ва рафториеро меноманд, ки рохбарон дар фаъолияти кории худ истифода мекунанд.

Коидахои асосии менечментро чунин чудо кардан мумкин аст:

  • коидаи илмии идоракуни;
  • коидаи бо хам мувофик будани идоракунии марказонидашуда ва Гайримарказонидашуда; коидаи ягонагии рохбарии сиёси ва хоxаги; коидаи хоxагии накшави;
  • коидаи хавасмандкунии модди ва маънави; коидаи Чавобгарии идоракуни;
  • коидаи интихоб ва xобаxогузории кормандхо; коидаи самаранокии иктисоди;
  • коидаи бо хам мувофик будани идоракунии сохави ва территорияви;
  • коидаи бартарияти карордоди хоxаги.

Коидахои идоракуни бояд асосхои хукуки, меъёри, конунии худро дошта бошанд ва дар хуxxатхои хукукию меъёри дарx гардида бошанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.