Функсияхо ва усулхои фаъолияти  менеҷмент

  1. Функсияхои асосии фаъолияти менеҷмент
  2. Усулхои иктисодии хисоби хоҷагӣ ва

хавасмандкунии менеҷмент

  1. Нархгузорӣ, молия ва карз хамчун усули иктисодии менеҷмент
  2. Усулхои маъмурӣ, иҷтимоию руҳи ва тарбиявӣ

 

  1. Функсияхои асосии фаъолияти менеҷмент

Дар фаъолияти менечменти Имруза панч функсияи асоси чудо карда мешавад (расми 1):

  1. Ояндабини ва банакшагири.
  2. Ташкили.
  3. Фаъолгардони ва хавасмандкуни.
  4. хамохангсози ва батанзимдарори.
  5. Бахисобгири, тахлил ва назорат.

Расми 1. Функсияхои менечмент.

 

  1. Ояндабини ва банакшагири – асоси фаъолияти менечмент ва давраи якуми он ба шумор меравад. Дар ин давра максади фаъолият ва роххои амали гардонидани он нишон дода мешавад.

Ояндабини пештар аз банакшагири пайдо мегардад. Ин тадкикоти ояндаи ташкилот аст, ки барои халли масъалахои стратеги ва дарозмуддат равона карда шудааст. Дар асоси нишондихандахои ояндабини вазифаи банакшагири чори мегардад, ки дар он захирахо муайян карда мешаванд. Дар ин замина натичахои оянда ба назар гирифта шуда, мухити фаъолияти корхона дар шароити ракобати бозор муайян карда мешавад.

Сарчашмаи асосии ояндабинии ташкилот ин тадкикоти худи корхона, ё ташкилоти махсус, ки аз руи фармоиши корхона ояндабинии онро муайян месозанд, махсуб мегарданд

  1. Функсияи ташкили – ин фаъолияти рохбарияти корхонаро вобаста ба максадхо ва накшахояш зимни ташаккул ва таъмини фаъолияти сохторхои он дарбар дорад.

хангоми ичрои функсияи ташкили бояд, ки чунин корхо ба сомон расонида  шаванд.

  • кор карда баромадани сохтори ташкилии корхона, ки имконоти ичрои максад ва вазифахоро таъмин карда тавонад;
  • муайян намудани муносибатхои ташкилии байни коргарон вобаста ба тахлили таксимоти мехнат ва вазифахо;
  • ташкили системаи идоракунии корхона;
  • ташкили штатхои расмии корхона;
  • муайян кардани ухдадорихои функсионалии коргарон (тартиб додани дастурамал ё низомнома доир ба шахсони вазифадор);
  • коркарди системаи ташкилии корхона аз нигохи инкишофи он.
  1. Фаъолгардони ва хавасмандкуни. Ин функсия омили асосии омузиши Чараёни мотиватсиони дар корхона, муайян кардани роххои самараноки мотиватсияи кори ва фаъолгардонии кории коргарони коллектив ва хар як коргар дар алохидаги ба шумор меравад.
  2. хамохангсози ва ботанзимдарори – ин функсияи менечмент бо максади нигохдории Дарачаи инкишофи корхона аз руи накшаи муайяншуда мебошад.

Вазифаи хамохангсози мувофикгардонии фаъолияти ташкилот ва табакахои он барои ичрои накша, мебошад. Дар фаъолияти  менечмент зимни хамохангсози бартарияти зиёдро усули иктисодии идоракуни нисбат ба маъмури – идоракуни, доро мебошад. Вазифаи асоси – ин ташкил намудани шароити хуби истехсоли барои ичрои максадхои оптимали ва эxоди фаъолият аст.

Батанзимдарори ислох намудан, ё худ дохил намудани таГйирот дар фаъолияти объектхои идоракуни вобаста ба холат ва талаботи ичрои максадхои корхона аст. Батанзимдарори хамохангсозии фаъолиятро пурра мегардонад, вакте, ки дуюмин нокифояги мекунад.

  1. Бахисобгири, тахлил ва назорат – функсияхои асосии иктисодии менечмент ба хисоб мераванд. Максади асосии ичрои ин функсия таъмин намудани мехнати самараноки фаъолияти корхона мебошад. Дар навбати худ бахисобгири, тахлил ва назорат бояд, ки самаранокии фаъолияти корхонаро таъмин намояд, яъне:
  • таъмини пурраи ахбори корхона;
  • истифодаи самараноки захирахо;
  • саривакт аник кардани камбудию норасои ва бартараф кардани онхо;
  • муайян кардани захирахои иловагии корхона ва сарчашмахои фаъолгардонии истифодаи онхо.

Функсияи назорат барои менечмент мохияти махсус дорад: «Назорат хамчун Чараёни таъмин намудани ба максад расидани ташкилот муайян карда шудааст».

Се шакли назорат чудо карда мешавад: назорати пешаки, чори ва хулосави.

Назорати пешаки – коида, коида ва стратегияро бо худ дорад. Объекти назорати пешаки асосан захирахои молияви, модди ва мехнати мебошанд.

Назорати чори – асосан байни сардор ва итоаткунандагон нисбат ба  фаъолияти харрeзаи онхо  назаррас аст.

Назорати хулосави, ё худ натичави – баъди як давраи муайяни ис-техсоли ё худ пас аз ба анxом расидани давраи кори гузаронида мешавад.

Ин шакли назорат аз се давра иборат мебошад:

  1. Кор карда баромадани ченакхо ва стандартхо.
  2. Мукоисаи нишондихандахо ва натичаи гирифташуда.
  3. Ичрои фаъолиятхои батанзимдарори ва хамохангсози.

 

  1. 2. Усулхои иктисодии хисоби хоҷаги ва хавасмандкунии менечмент

Максади асосии исло³оти иктисоди низ дар Тоҷикистон, гузаштан аз коидаи маъмури – фармондихи ба коидахои иктисодии идоракуни мебошад.

Усулхои нави идоракуни имкон медихад менечмент мукаммал гашта, барои ичрои максадхои асосии ташкилот мувофик шавад.

 

  1. Усулхои иктисоди. Сифатхои асосии ин усулхои иктисоди унсурхои зеринро доро мебошад:
  • ба таври илми асоснок будан;
  • бунёди модди доштан;
  • хавасмандии маънави;
  • натичаи мусбат гирифтан;
  • таъмини мотиватсияи мусбии фаъолият;
  • гуногунии усули идоракуни.

Гузаштан ба шаклхои иктисодии идоракуни дигаркунихои куллиро  дар иктисоди ташкилот такозо дорад. Ин раванд дар танзими нави молиягузории хисоби хоxаги ва хавасмандкуни, татбик мегардад.

  1. Усули маъмури- бояд кайд кард, ки вазифахои идоракуние низ мавчуд аст, ки усулхои иктисоди аз eхдаашон намебароянд. Барои халли ин масъалахо усули маъмури фармондихии менечмент дар корхонахо мавчуд аст, ки ба худ усулхои тартиботи, меъёри, дастури ва фармондихиро дарбар мегирад.

3.Усули иҷтимоию-руҳи -самаранокии  идоракуни хамон вакт мушохида мегардад, ки агар дар асоси донистани мотивхо ва конунияти рафтории гурӯххо ва ашхоси алохида, ки дар натиҷаи фаъолияти кории одамон аст, ташкил карда шавад.

4.Усули тарбиявӣ- ин усул воситаи асосии дар одамон тарбия намудани кобилияти ба максад расидан мебошад.

Дар шароити феълии корхонахои Тоxикистон шаклхои гуногуни хавасмандкуни аз руи музди мехнат дида мешаванд. Масалан:

  • баланд бардоштани окладхо, ё бастхои тарифи;
  • иловахо бо маоши асоси;
  • иловапулихо вобаста ба хизматхо, собикаи кори, унвонхо ва Гайра;
  • мукофотхо барои хизматхои арзанда ва кори самаранок.

хамин тарик, санъати идоракуни дар он зохир мегардад, ки менечмент то чи андоза метавонад музди мехнатро ба яке аз унсурхои  асосии баландбардории хавасманди ва мотиватсияи мехнат оварда расонад.

 

  1. Нархгузори, молия ва карз хамчун усули иктисодии менечмент

Нархгузори яке аз омилхои асосии идоракунии иктисоди мебошад. Нарх бояд, ки инъикоси хакикии хароxоти истехсоли ва фуруши махсулот, инчунин хусусияти  истеъмолии онро ифода намояд. Аз тарафи дигар, нархи мол ба талаботу таклифоти бозор мебояд мувофикат намояд.

Дар иктисоди бозори шаклхои зерини нарх вучуд дорад:

  1. Нархи истехсоли – нархе, ки истехсолкунанда молашро ба бозор мебарорад. Ин нарх баробар ба тамоми хароxоти истехсоли ва маркетинги ва чамъи фоидае, ки корхона мехохад гирад, баробар тааллук дорад. Дар мамлакатхои мутараккии саноати нархи истехсолии мол 40-60% нархи чаканаро ташкил мекунад;
  2. Нархи яклухт – нархе мебошад, ки ташкилоти тиxорати молашонро бо микдори зиёд яклухт ба корхонахои тиxоратии чакана мефурушанд. Ин нарх ба нархи чамъи хароxоти истехсоли ва маркетингии ширкати тиxорати яклухт мебошад. Нархи яклухт 60-70% нархи чаканаро ташкил мекунад.
  3. Нархи чакана – нархе мебошад, ки молхо дар маГоза бо микдори чакана фурeхта мешаванд. Ин нарх бо худ нархи яклухт, чамъи хароxоти истехсоли,  идоракуни, маркетинги фоидаи хисобиро дорад хачми нархи чакана пеш аз хама ба талабот ва таклифоти бозор вобаста мебошад.
  4. Нархи бозори – нархе, ки мол дар вакти муайян дар бозор фурeхта мешавад.
  5. Нархи базави – нархе мебошад, ки дар асоси гуфтушуниди пешаки, ё шартномаи байни истехсолкунанда ва харидори яклухти калон муайян мешавад. Тавассути ин нарх сифат ва навъи мол муайян карда шудааст. Дар ин маврид нарх бар пояи шартнома муайян гардида, илова, ё кам низ карда мешавад.
  6. Нархи монополи – нархе мебошад, ки монополистони бозор муайян мекунанд. Нархи баланди монополи барои фуруши моли худ ва нархи пасти монополи барои харида гирифтани молхои дигар истехсолкунандагон, ё худ фурушандагон муайян карда мешавад.
  7. Нархи номинали – нархе, ки дар маълумотномахо, биржахо ва нархнома³о чоп шуда, муайян аст.
  8. Нархи лаГжанда – нархе, ки дар асоси шартнома вобаста ба сохтори бозор, дар вакти муайян гузошта мешавад.
  9. Нархи таГйирнаёбанда – нархе, ки дар шартномаи хариду фуруш муайян шудааст ва таГйир намеёбад.
  10. Нархи талаботи – нархе, ки дар асоси ракобати озоди бозор пайдо мешавад.
  11. Нархи «пешворо паст намудан» – нархе, ки бо максади xалб кардани муштариён гузошта мешаванд. Асосан чунин нарх ба як мол гузошта мешавад ва бо максаде, ки молхои дигарро бихаранд.
  12. Нархи хариду фуруш – нархе, ки вобаста ба шарту шароити фуруши мол, яъне хароxоти xобаxогузори, наклиёт, вакт, микдор ва амсоли ин муайян карда мешавад. Гайр аз ин, нархи харидору фуруш ба чунин шартхои фуруши мол вобаста аст:

Стратегияи нархгузори.

  1. Нарххо нисбат ба нархи молхои корхонахои ракиб пасттар муайян карда мешаванд. Аммо холатхое мешаванд, ки агар ракиби корхона истехсолкунандаи калон бошад ва бо хароxоти кам мол истехсол намояд, он гох касодии корхона ба миён хохад омад. Бинобар ин, барои ба чунин ходисахо гирифтор нашудан корхона бояд корхои зеринро анxом дихад:
  • суръати фуруши молро тезонад;
  • моле истехсол намояд, ки хароxоти зиёдро талаб накунад;
  • корхонахои хурдро дар xойхое ташкил намоянд, ки корхонахои калон чунин имконро надошта бошанд.
  1. Нарххо нисбат ба нархи молхои ракиб кимат монда мешаванд, ё корхона «стратегияи кимат бифурушед»-ро истифода мекунад. Барои ин, молеро истехсол мекунад, ки барои истеъмолкунанда, новобаста ба нархаш зарурат дорад. Дар ин холатхо чунин раванд³о мухим аст:
  • истехсоли молхои камёфт;
  • омузиши пурраи истеъмолкунанда;
  • муомилаи хуб ба истеъмолкунандагон;
  • интихоби xои мувофик таъмини мол барои истеъмолкунанда (мисол дар назди xои мувофик, ё худ дар назди хонаи истеъмолкунанда;
  • интихоби моле, ки корхонаи калон истехсол карда наметавонад.
  1. Муайян кардани нархи мувофик барои харидор. Мисол ракамхои пурра 10, 15, 20, 100, 150, 200… ва Гайра.
  2. Муайян кардани нарх барои мачмуи молхо (мисол, мачмуи асбобхо барои ошхона, барои таъмири мошинхо).

Молия барои инкишофи иктисод ва xихати ичтимои корхона зарур мебошад. МаблаГхои пули ба корхона имконият медихад, ки боз маблаГи нав пайдо намоянд, яъне фоида бигирад.

Идоракунии молияви  фаъолияти менечерро дар истифодаи воситахои пулии корхона фаро мегирад, ки бо максади гирифтани фоидаи баланд равона карда шудаанд.

Идоракунии молияви  вазифахои зайлро дарбар дорад:

  • интихоб ва истифодабарии молиягузорихо;
  • ташкил ва хамохангсозии фаъолияти молияви;
  • муайян намудани фоидаи оянда вобаста ба маблаГгузори ва батанзимдарории фаъолияти молиявию хоxагидори;
  • бахо додани таваккали молияви ва фоидаи аз он;
  • ояндабини ва банакшагирии фаъолияти молияви – хоxагидори;
  • тахлили фаъолияти молиявию хоxагидори.

Дар робита ба мeхлати ухдадорихои молияви дар корхона, се сарчашмаи молиягузори чудо карда мешавад.

  1. Кeтохмуддат – ба мeхлати як сол.
  2. Миёнамуддат – ба мeхлати аз як то дах сол.
  3. Дарозмуддат – ба мeхлати зиёда аз 10 сол.

 

  1. Усулхои маъмури, ичтимоию равони ва тарбиявии менечмент

Пеш аз хама бояд кайд кард, ки усули маъмурии идоракуни дар солхои охир мазмуни иктисодии худро, яъне накши асосиро дар идоракуни  аз даст додааст

  1. Банизомдарории фаъолияти корхона, яке аз фаъолиятхои мухими менечменти корхона маънидод шуда, кор карда баромадани хуxxатхоеро дарбар мегирад, ки тартиботи идоракунии корхонаро муайян месозанд:
  • кор карда баромадани оиннома ва дигар дастурамалхои корхона;
  • сохтори ташкили корхона;
  • сохтори ташкили ва идоракунии корхона;
  • xадвали штатии корхона;
  • дастурамал ва низомномахо дар бораи фаъолияти гуруххо ва шуъбахои алохидаи корхона.
  1. Бамеъёргирии фаъолияти корхона. Ин фаъолият бо рохи муайян кардани меъёрхо ва коидахое, ки худуди фаъолияти корхона ва шуъбахои онро нишон медихад, амали мегардад. Асосан онхо нишондихандахои микдори мебошанд. Ин унсури идоракунии маъмури нисбат ба батанзимдарори дида мураккаб буда, бевосита ба идоракунии иктисоди равона карда шуда, хамчун нишонаи танзимдарории фаъолият истифода карда мешаванд. Имрузхо дар корхона бисёртар меъёрхои коркард, хизматрасони, мехнати ва Гайра муайян карда мешаванд, ки муносибатхои идоракуни – иктисодии байни объектхои гуногунро ба танзим медароранд.
  2. Дастури – мачмуи коидахое мебошад, ки хар як аъзои корхона бояд ошно бошад. Ин шакли таъсиррасонии маъмури бевосита буда, коидаи ичрои кор, реxаи кори, тарзи натичагири, холатхои мушкилии корхона ва роххои баромадан аз онро дарбар мегирад.
  3. Таъсири хукмфармои – дар натичаи фаъолияти харрeзаи кории маъмурияти корхона падид меояд. хукмфармои метавонад хатти ва дахони ба амал ояд. Он Чараёни тайёри, кор карда баромадан ва ичроиши карорхо, фармонхо, супоришхо, резолютсияхо мебошад. хукмфармои метавонад вобаста ба дараxа ва мавкеи вазифадории рохбар гуногун бошад. Дар шароити иктисоди бозоргони ва гузаштан ба усулхои гуногуни иктисоди рохбар – директори корхона кисме аз хукмронии худро гум мекунад. Яъне аксар фаъолиятхои  истехсолии e ба ихтиёри ичрокунандагон мегузарад ва дигар зарурати идоракунии маъмури – фармондихи намемонад.

Аз тарафи дигар рохбар – директор моликиятдор буда, аз як катор фармонхое, ки аз боло ба e меояд озод аст ва худаш мустакилона  карорхои xидди кабул намуда, фаъолияти корхонаро пеш мебарад. Дар дасти рохбар омили асосии идоракуни, ин интихоби кормандон, ташаккули коллективи мехнати ва xобаxогузории онхо макоми аввалро ишГол мекунад. Лекин аксар мавридхо рохбари корхона маxбур аст, ки фармонхои органхои маъмури – давлатиро, аз ҷумла: идораи санитарию эпидемиологи, оташфишони, банк, прокуратура, милитсия ва Гайра иҷро намоянд.

Амали гаштани фаъолияти маъмури-идоракуни бо якxоягии усулхои иктисоди дар корхона имкон медихад, ки корхона корро самаранок ба рох монад. Талаботи асосии чунин як усули кории менечмент регламентатсия ва ахбори озоди фаъолияти маъмури, аник, пурра ва асоси хукуки доштани рафторхои маъмури – хукмфармоии хар як рохбари корхона ва инчунин Чавобгарии аники иктисоди доир ба натоиxи ичрои як катор, ё худ  фармони маъмурии  хукмравои мебошанд.

хамин тарик, идоракунии иктисоди ва маъмури ахбори  пурраро на факат дар бахши идоракуни, балки дар тамоми сохахои фаъолияти корхона талаб менамояд.

Дар хама холатхо дар корхона мушкилоте пайдо мегарданд, ки онхо манфиати ин ду усулро бар мукобили хамдигар карор медиханд. Масалан,   дар холати ба хисоби пурраи хоxаги гузаштани корхона аксари масоилхои маъмури ва идоракуниро худи коргар ичро менамояд ва дигар зарурати идоракунии маъмури боки  нахохад монд.

Дар хама холат масъалаи асоси омeзиш ва истифодаи роху усулхое мебошад, ки коргаронро хавасманд намоянд ва барои баланд шудани хосилнокии мехнат, хуб шудани рафтор ёри мерасонанд. Дувум ин, ки мо бояд шароити хуби психологии муносибатхои коллективро мухайё созем. Бинобар ин, омузиши масоилхои инкишофи мехнат, мотиватсия, хавасмандкуни, хамчун омилхои таъсиррасонанда ба холати ичтимои-равонии корхона мачмуи масоилхое мебошанд, ки менечменти хозира бояд хуб аз худ намояд.

Бинобар ин, усули идоракунии менечмент дар замони хозира барои ташаккули коргари типи нав бояд равона карда шуда бошад ва  аъзои эxодкору серхаракати коллектив бошанд. Ин усули фаъолияти менечментро, усули ичтимоию равони ва тарбияви меноманд. Ин усул асосан ба хислати  идоракунии солхои 70-90-уми асри ХХ рост меояд, ки асосгузорони  он менечментони Xопон мебошанд. Дар системаи идоракунии xопони омили  асоси ин мотиви мехнати мебошад. Таxриба нишон дод, ки иштироки бевоситаи коргарон дар таксимоти фоида, Чавобгарии аник ба натичаи фаъолият, сифати махсулот, хавасмандии модди ва маънави музди мехнати иловаги, балки гирифтани хона ва нафака ва Гайра xихатхои равони ва тарбиявии eро инкишоф медихад.

Дар байни усулхои идоракунии ичтимоию равони ва тарбияви, яке аз омили асоси муайян кардан ва бахисоб гирифтани  xихатхои равонии хар як аъзои коллектив, рафтори коллектив дар маxмeъ мебошад.

Яке аз раванди усули ичтимоию равони, омузиши равия ва ташаккули мотиви фаъолияти кории коргарон мебошад ва бахисобгирии он дар раванди идоракуни  зарурат дорад.

Ба гурухи усулхои ичтимоию равони ва тарбияви инчунин барпо намудани мухити хуби равони ва истифодаи ратсионалии шаклхои гуногуни хавасмандкунии коллективи ва фарди дохил мегардад. Мисол, дар тахтаи фахрии корхона сабт намудани номхои одамони арзандаи коллектив ва дар хар як чорабинихо, дар рeзхои ид мукофонидани шахсхои арзанда ва Гайра.

Дар солхои охир дар идоракунии корхонахо омили дигар, яъне банакшагирии инкишофи ичтимои коллективи мехнати илова шудааст, ки аксари масъалахои ичтимои  корхона хал карда мешаванд.

Усулхои самараноки кор дар коллективи корхона, навигарихои демократии идоракуни, озодии сухан, маданияти хуб ташкил намудани бахсу музокира, кабул намудани танкид, шунидани акидаи ракибон, аз кабили хислатхои нави кории менечмент дар шароити иктисоди бозори мебошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.