Хокимият ва рохбарияти менеҷмент

1. Мафхуми хокимият ва асосхои хокимиятдори
2. Роххои истифодаи хокимият дар фаъолияти рохбари

3. Тарзи рохбарияти якченаки ва бисёрченаки

4. Шаклхои мунокишахои дохили ташкилоти ва равандхои онхо

5. Стратегияи рохбарият барои бартараф намудани мунокишахо

1. Мафхуми хокимият ва асосхои хокимиятдори

Асоси рохбариятро таъсиррасони, яъне таъсири психологие, ки бо максади таГйир додани рафтори одамон равона карда шудааст ташкил менамояд. Имконоти вокеи ва иктидории таъсир намуданро ба одамон хокимият меноманд.

хокимияти мустахкам кафолати вучуд доштани чамъият мебошад. хокимият муносибатхои ичтимоие мебошад, ки чунин бахо дода мешаванд:

  1. Ассиметри будан, ин маънои онро дорад, ки субъекти хукмрон нисбати дигарон афзалият дорад.
  2. харакати доими оид ба таГйир додани баланси мавчудбудаи хокимият. Омилхои мубориза барои хокимият инхо мебошанд: мотивхои шахси; максадхои стратеги; норасогии захирахо.

Сохтор ва унсурхои махдудиятии хокимият инхо мебошанд: ба истеъфо рафтан, итоат накардан, такризи хокимиятдорон, истифодаи сохторхои назорати ва Гайра.

  1. Максаднокии хокимият;
  2. Такя ба захирахои муайян;
  3. Мавчуд будани механизми махсуси хокимиятдори;
  4. Имконоти зиддиятхо ва итоат накардан.
  5. Пурра ба даст нагирифтани доираи тамоми фаъолиятхои ташкили, хислат ва хачми вазифахо.

Аз руи равия хокимият мешавад мусбат ва манфи. хокимияти мусбат – созанда, баркароркунанда мебошад. ²окимияти манфи – нобудсозанда ва вайронкунанда, монеашаванда мебошад. хокимияти манфи новобаста ба тартиботи сахти фаъолияташ поянда намебошад.

хокимият шаклхои ташкилии зеринро дорад:

  • яккасардори;
  • коллективи;
  • коллегиали.

хокимият фарди – яъне аз тарафи як шахс амалишаванда ва системави мешавад, ки дар асоси талаботхо, хукуку меъёрхои барои хама кабулшуда, ичрошаванда шуда метавонад. Илова бар ин хокимияти расми ва вокеи мешавад:

хокимияти расми – ин хокимияти вазифадори. Дар асоси вазифае, ки шахс дар ташкилот дорад, мачмуи хукуку ухдадорихои худро хамчун кисми таркибии сохтории ташкилот ичро менамояд ва бо сифати шахсии субъект вобастаги надорад.

хокимияти вокеи – аз Дарачаи эътироф намудани сохиби вазифаи хокимият ва аз тарафи одамони мухит, яъне аз муносибатхои расми ва Гайрирасмие, ки дар ташкилот вучуд доранд, вобаста аст. Дарачаи хокимияти вокеи аз руи микдори одамоне муайян карда мешаванд, ки ба шахси алохида ихтиёран хохиши итоат карданро доранд.

Кобилияти истифодаи хокимият гуфта, дониш ва махорати идоракуни доир ба сохтори ташкилот, маком ва алокамандии гурух ва субъектхои алохида, инчунин манфиати онхо ва фахмиши стратегию тактикиеро меноманд, ки тавассути онхо хокимият ва сарчашмахои ба даст овардашудаи он нигох дошта мешавад.

Якчанд асосхои мавчудияти хокимият вучуд дорад.

1. Дар навбати аввал маxбурсози.

хокимияте, ки дар асоси маxбурсозии конуни (аслан хокимият ин худаш маxбурсози мебошад), ё тибки имконотхо амали мегардад, маъмурият номида шуда, дар шакли конуни фаъолият мебарад.

Яке аз шакли захираи хокимиятдори, ин доштани алока бо шахсони волохиммате мебошад, ки бехтаршави дар дасти онхо аст.

Асоси дигари хокимият ин итоатгарии як гурухи одамон бо хохиши худ ба гурухи дигар мебошад. Чунин итоатгарои се сабаб дорад:

  • анъана;
  • кобилияти илохи;
  • боварии шахси.

Анъана – ин хислати аз насл ба насл гузаштани итоатгарои аст. Асоси чунин хокимиядори мустахкам ва боваринок мебошад.

Кобилияти илохи – дар амалия баъзе одамоне пайдо мешаванд, ки кобилияти баланди илохии рохбариро доранд ва бо тамоми нишонахои худ-донишу заковат, кордони, рафтору гуфтори худ аз дигарон болои доранд.

Боварии (эътимод) шахси – шакли мустахкамии хокимиятдори буда, одамон асосан ба конунхо, меъёрхо, коидахои мавчуда бовар карда, фаъолияти худро ба он равона месозанд.

Дар навбати худ боварии (эътимоди) шахси хело хам дер пайдо мегардад ва аз як катор холатхои субъективи, пеш аз хама мухити маънави ва психологи дар ташкилот, Дарачаи бовари ба якдигар, Дарачаи мадани ва маърифатнокии одамон, ягонагии максади рохбарон ва коллективи корхона вобастаги дорад.

2. Роххои истифодаи хокимият дар фаъолияти рохбари

Дар амалия хокимият дар Чараёни рохбари амали мегардад, яъне фаъолияти идоракунии мехнати якxояи одамон, рафтори онхо, ки барои ба максад расидан кeмак мерасонад. Рохбари карда тавонистан дар мактабхо омeхта намешавад. Ин хосиятро аксар одамон аз давраи таваллудашон бо худ дошта, дар давоми хаёташон онро факат инкишоф медиханд.

Рохбари гуфта, максадгузори, хамохангсози, хавасмандии рохбариро меноманд. Натичаи рохбари аз се унсур вобаста аст: рохбар, итоаткунандагон ва таГйир ёфтани холатхои муносибатхои дар натичаи рохбари пайдо гашта, ки дар навбати худ ду тараф доранд – функсионали ва шахси.

Муносибатхои функсионали байни вазифахо ва вобаста аз ин аз карорхо, масъалагузори, вогузории вазифа ба дигар кас ва Гайра иборат аст. Ин муносибатхо аз аввали пайдоишашон расми буда, муносибатхои шахси метавонанд ба ин xараён хам кeмак ва хам халал расонанд.

Муносибатхои шахси – ин муносибатхое мебошанд, ки дар байни шахсон пайдо мешаванд. Дар ин муносибатхо нисбат ба муносибатхои функсионали бисёртар пешрафт ба миён меоянд.

Усули гуманистии ташкили истехсолот максади сохтори Гайристандарти доштани мухити истехсолиро дошта, барои даст кашидан аз таксимоти катъии мехнат, пайдо кардани имконоти истифодаи кобилияти одамон ва эxодкории онхо дар истехсолот равона карда шудааст.

Коидахои асосии усули гуманистии рохбари аз руи арзишхои инсони, ки пайдарпаи, ягонагии кору сухан, масълуиятноки, маънавиёти баланд, диккат ва эхтиромро дар худ таxассум менамояд, чунин мебошанд:

  • ташаккули пешакии системаи арзишхои инсони, ки барои аъзоёни коллектив боиси кабул мебошанд;
  • таъмини коргарон ба ахбори пурраи зарури;
  • ба коргарон пешниход намудани худмухтори, имконоти кисман назорат кардани шароити фаъолияти кории худ, нишон додани ташаббус;
  • ташкили мухити эxоди, фаъолгардонии сифатхои хуби ичрокунандагон, доимии омeзиш;
  • кабули одамон дар хамон шакле, ки онхо хастанд, мустахкам кардани хуббовари, тайёр будан ба созишу гузашт ва Гайра;
  • даст кашидан аз худситоии хокимият, танкиди коргарон бе зарурият, муносибати беадолат ба хамаи коргарон, махсусан дар коллектив ва дар навбати худ талаботи катъи аз онхо;
  • харакати пайдо намудани пешвоён дар коллектив, шахсоне, ки барои дигарон мисоли хуби корию ахлоки шуда метавонад, ёри расонидан дар интихоби кори мувофик.

Рохбарии дуруст ин мувофик омадани коидахо, даврахо ва санъати истифодабарии онхо мебошанд. Идоракунии одамон хело мушкил мебошад, чунки онхо аз хама объекти мураккаб хисобида мешаванд. Барои ин мо бояд донем, ки кадом омил рафтори одамонро ба миён меорад.

Аслан рафтори дурусти одамон дар асоси коида³ои зерин э³тимоли ба миён омадан дорад:

  • хусусияти хоси мазмун ва ташкили мехнат;
  • хохиши Дарачаи муайяни бехтаршавии зиндагиро ба даст даровардан;
  • дарк намудани шаклхои гуногуни хавасманди;
  • харакати иваз намудани мавкеи худ дар ташкилотхо, мутобикшави ба шароити нав;
  • зарурати риоя кардани коидахо ва тартибот дар ташкилотхо;
  • хусусиятхои шахси.

Рафтори дурусти ичрокунандагон, пеш аз хама, ба рафтори дурусти рохбар вобаста мебошад. Панч хатоихои асосие, ки асосан дар вакти рохбари дида мешаванд, инхо мебошанд:

1. Якранги дар рафтори рохбарон.

2. Бахои хато додан ба холатхо ва кабули карори саросема.

3. харакати нишон додани «Ман».

4. Худбаходихии Гайривокеи.

5.Ба эътибор нагирифтани манфиати одамон, ё дахолат кардан ба зиндагии шахсии онхо.

Таъсиррасони ба итоаткунандагон дар ду шакл сурат мегирад: Гайрифаъол ва фаъол.

Гайрифаъол – холате, ки ба коргарон таъсири бевосита норасонида, рафтори онхоро бавосита ба танзим медароранд.

Фаъол – бо ёрии чорабинихои гуногуни иктисоди, маъмури, маънави ва Гайра ба рафтори одамон бахои мусби, ё манфи дода мешавад.

Таъсиррасони танхо дар сурати ба манфиати хар ду тараф будан самаранок шуда метавонад.

3. Тарзи рохбарияти якченаки ва бисёрченаки

Дар адабиётхои замони нав ду мафхуми бо ³ам муродифи «тарзи идоракуни» ва «тарзи рохбари» истифода карда мешавад. харчанд ин мафхумхо ба хам наздиканд, аммо аз xихати дарки масъала аз хамдигар фарк мекунанд.

Тарзи идоракуни гуфта системаи усулхо, услубхо ва шаклхои фаъолияти тамоми коргарони идораро меноманд, ки вобаста аз функсияашон ичро менамоянд. Унсурхои тарзи идоракуни аз инхо иборат мебошанд: тарзи рохбари, тарзи итоаткуни, тарзи зеритоаткуни ва механизми дохилии худнигохдори.

Тарзи рохбари гуфта, нишондихандаи сифатии рохбар ва тарзу усули таъсиррасониро ба ичрокунанда меноманд.

Тарзи итоаткуни гуфта, кулли усул ва тарзхои фаъолияти коргаронро меноманд, ки барои ичрои вазифаи гузошташудаи рохбар истифода карда мешаванд.

Тарзи зеритоати гуфта, кулли усулхои бо хам алокаманди коргарони идоракунии як зинаро дар рафти ичрои кори умуми меноманд.

Зарур мебошад, ки тарзи рохбари ва тарзи фаъолияти рохбарро аз якдигар фарк намоем.

Тарзи рохбари гуфта, кулли усулхои аникеро меноманд, ки рохбар ба итоаткунанда таъсир мерасонад.

Дар навбати худ тарзи рохбари аз якчанд омилхо иборат мебошад:

  1. Сиёсати мавчуда, аз чумлаи тоталитари демократи ва либерали, ки ба хама xабхахои хаётии чамъият ва субъектхои алохидаи он таъсири худро расонидааст.
  2. хачми корхона, хислати фаъолияти xузъхои он, тартиботи бурдани кор, системаи арзишхо ва шакли маданияти идоракуни.
  3. Мавкеи рохбар дар тартиботи дараxахои мансабхои идорави.
  4. Мавкеи маъмурияти болои.
  5. Тавсифи рeхии коллектив, алокамандии онхо.
  6. Сифатхои фардии рохбар. Ин сифат фаъолияти шахсии идоракунии рохбарро нишон медихад, ки дигарон eро пурра рeйбардор карда наметавонанд. Рохбар новобаста ба холат ва вазъиятхои бамиёномада сифатхои муайяншударо истифода мебарад.
  7. Сифатхои шахсии итоаткунандагон, Дарачаи малакаи онхо, пухта расидани онхо, тайёр будани онхо барои хамкори.
  8. Хусусияти холатхо.
  9. Мувофикати омилхое, ки дар боло номбар намудаем.

Дар шакли авторитории тарзи идоракуни вучуд доранд:

хангоми интихоби тарзи рохбари ченакхои зерин истифода карда мешаванд:

  1. Мавчудияти ахбори зарури ва таxрибаи итоаткунандагон.
  2. Дарачаи талаботе, ки барои карор зарур мебошад.
  3. Аник муайян кардани масоилхо.
  4. Дарачаи иштироки коргарон дар кори ташкилот ва зарурати ба онхо маслихат намудан.
  5. Эхтимолияти кабули кароре, ки ба тарзи яккасардори пешниход мешавад.
  6. хавасмандии ичрокунандагон барои ба максад расидан.
  7. Дарачаи эхтимолияти пайдо шудани мунокишаи байни коргарон.

Умуман, исбот карда шудааст, ки тарзи рохбарии ба дастгирии муносибатхои инсони равона кардашуда, аз хама самараноктарин ба хисоб меравад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.