Ихтилоф дар менеҷмент ва роҳҳои ҳалли он

 

1.Намудҳои ихтилофҳои дохилиташкилӣ

2.Ҷараёни ихтилофот

3.Стратегияҳои бартараф намудани ихтилоф

4.Гуфтушунид ҳамчун воситаи ҳалли ихтилоф

1. Намудҳои ихтилофхои дохилиташкилӣ

Дар зери мафҳуми ихтилоф зиддияти ду равия дар шуури шахси алоҳида, муносибатҳои одамон, ҷамъиятҳои расмӣ ва ѓайрирасмии онҳо фаҳмида мешавад, ки бо фарқияти нигоҳ, мавқеъ ва манфиатҳо вобастагӣ дорад.

ҳисобида шудааст, ки тарафҳо дар ихтилофот мебошанд, агар амалҳои як тараф ба дигаре таъсири манфӣ мерасонад. Агар он чорчӯбаҳои муайянро нагузарад , ин рақобат ҳисобида мешавад.

Дар гузашта ихтилофхоро манфӣ аз назар мегузарониданд ва амалиётҳои маъмурият ба пахш намудани зуракии он равона буданд. Нуқтаи назари муосир дар он ақида мебошад, ки ихтилофҳо на танҳо имконпазиранд, балки лозиманд, зеро имконияти ошкор намудани мушкилотҳои чуқуртари ба чашм ноаёнро медиҳад.

Аз рӯи муносибат ба субъекти алохида ихтилофҳо мешаванд; дохилӣ ва беруна. Ба намуди якум – ихтилофҳои дохилишахсӣ; ба намуди дуюм – байнишахсӣ, байни-шахс ва гурӯҳ; ё байнигуруҳӣ дохил мешаванд.

– Пайдоиши ихтилофҳои дохилишахсӣ бо мухолифати шахс бо худаш, ки дар ҳолатҳои зарурати интихоби аз ду як варианти амалҳои дилхоҳ пайдо мегардад, вобастагӣ доранд.

– Ихтилофхои байнишахсӣ дар 75-80% бо зиддияти манфиатҳои моддии субъектҳои алоҳида пайдо мегарданд, аммо дар назар ҳамчун номувофиқ омадани рафтор, назари шахсӣ ва боигариҳои маънавӣ менамояд.

-Ихтилофҳои байни шахс ва гурӯҳ асосан ба номувофиқ афтидани меъёрҳои рафтори инфиродӣ ва гурӯҳӣ вобастагӣ доранд .

-Ихтилофҳои байнигурӯҳӣ дар мубориза барои захираҳои маҳдудшуда ва соҳаи таъсиррасонӣ ба вуҷуд меоянд .

Аз нуқтаи назари зинаҳои ташкилӣ ихтилофҳоро ба уфуқӣ (горизонталӣ) ва амудӣ (вертикалӣ) ҷудо менамоянд .

Аз рӯи соҳаи пайдоиш ва инкишоф ихтилофҳоро ба амалӣ (деловой) , ки ба фаъолияти расмии одам вобаста аст ва шахсӣ ҷудо менамоянд, ки муносибатҳои ѓайрирасмии ӯро халалдор месозад.

Агар иштирокчиёни ихтилоф онро аз дигарон пинхон нигоҳ доранд, он пинҳонӣ ва дар ҳолати баръакс, кушода ҳисоб меёбад.

Аз рӯи хислат ихтилофҳоро ба объективӣ ва субъективӣ ҷудо мекунанд. Якумаш, бо мушкилотҳои ҳақиқи (реалӣ) ва камбудиҳои ташкилот вобастагӣ дорад.

Дуввумаш, бо фарқияти баҳодиҳии ин ё он ҳодиса ва муносибати байни одамон вобастагӣ дорад.

Аз рӯи оқибатҳояш ихтилофҳо конструктивӣ ва деструктивӣ мешаванд.

Ихтилофҳои конструктивӣ имконияти азнавгардониҳоро дар ташкилот меорад. Агар ихтилоф ягон асоси хақиқӣ надошта бошад, он аввал системаи муносибатҳои байни одамонро вайрон мекунад, сипас зарари худро ба ҷараёни истеҳсолӣ мерасонад .

2. Ҷараёни ихтилофот

Ихтилофро дар маънои васеаш ва маҳдудаш таҳлил намудан мумкин мебошад. Дар маънои маҳдудаш – ин муноқишаи бевоситаи тарафҳо мебошад. Дар маънои васеъаш – ин ҷараёни инкишофёфта мебошад, ки аз якчанд марҳилаҳо мегузарад.

Дар марҳилаи аввали ин ҷараён вазъияти ихтилофотӣ ба вуҷуд меояд , яъне чунин ҳолати коре, ки дар он манфиатҳои тарафҳо ба мухолифати якдигар баромад мекунад, аммо зиддияти кушод ҳоло ба чашм намерасад. Элементҳои вазъияти ихтилофотӣ ин пеш аз ҳама иштирокчиёни он ва мухолифон (оппонентон) ҳисоб меёбанд.

Дигар элементи вазъияти ихтилофотӣ худи объекте ҳисоб меёбад , ки онро ба вуҷуд меорад.

Аломатҳои берунаи вазъияти ихтилофоти дискомфорт мебошад, яъне ҳиссиёти оне, ки чизе нодуруст мебошад, шиддатнокии муносибатҳо дар зери таъсири вазъияти негативи ва гайра.

Бо мурури замон вазъияти ихтилофотӣ метавонад гум шавад, агар объекте, ки онро ба вуҷуд овардааст гум шавад; худро дар ҳолати гузашта нигоҳ дорад; ба намуди дигар мубаддал гардад; дар зери таъсири ҳодисаи ногувор (инцидент), яъне зиддияти мухолифон, шиддат ёбад.

Ходисаи ногувор (инцидент), ки марҳилаи дуюми ихтилофро ифода мекунад, метавонад мақсаднок ба вуҷуд ояд ё ин, ки ногаҳонӣ.

Марҳилаи сеюми инкишофи ихтилоф ин бӯҳрон ва канда шудани муносибатҳо байни мухолифон ҳисоб меёбад. Ин марҳила аз ду оқибат – конструктивӣ ва деструктивӣ иборат мебошад.

Дар марҳилаи чоруми инкишофи ихтилоф, хотима ёфтани он ба вучуд меояд. Он метавонад бо барҳамхурии объект ё ба фоидаи яке аз мухолифон анҷом ёбад.

 

3. Стратегияҳои бартараф намудани ихтилофот

ҳар роҳбар дар он манфиатнок мебошад, ки ихтилоферо дар ташкилот сар задааст , ҳар чи тезтар бартараф кунад, зеро оқибатҳои он метавонад зарари калони моддӣ ва маънавӣ расонад. Ҷараёни бартараф намудани ихтилоф метавонад бе иштироки роҳбар ва бо иштироки фаъолонаи роҳбарият ба вуҷуд ояд.

Мутахассисон якчанд стратегияхои рафтори иштирокчиёни ихтилофотро ҷудо менамоянд. Чунончи, вакте ки тарафҳо дар ҳалли ихтилоф кам манфиатдоранд, онҳо метавонанд стратегияи канораҷӯӣ аз ихтилофро пеш баранд.

Дар ҳолате, ки агар яке аз тарафҳо мартабаи баланд дошта бошад, вай метавонад стратегияи ҳалли ихтилофро бо қувва ба фоидаи худ истифода барад, ки дар натиҷа тарафи беқувват маѓлуб мегардад.

Агар мартабаи мухолифон баробар бошад ва онҳо дар ҳалли ихтилоф манфиатдор бошанд, истифодабарии стратегияи созиш ҷой дорад.

Стратегияи идеалӣ – тамоман бартараф намудани ихтилоф мебошад, ки моҳияташ дар ҷустуҷӯ ва бартараф намудани сабабҳои он дар чорчӯбаи хамкории ихтиёрӣ иборат мебошад. Чунин стратегия ба ҳама тарафҳо фоидабахш мебошад, чунки мухолифон ба ҳаммаслакон мубаддал мегарданд ва дигараш он, ки мушкилотро ба як тараф ҳавола надода, онро тамоман бартараф мекунанд.

Роҳбар барои идоракунии ихтилоф метавонад ду стратегияро, яъне огоҳонидан ё пешгирӣ ва бартарфкуниро истифода барад. Вобаста аз хусусиятҳои шароит, намуди дуюми стратегия бо ду восита татбиқ мегардад – маҷбурият ва боварӣ кунонидан.

4. Гуфтушунид ҳамчун воситаи ҳалли ихтилоф

Дар зери мафҳуми гуфтушунид намуди махсуси фаъолияти муштараки ду ё якчанд нафар фаҳмида мешавад, ки ба ҳалли вазифаҳои дар назди онҳо истода, равона шудааст. Вазифаи гуфтушунид ёфтани чунин варианте мебошад, ки ҳар ду тарафҳоро қонеъ гардонад. Қайд кардан зарур аст, ки гуфтушунидҳо на ҳама вақт бо бартараф кардани ихтилофҳо вобастагӣ доранд. Одатан онҳо ба сифати ҳамкорӣ низ гузаронида мешаванд. Гуфтушунидҳоро аз рӯи шумора ва вазифаи иштирокчиён, масъалаҳои ҳаллталаб, сатҳи расмият ва ҳатман иҷрошавӣ фарқ мекунанд.

Функсияи асосии гуфтушунид ин муҳокимаи муштараки мушкилот ва қабул кардани кароре мебошад, ки хама тарафҳоро розӣ кунонад. Вобаста аз мақсад карори кабулшуда метавонад шуда; конструктивӣ, деструктивӣ ва пропагандистӣ.

Функсияи дигари гуфтушунидҳо ахборотӣ мебошад , ки дар мубодилаи фикру ақидаи тарафҳо бе қабули қарор асос меёбад. Худи ахбор метавонад шуда, ошнокунанда ва ҳисоботӣ.

Ду намуди асосии гуфтушунидҳо вуҷуд доранд; позитсионнӣ ва ратсионалӣ.

Предмати намуди якум мавқеъи тарафҳо мебошад, яъне нигоҳи субъективӣ ба ҳалли мушкилот . Гуфтушунидҳои позитсионнӣ дар ду намуд мегузаранд: мулоим ва даѓал.

Мақсади гуфтушунидҳои ратсионалӣ ин ҷустуҷӯи қарори самаранок мебошад.

Ҷараёни стандартии гуфтушунидҳо панҷ марҳиларо дар бар мегирад :

  1. коркарди консепсияи умумии гуфтушунид.
  2. тайёр намудани вариантҳои конкретии қарор.
  3. муҳаё сохтани шароитҳои лозимаи ташкилӣ.
  4. гузаронидани худи гуфтушунид.
  5. таҳлили натиҷа.
12 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.