Менеҷменти стратегия

 

1. Мафҳуми менеҷменти стратегия

2. Омилҳои таъсиррасон ба стратегия

3. Унсурҳои стратегӣ

1. Мафҳуми менеҷменти стратегия

Назарияи умумии ба дастоварии мақсади асосии ташкилот, ки ба роҳи ҳал намудани мушкилоти пешомада ва барои ин истифода ва тақсимоти дурусту оқилонаи захираҳои маҳдуд инчунин истифодаи иловагии барномаҳои воқеиву мақсадноке, ки ба самти аз худнамоии афзалиятҳои рақибон, ба даст овардани ѓолибият дар мубориза миёни рақибон амали мегардад ба худ номи идоракунии стратегиро гирифтааст.

Мафҳуми «стратегия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, (stratus-«қӯшун», санъати генерал) маънои санъати фармондеҳиро дорад. Ин мафҳум аз соҳаи ҳарбӣ ба илм омадааст, ки маънии таҳрезӣ ва амалисозии амалиётҳои ҳарбӣ, яъне таъмин гардонии ѓолибият бар ҳарифро дорад. Ин мафҳум дар Чини қадим низ маъмул буд. Тахминан дар солҳои 400 ва 421-и то мелод, аз ҷониби фармондеҳи ҳарбии Чин Сун-Изы китобе навишта шуда буд бо номи «Санъати стратегӣ».

Мафҳуми «Стратегия» дар соҳаи хоҷагидорӣ бори аввал солҳои 50-уми асри ХХ бар ивази ибораи нақшагирии дароззмудат истифода карда шудааст.

Одатан фирмаҳо барои ҳолатҳои мабодо, наяк балки якчанд стратегия доранд, ки низоми мӯътадил кори онҳоро ташкил дода, шинохту истифодаи инҳо барои рақибон ниҳоят душвор мебошад. Истифодаи ин ё он навъи стратегия вобаста ба ҳолат ва мақсади таѓирпазирӣ, суръати интихобӣ ва дараҷаи мураккабии худи стратегия алолқаманд мебошад. Барои ба мақсад ноил гардидан аксар вақт фирмаҳо якчанд стратегияро дар якҷоягӣ истифода мебаранд, чуноне, ки тадбиқсозии стратегия ба риск (хатар) зиёдтар алоқаманд мебошад аз инрӯ зарур аст, ки шумораи онҳоро маҳдуд созем.

Хати умумии ҳаракат ва ё фаъолияти қабул намудани қарорҳои стратегиро дар доираҳои касби – тахассусӣ «Каҷхаттаи стратегӣ» (стратегическая трактория) меноманд. Ин гуна каҷхатаҳо дар натиҷаи қабули қарорҳо дар гузашта муқарар карда шуда, ҳамчун омили таъсиррасон ба оянда шинохта мешаванд.

Вазифаҳои стратегия аз инҳо иборатанд:

– ташкили афзалияти рақобатӣ дар фирма;

– бартарафсозии таъсирҳои манфӣ ва ноустувории муҳити иҳотакунандаи фирма;

– таъмин даромаднокӣ ва мувозинии талаботҳои беруна бо имконияҳои дохилӣ.

Кулли он ҳолатҳое, ки ташкилот дар фаъолияти рӯзмарраи худ вомехурад, танҳо аз диди стратегӣ ба масъала баҳодиҳӣ карда мешавад.

Қобилияти дар ҳама самтҳо мустақилона пеш бурдани стратегия ташкилотро ҳаматарафа мустаҳкам ва пурқувват мегарданд. Ин ҳолат ба ташкилот имконият медиҳад, ки ба талаботҳои муҳити атроф ва мушкилотҳои ба вуҷуд омада зуд мутобиқ шавад.

Стратегия таҳти таъсири муҳитҳои дохиливу берунӣ ташкил ёфта, доимо тараққӣ менамояд, зеро ки ҳама вақт чизи васеъ ва ҳолати наве пайдо шуда меистад, ки тараққиёти бевоситаро талаб менамояд.

Ба ҳама намуди стратегия талаботҳои зерин пешниҳод карда мешавад.

  1. Воқеияте, ки мувофиқати он бо ҳолат, мақсади тиҷорат, иқтидорҳои техникиву иқтисодии фирма, таҷрибаву малакаи кормандону менеҷерон, менталитет ва фарҳанги низоми мавҷудаи идоракуни дуруст ояд.
  2. Мантиқнокӣ, чандирӣ, баҳои зид набудани унсурҳои дохили қарор ва дастгирии якдигарии онҳо, самараи таъсирбахш доштани он.
  3. Ба ахлоқ мувофиқ будан, хусусияти тарбиятгари доштани он (татбиқи қарор на бояд ба меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқии амалкунанда мухолифат кунад)
  4. Ба муҳити атрофе, ки имконияти ба ҳамтаъсиррасонӣ дорад ҳамоҳанг будан (стратегия таҳти таъсири таѓирёбии муҳити атрофии фирма қарор дошта, метавонад ин таѓйиротро худаш низ тащкил кунад,
  5. Асоснок намудани хатар (риск)
  6. Ба самти ташкилёбии афзалият дар рақобат ва ба даст овардани муваффақият равонашуда.
  7. Дар назар доштани манфиатҳои ҷамъиятӣ , дар умум , ҳокимияти маҳаллӣ, саҳҳомон, шарикони корӣ, кормандон, хусусиятҳои соҳа ва мавқеи фирма дар он.
  8. Интихобӣ будани он (стратегия дар якчанд вариантҳо таҳия карда мешавад.

Стратегия ба саволҳои зерин ҷавоб медиҳад:

  1. Мавқеи ташкилот дар оянда чи гуна буда метавонад, хусусан дар 5-10 соли наздик.
  2. Муқарароти (миссия, маром) пешакии он дар чӣ ифода ёфта аст?
  3. Чи чизи мушаххасро бояд ба даст овард (мақсад)?
  4. Чиро ва чигуна барои он иҷро кардан зарур аст (вазифа, қоида, амалиёт)?

Стратегия имкон медиҳад:

– муттамарказонидани иқтидорҳо барои ҳалли масъалаи асосӣ ва масъалаҳои 2-юмдараҷаро ба навбати дигар гузоштан .

– муайян кардани роҳҳои рушди ояндаи захираҳо барои таъмини муваффақият дар ҳамаи соҳаҳое, ки имконияти бештари ѓолибомадан мавҷуд аст.

– ҳамоҳангсозии амалиётҳо баҳри пиёдасозии миссия ва мақсади асосии ташкилот.

– дарёфти роҳҳои безараргардонии рақибон,

-иқтидорҳои стратегиро дар шакли модди ва дигаршаклҳо ташкил додан.

Стратегия ин вазифаи иҷронамояндаи вақт нест, балки вазифаи самтнамоӣ ё роҳнамоӣ аст. Он амалҳои фавриро талаб намекунад. Ҳангоми ташкил намудани стратегия ҳамаи имкониятҳоро дар назар доштан ѓайриимкон аст, чунончи коркарду таҳияи он дар асоси маълумотҳои эҳтимоли кам эътимод ва ё нопура анҷом меёбад.

Ҳангоми амали созии миссияи ташкилот ба даст овардани мақсадҳои он ва ё таѓйироти куллии ҳолати мазкур, стратегия пурра нав карда мешавад, зеро шароитҳои муҳити дохиливу берунӣ иваз мешаванд ва аксуламале, ки онҳо бо корхона доштанд, ҳаминтариқ, стратегия асоси амалии фаъолияти ташкилотро , ҳамоҳангсозии самтҳои алоҳидаи онро , ҷараёни мутобиқшавӣ ба муҳитро заминагузорӣ менамояд.

Лекин статегия – ин натанҳо фаъолияти аниқкардашудаи назарявию перспективист, балки воситаи тафаккурронии идоракунандагӣ низ ҳаст.

Дар дараҷаи миёнаву поёнӣ идоракунии стратегӣ ба тариқи тактики мушаххас ва пурра карда мсешавад, (стратегияи кӯтоҳмуддат). Тактика ин маҷмӯи қарорҳоеро дар бар мегирад, ки дар худ, варианҳои беҳтари амалисозии стратегияро дар шароити ҳозира ва ё бо назардошти ҳолатҳои нав ва ѓайричашмдошт, ки амалҳои фаврию воқеиро талаб мекунанд инъикос менамоянд:

Стратегия дар як вақт ва ё дар як дараҷа метавонад, барои дигарон тактика низ бошад.

Пиёдасозии стратегия таҳияи вариантҳои интихобии амалро ҳангоми ҳолатҳои ѓайричашмдошт, бар по намудани сохтори ташкилӣ низоми идоракунӣ ва назоратро дар назар дорад.

2.Омилҳои таъсиррасон ба стратегия

Омилҳое,ки барои ояндаи ташкилот мавқеи ҳалкунанда доранд ва бо он хусусиятҳои хосро медиҳанд, омилҳои стратегӣ ном доранд. Ба ақидаи яке аз мутахассиси барҷастаи ѓарб Б. Карлоф ба ин омилҳо дохил мешаванд:

  1. Миссия, инъикосгари фалсафаи ҳастӣ ва таъиноти ташкилот. Ҳангоми аз нав дида баромадини миссия, ки дар натиҷаи таѓирёбии омилҳои афзалятноки ҷамъиятва талабот бояд стратегия ислоҳат ворид карда шавад.
  2. Афзалиятҳои рақобатӣ, ки ташкилот дар соҳаи фаъолияти худ, дар муқоиса ба ҳарифони худ ё бо ҳамсобиқони худ дорад (ин гурӯҳҳо бо стратегия зиёдтар таъсир мерасонанд.)

Афзалият дар рақобат имкон медиҳад, ки захираҳои ташкилотшуда истифода карда шаванд, вале дер ё зуд бар асари ҳамлаҳои ҳарифон аз байн меравад, барои ҳамин ҳам ҷустӯҷӯи имкониятҳои нав ба миён меояд.

  1. Хусусияти моли истеҳсолшаванда, махсусияти таъминоти он бо ашёи хом, хизматрасонии баъдифуруши он, бозор ва ҳудудҳои он
  2. Омилҳои ташкилӣ намоёнтаринашон сохтори дохили ташкилот ва интизорияти таѓйирёбии он, низоми идоракунӣ, дараҷаи баҳодиҳӣ ва тафриқабандии ҷараёнҳои дохилӣ.
  3. Захираҳои дар ихтиёр дошта, (моддӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, кадрӣ ва ѓайра). Ҳар чи қадар, ки онҳо зиёд бошанд ҳамон қадар ҳаҷми сармоягузориҳо ба лоиҳаҳои оянда меафзоянд. Дар шароити имруза ҳангоми таҳияву амалисозии стратегия доштани имкониятҳои сохтори иттилоотӣ ва зеҳнӣ аз ҳама бештар аҳамиятнок дониста мешаванд.
  4. Иқтидори рушди корхона, мукаммалсозии фаъолияти он, васеънамудани қисматҳои фаъолияти кори он, рушди фаъолнокӣ дар муносибат ва кор, навоварӣ.
  5. Маданият, фалсафа ақидаҳои ахлоқӣ ва салоҳиятнокии идоракунандагон, дараҷаи ташабускорӣ, қобилияти пешвоӣ муҳити дохилӣ дар колективҳо(гурӯҳҳои корӣ)

Ѓайр аз омилҳое, ки Б. Карлоф номбар намудааст, ба стратегия ҳамчунин омилҳои дигар низ метавонанд таъсир расонанд. Ин омилҳо чунинанд:

  1. Дараҷаи хавфнокии фаъолият. Фирмаҳое, ки ба хавф, даст мезананд стратегияи кутоҳмуддатро бештар интихоб менамояд, ки худро аз хатар дур меандозанд – стратегияи дарозмудатеро, ки на он қадар даромади баланд дорад, вале кафолатнок аст, интихоб менамоянд.

Ба стратегияи рушди шаҳр ин омил таъсири мустаъқим мерасонад, зеро он ба фаъолияти умумии мақсаднок машѓул нест. Метавон оиди хавфнок будани баъзе аз гурӯҳи чорабиниҳои бузург ҳарф зад, масалан корҳои омодагӣ ва ободонии шаҳри Сочӣ вақте азон маълум нест, ки шаҳр ба сифати пойтахти бозиҳои Олимпии зимистона таъин мегардад ё не.

  1. Вобаста будани ташкилот аз масъулият ва ӯҳдадориҳое, ки қаблан худ гирифта буд.
  2. Дараҷаи бар камоли хирад расидан ва омодагии омилҳои инсонӣ.
  3. Ҷолибияти соҳаи фаъолият, ки барои шаҳр метавонад аз нуқтаи экологию географии дида шавад.
  4. Хусусияти хатари имкониятҳои беруна . Бо ёрии стратегия имкониятҳо истифода бурда шуда, таҳдидҳо бартараф мегарданд.
  5. Хусусияти менталитетӣ ( расму оин) ва урфу анъанаҳои миллӣ.
  6. Манфиати гурӯҳҳои равобит дошта, ки ба онҳо дохил мешаванд: саҳҳомон, таъмингарон, ҳукумат, истеъмолгарон, кормандон, қарздеҳон ва ҳокимияти маҳаллӣ.

Стратегия самаранок аз 3- қисми асосӣ иборат аст:

  1. Итихоби дурусти мақсадҳои дарозмуддат;
  2. Дақиқ ва дуруст дарк намудани вазъияти муҳити атроф;
  3. Баҳои воқеӣ додан ба захираву имкониятҳои худӣ.

Барои муваффақият на танҳо коркарди стратегияи хуб зарур аст, балки татбиқи бо самараи он низ зарур мебошад. Иҷроиши стратегия дар ҳадди аксар санъат бошад дар ҳадди ақал илм аст.

Муваффақияти стратегӣ таъмин карда мешавад вобаста ба стратегия ва принсипҳои муҳити он, омодагии роҳбари ташкилот ба таѓиротҳо, ҳамоҳангии ҳамаи қисмҳои стратегия, ҳамчунин доштани тафакури стратегии иҷрокунандагон ва ѓайра.

Ҷавҳари тафакури стратегӣ дар доштани қобилиятҳои:

  1. . Хуб дарк намоии ҳолат ва муайян кардани қонуниятҳои алоқамандии қисмҳои он;
  2. . Ошкор сохтани зарурати таѓйиротдарорӣ, омодагӣ ва тамоюл ба аксуламалҳои нав мафкура ва санъат
  3. . Таҳияи стратегия ва амалисози он; истифодаи усулҳои гуногун ҳангоми амалисозии он.

3. Унсурҳои стратегӣ

Стратегияи ташкилот дар худ якчанд қисматҳоро дар бар мегирад.

Дар аввал низоми мақсадҳо, ки дар он назар ба оянда, миссия, мақсади хосса ва умумӣ дохил мешаванд.

Назария ин тафакур дар бораи ҳолати дилхоҳи ташкилот дар оянда, мавқеи он дар муҳити атроф, тарафҳои пурқуввати ва заифии он имкониятҳо ва хатарҳ(вале он метавонад амалӣ нашавад). Назарияи асосноки ҳар як корхона хусусияти хоси он мебошад.

Унсурҳои асосии назария асосҳои консептуалӣ ва дархости эҳсосии он мебошад. Вай бояд оддӣ, ҳақиқӣ, самтнамои амалҳо, илҳомбахши одамон, ҳамчун асосии тавлиди меъёрҳои дигаргунӣ хизмат намояд.

Назария аз диду ҳиссиёти роҳбари олии корхона ва таҳлили мантиқии тамоюли рушди ҳолат, ба ташкилот ва аъзоёни он, таъсирҳои ҳавасмандкунанда мерасонад, чуноне, ки онҳоро барои комил гардонидани дараҷаи касбии худ барои ба даст овардани муваффақиятҳо дар оянда маҷбур менамоянд.

Мақсадҳо асосан инъикосгари ҳолати ташкилот ва зерсохторҳои он мебошад( ташкилотҳои калон одатан мақсади зиёду гуногун доранд, ки одатан иловакунандаи якдигар ва ё ёридиҳандаи якдигар мебошанд) . Пеш аз ҳама фаъолияти роҳбарӣ барои ба даст овардани муваффақиятҳо равона карда шудааст.

13 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.