Чораҳои ҷавобгарии молиявии ҳуқуқӣ

Ҷавобгарии молиявии ҳуқуқӣ дар шакли ҷарима барои риоя накардани қонунгузории андоз дар боби 10 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст. Андозсупорандагон (шахсони мансабдори агентҳои андоз) дар мавриди қонуншиканиҳои зайл бо тартиби муқарраргардида ба ҷавобгарии молиявии ҳуқуқӣ кашида мешаванд:

  1. дар мавриди саривақт пешниҳод накардани декларатсияи (баённомаи) андоз;
  2. дар мавриди кам карда нишон додани ӯҳдадории андоз;
  3. дар мавриди бе қайд фаъолият кардан ба мақсади ААИ (арзиши андози иловашуда), нодуруст нишон додани ҳисобнома-фактураи андоз оид ба андози арзиши иловашуда, нусхабардорӣ кардани ҳисобнома-фактураи оид ба андози арзиши иловашуда ба шахсе, ки оид ба андози арзиши иловашуда дар қайд нест;
  4. кушодани ҳисобномаҳои бонк бе пешниҳоди асноде, ки дода шудани рақами мушаххасро аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда тасдиқ мекунад, риоя накардани мӯҳлати огоҳсозии мақомоти андоз дар хусуси ҳисобномаҳои (суратҳисобҳои) ҷорӣ ва ҳисобномаҳои дигар, риоя накардани навбати иҷрои супоришоти пардохти андозсупорандагон дар хусуси пардохти андоз аз ҳисобномаҳои андоз, дар сурати кифояти маблағ дар ин ҳисобномаҳо, интиқол надодани (нагузаронидани) маблағи андоз ба фоидаи буҷети дахлдор (фонди давлатӣ) дар рӯзи иҷро гардидани амалиёт;
  5. монеъ шудани андозсупоранда ба тафтише, ки бо ӯҳдадории андозсупориаш алоқаманд аст;
  6. аз ҷониби шахсони мансабдори агентҳои андоз иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ оиди нигоҳ доштан ва ҷамъ кардани андоз, пешниҳод намудани ҳисобот ва пардохтани андоз;
  7. ғайриқонунӣ монеъ шудан ба шахси мансабдори мақомоти андоз барои даромадан ба ҳавлӣ ё бинои андозсупоранда;
  8. риоя накардани тартиби соҳибӣ ва истифода ва (ё) ихтиёрдорӣ намудани амволе, ки ба ҳабс гирифта шудааст;
  9. ба мақомоти андоз нафиристодани маълумот дар бораи андозсупоранда;

Дар қонунгузории андоз пешбинӣ шудааст, ки дар ҳолати мустақилона то тафтиши андоз ислоҳ кардани саҳву хатоҳое, ки боиси нодуруст муайян ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои андозсупорӣ шудаанд, андозсупоранда аз ҷавобгарӣ озод мегардад, ба истиснои пардохти андозҳо ва фоизҳо (мод.89 КА ҶТ).

Шаклҳои ҷавобгарии молиявии ҳуқуқиро, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, муфассал дида мебароем:

1.Саривақт пешниҳод накардани декларатсияи (баённомаи) андоз (мод.80 КА ҶТ).

Аз андозсупорандае, ки декларатсияи (баённомаи) андозро саривақт пешниҳод накардааст, барои ҳар моҳи (ё як қисми моҳи) пешниҳод накардани андоз ба андозаи 5 фоизи маблағи насупурдаи андози давраи ҳисоботдиҳӣ, вале на зиёдтар аз 25 фоизи он маблағ ҷарима ситонида мешавад.

Маблағи кампардохтшудаи андоз гуфта фарқи байни маблағи андозро, ки бояд дар декларатсия (баённома) зикр гардад ва маблағи андозеро меноманд, ки дар вақташ пардохта шудааст.

Маблағи ҷаримае, ки моҳи аввали (ё як қисми моҳи) пешниҳоднашудаи декларатсия (баённома) барои ин ё он қонуншиканӣ ситонида мешавад, набояд аз 250 ҳадди ақалли даромади андозбандишаванда зиёд бошад.

Маблағи ҷарима аз камтарини ду бузургӣ камтар буда наметавонад: (а) 25 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда; (б) 100 фоизи маблағи андозе, ки бояд дар декларатсия (баённома) нишон дода шавад.

Объекти ин ё он қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошад, ки бо қонун ҳифз карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки пешниҳод кардани декларатсия (баённома)-ро ба мақоми дахлдори андоз боздоштааст.

Субъекти қонуншиканӣ андозсупоранда (агенти андоз) мебошад, ки вазифадор аст дар мӯҳлати муайян декларатсияи (баённомаи) андозро пешниҳод намояд.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронае (ва ё барқасдонае) иборат аст, ки ба сари вақт пешниҳод накардани декларатсия (баённома) сабаб гаштааст.

Масалан, декларатсия (баённома) оид ба андози даромади шахсони воқеӣ ва андози фоидаи шахсони ҳуқуқӣ бояд ба бозрасии дахлдори андоз то 1 апрели баъди соли ҳисоботдиҳӣ пешниҳод карда шавад. Маблағи андозе, ки бояд дар декларатсия зикр ёбад, баробари 1000 сомонӣ аст. Андозсупоранда декларатсияи андозро баъди 47 рӯзи гузаштани мӯҳлат пешниҳод кардааст, аммо то 10 апрел ба ҳисоби андоз 1200 сомонӣ пардохтааст. Андозаи ҷарима барои саривақт пешниҳод накардани декларатсия муайян карда шавад.

Кампардохти пули андоз нест (маблағи барзиёд баробари 1200-1000=200 аст). Бинобар ин андозаи ҷаримаи тамоми давраи пешниҳод накардани декларатсия баробари 25 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда (банди 1) ё худ бо назардошти ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда, ки баробари 2 сомонӣ аст, қабул карда мешавад, яъне 2 сомонӣ х 25 = 50 сомонӣ.

Дар мавриди дигар, агар андозсупоранда бо ҳамон шарт ба ҳисоби андоз 1000 сомонӣ нею балки 400 сомонӣ пардохта бошад, маблағи кампардохти андоз баробари 600 сомонӣ мешавад.

Маблағи умумии ҷаримаи тамоми давраи саривақт пешниҳод накардани декларатсия аз 25 фоизи маблағи кампардохти андози ҳармоҳа ва 500 сомонӣ барои моҳи якум зиёд буда наметавонад.

Пардохти пули ҷарима андозсупорро аз пардохти маблағи насупурдаи андоз ва фоизҳои кампардохт озод намекунад.

2. Кам карда нишон додани ӯҳдадории андоз (мод.81 КА ҶТ).

Аксарияти андозҳои дар Тоҷикистон ҷоригардида бевосита аз тарафи худи андозсупорандагон (агентҳои андоз) ҳисоб карда ва пардохта мешавад. Ҳисоби маблағи андоз, балансҳои семоҳа ва солонаи муҳосибавӣ, декларатсияҳои андозро шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ – андозсупорандагон дар мӯҳлати муқарраргардида аз рӯи намунаи тасдиқшуда ба мақоми андози маҳалли бақайдгирии андоз пешниҳод мекунанд.

Агар маблағи дар декларатсия зикрёфтаи андоз аз маблағи андозе, ки бояд дар декларатсия зикр ёбад, камтар нишон дода шуда бошад (яъне бо маблағи андози дар мақоми андоз ҳисобкарда мувофиқ набошад), аз андозсупоранда ба андозаи 10 фоизи маблағи камнишонда (ё худ 50 фоиз, агар ҳаҷми маблағ хеле кам нишон дода шуда бошад) ҷарима ситонида мешавад.

Дар ин ҳолат ҳаҷми андози кам нишондода ҳамон вақт калон ҳисоб меёбад, ки аз ҳаҷми камтарини ду маблағи зайл зиёд бошад: (а) 25 фоизи маблағи андозе, ки бояд дар декларатсия зикр шавад; (б) 5000 ҳадди ақалли даромади андозбандишаванда.

Объекти ин қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошад, ки бо қонун ҳифз карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки боиси дар декларатсияи андоз кам нишон додани маблағи ӯҳдадории андозсупорӣ гардидааст.

Субъекти қонуншиканӣ андозсупоранда (агенти андоз) аст, ки бояд маблағи ӯҳдадории андозро дар мӯҳлати муайян дуруст ҳисоб карда баромада, онро дар декларатсия зикр намояд.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронае (ва ё барқасдонае) иборат мебошад, ки боиси дар декларатсия кам нишон додани маблағи ӯҳдадории андозсупорӣ шудааст.

Масалан, андозсупоранда доир ба маблағи аксиз дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ декларатсия пешниҳод кардааст. Лекин дар бозрасии андоз маблағи андозро 20000 сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Андозаи ҷарима барои ин қонуншиканӣ (маблағи кам нишондодашуда баробари 2000 сомонӣ аст, яъне он аз ҷумлаи қонуншиканиҳои калон нест) баробари 10 фоиз х 2000 сомонӣ = 200 сомонӣ мебошад.

Агар андоз дар бозрасии андоз ба маблағи 26000 сомонӣ ҳисоб карда шуда бошад (яъне маблағи кам нишондодашуда аз 5000 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда зиёд бошад (26.000 – 15.000 =11.000 сомонӣ), қонуншиканӣ ба категорияи калон нисбат дода, андозаи ҷаримаи он 50 фоиз х 11.000 сомонӣ = 5.500 сомонӣ мешавад.

Дар банди 3 моддаи 81 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад, ки дар рафти таҷдиди назар кардани қарори мақомоти андоз аз ҷониби Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё суд арзу шикояти (аризаи) андозсупоранда бо тартиби муқарраргардида дар бораи татбиқ накардани ҷарима барои кам нишон додани андоз дар сурати барои чунин амал асоси кофии ҳуқуқӣ доштани ӯ қарор қабул карда мешавад.

Дар баробари ин қонунгузории андоз (банди 1 моддаи 75 муқаррар кардааст, ки шахс бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 73-89 КА ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, парвандаи қонуншикании андоз мавриди пешбурд қарор мегирад) мафҳуми «асоси кофии ҳуқуқӣ»-ро муайян накардааст, ки ин имконият намедиҳад масъалаи татбиқ нанамудани ин ё он ҷарима қатъӣ ҳаллу фасл карда шавад.

3. Бидуни бақайдгирӣ фаъолият кардан барои мақсадҳои андози арзиши иловашуда (ААИ), нодуруст нишон додани ҳисобнома – фактураи андоз оид ба ААИ, нусхабардорӣ кардани ҳисобнома-фактураи ААИ аз тарафи шахсе, ки оид ба андози арзиши иловашуда дар қайд намебошад (мод. 82 КА ҶТ).

Барои риоя накардани тартиби супоридани андози арзиши иловашуда се шакли ҷавобгарӣ татбиқ карда мешавад:

1) дар мавриде, ки андозсупоранда бидуни бақайдгирӣ (ҳол он ки ин зарур аст) барои мақсадҳои ААИ фаъолият мекунад, он гоҳ гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида, яъне аз ӯ барои тамоми давраи фаъолияти бидуни бақайдгирӣ ба андозаи 100 фоизи маблағи ААИ ҷарима ситонида мешавад, ки он бояд ба буҷет супорида шавад.

Мувофиқи моддаи 178 шахси машғули фаъолияти иқтисодӣ, ки ҳаҷми муомилоти андозбандишавандааш (молрасонӣ, иҷрои кор, хизматрасонӣ) аз 12000 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда зиёд аст, бояд ба мақомоти андоз ҷиҳати бақайдгирӣ барои андози арзиши иловашуда дар давоми 10 рӯзи баъди ба охир расидани ин давра ариза диҳад.

Ҳамчунин тамоми касоне, ки моли андозбандишавандаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мекунанд, пардохтгарони ААИ буда, бояд барои мақсадҳои ААИ ба қайд гирифта шаванд.

Ғайр аз ин барои мақсадҳои ААИ бақайдгирии ихтиёрӣ пешбинӣ карда мешавад. Аммо фақат шахсоне ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, ки барои мақсадҳои ААИ бояд ба қайд гирифта мешуданд.

Бақайдгирии ҳатмӣ дар рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он барои додани аризаи бақайдгирӣ ӯҳдадорӣ пайдо мешавад, эътибор пайдо мекунад (мод.180 КА ҶТ).

Объекти ин гуна қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошад, ки бо қонун ҳифз карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки тартиби супурдани андози арзиши иловашударо вайрон кардааст (фаъолият кардан бидуни бақайдгирӣ, ё худ нодуруст нишон додани ҳисобнома-фактура ва ё нодуруст нусхабардорӣ намудани ҳисобнома-фактураи ААИ бидуни бақайдгирии ААИ).

Субъекти қонуншиканӣ андозсупоранда (агенти андоз) мебошад, ки бояд тамоми меъёрҳои пардохти андози арзиши иловашударо риоя намояд.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аъмоли гунаҳкоронаю бадқасдонаи (ва ё ғайрибадқасдонаи) қонуншиканӣ насупорандани ААИ мебошад, ки дар фаъолият кардан бидуни бақайдгирӣ барои мақсадҳои ААИ, нодуруст нишон додани ҳисобнома-фактураи ААИ, нусхабардорӣ кардани ҳисобнома-фактураи ААИ ифода ёфтааст.

Агар муомилоти андозсупоранда дар ҳисобнома (ҳисобрасӣ) пурра ва ё аз рӯи намунаю тартиби муқарраргардида инъикос наёфта бошад, ё худ ҳуҷҷатҳои ҳисобрасӣ гум ё нобуд карда шуда бошанд, мақоми андоз ҳуқуқ дорад маблағи андозро аз рӯи арзёбие муқаррар намояд, ки омилҳо ва вазъияти дахлдорро ба ҳисоб гирифтаанд (дар асоси дороӣ, муомилот, хароҷоти истеҳсолот, тарзу усулҳои муқоиса ва ғайра).

2) дар сурати нодуруст нишон додани ҳисобнома-фактураи андози ААИ, ки аз ин маблағи ААИ кам ва ё маблағи пардохт зиёд ҳисоб карда мешавад ва ё дар сурати нишон надодани ҳисобнома-фактураи ААИ андозсупоранда дар ҳаҷми 100 фоизи камшудаи ААИ ва (ё) 100 фоизи зиёдшудаи ҳисоби ААИ ва (ё) 100 фоизи маблағи андози ҳисобнома-фактура ё ин ки маблағи муомилот ҷарима карда мешавад.

Ҳисобнома – фактураи андоз аз рӯи ААИ барои харидори мол, кор ё хизматрасонӣ нишон дода мешавад. Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз рӯи ААИ танҳо барои муомилоти андозбандишаванда навишта мешавад. Агар молрасонӣ, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ аз ААИ озод карда шуда бошанд, ҳисобнома – фактураҳои андоз навишта намешаванд.

Масалан, шахсе ки барои мақсадҳои ААИ ба қайд гирифта шудааст, ҳангоми фурӯхтани мол ҳисобнома-фактураи ААИ-ро нишон надодааст. Маблағи ААИ, ки аз рӯи ин мумоила бояд ба буҷет гузаронида шавад, баробари 600 сомонӣ аст. Мақомоти андоз ҳангоми ошкор сохтани қонуншиканӣ гунаҳкорро ба маблағи 600 сомонӣ ҷарима мебандад.

Ва агар ин шахс ҳисобнома-фактураи ААИ-ро нишон дода бошаду аммо маблағи ААИ-ро ба ҷои 700 500 сомонӣ навишта бошад, барои чунин хилофкорӣ низ аз ӯ ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.

3) Нусхабардорӣ кардани ҳисобнома-фактураи ААИ аз ҷониби шахсе, ки дар мақомоти андоз ба ҳайси супорандаи ААИ ба қайд гирифта нашудааст, боиси он мегардад, ки аз ин шахс ба андозаи 100 фоизи маблағи андози дар ҳисобнома-фактура зикрёфта андоз ситонида, маблағи он ба буҷет гузаронида мешавад.

Чунончӣ, шахсе ки ба ҳайси насупорандаи ААИ ба қайд гирифта нашудааст, дар мавриди хизматрасонӣ дар ҳисобнома-фактураи ААИ маблағи андозеро нишон додааст, ки баробари 250 сомонӣ мебошад. Барои чунин хилофкорӣ аз шахси мазкур ба андозаи 150 сомонӣ ҷарима ситонида хоҳад шуд.

4. Кушодани суратҳисоби бонкӣ бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи мақомоти андоз дода шудани рақами мушаххаси андозсупорандаро тасдиқ менамоянд, аз ҷониби бонкҳо риоя нашудани мӯҳлати огоҳонии мақомоти андоз аз суратҳисоб ва ҳисобномаҳои дигар кушодани андозсупоранда, аз тарафи онҳо риоя нашудани навбати иҷрои пардохтномаҳои андозсупорандагон дар бораи пардохтани андоз аз суратҳисобҳои онҳо дар сурати кофӣ будани маблағи ин суратҳисобҳо, ба мадохилоти буҷети дахлдор (фонди давлатӣ) нагузаронидани маблағи андоз дар рӯзи анҷом додани муомилот (мод.83 КА ҶТ).

Мутобиқи моддаи 47 Кодекси андоз ва мод.32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкдорӣ» бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ бояд муомилоти муайянро анҷом диҳанд ва маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд. Дар сурати қонуншиканӣ ин муассисаҳо ба ҷавобгарии молиявии ҳуқуқие, ки дар моддаи 83 Кодекси андоз пешбинӣ гардидааст, кашида мешаванд.

1) Барои суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳои (ғайр аз ҳисобномаҳои амонатгузории (депозитивӣ) шахсҳои воқеӣ) шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки ба андозсупоранда рақами мушаххас додани мақомоти андозро тасдиқ мекунанд, кушодани бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ баробари 200 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда барои ҳар як ҳисобномаи кушода ҷарима ситонида мешавад.

2) Барои аз тарафи бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ дар давоми панҷ рӯз пешниҳод накардани суратҳисоб ва ҳисобномаҳои дигарро кушодани андозсупоранда дар ҳаҷми 5 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда барои ҳар як ҳисобномаи кушода ҷарима муқаррар карда шудааст.

3) Барои вайрон кардани навбати иҷрои пардохтномаҳои андозсупорандагон дар хусуси пардохти андоз аз суратҳисобҳо ва ҳисобномаҳои дигари онҳо, аз ҷумла аз ҳисобномаҳои асъорӣ, дар мавриди кифояти маблағи ин ҳисобномаҳо (яъне иҷро накардани чунин супоришот, ақаллан баъди иҷрои пардохтномаи гирифтани маблағи пардохти музди меҳнат) ба андозаи 10 фоизи маблағи пардохтномаҳои бо тартиби муқарраргардидаи навбат иҷронашуда ҷарима муқаррар карда мешавад.

Дар ин маврид ҳамин чиз дар назар дошта шудааст, ки иҷрои супориш оиди пардохти андоз баъди супориши гирифтани пули музди меҳнат бартарияти дуюм дорад.

Ғайр аз ин, бо моддаи 62 Кодекси андоз навбати пардохтани қарз аз рӯи андозҳо муқаррар карда шудааст: а) фоизҳои ҳисобкардаи қарзи (кампардохти) андоз; б) ҷаримаҳои ҳисобкарда; в) маблағи ҳисобкардаи андоз. Риоя нашудани ин тартиб ҳамчунин дар вақти ба ҷавобгарӣ кашидани муассисаҳои бонкӣ ба назар гирифта мешавад.

4) Барои ба бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки хизматгузории кассавии буҷетро ба ҷо меорад, нагузаронидани (насупурдани) маблағи андоз ба фоидаи буҷети дахлдор дар рӯзи иҷро гардидани амалиёти оид ба соқит кардани маблағ аз ҳисобномаи ҷорӣ (суратҳисоб) ё ҳисобномаи дигари андозсупорӣ ба андозаи ставкаи 1,5 – каратаи оддии (ба ҳисоби ҳар як рӯз) кредити музоядаи байнибонкии кредитии Бонки миллии Тоҷикистон аз маблағи андозҳои насупорида (нагузаронида) барои ҳар як рӯзи риоя накардани мӯҳлат ҷарима муқаррар карда мешавад.

Объекти чунин қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошад, ки бо қонун муҳофизат карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки ба кушодани суратҳисобҳо ва дигар ҳисобномаҳо барои шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқие, ки рақами мушаххаси андозсупорандаро надоранд, ё худ ба мақоми дахлдори андоз пешниҳод кардани огоҳинома дар бораи суратҳисоб ё ҳисобномаҳои дигар кушодани андозсупоранда ва ё риоя накардани навбати иҷрои пардохтномаҳои андозсупорандагон дар хусуси аз ҳисобномаи онҳо пардохтани андоз, ё ин ки ба бонки дахлдор ё ба дигар муассисаи молиявии кредитие, ки хизматрасонии кассавии буҷет (фонди давлатиро ба ҷо меоварад) нагузаронидан (насупурдан), дер гузаронидани (супурдани) маблағи андоз ба буҷети (фонди) дахлдори давлатӣ сабаб шудаанд.

Субъекти қонуншиканӣ бонк ва ё дигар муассисаи молиявию кредитие мебошад, ки барои мақсадҳои андозбандӣ бояд муомилоти муайяни бонкиро анҷом диҳад.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронаю барқасдонаи (ё ғайрибарқасдонаи) кормандони ваколатдори бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ иборат мебошад.

Масалан, бонк ба буҷет гузаронидани пули андозро дар ҳаҷми 10000 сомонӣ 3 рӯз боздошт. Меъёри миёнаи маблағгузории такрорӣ дар семоҳаи гузашта ба 25 фоиз баробар буд. Он гоҳ андозаи муҷозот (ҷарима) 10000 сомонӣ х 3 рӯз х (25 фоиз х 1,5)/ (365 рӯз х 100 фоиз), яъне зиёда аз 30 сомонӣ мешавад.

5. Монеъ шудан ба тафтишоти андозсупоранда, ки бо ӯҳдадории андозсупории ӯ вобаста аст (мод.84 КА ҶТ).

Монеъ шудан ба тафтишоти андоз, аз ҷумла, амалҳои зайл ҳисобида мешаванд: (1) қонеъ нагардондани талаби қонунии мақомоти андоз оиди тафтиши ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва дигар маълумоти марбут ба фаъолияти иқтисодӣ, ки таҳти назорати он шахс қарор доранд; (2) чандин бор беасос (зиёда аз 3 бор дар давоми давраи андозсупорӣ) сар печидан аз талаботи қонунии мақомоти андоз дар бобати ҳозир шудан барои сӯҳбат бо шахсони мансабдори мақомоти андоз; (3) монеъ шудан ба ҳуқуқи қонунии шахси мансабдори мақомоти андоз ҷиҳати даромадан ба қаламрави фаъолияти иқтисодии субъект.

Зимнан зери мафҳуми талаботи қонунӣ ва ҳуқуқи қонунии шахсони мансабдори онҳо талабот ва ҳуқуқҳое фаҳмида мешаванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо додааст.

Агар андозсупоранда ба тафтиши ӯҳдадории андозсупорӣ монеъ шавад, аз ӯ ба андозаи 100 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда ҷарима ситонида хоҳад шуд.

Дар сурати ба қонуншиканӣ роҳ додани андозсупоранда ва ё намояндаи расмии ӯ ба онҳо ҷарима андохта мешавад.

Ин ҷаримаро мақоми болоии андоз ё Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ дар асоси муроҷиатномаи асосноки мақоми поёнии андоз, ки андозсупоранда бевосита таҳти назорати он қарор дорад ва ба шарти андозсупорандаи дахлдорро пешакӣ огоҳонидан аз муроҷиати худ мепардозад.

Объекти чунин қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошанд, ки бо қонун муҳофизат карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки ба тафтишоти андоз монеъ мегардад (пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои вобаста бо фаъолияти иқтисодӣ ва таҳти назорати субъекти қонуншиканӣ қарордошта аз тарафи намояндаи қонунӣ ё худ ваколатдор, ё худ саркашӣ кардани ин намояндагон аз сӯҳбати шахсони мансабдори мақомоти андоз ва ё монеъ шудани намояндагони субъект ба даромада аз назар гузаронидани қаламрави фаъолияти иқтисодӣ).

Субъекти қонуншиканӣ андозсупоранда (агенти андоз) мебошад, ки намояндагони қонунӣ ва ё ваколатдори он бояд талабҳои қонунии шахсони мансабдори мақомоти андозро ҳангоми тафтишоти андозро гузарониданаш баҷо оваранд.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронаи барқасди (ё ғайрибарқасди) намояндагони андозсупоранда (агенти андоз) иборат мебошад.

6. Аз тарафи шахсони мансабдори агентҳои андоз иҷро накардани вазифаҳои нигоҳ доштану ғундоштан, пардохтани андоз ва пешниҳод намудани ҳисобот (мод. 85 КА ҶТ).

Аз рӯи моддаи 22 Кодекси андоз шахсе агенти андоз аст, ки корманди мақомоти андоз набуда, ба зиммаи вай мутобиқи қонунгузории андоз вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:

  • андозҳои дахлдорро дуруст ва саривақт ҳисобу китоб карда, аз андозсупорандагон нигоҳ дорад ва ба буҷетҳои дахлдор (фондҳои давлатӣ) гузаронад;
  • даромади ба андозсупорандагон пардохта ва андозҳои аз онҳо нигоҳ дошташуда ва ба буҷетҳои дахлдор (фондҳои давлатӣ) гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби алоҳида барад;
  • ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои барои назорати дурустии ҳисобу китоб, нигоҳдорӣ ва пардохти андоз заруриро пешниҳод намояд;
  • дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории андозро иҷро кунад.

Агар шахси мансабдор – агенти андоз: (а) ин ё он андозро ба тарзи муносиб надорад, нағундорад, ҳисобот надиҳад ва ё напардозад; (б) кӯшиши напардохтани андозро кунад, ҷавобгар мешавад.

Ҷавобгарии шахси мансабдор барои чунин қонуншиканӣ аз маблағи умумии доштанашуда, ғундоштанашуда, пардохтанашуда ва ё аз ҳаҷми маблағи андозе, ки аз пардохташ саркашӣ кардааст, набояд зиёд бошад.

Субъектҳои ҳамин ҷавобгарии андозсупорӣ мансабдорони роҳбари зайл мебошанд: (1) роҳбари ташкилот, ки ӯ асос дошт аз қонуншиканиҳои мазкур бохабар бошад; (2) сармуҳосиб ё дигар мансабдори роҳбар, ки вазифаи назорати аъмолеро ба зимма дорад, ки боиси қонуншиканӣ гардидааст ва аз ғайриқонунӣ будани ин аъмол пешакӣ хабар дошт.

Андозаи ҷаримае, ки ба ин шахсони мансабдор андохта мешавад, баробари 20 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда мебошад.

Объекти чунин қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошад, ки бо қонун муҳофиза карда мешавад.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки бар асари он ӯ корҳои нигоҳ доштану ғундоштан, пардохтани андоз ва пешниҳод нашудани иттилооти дахлдорро иҷро накардааст ё худ кӯшиш кардааст, ки аз пардохти андоз саркашӣ намояд.

Субъекти қонуншиканӣ шахсони мансабдори андозсупоранда – агентҳои андоз мебошанд, ки вазифадоранд мувофиқи қонунгузорӣ дар бобати ҳисобу китоб кардан, нигоҳ доштан ва ғундоштани андоз, пешниҳод намудани ҳисоботи дахлдор корҳои муайянро ба ҷо оваранд ва ҳамчунин роҳбари андозсупоранда аст, ки ӯ барои дарак ёфтан аз қонуншиканиҳо асос дошт.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронаи барқасди (ё ғайрибарқасди) мансабдорони дахлдор иборат аст.

7. Ғайриқонунӣ монеъ шудан ба шахси мансабдори мақомоти андоз барои даромадан ба ҳавлӣ ё бинои андозсупоранда

Барои ғайриқонунӣ ба ҳавлӣ ё бинои андозсупоранда ва ё дигар шахси вазифадор (ғайр аз биноҳои истиқоматӣ) шахси мансабдори мақомоти андозро, ки бо тартиби муқарраргардида тафтишоти андоз мегузаронад, роҳ надодани андозсупоранда ё худ шахси мансабдор ӯ ба андозаи 200 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда ҷарима карда мешавад.

Бояд дар назар дошт, ки шахс дар мавриди роҳ надодан ба ҷойҳое, ки намояндагони ваколатдор ё худ намояндагони қонунии андозсупоранда бо фаъолияти иқтисодӣ машғуланд, ҷавобгар мешавад.

Объекти чунин қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошанд, ки бо қонун муҳофизат карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки он дар роҳ надодани шахси мансабдори мақомоти андоз ба ҳавлӣ ё бинои андозсупоранда ифода ёфта, бо фаъолияти иқтисодии ӯ алоқаманд аст.

Субъекти қонуншиканӣ андозсупорандае мебошад, ки намояндаи ҳуқуқӣ ё ваколатдори ӯ ҳуқуқ надоранд шахси мансабдори мақомоти андозро, ки тафтиши андозро ба ӯҳда дорад, ба ҳавлӣ ё ба бинои андозсупорандаи бо фаъолияти иқтисодии он алоқаманд роҳ надиҳад.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронаи барқасди (ва ё ғайрибарқасди) намояндагони дахлдор иборат аст.

Ин меъёр то андозае ба меъёри муқаррарнамудаи моддаи 84 Кодекси андоз монанд аст.

8.Риоя накардани тартиби соҳибӣ намудан ва истифода бурдани амволе, ки ба ҳабс гирифта шудааст.

Мақомоти андоз бо мақсади иҷрои ӯҳдадории андозбандӣ ҳақ доранд ҳуқуқи моликияти андозсупоранда (агенти андоз)-ро нисбати амволаш маҳдуд намоянд амволи андозсупоранда (агенти андоз)-ро ҳабс кунанд. Амволи андозсупоранда дар сурати ӯҳдадории андозсупориро дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани ӯ ва дар сурати далели кофӣ доштани мақомоти андоз барои омадан ба хулосае, ки ин шахс тадбирҳое андешидан мехоҳад, ки ғайб занад ё амволашро пинҳон кунад, ҳабс карда мешавад.

Ҳабси амвол метавонад пурра ё қисман бошад.

Ҳабси пурраи амвол чунин маҳдудкунии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволаш мебошад, ки дар ин ҳолат ӯ ҳуқуқ надорад амволи ҳабсшударо идора кунад (фурӯшад) бахшад, иваз намояд ва ғайра, яъне ҳуқуқи моликияти онро дигар кунад. Зимнан ин амволро бо иҷозат ва таҳти назорати мақомоти андоз соҳибӣ ва истифода карда метавонад.

Ҳабси қисман чунин маҳдудкунии ҳуқуқи андозсупоранда нисбати амволаш дониста мешавад, ки дар ин маврид ӯ амволашро мустақилона соҳибӣ ва истифода менамояд, вале иҷозат ва таҳти назорати мақомоти андоз идора мекунад. Амвол метавонад дар сурати далели кофӣ надоштани мақомоти андоз барои омадан ба хулосае, ки андозсупоранда тадбир андешидан мехоҳад, ки ғайб занад ё амволашро пинҳон кунад, қисман ҳабс карда шавад. Дар ин ҳол андозсупоранда 15 рӯз пеш аз қисман ҳабс карда шудани амволаш ҳатман огоҳонида мешавад.

Ҳабси амвол баъди қабул шудани қарори баҳабсгирӣ ва анҷом ёфтани парвандаи ҳабси амвол эътибор пайдо мекунад. Қарори ба ҳабс гирифтани амвол аз лаҳзаҳои зайл беэътибор мешавад: (а) аз рӯзи ин қарорро бекор кардани шахси мансабдори ваколатдори мақомоти андоз, ки чунин қарор баровардааст; (б) аз рӯзи ин қарорро бекор кардани мақомоти болоии андоз ё суд; (в) аз рӯзи эътироз баён кардани прокурор; (г) аз рӯзи иҷро гардидани ӯҳдадории андозсупорӣ.

Дар сурати аз тарафи андозсупоранда (агенти андоз) риоя нагардидани тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) идора кардани амволе, ки ба ҳабс гирифта шудааст, ӯ ба ҷавобгарӣ кашида, аз ӯ ба андозаи 400 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда ҷарима ситонида хоҳад шуд.

Объекти чунин қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошанд, ки бо қонун муҳофизат карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) идора намудани амволи таҳти ҳабсро риоя накардааст.

Субъекти қонуншиканӣ андозсупоранда (агенти андоз) аст, ки намояндагони он тартиби соҳибӣ, истифода ва ё идора кардани амволи ба ҳабсгирифтаро риоя накардаанд.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронаи барқасди (ё ғайрибарқасди) намояндагони дахлдори қонунӣ ё ваколатдори андозсупоранда (агенти андоз) иборат аст.

9. Ба мақомоти андоз пешниҳод накардани маълумот дар бораи андозсупоранда.

Мақомоти андоз бо мақсади ҷамъоварии маълумот барои муайян намудани ӯҳдадории андозсупории андозсупоранда ё худ барои рӯёндани пули андоз, аз ин ё он шахс ҳақ дорад ба ҳар шахс сарфи назар аз андозсупоранда буданаш, огоҳинома фиристода, талаб намояд, ки маълумоти дар огоҳинома зикршуда, аз ҷумла маълумотро дар бораи шахси дигар пешниҳод намояд (мод.48 КА ҶТ).

Аз рӯи дархости мақомоти андоз, ки тафтиши андоз мегузаронад, пешниҳод накардани маълумотро дар бораи андозсупоранда метавон ин тариқ маънидод кард: (а) ҳуҷҷатҳои дар даст доштаи худро, ки дар қонунгузории андоз пешбинӣ гардидаанд, пешниҳод накардани шахс; (б) саркашӣ кардан аз пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо; (в) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки маълумоташ ошкоро нодуруст аст.

Барои ин гуна аъмол аз шахси ҳуқуқӣ ба андозаи 200 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда ва аз шахси воқеӣ ба андозаи 20 ҳадди ақалли даромади андозбандинашаванда ҷарима ситонида мешавад.

Объекти чунин қонуншиканӣ муносибатҳои ҳуқуқии андозе мебошанд, ки бо қонун муҳофизат карда мешаванд.

Ҷиҳати объективии қонуншиканӣ аъмоли субъекти қонуншиканӣ мебошад, ки ба мақомоти андоз дар бораи андозсупоранда маълумот пешниҳод накардааст.

Субъекти қонуншиканӣ шахсҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки вазифадоранд мутобиқи қонунгузории андоз ба мақомоти андоз маълумот пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати субъективии қонуншиканӣ аз аъмоли гунаҳкоронаи барқасди (ғайрибарқасди) намояндагони қонунӣ ва ё ваколатдори шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ иборат аст.

Барои дигар намудҳои қонуншиканӣ қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ кардааст.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.