Алоқаи методикаи таълими забони тоҷикӣ бо фанҳои дигар

Алоқаи методикаи таълими забони тоҷикӣ бо фанҳои дигар

Фанни методика, азбаски ба силсилаи фанҳои педагогӣ маҳсуб аст, чун педагогика предмети ҷамъиятӣ ҳам ба шумор меравад. Аз ин рӯ, методикаи таълими забони тоҷикӣ, сараввал, бо фанҳои ҷамъиятӣ (философия, забоншиносии умумӣ, забони адабии ҳозираи тоҷик, шевашиносӣ, педагогика ва таърихи он, психология, адабиёт ва таърихи он, бо фанни физиология, махсусан, бо таълимоти И.П. Павлов ва шогирдони ӯ дар бораи физиологияи майнаи одам ва ғ.) алоқаи ногусастанӣ дошта, маҳз ҳамин фанҳо асосҳои илмии курси мазкур-методикаи таълими забони тоҷикиро ташкил медиҳанд. Алоқамандии фанни методикаи забон бо фанҳои номбурда аз он ваҷҳ зарурат дорад, ки барои таълими дурусти забони тоҷикӣ, барои дар амал иҷро намудани вазифаҳое, ки ба ӯҳдаи мактабҳои имрӯзаи Тоҷикистон гузошта шудааст, муаллим бояд ба ҳамаи назарияи таълиму тарбия такя намояд. Ӯ, пеш аз ҳама, бо асосҳои методологии фанни фалсафа ва фикру ақидаҳои умумибашарии классикони барҷастаи адабиёт ва таърихи он мусаллаҳ бошад.
Нахуст, фанни методика бо фалсафа, ки ҳамчун сутунмӯҳраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ эътироф шудааст, алоқаи зич дорад. Он яке аз эҳёгарони асосҳои методологии фанни методика, баёнгари мақсад ва вазифаҳои он ба шумор меравад. Хусусан, назарияи фалсафии дониш (идрок ва ё фаҳмиши олам) таъкид мекунад, ки роҳ ба сӯи ҳақиқат тариқи санҷиши амалӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Вале истифодаи оқилонаи дониш тавассути воситаҳои забон ва маънавиёти бузурге, ки аз тарафи инсоният ва ҳар халқи ҷудогона гирд оварда шудааст, ба насли нав ба воситаи воҳидҳои забон – калима, таркибу ибораҳо, ҷумла ва матн расонида мешавад. Аз ин рӯ, аз худ намудани забон, ба маънои томаш, донистани алоқаи давру замонҳо, аз бар намудани мероси маънавию ботинии чандин насл мебошад.
Чунон ки гуфтем, ҳаққонияти дониш дар ҷараёни таҷриба санҷида мешавад. Мисли ҳамин омӯхтани забон, яъне воҳидҳои азбаркунии он (калима, ҷумла, матн), ҳақиқатан ҳам, бояд дар таҷриба ва амалиёти фардиву ҷамъиятии хонандагон- чи дар фаъолияти маънавию меҳнатӣ ва чи дар фаъолияти эҷодиашон истифода шаванд.
Дувум, методика, ҳамчун як ҷузъи силсилаи фанҳои педагогӣ, бо педагогика – бо қисмати дидактикаи он, ки ба омӯзишу баррасии масъалаҳои умумии таълим сарукор дорад, алоқаи зич дорад. Яъне методикаи таълими забони тоҷикӣ ба фанни педагогика, ки хусусан, принсипҳои умумиидидактикии таълимро муқаррар мекунад, такя намуда, зарурат ва мавриди истифодаи он принсипҳоро дар алоқамандӣ бо принсипҳои хоси таълими забони модарӣ талқин мекунад. Зеро аксари принсипҳои умумидидактикии таълим (аз ҷумла принсипҳои илмӣ ва пайдарҳамӣ, алоқаи назария бо амалия, аёният ва принсипи муносибати фардӣ бо талабагон) дар таълими забони тоҷикӣ пурра татбиқшавандаанд, ки доир ба аҳамият ва махсусиятҳои ин принсипҳо баъдтар маълумоти мукаммалро пешниҳод хоҳем кард.
Нуқтаи дигаре, ки методикаро бо дидактика мепайвандад, методҳои таълим аст. Он методҳои таълим, ки дар ҳамон қисмати дидактика тафсир ва гурӯҳбандӣ (классификатсия) шудаанд, бештарашон дар таълими забони тоҷикӣ нақши калон доранд. Инчунин, нуктаи дигаре, ки алоқаи методикаро бо дидактика таъмин месозад, дар истифодаи истилоҳоти муштарак, аз қабили мақсади таълим, алоқаи байниҳамдигарии фанҳо, дарс, китоби дарсӣ ва ғайра, ки дар ин замина истилоҳоти дарси забони тоҷикӣ, дарс аз грамматика, китоби дарсии синтаксис, малакаҳои орфографӣ, алоқаи байниҳамдигарии қисматҳои забони тоҷикӣ, машқҳо доир ба имлои исм ва сифат ва боз истилоҳоти дигарро метавон номбар кард.
Савум, методика бо фанни равоншиносӣ (психология) низ алоқаи зич дорад. Зеро барои хуб таълим додани забони тоҷикӣ ҳар як омӯзгорро лозим аст, ки дорои дониши хуби психологӣ бошад. Яъне ӯ доир ба хусусиятҳои синнусолии хонандагон маълумоти қонеъкунанда дошта бошад, то ки дар ҳар синф вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва инкишофи қобилияташон фаъолият кунад. Ба ҷуз ин, мафҳумҳои дониш, маҳорат ва малака , ки ҳамчун истилоҳ дар курси методика истифода мешаванд, пеш аз ҳама, марбути истилоҳоти психология ҳам мебошанд. Фанни мазкур ба омӯзгор кӯмак мекунад, ки фаъолияти хонандагонро доир ба ин ё он усули кор, масалан, дараҷаи иҷрои супориши грамматикӣ (чунончи, бо префиксу суффиксҳои додашуда сохтани калимаҳо, иваз намудани баъзе калимаҳои матн бо синонимашон, пурра намудани ҷумлаҳои нотамом ва ғайра) ё худ сохтани матнҳои фардӣ (навиштани иншо, нақли хаттӣ, мақола ба рӯзномаи деворӣ ва ғ.) фаҳмад ва баҳо диҳад.
Ва чаҳорум, албатта, методикаи забони тоҷикӣ бо фанҳои забоншиносӣ – забоншиносии умумӣ, забони адабии ҳозираи тоҷик, шевашиносӣ ва соҳаҳои дигари забоншиносии тоҷик зиёда алоқамандии ногусастаниву доимӣ дорад. Зеро дидактика фаҳмиши омӯзгорро бо ҷараёни шакли умумигирифтаи таълим мусаллаҳ намояд ҳам, он ба мазмуну мундариҷаи мушаххаси таълими фан сарукор надорад, методика аз он, асосан, нуктаҳои махсусро қабул менамояд. Аммо алоқаи методикаи забони тоҷикӣ бо забоншиносӣ дигаргунатар сурат мегирад.
Дар ин бобат, пеш аз ҳама, маълум аст, ки ҳодисаҳои забон бо системаи муайян ташаккул ёфтаанд, аз ин хотир, методика талқин мекунад, ки таълими он дар мактаб дар заминаи принсипи системанокӣ ё худ муттасилӣ ҷараён гирад. Яъне таълими ҳамаи соҳаҳои забон (фонетика, лексика, калимасозӣ, морфология, синтаксис) ва қисмату бобҳои таркибии онҳо бояд дар алоқамандию принсипи пайдарҳамӣ ба роҳ монда шаванд. Зеро талаб карда мешавад, ки бояд мактаб ба тарбиятгирандагони худ дар бораи забони модарӣ, ки яке аз фанҳои муҳими инсонгароист, дониши мукаммалу қонеъкунандаро диҳад, чунки забон низ чун меҳнат инсонро аз олами ҳайвонот фарқ мекунонад, шахсиятро дар ӯ эҳё месозад ва ӯро ба фаъолияти ҷамъиятӣ раҳнамо мешавад.
Методика, ҳамчун илм, бо таърихи забони тоҷикӣ (грамматика ва фонетикаи таърихӣ), ҳамчунин, бо фанни шевашиносӣ низ алоқаманд аст. Хусусан, алоқаи он бо шевашиносӣ дар рафти методу усулҳои кор марбут ба баланд бардоштани маданияти нутқи хонандагон ва азхудкунии меъёрҳои талаффузи адабӣ аз тарафи онҳо зарурати беҳад пайдо мекунад . Ин нукта, албатта, дар сурате ҳаллу фасли ҳақиқии худро меёбад, ки агар омӯзгор дониши хуби шевашиносӣ дошта, аз хусусияти маҳалу лаҳҷаи шогирдони хеш хуб бохабар бошад.
Талаб карда мешавад, ки дар байни грамматикаи мактабӣ ва илмӣ то андозае умумияту шабеҳият, ҳамчун меъёр, нигоҳ дошта шавад. Яъне асосҳои аз тарафи кулли забоншиносон эътирофшудаи навигариҳои илми забоншиносӣ, хусусан, падидаҳои беҳини грамматикаи он бояд дар грамматикаи мактабӣ инъикоси худро ёбанд, то ки ҷанбаи илмии он бештар гардад. Чунончи, аз солҳои 50-уми асри ХХ ин тараф тадриҷан ба грамматикаи мактабӣ ворид гардидани маълумотҳо доир ба ҷумлаҳои чидааъзо, аъзоҳои истисноии ҷумла, калимасозӣ, ибора, алоқаи калимаҳо дар ҷумла, ҳол ва хелҳои он ва дар таҳлили грамматикӣ ҷорӣ шудани равияи структурӣ-маъноӣ (дар як вақт ба инобат гирифтани сохту маъно ва вазифаи грамматикии калима) аз ҷумлаи он навигариҳост, ки методика доир ба методу усулҳои таълими онҳо ба муаллим дастурҳои мувофиқ медиҳад.
Методика талқин мекунад, ки муаллими забони модарӣ (тоҷикӣ) бо адабиёт, махсусан, бо адабиёти бачагона ба хубӣ шинос бошад, зеро ки асоси маводи дарсҳои забони тоҷикиро ӯ бештар аз он интихоб мекунад, то ки ҳодисаҳои забонро зимни он мисолҳои интихобкардааш барҷаста намоиш диҳад. Агар он мисолҳо аз маводи дар дарсҳои адабиёт мутолиакардаи хонандагон интихоб гардида бошад, боз ҳам беҳтар аст, чунки аз рӯи мисолҳои шинос кор бурдан барои амиқтар фаҳмидани мафҳуми ҳодисаҳои забон бештар даст медиҳад.
Ниҳоят, методикаи таълими забони тоҷикӣ бо таҷрибаи пешқадами омӯзгорони мактабҳои ҷумҳуриамон ва мактабҳои ҷумҳуриҳои бародар алоқаи қавӣ дошта, аз ҷумла донистани ғояҳои пешқадами методикаи забони русӣ барои муаллимон баҳри пурмазмуну самарабахш ташкил намудани машғулиятҳо аз забони тоҷикӣ чи аз ҷиҳати илмӣ ва чи амалӣ кӯмак хоҳад кард. Ба хусус, ҳар як омӯзгори забони тоҷикии синфҳои V-IХ бо таҷрибаи муаллимони ҳамкасби худ, бо тарзи тадриси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, бо мазмуну мундариҷаи барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикии он синфҳо шинос бошад. Ин амал ба ӯ имкон медиҳад, ки дар фаъолияти омӯзгории худ, аз рӯи зарурат, гоҳо аз маҳорату малакаи корсози он омӯзгорон истифода карда, ба чизҳои медонистагии хонандагон вақтро беҳуда сарф накарда, баръакс, дар ин бобат ҳангоми таълими мавзӯъҳои дорои ҷузъҳои такрор буда ба дониши онҳо такя намояд.
Дар охир муаллими забони тоҷикиро зарур аст, ки аз он ҳама асосҳои илмии методикаи таълими забони тоҷикӣ, яъне аз он фанҳое, ки методикаи забони тоҷикӣ бо онҳо алоқа дорад, донишу маҳорат ва малакаи эътимоднок дошта, бо адабиёти методие, ки дар маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Русский язык в школе» ва ҳафтаномаи «Омӯзгор»-у «Учителькая газета» чоп мешаванд, инчунин, бо нишондодҳои методӣ, корҳои илмӣ-методӣ шинос бошад. Ӯ бояд эҷодкор бошад, нишондодҳои методӣ, дастуруламалҳо ва таҷрибаҳои муаллимони пешқадамро дар амал санҷад ва эҷодкорона такмил ҳам диҳад. Чунон ки методист Поздняков Н.С. дар ин бобат ҳушдор додааст: «Роҳи боваринок ба сӯи муваффақият – ин тақлиди кӯркӯронаи як муаллим ба дигараш набуда, балки вобаста ба шароити муайян (аз тарафи ӯ.-С.Ш.) интихоб кардани усулҳои аз ҷиҳати назариявӣ асоснокшуда аст.»

test

Добавить комментарий