Методи нақли муаллим

Методи нақли муаллим ё сухани ӯ барои баёни мавзӯи нав, ҳангоми ҷавоб додан ба саволҳои хонандагон ва дар дарсҳои ба ном такрори умумии маводи гузашта доир ба як боби калон ё чанд бобу фасли хурд ва дар дарсҳои такрори аввали сол ва солона (дар охири соли таҳсил) зарурат дорад. Дар баёни мавзӯи нав нақли муаллим, алалхусус, барои таълими мавзӯъҳои таркибии аз ҷиҳати назариявӣ нисбатан душвори фаслу бобҳои забони тоҷикӣ истифода бурда мешавад. Чунончи, шарҳи хусусиятҳои фарқкунандаи садонокҳо аз хамсадоҳо, ҳамсадоҳои ҷарангдор аз беҷаранг, сифати феълӣ аз феъли ҳол, сиғаҳои феъл, ҷумлаҳои соддаи яктаркиба, сохти сараъзо ва аъзоҳои пайрав дар қиёс бо сохти калима ва ҳиссаҳои нутқ, баёния, ҷумлаҳои пайрави шартию хилофӣ, воҳидҳои тафсилӣ ва истисноии ҷумла, калимаҳои иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ, ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб барин мавзӯъҳо ҳатман нақлу тавзеҳи боварибахши муаллимро талаб мекунанд. Ҳамчунин омӯхтани қоидаҳои душвори имло ва мавридҳои дар ҷумла ва матн кор фармудани аломатҳои китобат, дар аснои кор бо луғат низ шарҳи муаллим лозим мешавад.

Ҷавоби муаллим ба саволҳои хонандагон бо ҳамин сабаб ба методи нақл мансуб дониста мешавад, ки хонандагон нуқтаҳои аз  мавзӯи нави дарс ва дарсҳои гузашта нафаҳмидаашонро ба воситаи саволҳои ба устод медодагиашон фаҳмидан мехоҳанд. Дар чунин мавридҳо, албатта, ҷавоби муаллим ба саволҳои шогирдон тариқи нақлу эзоҳи боэътимоди ӯ, яъне бо истифода аз методи нақл, сурат мегирад. Тавассути саволҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтани хонандагон яке аз роҳҳои аз ҷиҳати назариявӣ беҳтар аз худ кардану мустаҳкам дар хотир нигоҳ доштани донишҳост.

Нақли муаллим   дар рафти такрору ҷамъбасти маводи ягон боби калон, якчанд боби аз ягон ҷиҳат ба ҳам алоқаманд ё худ дар лаҳзаҳои такрори аввали сол, чорякӣ ва солона ҳамон вақт ниҳоят зарур мешавад, ки агар маводи ҷамъбастшаванда осон бошад ҳам, мавзӯъҳои зиёдтарро фаро гирад, ё он мавод барои хонандагон душвор бошад, ё худ дар ин дарсҳо диққати хонандагонро ба ҳамон қисмҳои маводи такроршаванда ҷалб кардан лозим бошад, ки он шогирдонро ба омӯхтану фаҳмидани боби нави забони тоҷикӣ омода намояд. Ин кор барои он ҳам зарурат дорад, ки вақти муаллим кам аст ва худи шогирдон, мумкин аст, аз ӯҳдаи ин хел кори муҳим (пурра такрору ҷамъбаст намудани маводи такроршаванда) ба таври бояду шояд набароянд. Масалан, нақли муаллим ҳангоми ба система (тартиб) даровардани дониши хонандагон ё барои ба ҳам пайвастани бобҳои гуногун, ё пасиҳамояндаи  забони тоҷикӣ баъд аз омӯхтани ҳиссаҳои мустақилмаънои нутқ – пеш аз оғози таълими калимаҳои ёридиҳанда (пешоянду пасояндҳо, пайвандак ва ҳиссачаҳо), баъди таълими аъзоҳои ҷумла ё хелҳои ҷумлаи пайрав хеле бамавқеъ мебуд. Истифодаи нақл ё худ сухани муаллим, инчунин, барои ҷамъбасти якчанд қоидаи имло (тарзҳои гунонгуни навишти исмҳои хоси таркибӣ, сохти ҳиссаҳои номустақили нутқ) ё аломатҳои китобат (мавридҳои гуногуни кор фармудани вергул, тире, дунуқта, нохунак ва ғ.) ниҳоят зарурат пайдо мекунад.

Нақли муаллим чи дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав ва чи дар такрору ҷамъбасти маводи гузашта метавонад аз 5 – 7 то 10 – 12 дақиқа давом кунад. Аммо баёни муаллим дар синфҳои X – XI баъзан ба лексия шабоҳат пайдо мекунад, ки дар чунин мавридҳо он ба лексия табдил меёбад, аз 20 то 25 дақиқа идома ёфтанаш мумкин.

Нақли муаллим танҳо ҳамон вақт муассиру натиҷаовар мешавад, ки  тартиби баррасии он мантиқан дуруст бошад (аз як қисм ба қисми дигари маводи мавзӯъ гузаштан аниқ таъкид карда шавад), маънидоди муаллим аз мисолҳое, ки  барои баёни мавзӯъ дар таблитса ё худ тахтаи синф(доска) сабт шудаанд, ҷудо набошад.

Нутқи муаллим ҳангоми нақл бурро, шунаво ва фаҳмо бошад. Дод гуфтан ва бисёр паст гап задан ба такрор кор фармудани баъзе калимаҳо, аз қабили хуб, яъне, яъне ки, яъне ки масалан ва калимаҳои шевагӣ ба фаҳмидани нақли муаллим халал мерасонад. Овози муаллим бояд дар синф баробар паҳн шавад, то онро ҳамаи хонандагон фаҳманд. Ниҳоят, нақли муаллим шаклану мазмунан бояд барои шогирдон намунаи ибрат бошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.