Методи сӯҳбат

 

Сӯҳбат, ё ки саволу ҷавоб, яке аз методҳоест, ки дар дарсҳои забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Ин методи таълим дар ҳамаи типҳо(хелҳо) – и дарс – ҳам дар дарси додани дониши нав (дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав), ҳам дарси мустаҳкам намудани дониш (марбут ба як дарси гузашта) ва ҳам  дар дарси санҷиши дониши хонандагон тавассути корҳои хаттии санҷишӣ (диктантҳои таълимӣ, санҷишӣ ва нақлу иншоҳои гуногун) вобаста ба мавриди истифодааш мавқеи хосса дорад. Ба ибораи дигар, таълими аксари маводи грамматикӣ, орфографӣ, аломатҳои китобат ва инкишофи нутқ бе истифода аз усули сӯҳбат тасаввур карда намешавад. Аз ин лиҳоз, фарқҳои аз методҳои нақл доштаи онро (методи сӯҳбатро) бояд донист.

Сӯҳбат, чун усули таълим, аз нақли муаллим бо чунин хусусияташ фарқ мекунад, ки агар ҳангоми нақли муаллим хонандагон танҳо  шунавандаҳои фаъол бошанд, дар ҷараёни аз рӯи методи сӯҳбат (саволу ҷавоб), ташкил намудани лаҳзаҳои дарс, аз ҷумла, дар лаҳзаи баёни мавзӯъ дар баробари муаллим хонандагон ҳам дар ҳалли ҳодисаҳои забон ширкат варзида, бо ҷавобҳои худ ва  баъзан баёни фикрҳои мустақили худ саҳм мегузоранд. Азбаски дар ҷараёни ташкили сӯҳбат саволу ҷавоб нақши асосиро мебозад, бояд сӯҳбат аз рӯи нақшаи дақиқе баргузор ёбад, то ки дар рафти он хусусият, аломат ва нишонаҳои ҳодисаи дар айни ҳол омӯхташавандаи забони тоҷикӣ маънидод карда шуда, пас аз он таъриф ё қоида бароварда шавад, ё ки таърифу қоидаҳои дар китоби дарсӣ буда гуфта шаванд. Аз ин рӯ, дар аснои сӯҳбат хонандагон тадриҷан ба саволҳои муаллим ҷавоб дода истода, моҳияти он мавзӯъро аз мушоҳидаи мисолҳо фаҳмида, ҳамзамон доир ба он фикри худро изҳор карда, таҳти кӯмаку роҳбарии устодашон хулоса мебароранд, ки он хулосаҳо асоси таърифу қоидаи забон ё худ асоси қоидаи дахлдори имло, ё аломати китобат ба шумор мераванд. Сипас, ин хулосаи шогирдонаи хонандагон бо он таърифу қоидае, ки муаллим аз китоби дарсӣ мегӯяд, мувофиқаву муқоиса карда мешавад, ки дар натиҷа дониши зимни чунин амалҳо ба даст овардаи онҳо дақиқу возеҳтар ва барояшон хотирмон мегардад. Машқу супоришҳое, ки пас аз ин доир ба ҳамон ҳодисаи забон таҳлилу ҳаллу фасл карда мешавад, зам гардида, донишҳои аз ҷараёни сӯҳбат ба даст овардаи аҳли синфро дар амал мустаҳкам хоҳанд кард.

Методи  сӯҳбат имконият медиҳад, ки диққати ҳамаи хонандагон ё бештари онҳо ба мавзӯъ ҷалб карда шуда, дараҷаи донишу фаҳмиши ҳар кадомашон муайян карда шавад, ҷавобҳои онҳо ба низом дароварда шуда, ҷойҳои барояшон норавшани мавзӯъ аз шарҳи устодашон мушаххастар гардонда шавад.

Азбаски дар ҷараёни сӯҳбат имконияти фаъолонидани хонандагон ба муаллим бештар муяссар мешавад, акад. А.В. Текучев таъкид намудааст, ки  он «Методи сӯҳбат (курсиви мо. –С.Ш.) дар дарсҳои марбут ба инкишофи нутқ бештар истифода бурда  мешавад…»[1] Масалан, дар ҷараёни муҳокимаи асари хондашуда, баёни таассурот доир ба филми бадеӣ ё ягон намоиши саҳнавӣ (спектакл), ё худ мавзӯи ин ё он саёҳати гузаронидашуда ва ғайра, ки ин ҳама, бешубҳа, ба инкишофи нутқи мураттаби хонандагон мусодиат менамоянд, танҳо зимни истифода аз методи сӯҳбат имконияти ҳаллу фасл шуданро доро мебошанд.

Сӯҳбат вобаста ба мавзӯъ, маводи омодашуда ва дараҷаи тайёриву завқу хоҳиши хонандагон дар синфҳои X – XI аз 15 то 30 дақиқа  идома ёфта метавонад. Ва бояд таъкид намуд, ки агар «Сӯҳбат бе тайёрии пухта, тӯлонӣ ва ба фаҳмидани чизи нав ҳидояткунанда набошад, синфро дилхунук, дарсро пажмурда ва камнатиҷа месозад»[2].

Бояд гуфт, ки дар таълими забони тоҷикӣ ду намуди методи сӯҳбат: сӯҳбати маълумотдиҳанда (донишдиҳанда) ва  бахотир-оваранда маъмул аст. Сӯҳбати маълумотдиҳанда чунин хусусият дорад, ки дар рафти он муаллим ба талабагон баъзе маълумотҳои нав медиҳад, ба дониши аз ҳаёт ё доир ба ягон ҳодисаи забон пешакӣ доштаашон такя намуда,онҳоро ба сӯҳбат ҷалб мекунад. Дар чунин маврид, ки барои ҳалли масъала имконияти иштироки бевасита доштани шогирдон фароҳам меояд, онҳо ҳам фикр баён намуда, аз худ далелҳо оварда, аз шарҳу маънидоди устодашон ҷойҳои барояшон норавшанро фаҳмида мегиранд.

Хусусиятҳои сӯҳбати бахотирорандаро ба инобат гирифта, онро дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав низ метавон истифода бурд. Ин кор дар сурате имконтпазир мегардад, ки агар хонандагон доир ба мавзӯи нав пешакӣ баъзе маълумотҳо гирифта бошанд. Масалан, дар синфи VIII мавзӯъҳои аввали фаслҳои «Ибора ва ҷумла», «Сараъзо» (мубтадо ва хабар),  «Аъзоҳои пайрави ҷумла», «Ҷумлаҳои соддаи яктаркиба» – ро бояд бо истифода аз методи сӯҳбати маълумотдиҳанда  фаҳмонда шавад. Чунки дар синфи V ҳангоми таълими курси муқаддимавии «Синтаксис ва аломатҳои китобат» доир ба ҳамаи ин  қисматҳои синтаксис ба хонандагон маълумотҳои аввалин (муқаддимавӣ) дода шудааст. Чунончи, ба хонандагон дар синфи V доир ба хусусиятҳои зерини ибора: таърифи соддатари ибора, калимаи тобеъкунанда ва тобеъшаванда дар ибора, воситаҳои алоқаи калимаҳо дар ибора ва фарқи ибора аз калима маълумот дода мешавад. Аммо дар синфҳои VIII – IX, ки курси пурра ва системаноки синтаксис омӯхта мешавад, имконияти васеътар омӯхтани аксари фаслу бобҳо, аз ҷумла дар синфи VII доир ба мавзӯи «Ибора» низ, фароҳам меояд. Вале дар дарси ин мавзӯъ, ки бо ҳамин ном «Ибора» таълим дода мешавад, дар оғози аввали баёни мавзӯъ лозим аст, ки донишҳои аз синфи V доир ба ибора гирифтаи хонандагон бо саволу супоришҳои зерин санҷида шавад: 1) Ибора чист? 2) Доир ба ибора чӣ медонед?  3) Асосан, ҳар кадом ибора аз чанд ҷузъ ё калима ташкил меёбад? Он ҷузъҳо чӣ ном доранд? 4) Ибора аз калима чӣ фарқ дорад? 5) Ҷузъҳои ибора бо кадом воситаҳо ба ҳам алоқаманд мешаванд? 6) Хели алоқаи ҷузъҳо дар ибора чӣ ном дорад? Пайваст ё тобеъ? Аз худ доир ба ибора мисол оред. Дар ибораҳои мисоловардаатон ҷузъҳо чӣ тавр ба ҳам алоқаманд шудаанд? ва ғ.

Муаллим ҳамаи саволҳои доир ба ибора додашуда аз хонандагон ҷавоб талаб намуда, ба саволҳои беҷавоб худаш ҷавоб гардонда, таърифи ибораро, ки дар китоби синфи VIII як андоза дақиқу фасеҳтар дода шудааст, бо самъи шоигирдон расонида, дар заминаи мисолҳо шарҳ дода, дар баробари фарқи он аз калима, ҳамчунин дар бораи фарқи он аз таркиб ва ҷумла низ маълумоти қонеъкунанда медиҳад. Инак, ана ҳамин методи таълимро, ки зимни он дар оғози баёни мавзӯъ дониши пешинаи хонандагон доир ба мавзӯи дар айни ҳол омӯхташаванда санҷида шуда, сипас аз тарафи муаллим доир ба он маълумотҳои нав баррасӣ мегарданд, дар маҷмӯъ методи сӯҳбати маълумотдиҳанда меноманд.

Методи сӯҳбати бахотироранда, асосан, дар лаҳзаҳои пурсиши вазифаи хонагӣ, мустаҳкамкунии мавзӯи нав, дар дарсҳои такрори боб, аввали сол ва солона бо мақсади танҳо санҷидани дараҷаи донишу маҳорату малакаи хонандагон истифода бурда мешавад. Дар ҳамаи ин мавридҳо хонандагон донишҳои аз мавзӯъ ва фаслу бобҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ гирифтаи худро ба хотир оварда, ба саволу супоришҳои додашуда ҷавоб мегардонанд. Муаллим танҳо ҷавобҳои нопурраи онҳоро пурра менамояд, аммо маълумоти нав намедиҳад, ки фарқи асосии сӯҳбати бахотироранда аз сӯҳбати маълумотдиҳанда маҳз дар ҳамин нукта дида мешавад. Ба ифодаи дигар, сӯҳбати бахотироранда дар дарс саволу ҷавобест, ки бо ин роҳ маводи омӯхтаи хонандагон танҳо такрору мустахкам карда мешавад. Умуман, дар ҷараёни истифода аз методи сӯҳбат саволҳои муаллим мақоми баланд доранд.

Саволҳои муаллим. Саволҳое, ки муаллим дар лаҳзаи мустаҳкамкуниву пурсиши вазифаи хонагӣ, такрору ҷамъбасти маводи фаслу бобҳои омӯхташуда ва  баъдан, дар ҷараёни баёни мавзӯи нав ба хонандагон медиҳад, саволҳои педагогӣ ном доранд. Саволҳои педагогиро аз саволҳои муқаррарӣ бояд фарқ намуд. Агар кас чизеро аз касе, масалан, бо саволҳои зерин: «Номат чист?», «Шумо аз куҷо омадед?», «Дар мактаб мехонед?», «Шумо донишҷӯ ё хонандаи мактаб?», «Падару модаратон кор мекунанд ё нафақагир?» ва ғайра пурсад, чунин саволҳоро саволҳои муқаррарӣ меноманд. Ин гуна саволҳоро ҳамагон аз рӯи зарурат дар ҳар маврид ба ҳамдигар медиҳанд. Чунин саволҳоро омӯзгорон дар рӯзҳои аввали шиносоии худ ба ҳар як хонандаи синф медиҳанд. Чунки ҷавобашонро, ҳақиқат ҳам, намедонанд, вале донистанашон шарт аст.

Аммо бо саволҳои аз тарафи омӯзгор доир ба мавзӯи дарс, фаслу бобҳои  гуногуни забони тоҷикӣ (албатта, дар рафти таълими фанҳои дигар ҳам) ба хонандагон дода мешудагӣ (масалан, «Исм чист?», «Сифат чист?», «Ҳиссаҳои номустақили нутқ кадомҳоянд?», «Кадом аъзоҳои ҷумларо сараъзо меноманд?», «Мубтадо бо чӣ ифода меёбад?», «Ҷумлаи мураккаб чист?»  ва ғ.) мақсаду ҳадафи муаллим дигар аст: санҷидану мустаҳкам намудани дониш, маҳорат ва малакаи онҳост. Инчунин, бо истифода аз баъзе саволҳо муаллим диққати ханандаро ба фаҳмидани мавзӯъ ҷалб мекунад, бо истифода аз усули проблемавӣ дар назди онҳо ҳалли вазифаҳои гуногунро мегузорад, то ки мустақилона ҳал кунанд. Бинобар ин, саволҳои муаллим бояд шаклану мазмунан ва ҳам мантиқан дуруст бошад, то ки хонандагонро барои ҷавоб додану хулосаҳои даркорӣ баровардан ҳидоят намоянд. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, бояд талаботҳои зерини дидактикӣ риоя карда шавад:

а) савол ба хонандагон фаҳмо бошад;

б) ҷавоби пурраро талаб кунад;

в) як саволро дар бар гирад, яъне як савол таркибан чанд саволро (аз қабили «Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ ҳаст ва онҳо кадомҳоянд?») дар бар нагирад;

г) имконияти ҷавобҳои духела талаб карданро надошта бошад;

ғ) луқмадиҳанда набошад (саволе, ки ҷавобро пурра ё қисман дар бар гирад, луқмадиҳанда ном дорад);

д) ниҳоят, савол бояд дар хонанда ташаббус ва фаъолияту эҷодкориро бедор намояд.[3]

Дар маҷмӯъ саволҳои паедагогӣ ба хонандагон ба тариқи умумӣ(фронталӣ), яъне махсус  на ба як-ду нафар, балки ба аҳли синф дода шаванд ҳам, онҳо (саволҳои муаллим) аз ҷиҳати ҳаҷм ё худ давомнокии ҷавобҳо ба чор гурӯҳ – аналитикӣ, синтетикӣ, риторикӣ ва ёридиҳанда –ҷудо карда шудаанд.[4]

  1. Саволҳои аналитикӣ ҳаҷман хурд буда, доир ба масъалаҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ ҷавоби кӯтоҳ ё худ мухтасар доданро талаб мекунанд. Масалан, «Ҷонишин чист?», «Реша чист?», «Феъл ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?», «Чиро суффикс меноманд?», «Чӣ гуна ҷумларо ҷумлаи хуллас меноманд?» барин саволҳо аналитикӣ ном доранд, ки доир ба ҳар кадоми ин саволҳо хонандагон бо як ҷумла (содда ё мураккаб) ҷавоб мегардонанду бас. Чунончи, ҷавоби саволи аввал чунин аст: «Он ҳиссаи нутқ, ки ба ҷои исм, сифат ва шумора меояд, ҷонишин номида мешавад» ва ғ.
  2. Саволҳои синтетикӣ – аз рӯи ҳаҷм ё худ дар бар гирифтани масъала ҷавобҳои муфассалро талаб мекунанд. Аниқаш, инҳо саволҳое мебошанд, ки аз хонандагон дар як вақт доир ба як мавзӯъ, ё худ боб ва ё доир ба ду ё якчанд ҳодисаи забон ҷавоби батавзех доданро тақозо мекунанд. Аз ин рӯ, ҷавоби саволҳои синтетикӣ аксар бо тартиби муайян аз якчанд нафар пурсида мешаванд. Масалан, чунин саволҳоро: «Дар бораи исм чӣ медонед?», «Сифат аз исм бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?», «Дар боби фонетика чиҳоро омӯхтаед?». «Сиғаҳои феъл аз ҳамдигар чӣ гуна фарқҳо доранд?», «Фарқи ҷумлаи мураккаби тобеъ аз ҷумлаи мураккаби пайваст дар чист?», «Дар бораи фарқҳои аз ҳамдигар доштаи калима, ибора ва ҷумла чӣ медонед?» ва ғ., ки ҳар як ҷавоби муффасалу ботаанниро талаб мекунанд, синтетикӣ меноманд. Ба ифодаи дигар, саволҳои синтетикиро саволҳои ҷамъбасткунанда ҳам меноманд.
  3. Саволҳои риторикӣ – саволҳое мебошанд, ки тавассути онҳо диққати хонандагон махсус ба фаҳмидани ягон қисмати басо муҳиму асосӣ ё душвори мавзӯъ ҷалб карда мешавад. Аз чунин саволҳо бештар омӯзгорон дар лаҳзаи баёни мавзӯи нав истифода мекунанд. Масалан, муаллим пеш аз баёни мавзӯъ, ё ки дар ҷараёни баёни он ба аҳли синф ба саволе муроҷиат мекунаду дарҳол худаш ба он савол ҷавоби муфассал медиҳад.Чунончи, дар синфи VI дар ибтидои таълими мавзӯи «Сифати феълӣ» сухани муаллим ё худ нақли ӯ бо чунин ҷумлаҳо, ки саволҳои риторикиро ҳам дар бар мегиранд, оғоз ёфтанаш мумкин: – Шумо дар синфи V дар бораи феъл ва имсол дар синфи VI дар бораи сифат маълумот гирифтед. Вале дар забони мо боз калимаҳое истифода мешаванд, ки онҳоро дар забоншиносӣ сифати феълӣ меноманд. Чаро ҳам сифат ва ҳам феъл?  Барои чӣ? Сипас, бо чунин саволҳо, ки диққати аҳли синф пурра мутамарказ гардонида мешаваду ҳар хонанда гумон мекунад, ки ҳоло ҷавоби ин саволҳо аз ӯ пурсида мешавад, дарҳол худи муаллим ба ҷавоби саволҳои гузошташуда  мепардозад. Ана ҳамин гуна саволҳоро, ки аз тарафи муаллим дар рафти ягон ҳодисаи забонро фаҳмониданаш  ба хонандагон пешниҳод гардида, дарҳол ҷавобашон ҳам аз тарафи ӯ баррасӣ карда мешавад, саволҳои риторикӣ меноманд.
  4. Саволи ёридиҳанда – саволест, ки муаллим бо истифода аз он мехоҳад, ки хонанда ба саволи пеш аз он додашуда дурусттар сарфаҳм рафта, якбора ҷавоби дақиқ диҳад. Амали мазкур, асосан, дар мавридҳое рух медиҳад, ки агар саволи аввал доир ба ҳодисаҳои гуногуни то андозае ба ҳам монанди забон тааллуқ дошта, хонандаро дар интихоби ҷавоби дуруст ба мушкилот рӯ ба рӯ карда бошад. Чунончи, дар мисолҳои зерин ҷуфти дуюми саволҳо саволҳои ёридиҳанда ба шумор мераванд: 1. Сифати феълӣ аломати чиро мефаҳмонад?…2. Аломати предметро ё амалро?; 1. Саволҳои кадом ҳиссаи нутқ ба саволҳои сифати феълӣ ҳам мансубанд?…2.Саволҳои феъл ё сифат?; 1. Кадом аъзои пайрави ҷумла бар эзоҳи ҳамаи аъзоҳои дигари ҷумла омада метавонад?…, 2. Пуркунанда, муайянкунанда, ё ҳол? ва ғ.

 

Фаромӯш набояд кард, ки дар синф, дар баробари саволҳои муаллим, ба саволҳои хонандагон низ эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Агар хонанда аз фонетика, грамматика, имло ва аломатҳои китобат, маънои калима чизеро нафаҳмида бошад ё дурустар фаҳмидан хоҳад, аз муаллим мепурсад: Мумкин аст, ба савол ягон ҳамсинфи ӯ ҷавоб диҳад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ин амал – чунин саволу ҷавоб яке аз роҳҳои донишгирии хонандагон дониста мешавад.

Аммо баъзан хонандагон саволҳое ҳам медиҳанд, ки дар ҷавобашон дар мондани муаллим амри воқеист. Дар чунин ҳолатҳо бояд гуфт,ки ин саволро дуруст фикр мекунад ё луғатро дида, баъд ҷавоб медиҳад. Ба шогирдон бояд фаҳмонд, ки забон ҳодисаи мураккаб аст ва аз ин рӯ, на ба ҳар савол дарҳол ҷавоби пухта додан имкон дорад.

Ҳаминро ҳам бояд донист, ки савол додан ё «саволборон» кардани талабаи ба дарс ҷавобдиҳанда аз тарафи ҳамсинфон аҳамияти кам дорад. Одатан, саволҳои онҳо ба талабаи барои пурсиш даъватшуда бештар забонзаду якхела буда, тартибу мақсади муайян надоранд. Масалан, ин тавр: Исм чист? Реша чист? Феъл чанд асос дорад? Ҳиссаҳои нутқ чандто? ва ғ. Ба ҷуз ин, онҳо ҷавоби ҳамсинфонашонро гӯш накарда, ба «саволсозӣ» ё ҷустани савол банд мешаванд. Чунин саволдиҳии хонандагон ба ҳамсинфони худ аксар дар лаҳзае рух медиҳад, ки омӯзгор ба дарс пешакӣ тайёрии хуб надида, аз ӯҳдаи савол додан ҳам баромада наметавонад.

Аз ин ҷиҳат, ба нуқтаи охир такя намуда, иброз медорем, ки барои дуруст савол дода тавонистан тайёрии ҳаматарафа ва маълумоти махсуси педагогӣ  доштани омӯзгор талаб карда мешавад. Муаллим мувофиқи талаби методикаи таълими забони тоҷикӣ саволҳоро пешакӣ фикр мекунад ва ҳатто дар план – конспект(нақшаи дарс) – аш бо тартиби муайян навишта мемонад. Ӯ бояд ба хонандагони барои пурсиши пешакӣ муқарраршуда, ба ҷуз он саволҳои ба ном «забонзада», боз чунин саволҳо ҳам дода метавонад, ки хонандагонро ба бошууронаву мулоҳизакорона ҷавоб додан ҳидоят мекунанд: Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл кадомҳоянд? Феълҳо аз сифати феълӣ чӣ фарқ доранд?, Феъли ҳол аз сифати феълӣ чӣ фарқ дорад?  Ҳиссаҳои ёридиҳанда аз кадом ҷиҳатҳо аз ҳиссаҳои мустақили нутқ фарқ мекунанд? ва ғ. Чунон ки мебинем, хонандагон барои ба ин хели саволҳо ҷавоб додан чандин ҳодисаи грамматикиро ба хотир оварда, бо ҳам муқоиса мекунанду ҷамъбаст ҳам менамоянд, ки маҳз чунин амалҳо барои такмили инкишофи нутқ ва тафаккури онҳо аҳамияти калон дорад. Хуллас, санҷиши дониш вазифаи муаллим буда, худсанҷӣ вазифаи ҳар як хонанда аст

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.