Методикаи кор бо китоби дарсӣ

 

Методи кор бо китоби дарсӣ ё худ исифодаи китоби дарсиро ба хонандагон омӯзонидан, умуман, яке аз вазифаҳои аввалини омӯзгорон, алалхусус, вазифаи муаллими забони тоҷикӣ ҳам ба шумор меравад. Ин нукта ҳар доим дар баромаҳои таълими забони тоҷикӣ низ таъкид ёфта меистад.

Аз ҷумла, дар «Макуби эзоҳӣ»-и барномаи соли 1973 чунин таъкид шуда буд: «Дар дарсҳо талабгонро бисёртар ба мустақилона кор кардан, ба мутолиаи  китоб одат кунонидан лозим аст; онҳо масъалаҳои на чандон душвори китоби дарсиро худашон мефаҳмидагӣ шаванд, то ки ба маънидоди масъалаҳои осон вақти зиёд сарф нашавад».[1] Ва маҳз дар барномаи нави забони тоҷикӣ (с. 2006) ҳам дар бобати мақсад ва вазифаҳои забони тоҷикӣ таъкид гардидааст, ки он хонандаро бояд «ба мустақилона дониш андӯхтан (пеш аз ҳама,аз китоби дарсӣ – С.Ш.) ва мунтазам такмил додани нутқи хеш ҳидоят намояд; донишҳои доир ба имло ва аломатҳои китобат гирифтаи хонандагонро ба низом дароварда дар ин бобат маҳорату малакаи  онҳоро таҳким бахшад».[2]

Чунон ки мебинем, нуктаи фавқ ҳидоят ба он мекунад, ки кор бо китоби дарсӣ, яъне тарзи аз он истифода карда натавонистан, яке аз масъалаҳои муҳими самаранок ба роҳ мондани машғулиятҳои марбути таълими забони тоҷикӣ буда, муаллимро водор мекунад,ки ӯ роҳҳои муфиди мустақилона аз он (китоб) кор карда тавонистани хонандагонро ҷустуҷӯ намояд.

Маълум аст, ки ҳама гуна китоби дарсӣ аввалин маводест, ки аз он ҳам муаллим ва ҳам хонандагон истифода мебаранд. Аз ҷумла,китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфҳои V – XI) яке аз сарчашмаҳои дониш гирифтан  ва малака пайдо кардани хонандагон аз забони тоҷикӣ (аз грамматика, фонетика, орфография, аломатҳои китобат, луғатомӯзӣ, услубшиносӣ ва ғ.) ба шумор меравад, ки ҳам дар синф ва ҳам дар хона истифода бурда мешавад. Чунончи, дар дарс ҳангоми баёни мавзӯи нав – ҳангоми гуфтан ва шарҳ додани таърифу қоидаҳо, дар лаҳзаҳои пурсиши вазифа ва мустаҳкамкунии  мавзӯи нав (дар вақти иҷрои машқҳо) ва лаҳзаи супоридани вазифаи хонагӣ истифода аз он зарурат дорад.

Дар хона хонандагон аз китоби дарсӣ вазифаҳои супоридаи муаллимро иҷро мекунанд. Ҳангоми иҷрои вазифаи хонагӣ онҳо бояд аввал таърифу қоидаҳои  параграфи  ба мавзӯи дарс дахлдорро хонда, фаҳмида,  баъд пешниҳоди китоби дарсӣ ва омӯзгор, талаби машқро ҳам ба ҷо оранд. Ниҳоят, китоби дарсӣ барои такрору  ҷамъбасти маводи гузашта (такрори маводи як боби калон, якчанд боби хурд, маводи ҳар як чоряк, дар такрори аввали сол ва солона – охири сол) лозим мешавад.

Маводи китоби дарсиро баъзан зарурат бошад, сархат ба сархат хонда, вобастагии мазмуни он сархатҳоро таъкид карда, ба талабагон чунин саволҳо дода истодан аҳамият дорад: Дар ин ҷумла ё сархат чӣ гуфта шудааст? Оё ин мисол ба қоида ё таърифи додашуда мувофиқ аст?

Вале баъдтар, ҳамин ки хонандагон таҳти назорату таъкидҳои муаллим ба дарк намудани маводи назариявии китоби дарсӣ малака пайдо карданд, барояшон имконият пайдо мешавад, ки худашон ҳам қисман маводи назариявии як андоза осонфаҳмтари онро бе ёрии муаллим хонда мефаҳмидагӣ шаванд. Баъзан мешавад, ки маводи назариявии китоби дарси пеш аз баёни шарҳу маънидоди муаллим ҳам ба хонандагон  дастрас намешавад. Дар чунин ҳолатҳо низ муаллимро лозим аст, ки он маводро ҳатман ҷумла ба ҷумла хонда шарҳ диҳад. Хусусан, дар чунин маврид бояд мафҳумҳо, истилоҳот ва маънидоди нисбатан душвори параграф махсус шарҳ дода шавад. Ҳамчунин, дар лаҳзаҳои мазкур талаб карда мешавад, ки пас аз бо овози баланд хондани маводи параграфи  дахлдор (масалан, марбут ба феълҳои монда ва гузаранда, феъли ҳол ё сифати феълӣ, воҳидҳои истисноии  ҷумла ва ғ.) хонандагон мазмуни онро нақл кунанд ва ба саволҳои муаллим ҷавоб диҳанд.

Дар лаҳзаҳои китобро хондани хонандагон муаллим бояд ба он диққат диҳад, ки онҳо маводи назариявии китоби дарсиро дуруст, бурро ва фаҳмо хонанд, истилоҳоти соҳаи забон (хусусан, исм, суффикс, префикс, мубтадо, саръзо, муайянкунанда ва ғ.) – ро дуруст талаффуз кунанд.

Инак, дар маҷмӯъ агар тарзи хондану аз худ кунонидани қисми назариявии маводи китоби дарсиро мушаххас нишон диҳем, ин тавр мешавад:

  1. Пас аз баёни мавзӯъ, пеш аз он ки доир ба он саволу ҷавоб карда шавад, бояд хонандагон маводи дахлдори китоби дарсиро бо мисолҳояш мустақилона хонда (барои ин амал ҳатман 2 – 3 дақиқа вақт додан лозим аст), маънидод кунанд ва аз худашон ҳам мисолҳои мувофиқ оранд.*
  2. Дар ҷараёни баёни мавзӯъҳое, ки худи хонандагон мустақилона аз ӯҳдаи хонда аз худ карданашон баромада метавонанд, метавон аз чунин амалҳои фоиданок истифода бурд: а) талабагон мисолҳоро мушоҳида мекунанд, вале таърифи даркориро аз китоби дарсӣ мехонанд. Масалан, дар лаҳзаи шарҳи тарзи ташкили алоқаи калимаҳо дар ибора (изофи, пешояндиву пасояндӣ ва ҳамроҳӣ); б) дар рафти баёни мавзӯи нав муаллим ягон ҷои  осонашро намегӯяд, ки онро  худи талабагон аз китоб хонда, мазмунашро гуфта медиҳанд. Чунончи, муаллим дар бораи сараъзо ва аъзои пайрав маълумот медиҳад, талабагон бошанд таърифи ҷумлаҳои хуллас ва тафсилиро аз китоб мустақилона хонда аз худ мекунанд;              в) талабагон ба саволҳои муаллим аз параграфи дахлдор ҷавоб тайёр мекунанд. Чунончи: Пуркунанда чист? Пуркунанда бо кадом ҳиссаи нутқ ифода меёбад? Он ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад? Пуркунанда ба кадом аъзои ҷумла тобеъ мешавад? ва ғ.

Таъкид бояд намуд, ки чунин роҳи мустақилона аз худ кардани маводи назариявии китоби дарсӣ дар мавридҳое ҳам лозим дониста мешавад,ки агар он мавод хусусияти  такрорӣ дошта бошад ё худ осон, ё ин ки ба маводҳои пештар  омӯхташуда аз ягон ҷиҳат монанд бошад. Аз ин рӯ, маънидоди алоқаи изофӣ ё навъҳои дигари алоқа дар ибора на чандон душвор аст (вале дар нутқ истифода намудани  онҳо душвор), ҷумлаҳои хулласу тафсилӣ дар синфи VIII характери такрорӣ дошта, ифода шудани пуркунанда то андозае ба тарзи ифодаи мубтадо қаробат дорад, ҳарчанд ки аз он баъзе фарқҳо ҳам дорад.

  1. Дар лаҳзаи мустаҳкамкунии мавзӯи нав ба хонандагон вобаста ба маводи китоби дарсӣ чунин супоришҳоро додан мумкин аст:

а) маводи  параграфи маълумро хонда таъкид кунанд, ки аз он чӣ барояшон маълум буду он чӣ нав аст;

б) аз маводи параграф чӣ барояшон душвор аст?;

в) мисолҳои барои таъриф ё қоидаҳои додашударо хонда, маънидод  кунанд ва аз худ ҳам мисолҳои мувофиқ оранд;

г) маводи ду параграфи аз ягон ҷиҳат монандро хонда, хулосаашонро гӯянд (масалан, доир ба ҳоли тарз ва ҳоли замон, ифодаи мубтадо ва хабар ва ғ.);

ғ) маводи параграфҳоро хонда гуфта диҳанд, ки  масалан, ҷумла аз кадом ҷиҳат ба хулласу тафсилӣ, муайянкунандаҳо ба изофӣ ва сифатию соҳибӣ, пуркунанда ба бавоситаву бевосита ҷудо карда  шудаанд;

д) маводи параграфро қисм – қисм хонда, маънидод карда, аз худ мисол оварда, баъд ба тариқи нақша (плани пурсиш) саволҳо тартиб диҳанд. Масалан, доир ба мавзӯи «Шумора»:

  1. Шумора чист?
  2. Шумора аз рӯи маъно чанд хел мешавад?
  3. Шумора бар эзоҳи кадом ҳиссаи нутқ меояд?
  4. Шумора ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
  5. Боз кадом ҳиссаҳои нутқ монанди шумора бар эзоҳи исм меоянд?
  6. Дар ҷумла шумора ба вазифаи чӣ меояд? ва ғ.

 

Дар ин бобат хонандагонро, ҳамчунин, бояд одат кунонд, ки барои ҷавоб додан ба саволҳои тартибдодаи худ омода бошанд

[1]  Программаи забон ва адабиёти тољик барои синфњои IV-X.–Душанбе: Ирфон, 1973,с. 13 – 14

[2]  Барномаи забони  тољикї барои синфњои V-XI.-Душанбе: 2006, с.3.

* Таъкид. Мутаассифона, ин усули таълим дар таљрибаи кории муаллимон кам ба мушоњида гирифта мешвад, њол он ки амали мазкур барои шууронаву даќиќтар фањмидани њодисањои забон яке аз усулњои самарабахш ба шумор меравад. Дар ин бора ниг.: Шербоев С. Асосњои илмию методии  таълими синтаксии љумлањои соддаи забони тољикї дар синфњои  V ва  VIII .-Душанбе: Деваштич, 2006, с.226

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.