Истифодаи варақчаҳо (карточкаҳо)

 

 

Ба ҷуз аз машқҳои дар китоби дарсӣ буда дар дарсҳои забони тоҷикӣ аз варақчаҳо ё худ карточкаҳо ҳам самаранок, вале ба маврид истифода бурдан мумкин аст. Яъне тавассути истифода аз варақчаҳо мазмуну мундариҷаи маводи ҳар як параграфи ба мавзӯи дарс дахлдор васеътар фаро гирифта шуда, ҳамзамон,  донишҳои назариявии хонандагон амалан боз ҳам бештар мустаҳкам карда мешаванд.

Дар варақчаҳо мувофиқи мазмуни назариявии маводи ҳар дарс ҳар хел матн бо супоришҳои грамматикӣ, фонетикӣ, лексикӣ ва ё марбут ба имло ва аломатҳои китобат ва ғ. сабт  карда мешавад. Масалан, дар варақаҳо матне (ва ё калима ва ибораҳо, ҷумлаҳои ҷудогона) навишта шуда, дар онҳо иҷрои ҳар гуна супоришҳоро ба хонандагон пешниҳод намудан мумкин. Масалан, чунин супоришҳо: а) ба ҷои нуқтаҳо ҳарфҳои даркорӣ (суффикс, префикс ё бандак) – ро гузоред; б) ба ҷои нуқтаҳо ҳарфҳои лозима (ӣ ё и, ӯ ё у, д  ё т, ё худ ъ) – ро нависед; в)  дар ҷумлаҳои зерин аъзоҳои ҷумларо бо аломатҳои шартиашон ишора кунед; г) дар матн (беаломат) аломатҳои китобатро гузошта, ҳудуди ҷумлаҳоро шифоҳӣ шарҳ диҳед; ғ) калимаҳои ҷумларо аз ҷиҳати фонетикӣ (морфологӣ ё  синтаксисӣ) таҳлил намоед ва ғ.

Варақаҳо чопӣ ва дастӣ мешаванд. Варақаҳои чопӣ ба тариқи китобча  дар як варианти тартиб дода мешаванд[1], ки супориши ҳар яки онро ҳамаи талабагон мисли талаби машқҳои китоби дарсӣ иҷро мекунанд. Албатта, матни супоришҳо ба дафтар кӯчонида шуда, вале талаби онҳо бо қалам ба ҷо оварда шаванд, беҳтар мебуд, то ки дар рафти иҷрои он, агар ба нуқсоне роҳ дода шавад, бо хаткӯркунак тоза карда ислоҳ намуданаш осон аст.

Варақачаи дастиро худи муаллим тартиб медиҳад. Миқдори онҳоро бо роҳи чопи мошинӣ (копютерӣ) ё бо истифода аз копирка зиёд кардан мумкин  аст, то ки аксари аҳли синф аз болои онҳо дар як вақт кор кунанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки варақачаҳои дастӣ, ё худ аз тарафи муаллим тартибдодашуда аз варақаҳои чопӣ бартарӣ доранд. Зеро ҳар як муаллим дар рафти тартиб додани чунин варақаҳо фаъолияти хонандагони синфи худ, донишу малака ва тарафҳои сусти фаҳмиши онҳоро ҳам ба эътибор гирифта, баҳри мустаҳкам намудани дониш ва ҳосил кунонидани малаки даркорӣ дар онҳо ӯ метавонад он варақаҳоро бо супоришҳои гуногун (осон, каме душвор ва душвор) тартиб диҳад.

Варақачаҳои дастӣ барои ҳамаи хонандагон дар ду ё чор вариант тартиб дода, чун машқи муқаррарӣ ё кори санҷишӣ ба ду ё чор қатори хонандагони ҳампарта тақсим карда мешавад. Пас аз иҷрои супориш аз ҳар қатор ду  –  се талаба натиҷаи кори худро шарҳ медиҳанду дигарҳо дурустии кори худро дар муқоиса бо шарҳи ҳамсинфонашон аз назар мегузаронанд. Ва агар иҷрои супоришҳои додашуда, ҳамчун кори санҷишӣ пешниҳод шуда бошад, муаллим дафтарчаҳоро ҷамъ карда гирифта, тафтиш карда, баҳо мемонад. Чунончи, ӯ баъд аз пурра таълим додани аъзоҳои ҷумла бо варақчаҳои дар ду вариант тартибдода, ки дар онҳо 4 – 5 ҷумлаи соддаи тафсилии  ҷойгиршавии ҷои аъзоҳояш гуногуни бо ҳиссаҳои ҳархелаи нутқ ифодаёфта навишта шудааст, метавонад кори санҷишӣ гирад. Он гоҳ – ҳангоми  кор кардан аз рӯи чунин ҷумлаҳои дар варақаҳо сабтшуда муаллим ба хонандагон супориш медиҳад, ки ба зери аъзоҳои ҷумла бо аломатҳои шартӣ хат кашида, дар болояшон бо чӣ, яъне бо кадом ҳиссаи нутқ, ифода ёфтани ҳар як аъзои ҷумларо ҳам мухтасар нависанд. Натиҷаи иҷрои ин кори санҷишии дар заминаи супоришоти варақаҳо ба субут расонидашуда дар дарси навбатӣ эълон карда мешавад.

Баъзан варақаҳоро миқдоран кам – иборат аз 5 – 6-то ҳам тартиб додан мумкин аст. Чунин варақаҳо вобаста ба дараҷаи талаботи гузошташуда ба хонандагони пешқадам ё ба сабабе сустхону қафомонда дода мешавад. Ба хонандагоне, ки нисбат ба дигарон машқи китоби дарсиро пештар иҷро кардаанд, варақчае бо супориши душвортар дода мешавад ва баръакс, ба онҳое, ки аз  ӯҳдаи иҷрои машқи навбатӣ набаромада истодаанд, варақаҳои иҷрои супоришашон андаке сабуктар пешниҳод мегардад. Дар ин бобат мақсади ниҳоӣ он аст, ки сустхонҳо ҳам, ақаллан, дар рафти дарс кореро марбут ба мавзӯи дар айни замон ҳаллу фаслшаванда иҷро намоянд.

Таъкид бояд намуд,ки дар варақчаҳо саволҳо доир ба мафҳумҳои забон (ба мисли, «Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ ҳаст?», «Сифати феълӣ чист?», «Ҳол ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?», «Кадом калимаву таркибҳо пайвандакҳои тобеъкунанда ном доранд?» ва ғ.) дода (навишта) намешаванд. Чунин саволҳо ҳама вақт шифоҳӣ, вале ба таври умумӣ ба аҳли синф дода мешаванд. Дар варақчаҳо доир ба матнҳои пешниҳодшуда, асосан, супоришҳо гузошта мешаванд. Албатта, дар варақчаҳо баъзан саволҳо ҳам навишта мешаванд, вале чунин саволҳое, ки ба иҷрои супориш дахл дошта бошанд. Масалан, дар варақчаҳо ду ҷумла ё дар ду сутун ду – сетогӣ ҷумлаҳои содда навишта, дар супориши доир ба он додашуда саволҳои зеринро ҳам илова намудан мумкин аст: «Фарқи ин ду ҷумлаи содда ё ҷумлаҳои дар ду сутун навишташуда (аз ҷиҳати сохт, ифодаи маъно ва ё таркиб) дар чист?» Шифоҳӣ шарҳ диҳед: «Дар ин мисолҳо аъзоҳои ҷумла бо чӣ ифода ёфтаанд?» ва ғ.

Ҳамин тавр, варақчаҳо ё худ карточкаҳо, агар ба истифода аз матну супоришҳои мувофиқ тартиб дода шуда бошанд, ҳамчун маводи дидактикии тақвиятдиҳандаи мазмуну мундариҷаи машқҳои китоби дарсӣ, дар дарси омӯзгори эҷодкор ба хонандагон баҳри боз ҳам хубтар сарфаҳм рафтан ба умқи моҳияти ҳодисаҳои забонӣ, бешубҳа, кӯмаки амалӣ хоҳанд расонд.

Инак, дар зер дар чор вариант намунаи варақчаҳоро пешниҳод мекунем, ки  мисолҳои дар он овардашуда ҳамагӣ ба ҷумлаҳои чидааъзо дахл дошта  дорои супоришҳои якхелаи зерин мебошанд:

  • Ҷумлаҳоро бурро хонед ва хели пайвандакҳоро муайян карда шарҳ диҳед, ки онҳо кадом аъзоҳои ҷумларо ба ҳам алоқаманд кардаанд;
  • Дар байни аъзоҳои чидаи ҷумлаҳои мазкур сабаби гузоштан ё нагузоштани аломати вергулро шарҳ диҳед.*

 

Варианти 1

  1. Дар рӯзи дувоздаҳуми сафар Пётр ва Давлат пагоҳӣ барвақт ба сӯи силсилаи кӯҳҳои Алай қадам гузоштанд(Р.Ҷ.).
  2. Кӯҳсор, тамоми қишлоқ, ҳам водӣ чун дар пардаи кино ба назар менамуданд(Ҷ.И.).

Варианти 2

  1. Ҳар ду гаштаю баргашта механдиданду завқ мекарданд (Р.Ҷ.).
  2. Дарахтҳо, хонаҳои баланду паст, заминҳои кишт, пастию баландиҳо… ба назар метофтанд(Ҷ.И.).

 

Варианти 3

  1. Шуои мулоим, нафис ва ширмонанди моҳи 13 – шаба ба болои қишлоқ пошида мешуд (Ҷ.И.).
  2. Соҳиба дастархон даруни дар гузошт ва баргашта берун баромад(Сорбон).

 

Варианти 4

  1. Восеъ бо ҳисси миннатдорӣ ва меҳрубонӣ дасташро ба китфи занаш партофта, гуфт(С.У.)
  2. Духтарон мақсади Хадичаро фаҳмиданд, аммо ҷавобе ёфта натавонистанд (Ҷ.И.).

 

Чуноне ки гуфтем, варақчаро дар як вариант ҳам тартиб медиҳанд. Чунончи:

 

Варианти 1

Ибораҳои зеринро нависед ва дар онҳо хели алоқаи калимаҳоро шарҳ диҳед. Гӯед, ки кадоме аз ин ибораҳо соддаанду кадомашон мураккаб: шаҳри навбунёд, китоби бадеии шавқовар, хонандагони аълочӣ , мактаби шабонаи деҳа, дар шаҳр сайругашт кардан, бо дӯстон сӯҳбат оростан, ҳамон бинои чорошоёна, ба ҳама меҳрубон будан, калонсолонро ҳурмат кардан.

 

Варианти 2

Ҷумлаҳои хулласро ба тафсилӣ ва тафсилиро ба хуллас баргардонед:

1.Шаҳр ором буд. 2. Турнаҳо омаданд. 3. Об хунук аст.

  1. Бародари Зариф дар литсей таҳсил мекунад.
  2. Пиряхҳо дар тобистон об мешаванд. 3. Падару модарон ҳамеша барои фарзандонашон ғамхор мебошанд.*
[1] Ниг. Гадоев Б. Карточкањо аз забони модарї.-Душанбе: Ирфон,1968

* Эзоњ. Ин супоришњо дар њамин чањор вараќча пеш аз мисолњои додашуда навишта мешаванд

* Таъкид. Шумораи чунин варакчањоро тавассути истифода  аз копирка метавон то 4-5 нусха зиёд намуд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.