Истифодаи воситаҳои техникӣ

 

Истифодаи воситаҳои техникӣ – магнитофон, радио, телевизор, филмҳои таълимӣ, кодоскоп, эпидиоскоп, патифон, диафилмҳо ва компютер дар дарсҳои забони тоҷикӣ мисли аёнияти графикии таълим (таблитса ва схемаҳои гуногун) нақши муҳимеро доро буда, барои аёнӣ ва ҳам шавқовар ташкил намудани машғулиятҳо имкониятҳои хубро фароҳам оварда, дар баланд бардоштани фаъолияти забономӯзии хонандагон, ба хусус, дар ҷараёни ташкили корҳои мустақилонаи онҳо барои муаллими эҷодкору ҷӯяндаи роҳҳои муфиди таълим низ яке аз такягоҳҳои бомӯътамад ба шумор меравад.  Вале дар шароити кунунии Тоҷикистон дар дарсҳои забони тоҷикӣ истифода бурдан аз магнитофон ба мақсади таълим мувофиқтар аст. Чунки, аввалан, бо истифода аз он таълим додани чандин мавзӯъҳои таркиби фаслҳои «Фонетика» ва «Синтаксис» имкон дорад. Сониян, имрӯз дар ҷумҳурӣ хонадонеро бе магнитофон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, хонандагон бо супориши муаллим метавонанд, дар хона ҳам баъзе амалҳоро марбут ба омӯзиши забони модарии хеш тавассути он ба ҷо оранд.

Бояд гуфт, ки истифодаи магнитофон барои омӯхтани меъёрҳои талаффузи адабӣ, яъне қоидаҳои орфоэпия (талаффузи дурусти овозҳои нутқ, ҳиҷо ва калима, задаи  калимагӣ – ҳиҷоӣ ва мантиқӣ, риояи ист –паузаҳо дар ҷумла ва маҳз истифодаи бамавриди он дар ҷараёни таълими хелҳои ҷумлаи содда аз ҷиҳати мазмун ва оҳанги талаффуз ва чи дар рафти таълими хелҳои гуногуни ҷумлаҳои мураккаб) на танҳо шавқу рағбати хонандагонро, балки «дараҷаи донишҳои назариявию амалии онҳоро якмаром баланд  бардошта, аз ҳама муҳимаш, дар онҳо хислатҳои диқкатнокӣ, ҳиссиёти забонфаҳмӣ, қобилияти фарқкунии як ҳодисаи забонро аз дигараш тарбия карда мешавад»[1]. Хонандагон аз магнитофон овози худ ва намунаи талаффузи дурусти адабӣ (нутқи дикторҳо, артистон, нотиқон – устодони сухан)[2] – ро шунида, меъёрҳои талаффузро аз худ мекунанд. Масалан, дар натиҷаи истифода кардан аз магнитофон марбут ба амалан омӯхтани баъзе мавзӯъҳои фонетикӣ ва хелҳои ҷумлаи содда аз рӯи мақсади баён иҷрои супоришҳои зеринро ба хонандагон пешниҳод намудан мумкин аст:

  1. Пешакӣ барои таълими мазӯъҳои таркибии фасли «Фонетика» бо мақсади омӯхтани талаффузи овозҳои нутқ, зада ва ғ. матнҳои мувофиқ интихоб карда мешавад. Хонандагон бо навбат ҳар як матнро, ки вобаста ба мавзӯи дарси навбатӣ интихоб шудааст, барои сабт кардан дар лентаи магнитофон микрофонро ба даст гирифта мехонанд. Сипас, матни дар магнитофон сабтшуда ба худи онҳо шунавонида мешавад. Пас аз ин, албатта, аз тарафи муаллим ба тарзи қироати (талаффузи) ҳар як хонанда баҳо дода, нуқсонҳои нутқу талаффузи онҳо таъкид ва ислоҳ карда мешавад.
  2. Хонандагон аз магнитофон гӯш карда, дар ҷумлаҳо задаи мантиқиро муайян мекунанд. Баъд ҷумлаҳоро (пас аз ду – се бор шунидан) навишта гирифта, ба зери калимаҳое, ки задаи мантиқӣ қабул кардаанд, хат мекашанд. Ва баъд аз ин ҷумлаҳои навиштаашонро бо задаи онҳо риоякунон бурро мехонанд.
  3. Дар лентаи магнитофон матне, ки дорои хелҳои гуногуни ҷумлаҳо марбут ба мақсади баён бошад, сабт карда мешавад. Хонандагон ду – се маротиба онро шунавида, ба дафтарашон навишта, аломатҳои китобатро мустақилона мегузоранд ва баъд ин амалро шарҳ медиҳанд. Бояд гуфт, ки чунин амалро марбут ба таълими ҷумлаҳои чидааъзо, ҷумлаҳои дорои мухотаб, воҳидҳои туфайлӣ, нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда буда низ такрор ё худ иҷро намудан пурра имкон дорад.
  4. Ба дасти хонандагон матне дода мешавад, ки дорои ҷумлаҳои ҳикоягӣ (хабарӣ), саволӣ, амрӣ ва хитобӣ бошад. Айнан ҳамин матнро, ки пешакӣ дар магнитофон сабт карда шудааст, гӯш карда, сипас, матни дар дасташон бударо тақлидан ба оҳанги талаффузи он ҷумлаҳо, ки тавассути магнитофон баррасӣ шуда буд, қироат мекунанд. Ин лаҳза мумкин аст, ки муаллим барои санҷиш аз хонандагон сабаби бо ин ё он оҳанги талаффуз қироат карда шудани ҳар кадоме аз он ҷумлҳоро пурсад, то ки ба дурустии ҷавобу фаҳмиши онҳо қаноат пайдо кунад.

Албатта, ба ҷуз аз магнитофон, агар имконият бошад ва ё фароҳам оварда шавад, дар лаҳзаи баёни мавзӯъ ва ҳангоми мустаҳкамкуниву пурсиши вазифаи хонагӣ, инчунин, дар рафти дарсҳои такрор (такрори боб, чорякӣ, солона ва ғ.) бо мақсади ба иҷрои дигар корҳои мустақилона ҳам сафарбар намудани хонандагон аз радио, телевизор, филмҳои таълимию бадеӣ, кодоскоп ва эпидоскоп истифода бурдан аҳамият дорад. Хусусан, баъд аз тамошои филмҳои таълимӣ, ягон намоиши маърифатии телевизионӣ, диафилмҳои сюжети афсонавидошта ва шунавонидани радио, агар он намоишу гуфторҳо ба мавзӯи дарс мувофиқ бошад, ташкил намудани нақлу сӯҳбат ва навиштани иншо бо талабу супориши муаллим басо қулай ва табиӣ сурат хоҳад гирифт. Вале кодоскопу эпидоскоп, ки ба ҷумлаи воситаҳои техники беовоз мансубанд, дар ҷараёни баёни мавзӯи нав ва лаҳзаҳои мустаҳкамкуниву пурсиши вазифа, ҳамчун воситаи баррасии аёнияти графикӣ, истифода бурда мешаванд. Фақат дар ин бобат ба ду нукта бояд эътибор дод: 1. Таблитсаву схемаҳо (калима, ибора, ҷумлаҳои гуногун ҳам) барои тавассути кодоскоп намоиш додан баробари ҳаҷми экрани он дар коғазҳои шаффоф (селофанӣ), вале барои аз тариқи эпидоскоп намоиш додан ва албатта, мувофиқи ҳаҷми экрани он дар коғазҳои муқаррарӣ (сафед) сабт карда мешаванд. 2. Ҳангоми истифода аз эпидоскоп тирезаҳои синф бо пардаҳои сиёҳ торик карда мешавад, вале иҷрои амали мазкур дар вақти истифода аз кодоскоп нолозим аст.

test

Добавить комментарий