Хелҳо (типҳо)-и дарси забони тоҷикӣ

Шаклҳои кор ё худ системаи машғулиятҳо дар мактаб доир ба ҳар як фанни таълимӣ, аз ҷумла марбут ба таълими забони тоҷикӣ ба навъҳои зерин ҷудо карда мешаванд: а) машғулиятҳои синфӣ, ки дар шакли дарс гузаронида мешаванд; б) машғулиятҳои факултативӣ, ки махсус, вале бо шумораи на камтар аз 11-12 нафар хонандагоне, ки барои дақиқ омӯхтани забони тоҷикӣ шавқи баланд доранд; в) корҳои беруназсинфӣ, ки дар шакли маҳфил ва ҷамъомадҳои махсус доир ба забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд; г) ташкили машғулиятҳои фардӣ барои хонандагони сустхон зимни додани маслиҳату супоришҳои махсус.
Аммо дар байни ин системаи машғулиятҳо шакли аввал -машғулиятҳои синфӣ ё худ дарс дар омӯзиши ҳаматарафаи забони тоҷикӣ – чи аз ҷиҳати назариявӣ ва чи амалӣ – нақши аз ҳама муҳимро мебозад. Аз ин рӯ, дар аксари маъхазҳо дарс шакли асосии ташкили машғулиятҳои таълимӣ номида шудааст. Ба фикри методист Н.С. Поздняков «Ҳар як дарс ба асари фардии пурра баохиррасида монанд аст ва агар сохтор (банду баст. -С.Ш.) -и хубро доро бошад, он гоҳ метавон гуфт, ки он асари бадеии мукаммал аст. Бале, агар дарсро ба асари бадеии мукаммал ташбеҳ додан ҷоиз бошад, ба назари мо, дарси мувофиқи талаботи меъёрӣ гузаронидашуда ба филми тасвирие шабоҳат дорад, ки ҳар яке аз тамошобинон персонажҳои он ҳам ба шумор мераванд. Барои ҳамин ҳам, дар мактаб ба сохту мазмун ва сифати дарс, ҷиҳатҳои намоишдиҳӣ ва таълимию тарбиявии он диққати махсус дода мешавад. Ва албатта, вобаста ба хусусиятҳояшон -аз ҷиҳати мундариҷа, сохту тарзи ташкил кардан ва ҳам мақсади гузаронида шуданашон дарсҳои забони тоҷикӣ гуногун мешаванд. Вале сарфи назар аз гуногун буданашон, дарсҳо бо ин ё он хусусияташон ба ҳам мувофиқат намуда, система ва ё силсилаи муайяни машғулиятҳоро доир ба омӯхтани забони тоҷикӣ ва грамматикаи он ташкил медиҳанд.
Умуман, дарсҳои забони тоҷикиро аз ду ҷиҳат ба хелҳо ҷудо мекунанд: а) аз ҷиҳати мақсади гузаронида шуданашон; б) аз ҷиҳати мундариҷаашон, яъне аз рӯи мундариҷаи мавзӯъҳои омӯхташаванда.
Вобаста ба хели аввал, яъне аз ҷиҳати мақсади гузаронида шуданашон, дарсҳои забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, се хел мешаванд: а) дарси додани дониши нав ба хонандагон (масалан, доир ба ин ё он мавзӯи марфологӣ ё синтаксисӣ), яъне дар ин хели дарс ба хонандагон доир ба ягон ҳодисаи забон маълумот ё худ дониши нав дода мешавад; б) дарси мустаҳкам намудани дониш, ки дар ин хели дарс мавзӯи нав таълим дода намешавад, балки муаллим мавзӯи пештар, масалан, дирӯз омӯзондаашро, ки ба аҳли синф на он қадар дақиқу фаҳмо дастрас гардида буд, бо иҷрои машқҳои гуногун ва ташкили саволу ҷавоб мустаҳкам менамояд; в) дарси санҷиши дониш ва малакаи хонандагон, ки он ба воситаи ташкили корҳои хаттии санҷишӣ – машқу супоришҳои махсус интихобшуда,гирифтани диктантҳои таълимию санҷишӣ бо супоришҳои гуногуни грамматикӣ доир ба имло ва аломатҳои китобат (доир ба як мавзӯъ, як боб ва ё якчанд фаслу боби барномаи таълим) гузаронида мешавад.
Доир ба типи дуюми дарс -дарси мустаҳкам намудани дониш – ҳаминро ҳам бояд донист, ки он ба лаҳзаи дарси мустаҳкамкунӣ ҳам монандӣ ва ҳам аз он фарқе дорад. Монандиаш дар ин, ки дар рафти гузаронидани он, чун дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ, танҳо як мавзӯъ, ба воситаи саволу ҷавоб ва иҷрои машқу супоришҳо мустаҳкам карда мешавад. Вале фарқи дарси мустаҳкам намудани дониш аз лаҳзаи мустаҳкамкунӣ дар ин аст, ки барои он, яъне дарси мустаҳкам намудани дониш, тамоми як соати академикӣ – 45 дақиқа, аммо барои лаҳзаи мустаҳкамкунӣ аз ҳамон миқдори як соати академикӣ аз 10-12 то 15-20 дақиқа бахшида мешаваду бас.
Аз рӯи мақсади гузаронида шуданашон дар қатори он се типи дарс, боз хелҳои дигари дарсҳои забони тоҷикиро ҳам, ки дарси такрор, дарси такрори ҷамъбасти донишҳо ва дарси инкишофи нутқи мураттаб номидаанд, метавон номбар намуд. Дарси такрор навъи дигари дарси мустаҳкам намудани донишу малакаи хонандагон аст. Аз ин рӯ, ин хели дарс аз тарафи методистон, ҳамчун типи махсуси дарс, эътироф нашудааст. Зеро дарси мустаҳкам намудани дониш ҳам мантиқан дарси такрор буда, дар дарси такрор низ мазмунан мустаҳкам намудани дониши талабагон дар мадди назари омӯзгор аст. Фарқи асосӣ дар байни ин ду хели дарс ин аст, ки дар дарси мустаҳкам намудани дониш як мавзӯъ, вале дар дарси такрор як боби калон ва ё 2-3 боби хурд такрору мустаҳкам карда мешаванд.
Ҳамин тавр, аз ҷиҳати мақсади гузаронида шуданашон дарсҳоро, пеш аз ҳама, ба хелҳои зерин: дарси додани дониши нав, дарси мустаҳкам намудани дониш ва дарси санҷиши донишу малакаи хонандагон ҷудо мекунанд, ки ба ин гурӯҳ, ҳамчунин, дарсҳои ба ном такрор, такрори ҷамъбасти донишҳо доир ба як мавзӯъ ва инкишофи нутқи мураттаб зам мешаванд. Аммо вобаста ба мундариҷаашон дарсҳо ба чунин типҳо ё хелҳо: грамматикӣ (морфологӣ ва синтаксисӣ) фонетикӣ, калимасозӣ, орфографӣ, пунктуатсионӣ ҷудо карда шудаанд. Чунончи, дар тамоми ду соли таҳсил дар синфҳои VIII-IX мавзӯъҳои синтаксис таълим дода мешаванд. Инак, ҳамаи он дарсҳое, ки маҳз ба таълими синтаксис бахшида мешаванд, аз рӯи мундариҷаашон ба хели дарсҳои синтаксисӣ маҳсуб мебошанд, ё худ тамоми дарсҳое, ки ба ин ё он мавзӯи фонетика бахшида мешаванд, аз руӣ мундариҷаашон дарсҳои фонетикӣ ном доранд ва ғ.
Бояд таъкид намуд, ки умуман, аз рӯи мақсад ва мундариҷаашон ба хелҳо ҷудо намудани дарсҳои забони тоҷикӣ шартан аст. Зеро, дар асл бошад, дар айни ҳамон як типи дарс, масалан, дар дарси додани дониши нав ба хонандагон ҳамаи элементҳо – ҷузъиёти дарси мустаҳкам намудани дониш ва ҳам санҷиши донишу малака (дар лаҳзаҳои пурсиши вазифаи хонагӣ ва мустаҳамкунии мавзӯи нав) ба мушоҳида мерасанд, ки ба ҳамин сабаб дарси мазкурро бо унвони дарси омехта ҳам ном мебаранд. Аз ин рӯ, дар бобати ба хелҳо ҷудо намудани дарсҳо ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки кадом хели он бартарии бештар дорад: дарси дониши нав додан, мустаҳкам намудани дониш, дарси санҷиши донишу малака ё дигараш?
Ба ҷуз ин ҳама гуфтаҳои фавқ, ба андешаи Н.С. Позндяков, ҳаминро ҳам бояд донист, ки «Ҳар як дарс вобаста ба фардияташ такрорнашаванда аст, аз он ҷиҳат ки ба ҳар яки он (дарс.-С.Ш.) хусусиятҳои худро ҳам мавод, ҳам синф ва ҳам муаллим ворид мекунад». Ва чунон ки акад. А.В. Текучёв ҳам таъкид намудааст, ҳеҷ гоҳ «Чун қоида муаллими ҷустуҷӯкор доир ба ҳамон як мавзӯъ (ду дарси. -С.Ш.) айнан як хеларо ташкил карда наметавонад». Ин нукта баъзан аз сохту лаҳзаҳои дарс низ бармеояд.

test

Добавить комментарий