Дарси санҷиши дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон

 

 

Ин навъи дарс, гарчи хели сеюми дарсҳои забони тоҷикӣ ҳисоб ёбад ҳам, ҳама вақт пас аз дарси такрори боби калон (ё чанд боби хурд), дар охири чорякҳо, пас аз такрори аввали сол ва такрори  солона (пас аз такрори пурраи фаслу бобҳои дар давоми соли хониш таълим додашуда), яъне дар охири соли таҳсил, ташкил карда мешавад. Чунин хели дарсро метавон як навъ дарси иловагӣ, вале идомаи дарси мустаҳкам намудани донишу малакаи хонандагон номид, ки ҳадафи асосии он дақиқтар муайян намудани ҳақиқати аслии дараҷаи на танҳо дониши шифоҳӣ, ҳамчунин, донишу саводи хаттӣ (орфографӣ, пунктуатсионӣ ва услубӣ)-и шогирдон, умуман, марбут ба маводи омӯхташуда маҳсуб меёбад. Ва маҳз тавассути ташкили натиҷаноки чунин хели дарс дараҷаи дониши шифоҳиву хаттии ҳар як хонанда мушаххас муайян карда мешавад. Зеро дар ҷараёни ин дарс, яъне дарси санҷиши дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон, қатъиян мустақилияти фаъолияти ҳар як шогирд дар мадди назари муаллим мешавад.

Дар маркази асосии дарси санҷиши дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон иҷрои корҳои хаттии санҷишии гуногун, аз қабили супоришҳо (корҳо)-и санҷишӣ,[1] диктанти санҷишӣ, нақли хаттӣ, иншо[2] ва ғ. меистад, ки ин ҳама бевосита мустақилияти фардии ҳар як хонандаро тақозо менамоянд.

Корҳои санҷишӣ ё худ супоришҳои санҷишӣ хеле гуногунвариант мебошанд, вале асоситаринашон инҳоанд: ҷавоб додан ба саволҳои пешакӣ тартиб додашуда оид ба грамматика (фонетика ва имлову пунктуатсия низ), ки дар шакли хаттӣ дар анкета ё варақчаҳо пешниҳод карда мешаванд (Ин як усули ба тариқи фардӣ санҷидани донишу малакаи хонандагон аст); таҳлили даҳонӣ ва хаттии грамматикӣ; иҷрои супоришҳои грамматикӣ[3] (номбар намудани суффиксҳои сермаҳсули исм ва бо ҳар кадоми онҳо мисол овардан; аз рӯи схемаҳо сохтани ҷумлаҳои  хуллас, тафсилӣ, яктаркиба ва дутаркиба, ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ ва ам. ин.).

Ба воситаи дурусту самаранок иҷро намудани корҳои санҷишии мазкур тафаккури мантиқӣ ва ҳам то андозае услуби ҷумласозиву ҷумлаороии хонандагон ҳам санҷида ва ҳам инкишоф дода мешавад.

Диктанти санҷишӣ дар сурате ҳамчун навъи дарс гузаронида мешавад, ки «агар муаллим донишҳои имлоӣ ва дараҷаи саводи хонандагонро санҷиданӣ шавад», вале агар дараҷаи нутқи муттасилу «ба ҳам алоқаманди хонандагонашро санҷидан хоҳад», ин корро ба воситаи гирифтани нақли хатӣ ё иншо ба субут мерасонад.[4]

Бояд гуфт, ки фақат нақли хаттиву иншоҳо, ҳамчунин, корҳои махсуси санҷишии иҷро кардагии хонандагон низ ҳамагӣ санҷида шуда, баҳояшон, чун баҳои ба диктанту нақли хаттӣ ва иншоҳо гузошта, ба дафтари (журнали) синф гузаронида мешавад.

Ҳатман, пас аз тафтиши корҳои хаттии санҷишӣ (супоришҳои санҷишӣ, диктанти санҷишӣ ва нақли хаттиву иншоҳо) дарси кор аз рӯи хатоҳои хонандагон  гузаронида мешавад. Алҳол дар мактабҳои имрӯзаи мо барои чунин дарс на соатҳои махсус, балки як қисми аввали дарсе (10-15 дақиқа), ки пеш аз он  ягон хели кори хаттии санҷишӣ (супориши санҷишӣ, диктанти санҷишӣ) гирифта шуда буд, бахшида мешавад.*

Дарс ва ё лаҳзаи кор аз рӯи хатоҳоро вобаста ба хусусиятҳои зуҳуроташон дар навиштаҳои хонандагон ба хелҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

-дарс аз рӯи хатоҳои имлоӣ;

-дарс аз рӯи хатоҳои пунктуатсионӣ;

-дарс аз рӯи хатоҳои услубии дар нақлу иншоҳо мавҷуда.[5]

 

  • 22. Дарси такрор ва хелҳои он дар таълими забони тоҷикӣ

 

«Такрор модари дониш аст», мегӯянд аҳли фазл, ки ин ҳикмати бузург ва бебаҳсест. Чунки донишҳои андӯхтаи одамон ё худ хонандагони синну соли гуногуни мактаб танҳо дар сурате мустаҳкаму хотирмон мегардад, ки агар он донишҳоро пасиҳам борҳо такрор намуда ба хотир оваранд. Илова бар ин, «Такрор на фақат мустаҳкамкунии донишу малакаҳост, балки маънои васеъ ва дақиқкунии онҳоро ҳам дорост, ин (такрор. -С.Ш.) ҷараёни маърифатиест, ки дар заминаи он назарияҳои азхудкардашуда дар амал татбиқ карда мешавад».[6] Аз ин рӯ, дар ҷараёни таълими забони тоҷикӣ, ба сабаби он ки тамоми мавзӯъҳои он назария ва  таърифу қоидаҳои ифодакунандаи мафҳумҳои асбтрактиро дар бар мегиранд, такрор ҳатман зарурат дорад. Чунон ки методист К.Д. Ушинский таъкид намудааст, «Мо на барои он такрор мекунем, ки (донишҳо. -С.Ш.)-и фаромӯшшударо ба хотир оварем, балки барои он ки ба фаромӯшшавӣ  (-и донишҳои азхудшуда. -С.Ш.) роҳ надиҳем».[7]

Инак, хусусиятҳои муҳими, умуман, такрор ё худ такрор намудани донишҳои азхуднамударо дар мадди назар дошта, дар зер маҳз мавқеи такрор ва хелҳои онро дар дарсҳои забони тоҷикӣ аз назар мегузаронем. Аз ин ваҷҳ, бояд донист, ки дар ҷараёни таълими забони тоҷикӣ дар мактаб вобаста ба мавридҳои ташкил карда шуданаш муаллимон, пеш аз ҳама, аз чор навъи дарси такрор истифода мебаранд, ки дар адабиёти методӣ бо унвонҳои такрори ҷорӣ, такрори маводи як боб, такрори аввали сол  ва такрори солона (ё худ такрори охири сол) номбар шудаанд.[8] Ва, албатта, ҳар кадоме аз ин навъҳои такрор* ба ҷуз мақсади умумӣ мақсади муайяне ҳам дорад. Чунончи:

  1. Такрори ҷорӣ. Ин навъи такрор қариб дар ҳар дарс мушоҳида мешавад. Аниқтараш, дар ҳар дарси додани дониши нав ду лаҳзаи он -пурсиш ва мустаҳкамкуниро такрори ҷорӣ меноманд. Ба тавассути такрори ҷорӣ, дар баробари он ки дар рафти он маводи як ё якчанд мавзӯи омӯхтаи хонандагон такрору мустаҳкам карда мешавад, ҳамзамон, хонандагон ба фаҳмидани мавзӯи нав омода гардида, алоқамандии маводи як мавзӯъ бо мавзӯи дигар муқаррар ва фарқияти аз ҳам доштаи онҳо низ муайян мегардад. Ва бояд таъкид намуд, ки дар рафти такрори ҷорӣ аввал маводи дарси гузашта ва вобаста ба он мавзӯъҳои пештар омӯхтаи хонандагон (ҳатто маводи як ё ду-се сол пеш омӯхташуда), ки барои фаҳмидани мавзӯи нав зарурат доранд, бо роҳи саволу ҷавоб, иҷрои машқҳо ва ба хотир овардани тарзи иҷрои машқу мисолҳои ба хонандагон шинос такрор карда мешаванд. Масалан, дар синфи VIII ҳангоми таълими ибора лозим аст, ки аввал донишҳои дар синфи V доир ба он гирифтаи хонандагон ё ба тариқи саволу ҷавоб такрор карда шавад, ё худ агар фаромӯш карда бошанд, бояд аз нав аз тарафи муаллим ёдрас карда шавад. Зеро онҳо, мувофиқи талаби барнома, дар синфи V доир ба мафҳуми ибора (таърифи он), фарқи ибора аз калима, ҷузъҳои ибора (калимаи тобеъшаванда ва тобеъкунанда), бо чӣ (кадом ҳиссаи нутқ) ифода ёфтани ҷузъҳои ибора ва, ниҳоят, воситаҳои алоқа дар ибора (бандаки изофӣ, пешоянду пасоянд, интонатсия) маълумот гирифтаанд.[9] Ва акнун ки дар синфи VIII донишҳои доир ба ибора гирифтаи хонандагон бо маълумотҳои нав (доир ба фарқи ибора аз таркиб ва ҷумла, хелҳои алоқаи калимаҳо дар ибора – изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ, хелҳои ибора аз рӯи тарзи ифодаи ҷузъи асосӣ, маънои луғавӣ ва грамматикии ибора)[10] такмил дода мешаванд, ки азхудкунии ин масъалаҳои номбаршудаи марбути ибора бе бахотироварии маълумотҳои пешинаи шогирдон доир ба он душвориҳоро ба вуҷуд меоварад. Аз ҷумла, дар синфи VIII пешакӣ донистани фарқи ибора аз калима имкон медиҳад, ки хонандагон фарқи ибораро аз таркиб ва ҷумла дарк кунанд. Ё худ донистани воситаи алоқаи калимаҳо дар ибора ба онҳо имкон медиҳад, ки хелҳои алоқаро дар ибора ба тезӣ сарфаҳм раванд; ё ки дуруст муайян карда тавонистани, хусусан, ҷузъи тобеъкунандаи ибора онҳоро ба шуурона дарк намудани хелҳои ибора аз рӯи тарзи ифодаи ҷузъи асосӣ (ибораҳои исмӣ, сифатӣ… ва ғ.) ҳидоят намояд.

Ё ин ки дар синфи IX дар мавриди таълими ҳар як хели ҷумлаи пайрав, аз ҷумла, пеш аз таълими ҷумлаи пайрави пуркунанда фасли «Пуркунанда» ва пеш аз таълими ҷумлаи пайрави муайянкунанда хусусиятҳои асосии фасли «Муайянкунанда» аз синфи VIII бояд такрор карда шавад. Зеро маҳз такрори хусусиятҳои мавзӯъҳои номбаршудаи синтаксиси ҷумлаҳои содда ба хонандагони синфи IX имкон медиҳад, ки мафҳуму хусусиятҳои асосии ҷумлаҳои пайрави пуркунандаву муайянкунандаро дақиқтар дарк намоянд.

Ҳамин тавр, такрори ҷорӣ унсури аввалини мустаҳкам намудани донишу малакаҳои хонандагон маҳсуб ёфта, маҳз ба тавассути мувофиқи талабот ба роҳ мондани он донишҳои дар ҳар дарс ва аз ҳар мавзӯъ гирифтаи хонандагон санҷида мешавад. Дуруст ба роҳ мондани такрори ҷорӣ хонандагонро ба дарси такрори маводи як боби калон (ва ё як-ду боби хурд) аз ҳар ҷиҳат омода месозад.

  1. Такрори боб. Чунон ки аз номаш маълум аст, ба воситаи ташкили чунин хели такрор донишу малакаҳои зимни таълими як боб андӯхтаи хонандагон, ки таркибан чандин мавзӯъро фаро гирифта ва ба таълими он чандин соат бахшида шудааст, мустаҳкам ва ба тартиб дароварда мешавад. Аз ин рӯ, фарқи такрори боб аз такрори ҷорӣ ин аст, ки агар барои такрори ҷорӣ ду лаҳзаи дарси додани дониши нав – пурсиш ва мустаҳкамкунӣ -бахшида шавад, барои такрори боб соати махсус бахшида шуда, дар тамоми ҳамон соат ба воситаи саволу ҷавоб, машқу супоришҳои гуногун мавзӯъҳои таркибии ҳамон боби муайян дар маҷмӯъ такрору мустаҳкам карда мешавад.

Одатан, барои такрори боб як соат  (агар боби калон бошад -2 соат) аз соатҳои барномавии ба таълими ҳамон боб бахшидашуда ҷудо карда мешавад, ки он дар нақшаи мавзӯӣ – тақвимӣ дар охири мавзӯъҳои таркибии ҳамон боб (пеш аз соате, ки барои навиштани корҳои хаттии санҷишӣ ҷудо гардидааст) ҷой дода мешавад. Ин тартиб дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ низ риоя карда шудааст. Яъне параграфи охири ба таълими ҳамон боб бахшидашаванда бо унвони, масалан,  «Такрори боби «Исм», «Такрори боби «Феъл» ва ғайра номгузорӣ карда шуда, барои мустаҳкамкунӣ чанд машқ низ пешниҳод гардидааст.

Дар ҷараёни такрори боб, на ин ки саволу ҷавоб ва иҷрои машқҳои гуногун мавқеи хоса доранд, балки маҳз имконияти ташкил намудани таҳлили пурраи грамматикӣ фароҳам меояд. Фарз кардем, агар дарси такрори боб ба мавзӯи «Исм» бахшида шавад, ҳангоми таҳлили хусусиятҳои морфологии ҳар як  калима, яъне исми дар матн буда, бо тартиби муайян шарҳ дода мешавад. Масалан, таҳлили калимаи китобхона дар ҷумлаи зерин «Китобхонаи мактаб ҷои дӯстдоштаи мост» бояд ба чунин тарз сурат бигирад: Китобхона исм аст, ба саволи чӣ ҷавоб мешавад; он исми ҷинс, исми моддӣ, исми ғайришахс аст, аз ҷиҳати сохт калимаи мураккаб буда, аз ду реша – китоб ва хона сохта шудааст. Исми мазкур, яъне китобхона, дар ҷумла ба вазифаи мубтадо омадааст.

Бояд дар хотир дошт, ки ҳангоми такрори маводи як боб қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат, ки зимни омӯзиши ҳамон боби муайян омӯхта шуда буданд, низ дар заминаи таҳлили мисолҳои мувофиқ такрору мустаҳкам карда мешаванд. Зеро пас аз ин дарс ҳатман ягон хели кори хаттии санҷишӣ – диктанти санҷишӣ ё нақли хаттӣ ва ғ. гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар дарси такрори боб имкон ҳаст, ки баъзе хелҳои диктанти таълимӣ, ба хусус, диктанти интихобӣ, диктанти эҷодӣ, диктанти озод  гузаронида шавад.

Ба маънои томаш мақсади ниҳоии такрори боб* як навъ тайёрӣ ба ташкилу гузаронидани дарси санҷиши донишу малакаи хонандагон (ба воситаи корҳои хаттии санҷишӣ) буда, ҳамзамон, бояд онҳо ба омӯхтани маводи боби навбатӣ ҳам омода карда шаванд.

  1. Такрори аввали сол. Дар аввал ва охири барномаи синфҳои V-VI-VII-VIII-IX барои такрори маводи соли таҳсили гузашта ва дар ҳамин соли таҳсил омӯхтаи хонандагон соатҳои дарсии махсус муқаррар карда шудааст. Он соатҳоро маҳз барои такрор истифода бурдан лозим аст.

Барои такрори аввали сол дар барномаи ҳар як синф дар баробари нишон додани миқдори соатҳо, инчунин, номгӯи маводи такроршаванда низ пешниҳод гардидааст, ки ин амали мақсаднок аст. Чунки мураттибон барнома барои такрори аввали сол аз маводи соли таҳсили гузашта ҳамонҳоеро пешниҳод мекунанд, ки такрор шуданашон муҳим буда, ҳамзамон мавзӯъҳои басо мубрами ҳамон як соли таҳсилро дар маҷмӯъ фаро мегиранд. Дигар ин, ки ин амал –мавзӯъҳои асосиро барои такрори аввали сол пешниҳод намудани мураттибон – ба муаллиме, ки бори аввал дар ин ё он синф аз забони тоҷикӣ таълим медиҳад, кӯмаке ҳам мебошад. Яъне ӯ маҳз ба ҳамон маводи пешниҳодкардаи барнома такя намуда, дар аввали соли таҳсил донишу малакаи шогирдони навашро месанҷад. Масалан, дар синфи VI барои такрори маводи дар синфи V омӯхташуда (Фонетика ва мавзӯъҳои асосии он. Аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои содда ва мураккаб. Аломати тире ва нохунак дар нутқи айнан нақлшуда. Калимаҳо аз рӯи маъно: аслӣ ва маҷозӣ. Сермаъноии калимаҳо. Омоним, синоним ва антонимҳо. Роҳҳои асосии калимасозӣ. Сохт ва имлои исмҳо. Сиға ва замонҳои феъл.)[11] барнома 8 соат муқаррар кардааст, ки  дар заминаи  истифода аз ин миқдори соатҳо ташкил намудани дарсҳои такрори аввали сол дараҷаи донишу малакаи хонандагони синф муайян карда шуда, омодагии онҳо дар таълими фаслу бобҳои нави грамматикаи забони тоҷикӣ низ таъмин карда мешавад.

Такрори аввали сол дар ин ё он синф аз забони тоҷикӣ барои он зарурат дорад, ки он маводи омӯхташуда бори дигар таълим дода намешавад, аммо дар хотир мустаҳкам нигоҳ доштани ҳамон маводи омӯхташуда дар давоми соли таҳсил баъзан зуд-зуд ва гоҳ дар мавриде барои ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои дар ҷараёни таълим пешомада зарурат пайдо мекунад, ки ин ҳодисаи бебаҳс аст. Чунончи, гоҳо барои гузаронидани таҳлили фонетикии ин ё он калимаи мушаххас донишҳои фонетикӣ, барои донистани вазифаи синтаксисии ин ё он ҳиссаи нутқ маълумотҳои синтаксисӣ, барои муайян намудани маънои аслию маҷозии калимаҳо, сермаъноии калима, омоним, синоним ва ё антонимҳо, ҳатман, донишҳои аз боби «Калима» (луғат) гирифтаи хонандагон натанҳо дар рафти таълими фаслу бобҳои дар синфи VI таълимдодашаванда, балки дар синфҳои минбаъда ҳам лозим шуда меистанд.

Ба ҳамин тариқ, дар аввали соли хониши синфи V маводи дар синфҳои I-IV омӯхтаи хонандагон ва дар аввали соли хониши дигар синфҳо (синфҳои VI, VII, VIII ва IX) низ маводи дар соли таҳсили гузашта омӯхташуда такрор карда мешавад, ки минбаъд дар давоми соли таҳсил муаллим, пеш аз ҳама, дар ҷараёни таълими мавзӯъҳои нав ба ҳамин донишҳои дар натиҷаи такрор мустаҳкамшудаи хонандагон такя мекунад.

Ӯҳдабароёна истифода намудани соатҳои такрори аввали сол ба муаллим имкон медиҳад, ки на танҳо вақти муайянеро ба гузаронидани таҳлили пурраи фонетикӣ, лексикӣ, грамматикӣ ва гирифтани хелҳои гуногуни диктантҳои таълимӣ, ҳамчунин, соатеро барои гузаронидани диктанти санҷишӣ бахшад, ки он гоҳ барояш донишу саводи хаттии шогирдонаш ҳамчун оина маълум гардида, минбаъд меъёри фаъолияти кориашро дар синф дониставу фаҳмида ба роҳ хоҳад монд.

  1. Такрори солона. Ин навъи такрорро, ки дар охири соли таҳсил, дар моҳи май, рост меояд, такрори ҷамъбастӣ ё хотимавӣ ҳам меноманд. Он такрорест, ки дар ҷараёни ташкили сифатан хуби он дониши дар тӯли як сол ва ё якчанд сол азхуднамудаи хонандагонро (дар синфхои V-IX) ба система медарорад, маводи фаслу бобҳои ҷудогонаи забони тоҷикӣ – фонетика, калима (луғат), морфология ва синтаксис, инчунин имло ва аломатҳои китобатро ба ҳам мепайванданду мураттаб месозад.

Чунон ки гуфтем, дар барномаи таълим аз хелҳои такрор барои ду навъаш – такрори аввали сол ва такрори солона (ё худ такрори охири соли таҳсил) соатҳои махсус ҷудо карда шудааст. Аммо дар барнома барои такрори солона, чун доир ба такрори аввали сол, номгӯи мавзӯъҳои такроршаванда пешниҳод нагардидааст. Ин чунин маъно дорад, ки дар охири соли таҳсил аз маводи фаслу бобҳои омӯхташуда маҳз кадом қисматҳо бояд такрор карда шаванд, ба зиммаи муаллим вогузошта шудааст. Зеро муаллиме, ки дар давоми соли таҳсил пурра дар ин ё он синф аз забони тоҷикӣ таълим додааст, дурусту мушаххас тасаввур карда метавонад, ки дар ҷараёни таълим маҳз кадом мавзӯъҳо аз тарафи шогирдонаш хуб аз бар гардидаасту нуқсони донишашон дар таълими кадом фаслҳо барояш аён шуда буд. Яъне ӯ ин ҳамаро дар маҷмӯъ тасаввур намуда, барояш ҷадвали дарсҳои такрори солонаро, бо пешниҳоди саволҳои гуногун марбут ба ҳар як мавзӯъ асосан, дар чоряки IV тартиб дода, онро дар як гӯшаи намоёни синф (ё кабинети забон ва адабиёти тоҷик) сабт карда мемонад, то ки хонандагон бо мундариҷаи он (дарсҳои такрор) шинос гардида, пеш -пеш ба такрори фаслу бобҳои барои ҳар як соат муқарраршуда омодагӣ гиранд.

Такрори охири сол ё худ солона, аслан, хусусияти обзорӣ дорад. Аз рӯи чунин хусусияташ имконият медиҳад, ки муаллим маводи гузаштаро ҳар чӣ бештар ва дар муддати кӯтоҳ такрор намояд, то ки минбаъд аз хотири хонандагон набарояд. Аз ин рӯ, ба чунин саволҳо бояд ҷавоб ҷуст: 1. Такрори маводи омӯхта-шуда дар охири сол, алалхусус, дар синфи IX чӣ тавр ба роҳ монда мешавад? Маводи он дарсҳо, истифодаи воситаҳои аёнӣ, машқҳо, пурсиш ва супориши вазифаи хонагӣ ва ғайра чӣ гуна бояд бошад? Ин ҳама масъалаҳои муҳими ҳам такрори маводи солҳои гузашта ва ҳам ҳаминсола аст, ки бояд муаллими забони тоҷикӣ ба хубӣ донад ва тасаввур намояд.

Бояд донист, ки такрори солона ё худ такрори хотимавию ҷамъбастӣ низ мавзӯист, вале ҳар як соати чунин дарси такрор мавзӯъҳои зиёдтарро дар бар мегирад. Ба ҷуз ин, бояд донист, ки дар синфҳои V-VI-VII ва VIII маводи танҳо дар зарфи як сол омӯхташуда, вале дар синфи IX дар маҷмӯъ ҳам маводи дар ҳамин синф омӯхтаи хонандагон ва ҳам маводи дар синфҳои V-VIII андӯхтаи онҳо такрор карда мешавад. Зеро ки хонандагони ин синф хатмкунанда буда, таълими барномавии забони тоҷикӣ ҳам,  асосан, дар ҳамин синф хотима меёбад. Яъне, ки такрори маводи солона дар синфи IX бояд тамоми донишҳои аз синфи V то охири ин сол -дар  синфи IX ҳосилнамудаи хонандагонро фаро гирифта, ба тартиб дароварад, то ки онҳо ба ин восита ба имтиҳони хатмкунӣ аз забони тоҷикӣ омодагии комил гиранд. Алалхусус, дар ин давра, чунон ки таъкид намуда будем, мавзӯъҳое бояд такрор карда шаванд, ки ҳангоми таълими бобҳои алоҳида ба хонандагон душворие оварда буданд ва чунин мавзӯъҳо бояд ба муаллим пешакӣ маълум бошанд.

Албатта, дар соатҳои такрору ҷамъбасти маводи солона ва ё маводи дар тӯли чанд сол омӯхташуда категорияҳои гуногуни грамматикӣ бо ҳам муқоиса карда мешаванд, ки бо ин усул хонандагон  то кадом андоза ба ҳамдигар алоқамандӣ доштани он категорияҳоро низ возеҳтар фаҳмида мегиранд. Масалан, муқоисаи аъзоҳои ҷумла бо ҳиссаҳои нутқ, ҷумлаҳои пайрав бо аъзоҳои ҷумла, ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо ҷумлаҳои соддаи чидааъзо, пайвандакҳои пайвасткунанда бо тобеъкунанда ва ғайра барои ҷамъбаст аҳамияти амалӣ доранд.

Ё агар муаллим таркиби калима ва калимасозиро такрор карданӣ бошад, бояд аз ҳиссаҳои нутқ (исм, сифат, шумора, феъл, зарф) мисолҳо орад. Зеро ки дар аснои чунин такрори хотимавӣ имконият ҳаст, ки таркибу сохти гуногуни ҳиссаҳои нутқ ва морфемаҳои ҳархелаи калимасозу шаклсоз бо ҳам муқоиса карда шаванд. Яъне бо роҳи такрори ҷамъбастӣ, ки дар ҷараёни он аз усули муқоиса ба таври фаровон истифода мебаранд, ба хонандагон муяссар мегардад, ки аффиксҳои хоси ҳар як ҳиссаи нутқро дақиқтар шинохта  гиранд.

Доир ба имло ва аломатҳои китобат, махсусан, ҳамон қоида ва орфограммаҳо бояд такрор карда шаванд, ки хонандагон дар давоми сол хато содир мекарданд. Ҳалли ин ҷиҳати кор низ ба муаллим вобаста аст, зеро ки ӯ худаш донишу малакаи шогирдонашро ба хубӣ медонад.

Дар ҷараёни такрор  низ муқоисаи қоидаҳои  фарқкунандаи имло ва аломатҳои китобат аҳамиятнок аст. Масалан, имлои ӣ-и заданок бо бандаки изофӣ, префикс бо пешоянд, суффикс бо пасоянд, калимаҳои мураккаб бо калимаҳои таркибӣ (марбут ба исм, шумора ва зарфҳои мураккабу таркибӣ), сохти феъли ҳол бо сифати феълӣ муқоиса карда мешаванд. Дар кор фармудани аломатҳои китобат қоидаҳои гуногуни истеъмоли вергул (дар ҷумлаҳои чидааъзо, дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеи пайвандакдор) ё дунуқта дар калимаҳои хулосакунанда, ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак, дар нутқи айнан нақлшуда) ва дигар аломатҳои китобат дар заминаи мавзӯъҳои мувофиқ такрор карда шаванд, барои такрори хотимавӣ хеле мувофиқ аст.

Дар ҷараёни такрори маводи солона истифодаи таблитсаҳои хусусияти ҷамъбасткунанда дошта, ё дар як дарс маҷмӯи таблитсаҳоеро, ки доир ба як бобу фасл тайёр карда шудаанд, истифода бурдан тавсия дода мешавад, дар сурате ки дар дарсҳои додани дониши нав истифодаи танҳо 1-2 таблитса тавсия мегардад. Аз ҷумла, таблитсае (7),  ки бояд барои такрори қоидаҳои гуногуни кор фармудани дунуқта мураттаб карда шавад, чунин шаклу тартиб дошта метавонад:

 

Таблитсаи 7

МАВРИДҲОИ КОР ФАРМУДАНИ ДУНУҚТА
Аз ҷумла: Намунаи мисолҳо
1.Дар калимаҳои хулоса-кунанда Дар майдончаи таҷри-бавии назди мактаб ҳар хел гул: садбарг, савсан, тоҷи хурӯс анбӯҳ-анбӯҳ шукуфта буданд.
2. Дар ҷумлаи мураккаби бепайвандак Ҳаёти Сафар дар хатар буд: тирҳои автомати немис ба сипари пулемёт омада мезаданд.
3. Дар нутқи айнан нақлшуда Сафар ба Ермак гуфт: «Байрақро маҳкамтар дор, шербача, ба теппа қариб расидем».

 

Чунон ки гуфтем, дар арафаи такрори солона муаллим бояд ҷадвали дарсҳои такроршаванда ва барои ҳар як дарс миқдори муайяни саволҳоро пешакӣ тартиб диҳад, ки дар асоси онҳо хонандагон ба чунин дарсҳо тайёрӣ дида меоянд. Барои ин бештар саволҳое боз саволҳои ба нақшаи дарсҳои такрор ворид карда мешаванд, ки дар лаҳзаи таълими мавзӯъҳои таркибии бобҳо дар мавридаш барои санҷиши хонандагон истифода бурда шуда буданд. Вале акнун ба чунин саволҳо боз саволҳои то андозае мазмуни ҷамъбасткунӣ ва муқоисавӣ дошта илова карда мешавад. Чунончи: Дунуқта дар кадом мавридҳо кор фармуда мешавад? Ҷумлаи мураккаби пайваст аз ҷумлаи соддаи чидааъзо чӣ  фарқ дорад? Дар ҷумлаҳои содда вергул дар кадом мавридҳо гузошта мешавад? ва ғ.

Дар охири ҳар дарс, пас аз он ки мавзӯи муайяне ба тариқи фронталӣ такрор карда мешавад, ба хонандагон мавзӯи такрори дарси оянда  эълон карда шуда, супориш дода мешавад, ки таърифу қоидаҳоро аз параграфи дахлдори китоби дарсӣ хонда, маҳз ба саволҳое, ки доир ба такрори ҳамон мавзӯъ (боб) дар ҷадвали дарсҳои такрор пешниҳод гардидаанд, ҷавоб тайёр намуда, барои шарҳи таърифу қоидаҳо мустақилона мисолҳои мувофиқро ҳам интихоб намуда оянд. Зеро аз рӯи саволҳои пешниҳодкардаи муаллим ба дарси навбатӣ тайёрӣ дида омадани талабагон яке аз ҷиҳатҳои муҳим ва барорноки кор дар дарсҳои такрори хотимавӣ ба шумор меравад.

Дар ҳар соати такрори охири сол ягон боби калон аз қабили боби «Феъл» ва ё ду-се боби ҳаҷман хурдро (масалан такрори ҳиссаҳои номустақили нутқро) интихоб намудан мувофиқ аст.

Дар дарсҳои такрори солона ё худ хотимавӣ  истифода намудан аз таҳлили грамматикӣ яке аз воситаҳои мушаххасонидани маводи назариявии грамматикӣ – таърифу қоидаҳо аҳамияти басо калонро молик аст. Хусусан, истифодаи таҳлили грамматикии умумӣ ва омехта барои такрори якчанд мавзӯъ ва дар як вақт такрор кардани ҳодисаҳои грамматикӣ аз қисмҳои гуногуни забони тоҷикӣ, масалан, таркиби калима ва калимасозӣ бо фонетика, луғатомӯзӣ бо морфология ва орфография, синтаксис (аъзоҳои ҷумла) бо морфология (ҳиссаҳои нутқ) хеле мувофиқ аст. Ҳатто таҳлили грамматикии як мавзӯъ имконият медиҳад, ки дар заминаи он мавзӯъҳои дигар ҳам такрор карда шаванд. Чунончи, таҳлили ҷумлаҳои мураккаби тобеъро гирем: Пас аз муайян намудани сарҷумла ва ҷумлаи пайрав сохту аъзоҳои ҳар кадоме аз ҷумлаи соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъро таҳлил кардан барои такрори хелҳои ҷумлаи содда имконият пайдо мешавад. Ин маврид ҷумлаҳоеро ҳам таҳлил кардан лозим аст, ки дар сарҷумла ва ё дар таркиби ҷумлаи пайраваш аъзоҳои чида дошта бошад, ки ба ин восита барои такрор ҷумлаҳои чидааъзо ноаён шароити мувофиқ фароҳам меояд. Масалан, чунин ҷумлаҳоро: Ҳамин ки аз ағба поёнтар фуромадем, лагерҳои пионерӣ, истироҳатгоҳҳо, қишлоқҳо ва чойхонаву нишемангоҳҳо сар шуд. (Ҷ.И.).

Ва ё шарҳи ифодаи сараъзо ё аъзоҳои пайрави ҷумла  ҳангоми таҳлили мисолҳои мувофиқ ноаён боиси такрор намудани ҳиссаҳои мустақили нутқ мегардад.

Мисли ҳамин дар вақти такрори нутқи айнан нақлшуда ва аломатҳои китобати он имконият ҳаст, ки мухотаб, калима ва ибораҳои туфайлӣ, ҳиссача ва нидо бо роҳи таҳлили грамматикӣ такрор карда шаванд, чунки ин ҳодисаҳои забон бештар дар нутқи айнан нақлшуда якҷоя кор фармуда мешаванд.

Ба ҳамин тариқ, такрори охири сол ё худ хотимавӣ ба шарти мувофиқи талаботҳои методӣ гузаронида шуданаш такрорест, ки дар ҷараёни он донишҳои ҳосилнамудаи хонандагон, бешубҳа, ба тартиб (система) даромада, аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам ва зиёда аз ин, ба малакаҳои доимӣ табдил меёбанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.