Намунаи дарсҳо (план -конспекти намунавии дарсҳо)

 

 

Акнун, то ки масъалаи хел, сохту лаҳзаҳои дарс ва дар заминаи ҳар як лаҳзаи дарс вобаста ба хели он (дарс) чиҳо дар мадди назар буданаш аз тарафи муаллими ҷавону оянда дақиқтар тасаввур карда шавад, дар зер намунаи нақша (ё худ план-конспект) -и се хели асосии дарс: дарси додани дониши нав, дарси мустаҳкам намудани дониш  ва  дарси санҷиши дониш ва малакаи хонандагон (марбут ба гузаронидани диктанти санҷишӣ)-ро пешниҳод мекунем.

Аввалан, ба дарс аз ҳар ҷиҳат тайёрӣ дидани муаллим лозим аст, ки он ҳар доим аз тарафи ӯ бо масъулияти баланд ва ба таври зайл бояд анҷом ёбад:

а) муайян намудани мавзӯи дарс (аз рӯи нақшаи мавзӯӣ -тақвимӣ) ва аниқ тасаввур намудани ҳаҷму хусусиятҳои он – осон ё душвор, нав ё маълум будани он (аз рӯи барнома ва китоби дарсӣ);

б) дақиқ омӯхтани маводи китоби дарсӣ (дида баромадани таърифу қоидаҳои параграфи дахлдор, муайян намудани машқҳои дар синф ва дар хона иҷро мекардагии хонандагон, пешакӣ муқаррар кардани  қисматҳои барои онҳо душвори маводи дарс, кифоякунанда будан ё набудани машқҳо);

в) доир ба таълими ин мавзӯъ (агар дастрас бошад) мутолиа кардани адабиёти илмӣ ва илмию методӣ;

г) тартиб додани нақша (план-конспект)-и дарс, ки дар он бояд нуктаҳои асосии масъалаҳои зерин инъикоси худро ёбанд: муайян кардани мақсади дарс, методу усулҳои баёни мавзӯъ, пурсиши вазифаи хонагӣ ва мустаҳкам намудани мавзӯи нав; маврид ва тарзи хулоса – таърифу қоидаҳо –  баровардан аз мушоҳида ва таҳлили мисолҳо; тайёр намудани воситаҳои аёнӣ ё материали дидактикии дар ҳамон дарс истифодашаванда, ки номгӯӣ онҳо дар қисмати «Таҷҳизонидани дарс» нишон дода мешаванд; таъин намудани алоқаи таълими грамматика бо инкишофи нутқ, морфология бо синтаксис ва ғ.; пешакӣ муайян намудани тарзи тафтиши вазифаи хонагӣ ва пурсиши маводи назариявии дар дарси гузашта таълим додашуда; ниҳоят, аз рӯи дафтар (журнал)-и синф ному насаби хонандагоне, ки бояд дар ҳамин дарс пурсида шаванд, дар қисмати «Эълони баҳо» навишта мешавад (дар охири дарс баҳои гирифтаи онҳо ба андак-андак шарҳ эълон карда шуда, ба рӯзномаҳояшон низ гузаронида мешавад).[1]

Чунон ки мебинем, нуктаи аввале, ки дар план – конспекти дарс (ҳамеша) сабти худро меёбад, мақсади дарс  аст. Аммо муайян карда тавонистани мақсади ҳар як дарс вобаста ба хел (тип)-и он аз муаллим ҳар доим дақиқназариро тақозо мекунад, ки дар зер доир ба ҳамин нукта рӯшанӣ андохтанро ҷоиз медонем.

Муайян намудани мақсади дарс:  Ҳар як дарси забони тоҷикӣ мақсади муайян дорад, ки онро дар нақша (план -конспект) пас аз мавзӯи дарс қайд мекунанд, ки  дар ҳамон дарси муайян ба ҳамон мақсади муқарраршуда ноил гардидан лозим аст. Аммо ба тариқи «Ба хонандагон фаҳмондани реша, суффикс ва префикс», «Бо мисолҳо фаҳмондани асос ва бандак», «Бо мисолҳои гуногун фаҳмондани сифати феълӣ», «Дар бораи ибора маълумот додан ба хонандагон» ва амсоли  ин навиштани мақсади дарс, ки аксар чунин сабтҳо дар план-конспекти ҳатто баъзе омӯзгорони собиқадор ҳам ба мушоҳида мерасанд, мақсади аниқи дарс шуда наметавонанд. Зеро ин тавр навиштани мақсади дарс басо умумӣ буда, масъалаи васеи таълими забони тоҷикро дар бар мегирад, яъне, дар ҳақиқат, ҳар як мавзӯи забонро ба хонандагон фаҳмонда тавонистани  муаллим шарт аст. Вале мақсад аз фаҳмонидан ва ё таълим додани ҳар як мавзӯъ иборат аз чист? Ана, ҳамин нукта ё худ ҷавоби чунин савол бояд дар қисмати мақсади дарси ҳар як мавзӯи забони тоҷикӣ инъикоси худро ёбад. Агар масъала чунин бошад,  пас, мақсади дарсро чӣ хел муайян кардан мумкин аст?

Мақсади дарс бояд мушаххас (конкрет) бошад, аз он дар ҳамин як дарс ба чӣ ноил шудани муаллим маълум шуда истад, ки он –  муайян намудани мақсади аниқи дарс – ба хусусияти мавзӯъ, ҳалли масъалаҳои ҷудогонаи он, ба ҷиҳати тарбиявии дарс, масъалаҳои такрор дар он дарс ва ба донишу малакаҳои хонандагон, ки дар ҳамин дарс пайдо мекунанд, вобаста аст. Масалан, дар синфи V агар мавзӯи дарс  «Асос ва бандак» бошад. Мақсади ин дарс чист? Агар фақат хусусияти васеи мавзӯъро ба назар гирем, умуман,  чунин аст: талабагон бояд асосро аз бандак ҷудо карда тавонанд, дониши аз бандакҳо доштаашон такмил дода шавад; онҳо фаҳманд, ки асос аз ҷиҳати сохт содда ва сохта мешавад, аффиксҳои калимасоз ба асос дохил мешаванд, вале бандак дохил намешавад, асоси содда ба реша баробар аст; онро бояд донанд, ки асос нисбат ба бандак ва реша нисбат ба суффиксу префиксҳо муайян карда мешавад; ҷиҳатҳои умумӣ ва фарқкунандаи бандакҳои феълӣ ва хабариро фаҳманд ва ғ.

Ҳар як муаллим, албатта, дар таълими ин мавзӯъ мақсадҳои дигаре  ҳам дошта метавонад.

Аммо мақсади дарсро дар план-конспект ба тариқи муфассал нишон додан зарур нест (Онро худи муаллим донад, кифоя аст), балки мухтасару конкрет қайд кардан лозим аст.

Масалан ин тавр:

Мақсади дарс: «Дуруст ҷудо кардани асос ва бандак, донистани вазифаи бандакҳо, фарқ кардани асоси содда аз сохта, пешгирӣ кардани хатоҳои талабагон дар кор фармудани бандаки изофӣ».

Мисолҳои дигар:

а) Мавзӯъ: «Реша, суффикс, префикс»

Мақсади дарс: «Дар заминаи шарҳи мафҳумҳои реша, суффикс ва префикс ба хонандагон омӯзонидани як роҳи калимасозӣ вобаста ба таркиби калима; шарҳи масъалаи муайян карда тавонистани реша, калимаҳои ҳамреша ва зиёд намудани захираи луғавии  нутқи хонандагон».

б) Мавзӯъ: «Мубтадо ва ифодаи он»

Мақсади дарс: «Ба хонандагон доир ба ифодаи мубтадо бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ маълумот додан; инкишоф додани дониши хонандагон доир ба мавзӯъ; такрори маводи ҳиссаҳои нутқ».

в) Мавзӯъ: «Ҷумлаи унвонӣ»

Мақсади дарс: «Фаҳмондани маъно, сохт, оҳанги талаффуз ва мавқеи дар нутқ доштаи ҷумлаҳои унвонӣ».

Мақсади як дарси дигарро ҳам бо шарҳаш баён мекунем, то ки ин масъалаи муҳими дарс ба муаллим маълум шавад. Чунончи:

Мавзӯъ: «Мухотаб»

Мақсади дарс: «Фаҳмондани маъно ва вазифа, ифода шудан, сохт, оҳанги талаффуз, аломатҳои китобат ва ҷои мухотаб дар  ҷумла; фарқ кардани мухотаб аз мубтадо».

Дар ин дарс талабагон, ғайр аз маъно ва вазифаи мухотаб, боз бояд фаҳманд, ки мухотаб аъзои ҷумла намешавад, ба саволи аъзоҳои ҷумла ҷавоб намешавад, бинобар ин, мухотабро аз аъзоҳои ҷумла бо аломатҳои китобат (вергул ё хитоб) ҷудо мекунанд, мухотаб бо оҳанги махсуси муроҷиат талаффуз карда  мешавад, бо мухотаб гӯянда муносибати худро ҳам ба сомеъ ифода мекунад; мубтадо бо хабари ҷумла алоқаманд буда, бо он дар шахсу шумора мувофиқат мекунад, вале мухотаб ин хел хусусият надорад, вай ба тамоми ҷумла мансуб аст.

Ба ҳамин тариқ, агар мақсади дарс равшан бошад, мавзӯъро чӣ хел баён кардан, дар бораи чиҳо маълумот додан, бо чӣ гуна машқҳо мавзӯъро мустаҳкам намудан, чӣ хел вазифаи хонагӣ супоридан – ҳамааш ба муаллим пешакӣ маълум мегардад. Мақсади дарс муайян бошад, муаллим аз аввал то охири дарс чӣ кор карданашро медонад. Дуруст муайян намудани мақсади дарс ба нуктаҳои зерин – хел (тип)-и дарс, мавзӯъ, дониши талабагон, қобилияту эҷодкорӣ ва ниятҳои муаллим вобастагии қавӣ дорад.

Ниҳоят, бояд таъкид намуд, ки нақша ё план-конспекти дарсро дар ду шакл – ба тариқи нақли озод (хусусан, баёни мавзӯи навро) ё ба тариқи схема (тезис) тартиб додан мумкин аст. Ва, албатта, план-конспект мувофиқи хел (тип)- и дарс ва маводи он боз ҳам мушаххастар тартиб дода мешавад.

Чунончи:

  1. Дарси додани дониши нав

 

Дарси забони тоҷикӣ дар синфи VIII

Мавзӯъ: «Мубтадо ва ифодаи он»

Мақсади дарс: Ба хонандагон доир ба ифодаи мубтадо бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ (дар заминаи мисолҳо) маълумот додан; инкишоф додани дониши хонандагон доир ба мавзӯъ; такрори маводи ҳиссаҳои нутқ.

Методи дарс: сӯҳбат, нақли муаллим, аёният, мушоҳида (таҳлили грамматикӣ).

Таҷҳизонидани дарс: китоби дарсӣ, таблитса, варақчаҳо, бӯрҳои ранга.

 

Равиши дарс:

  1. I. Ташкилии дарс:

 

а) аз назар гузаронидани ҳолати тозагии синф;

б) ба ҷо овардани одоби мулоқот;

в) ба ҳисоб гирифтани давомоти хонандагон;

г) ба дарс тайёр намудани синф.

 

  1. II. Пурсиши вазифаи хонагӣ:

 

  1. Санҷиши дониши хонандагон оид ба мавзӯи «Аъзоҳои ҷумла»:

а) Кӣ дар бораи аъзоҳои ҷумла маълумот медиҳад? Канӣ, кӣ тайёр? Марҳамат…

б) Аъзои ҷумла чист?

в) Дар забони тоҷикӣ чанд аъзои ҷумла ҳаст? Онҳоро номбар кунед.

г) Аъзоҳои ҷумла ба чанд гурӯҳ ҷудо карда шудаанд? Онҳоро чӣ меноманд?

ғ) Сараъзоҳо кадомҳоянд?

д) Аъзоҳои пайрав кадомҳоянд?

е) Аъзоҳои ҷумлаҳои зеринро муайян намуда, ба зерашон бо аломатҳои шартӣ хат кашед:

  1. Муаллим ба мо афсонаеро нақл кард.
  2. Мирзо Турсунзода дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

ё) Аз худ ҷумлае гуфта, даҳонакӣ аъзоҳояшро шарҳ диҳед.

  1. Ҷамъбасти дарси гузашта:…

 

III. Баёни мавзӯи нав:

 

  1. Сухани муқаддимавии муаллим (эълон ва сабти мавзӯи нав ба тахтаи синф ва ба хотир овардани он маълумотҳое, ки хонандагон доир ба мубтадо ва ифодаи он дар синфи V гирифта буданд).

 

Чунончи:

а) Мубтадо чист? Он ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?

б) Дар бораи маънои луғавии калимаи мубтадо  чӣ медонед?

в) Мубтадо бо кадом ҳиссаҳои нутқ ифода меёбад?

Мисолҳо оваред.

  1. Шарҳи муаллим, дар бораи он ки аз аъзоҳои ҷумла чаро аввал сараъзоҳо ва, пеш аз ҳама, мубтадо таълим дода мешавад. Масалан, дар заминаи мушоҳидаи мисолҳои зерин: Уқоб дар байни паррандаҳо хеле баландтар парвоз мекунад. Аммо самолёт аз он ҳам баландтар парвоз мекунад. Вай воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ ҳам ба шумор меравад.
  2. Дар заминаи таҳлили мисолҳои боло баёни таърифи зерини мубтадо: «Мубтадо сараъзои ҷумлаест, ки амал, ҳолат ва ё аломати дар ҷумла ифодаёфта ба он тааллуқ дорад». (Шарҳи таърифи мазкур).
  3. Шарҳи ифодаи мубтадо дар заминаи таблитсаи (8) зерин:

 

 

 

 

Таблитсаи 8

 

МУБТАДО ВА ИФОДАИ ОН
Бо чӣ? Намунаи мисолҳо
1. Бо исм Савсан худро танҳо ҳис мекард.

Модар барои ҳама азиз аст.

2. Бо ҷонишин Мо калонсолонро ҳурмат мекунем.

Кори осонро ҳама ҳам метавонад.

Мисолҳои хубро худатон интихоб кунед.

3. Бо масдар Шунидан кай бувад монанди дидан (Зарб.).
4. Бо сифат Мӯйсафед бардам-бардам қадам мемонд.

Айби худ нодон набинад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

5. Бо сифати феълӣ Оянда ба мо шинос менамуд.

Бинанда ба ҳайрат меафтод.

6. Бо шумора Бист ба чор бе бақия мерасад.

Ду понздаҳ -як сӣ.

 

 

  1. IV. Мустаҳкамкунӣ:

 

а) Мустақилона аз тарафи хонандагон хондани §13-и китоби дарсӣ марбут ба мавзӯи дарс (саҳ. 61).

б) Саволҳо барои санҷиши аҳли синф:

  1. Мубтадо чист? Он ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
  2. Мубтадо чаро сараъзои асосии ҷумла ном дорад?
  3. Чаро мубтадо бештар бо исму ҷонишинҳои шахсӣ ифода меёбад?
  4. Ба кадом шарт ҳиссаҳои дигари нутқ ба вазифаи мубтадо меоянд? Мисолҳо оваред.

в) Супориш. Иҷрои машқи 5: Ду-се ҷумлаи аввалро хонда, бо чӣ ифода ёфтани мубтадоҳоро эзоҳ диҳед. Давоми машқро навишта, ба зери мубтадо ва хабарҳо хат кашида, бо чӣ ифода ёфтани онҳоро шарҳ диҳед.

 

 

  1. V. Супориши вазифаи хонагӣ:

 

Хон. саҳ. 64, § 13, Машқи 6 (Машқро навишта, дар ҷумлаҳо бо чӣ ифода ёфтани мубтадоҳоро муайян намудан).

  1. VI. Эълони баҳо:*

(Баҳои ба ҳар як хонанда гузошташуда шарҳ дода шуда, ба рӯзномааш ҳам гузаронида мешавад).

 

Ҷамъбасти дарс…*

 

  1. Дарси мустаҳкам намудани дониш

 

Дарси забони тоҷикӣ дар синфи VIII

Мавзӯъ: «Машқҳо оид ба пайвандакҳо ва аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои чидааъзо»

 

Мақсади дарс: Санҷиш ва мустаҳкам намудани дараҷаи донишу малакаи назариявӣ ва амалии хонандагон доир ба ҷумлаҳои чидааъзо ва истифодаи аломатҳои китобат дар чунин ҷумлаҳо; инкишоф додани малакаи нутқи шифоҳӣ ва хаттии хонандагон.

 

Методи дарс:  сӯҳбат (бахотироваранда), мушоҳида (таҳлили грамматикӣ).

Таҷҳизонидани дарс: китоби дарсӣ, мисолҳои интихобшуда аз адабиёти бадеӣ.

 

Равиши дарс:

I . Ташкилии дарс:*

  1. II. Пурсиши вазифаи хонагӣ:

 

(Яъне ин хели дарс ҳам аз пурсиши вазифаи хонагӣ сар мешавад. Вале ҳадафи умумии он дар тамоми ҳамин як соат, чунон ки дар боло зикраш рафт, мустаҳкам намудани дараҷаи донишу малакаи хонандагон  доир ба ҳамон мавзӯи дарси гузашта аст, ки дар рафти таълими он қариб аксар ба сабаби душвории мавзӯъ ва ё басо васеъ ва гуногунпаҳлӯ буданаш  онро ба қадри даркорӣ аз худ накардаанд.)

  1. I. Санҷиши дониши назариявии хонандагон бо савол ва супоришҳои зерин:

1) Дар бораи ҷумлаи чидааъзо маълумот диҳед. Канӣ, кӣ тайёр аст?

2) Чӣ гуна ҷумларо чидааъзо меноманд?

3) Тарзи талаффузи ҷумлаҳои чидааъзо чиро ба хотир меоваранд? Мисоле оварда шарҳ диҳед.

4) Аъзоҳои чидаи ҷумла бо чанд роҳ ба ҳам алоқаманд мешаванд? Он роҳҳои алоқа кадомҳоянд?

5) Канӣ, кӣ доир ба ягон роҳи алоқа дар ҷумлаҳои чидааъзо мисол гуфта метавонад? Марҳамат…

6) Агар алоқаи аъзоҳои чидаи ҷумла ба воситаи пайвандакҳо сурат гирад, он гоҳ пеш аз кадом пайвандакҳо вергул гузошта мешавад?

7) Пеш аз кадом пайвандакҳо вергул мондан лозим нест?

8) Канӣ, кӣ ҷавобан доир ба ин ду савол (саволҳои 6 ва 7) мисолҳои мувофиқ меоварад?

9) Дар охири ҷумлаҳо кадом аломатҳои китобатро кор мефармоянд?

10) Кор фармудани ин ё он аломати китобат дар охири ҷумлаҳо ба чӣ вобаста аст?

  1. Санҷидани натиҷаи иҷрои машқи 7, ки вазифаи хонагӣ супорида шуда буд (Се чор нафар бо навбат мисолҳоро хонда, аъзоҳои чидаро шарҳ медиҳанд, дигарон низ натиҷаи кори худро месанҷанд ва лозим шавад, бар эзоҳи ҳамсинфашон чизе илова мекунанд ё худ камбудии ӯро ислоҳ мекунанд).

 

III. Мустаҳкамкунӣ:

 

Ин лаҳза муаллим мақсади дарси имрӯзаро, ки ба мустаҳкам намудани мавзӯи «Ҷумлаҳои чидааъзо», аниқтараш, ба масъалаи пайвандакҳо ва мавқеи аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои чидааъзо бахшида мешавад, эълон намуда, фаъолияти хонандагонро ба иҷрои машқҳои зерин ҷалб мекунад:

Машқи 1. Ҷумлаҳоро навишта, ба ҷои нуқтаҳо ҳарфҳои даркориро гузоред. Хели пайвандакҳо ва сабаби дар байни аъзоҳои чида кор фармуда шудани аломатҳои китобатро шарҳ диҳед.

  1. Ҳамон рӯз са…ёҳон якчанд мори аф…ию кӯрмор…о дас…гир карданд (А. Баҳорӣ). Оби Помир дар ширин… ва гувороӣ мислу монан… надорад. Ҳаво дар ин ҷо соф, тоза ва беғубор аст (Ҷ.И.). Мӯ…сафед ҳикоягӯй, таърихдон ва ширинзабон будааст (Ин ҷумлаҳо ё дар тахтаи синф навишта мешаванд, ё пешакӣ дар ватман ё худ ба воситаи кодоскоп ва эпидиоскоп намоиш дода мешаванд).

Машқи 2. Диктанти эзоҳӣ доир ба истифодаи пайвандак ва аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои зерини чидааъзаъзо: Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2006 15-солагии Рӯзи истиқлолияти худ, 2700-солагии Кӯлоб ва 6-солагии Рӯзи тоҷикони ҷаҳонро ҷашн гирифт. Ҳикояти Зоғ, Муш, Кабӯтар, Сангпушт ва Оҳу бағоят масали равшан ва қиссаи ширин аст (Аз «Калила ва Димна»).

Савол: Чаро дар ҷумлаи охир номҳои ҷонварон бо ҳарфи калон навишта шуданд?

Машқи 3. Муаллим латифаҳои зеринро нақл мекунаду хонандагон  гӯш карда, аъзоҳои чидаашро номбар карда, пайвандак ва аломатҳои китобати дар онҳо истифодашударо шарҳ медиҳанд:

  1. Аз Афандӣ пурсиданд: «Ин замин чанд таноб бошад?»

Ӯ гуфтааст: «Ин замин ё даҳ таноб, ё 100 таноб. Ман хато намекунам».

  1. Афандӣ ба меҳмонӣ омадааст. Мизбон пурсидааст: «Барои шумо оши палав пазам ё шӯрбо?»

Афандӣ гуфтааст: «Ду дег  надоред-мӣ?»

Машқи 4. Ба хабарҳои чида аъзоҳои пайрав илова кунед.

  1. Қосим навишт ва супорид. 2. Шариф ёфту бурда дод. 3. Гург дид ва гурехт.
  2. IV. Вазифаи хонагӣ:

 

Хон. саҳ. 146, 153, § 24; Супориш: Шаш ҷумлаи чидааъзо нависед, ки аъзоҳои чидаро дар дутояш пайвандакҳои пайвасткунанда, дар дутои дигараш пайвандакҳои хилофӣ ва дар дутои боқимондааш пайвандакҳои ҷудоӣ ба ҳам алоқаманд карда бошанд.

 

  1. Дарси санҷиши дониш ва малакаи хонандагон

 

Дарси забони тоҷикӣ дар синфи VIII

Мавзӯъ: «Диктанти санҷишӣ»

Мақсади дарс: Санҷидани донишу малакаи хонандагон доир ба мавридҳои истифодаи аломатҳои китобат дар ҷумлаҳои чидааъзо.

Методи дарс: Сӯҳбат ва нақл

Таҷҳизонидани дарс: Матн аз повести «Тобистон»-и П. Толис бо номи «Ишқи мошин» (130 калима)

 

Равиши дарс:

  1. I. Ташкилии дарс:

 

а) аз назар гузаронидани ҳолати тозагии синф

б) ба ҷо овардани одоби мулоқот

в) ба ҳисоб гирифтани давомоти хонандагон

г) тақсим намудани дафтарҳои корҳои хаттии санҷишии хонандагон

ғ) ба дарс омода намудани синф

 

  1. II. Баёни мазӯъ:

 

  1. Сухани муқаддимавии муаллим (эълони мақсади дарси имрӯза ва ба доска сабт намудани номгӯи кори хаттӣ («Диктанти санҷишӣ») ва унвони матни кори хаттӣ («Ишқи мошин»).
  2. Матни диктант («Ишқи мошин»)-ро як маротиба бурро, фаҳмо ва ифоданок қироат намудан.
  3. Шарҳи баъзе калимаҳо аз матн (радиатор, мурват, буфер)
  4. Ҷавоб додан ба баъзе саволҳои хонандагон доир ба матни диктант.
  5. Дар доска бо талаби хонандагон ва ё умуман, навиштани баъзе калимаҳое, ки дар имлои онҳо (аз ҷумла, дар навишти вожаҳои ғурриш, ким-чӣ гуна, ҷунбуҷӯл, латтапора ва ғ.) хато содир карданашон аз гумон дур нест.
  6. Дикта намудани матни диктант:

 

Ишқи мошин

Ҷои дигари тамошо гаражи автомашинаҳои  кон буд. Дар ин ҷо ҳамеша ҷарангоси асбобҳои оҳанин, ғурриши мотор ҳукмфармо буд. Бӯи равғани мошин, бӯи бензин, бӯи ишқор ва оҳан бо ким – чӣ гуна бӯйҳои тези дигар омехта шуда, як бӯи хуши аҷоиберо такшил медоданд.

Дар гараж ҳамеша як гурӯҳ бачагон ҷунбуҷӯл карда мегаштанд. Онҳоро касе намеронд ё сарзаниш намекард. Як қисми ин бачаҳо шогирдони шофёрҳо буданд, аммо аксарияти зиёдашон на шогирд буданд ва на бо шофёрон ягон хешӣ ва наздикӣ доштанд. Ин қисми бачагонро танҳо ишқи пурзӯри мошин ба ин ҷо гирифта меовард.

Онҳо доим тайёр буданд, ки ба ягон кори шофёрон ёрӣ расонанд: радиатори мошинро аз об пур кунанд, мурвати чархҳоро тоб дода кушоянд ё сахт кунанд, латтапораеро ба даст гирифта, мошинро аз буфераш сар карда то чароғҳои сурхи ақибаш тоза кунанд, оинавор ҷило диҳанд. (Аз повести П. Толис «Тобистон», 130 калима).

 

III. Мустаҳкамкунӣ:

 

  1. Матни диктантро бори дигар чун дар аввал ифоданок қироат намудан.
  2. Як-ду дақиқа ба хонандагон имконият додан, то ки матни диктантро бо мақсади ислоҳ намудани хатоҳои худ мустақилона хонда бароянд.
  3. Супориши грамматикӣ: Ба зери аъзоҳои ҷумлаи «Онҳоро касе намеронд ё сарзаниш намекард» бо аломатҳои шартӣ хат кашед.
  4. Назорат аз болои кори мустақилонаи хонандагон.
[1] Ниг.: Текучев А.В. Методика русского языка в средней школе, с. 131.

* Эзоњ. Дар план -конспект ном ва насаби хонандагони дар њамин дарс пурсида мешудагї навишта мешаванд ва пеш аз эълони бањо бањои њар як хонанда дар рў ба рўи ному насабаш навишта мешавад.

* Љамъбасти дарс њамчун як лањзаи дарс дар план -конспект махсус таъкид наёбад њам, аммо иљрои он, яъне љамъбаст намудани дарс, дар њар дарс бояд њатман дар мадди назари муаллим бошад.

*Таъкид. Ќисматњои ташкили дарсро чанд муддат пас, ки ба љо овардани онњо дар оѓози дарс барои муаллими љавон ба малака табдил меёбанд, дар план-конспект навиштан шарт нест.

test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *