Маънои аслӣ ва маҷозии калима

 

Дар дарси навбатӣ, ки ба  мавзӯи «Маънои аслӣ ва маҷозии калима» бахшида мешавад, дар  маҷмӯъ низ донишу тасаввуроти хонандагон  марбут ба маънои луғавии калимаҳо афзун гардонида мешавад. Зимни ин дарс бояд хонандагон амалан дарк намоянд,ки як силсила калимаҳои дорои маънои луғавӣ буда ба ҷуз маънои ҳақиқиро ифода намудан, дар ҷумла ба маънои ғайриаслӣ ҳам меоянд, яъне онҳо маъноеро ҳам ифода мекунанд, ки ба маънои аввалиашон мазмунан шабоҳат доранд. Аз ин лиҳоз, то ки ҳамин нуктаи охир ба шогирдон беҳтар дастрас гардонида шавад, баёни муаллим, агар дар заминаи мисолҳои зерин, ки дар ду сутун дар  қолаби ибораҳои изофӣ пешниҳод шудаанд, сурат гирад, бештар мувофиқи мақсад мебуд:

бинои сафед – бахти сафед

сандуқи оҳанин – иродаи оҳанин

оҳани сӯзон  –  дарди сӯзон

матои қимат – сухани қимат

зарфҳои тиллоӣ – давраҳои тиллоӣ

ангури ширин – хоби ширин

ҳавои гарм –   (бо) дили гарм

либоси танг –  одами чашмаш танг

 

Ин ҷо муаллим ибораҳои додашударо аз аввал то ба охир ҷуфт-ҷуфт (якто аз сутуни рост, якто аз сутуни чап) қироат намуда, баъд, бо истифода аз методи нақл ба шарҳи масъала мегузарад. Бояд аз шарҳи муаллим хонандагон ҳис намоянд, ки ҳар як калимаи дар таркиби ибораҳои сутуни чап буда, хусусан, калимаҳои дуюм, ки аслан, сифатҳоянд, хусусият ва ё аломатҳои ҳақиқии дар предметҳо (исмҳо) мансуб бударо ифода мекунанд. масалан, дар ибораҳои бинои сафед, оҳани сӯзон, сандуқи оҳанин калимаҳои сафед, сӯзон ва оҳанин  ба маънои ҳақиқиашон истифода шудаанд. Яъне калимаи сафед  ба сафед будани ранги бино, калимаи сӯзон ба тафсон будани оҳан ва калимаи оҳанин  ба он, ки предмет (сандуқ) аз оҳан сохта шудааст, ишора мекунад. Аммо калимаҳои мазкур (сафед, сӯзон, оҳанин) дар ибораҳои бахти сафед, дарди сӯзон ва иродаи оҳанин, чунон ки дар ибораҳои бинои сафед, оҳани сӯзон, сандуқи оҳанин мушоҳида намудем, на ба маънои ҳақиқӣ ё худ аслӣ, балки мазмунан маъноҳои ғайриҳақиқиро ифода намудаанд. Яъне дар ибораи бахти сафед калимаи сафед на чун дар ибораи бинои сафед ба ранги ҳақиқии бино, ки сафед аст, ишора мекунад. Яъне  бахти инсон сафед шуда наметавонад, аммо нек, хуш ё бад мешавад, ки дар заминаи ҳамин мафҳумҳо дар забони мо калимаҳои некбахт, хушбахт ва бадбахт низ пайдо шудаанд.

Ҳамин тавр, дар хотимаи муҳокимаронии боло муаллим хонандагонро ба хулоса меорад, ки калимаи сафед дар ибораи бахти сафед на рагни зоҳирии предметро, балки аз маънои аслиаш дур шуда, ботини предмет (бахт)-ро ифода намудааст. Мисли ҳамин, дар ибораҳои дарди сӯзон, иродаи оҳанин калимаҳои сӯзон ва оҳанин на ба маънои аслиашон, балки ба маънои кӯчида, ё худ дуюмдараҷа омадаанд. Чунончи, калимаи сӯзон дар ибораи дарди сӯзон ба сахту ҷонкоҳ будани дард ишора мекунаду калимаи  оҳанин дар ибораи иродаи оҳанин ба мустаҳкамии эътиқоду ирода – эътиқоду ихлоси касе.

Инак, чун шарҳи муаллим дар бобати ба маънои ғайриҳақиқӣ ҳам истифода шудани калимаҳои сафед, сӯзон оҳанин дар таркиби ибораҳои бахти сафед, дарди сӯзон ва иродаи оҳанин аз рӯи тартиби фавқ хотима меёбад, метавон чунин хулоса баровард, ки он дар маҷмӯъ таърифоти калимаҳои аслӣ ва маҷозӣ ҳам дониста мешавад: Дар нутқ (ҷумла) ба маънои ҳақиқӣ истифода  шудани калимаҳо маънои аслӣ ном дорад. Ба маънои ғайриаслӣ истифода шудани калимаҳо дар нутқ маънои маҷозӣ ном дорад.

Албатта, хулосаи мазкур марбут ба маънои аслӣ ва маҷозии калима дар ҳамин лаҳзаи  баён ҳам бо додани саволҳои «Маънои аслии калима чист?» «Маънои маҷозии калима чист?» аз ду-се нафар пурсида шавад, ба фоидаи кор мебуд. Ва боз ҳам ба маврид мебуд, агар хонандагон ибораҳои дигари дар он ду сутун бударо қироат намуда, ба маънои аслӣ ё маҷозӣ омадани калимаҳои таркиби онҳоро худашон бо навбат шарҳ диҳанд. Ҳамчунин, мувофиқи мақсад мебуд, агар бо истифода аз ҳар ҷуфти ибораҳои додашуда онҳо мустақилона ҷумла сохта, дар кадоме аз он ҷумлаҳо ба маънои аслӣ ё маҷозӣ истифода шудани калимаҳои таркиби овозиашон якхеларо шарҳ диҳанд. Ба ҷуз ин, ба ҷо овардани талаби машқҳои 268, 269,271-и китоби дарсӣ[1] чи дар синф ва чи дар хона низ боиси боз ҳам шуурона сарфаҳм рафтани хонандагон ба мафҳуми маънои аслӣ ва маҷозии калимаҳо хоҳад гашт. Ва ниҳоят, аз таълими натиҷадори мавзӯи «Маънои аслӣ ва маҷозии калима» бояд хонандагон дар заминаи мисолҳои мувофиқ ба хубӣ дарк кунанд, ки ба маънои маҷозӣ истифода шудани калимаҳо, асосан, ба сифатҳо хос буда, дар забон боиси пурмазмуну таъсирбахштар гардидани нутқ (фикр) мегардиданд. Аз ин рӯ, бояд нуктаи мазкур – боиси пурмазмуну пурҷило ва таъсирбахшу нишонрастар ифода гардидани фикр тавассути калимаҳои маҷозӣ бояд дар дарсҳои адабиёт низ марбут ба таълими эҷодиёти шоиру нависандагон борҳо таъкиди худро ёбад. Яъне хонандагон аз дарсҳои адабиёт ҳам дақиқ дарк кунанд, ки дар ҳамаи давру замонҳо «чи шоиру нависандагони пешина ва чи адибони муосири тоҷик… барои дилчасп баромадани воситаҳои тасвири бадеӣ аз ин унсури забонӣ – маънои маҷозии калима васеъ ва моҳирона истифода бурдаанд ва мебаранд»

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.