Синонимҳо

 

Таълими ин  мавзӯъ, ба шарте ки дар заминаи мисолҳои барҷаставу маълумоти  мушаххаси назариявӣ ва иҷрои супоришҳои системанок  ба роҳ монда шавад, аз ҷумлаи яке аз мавзӯҳои шавқовар ба шумор хоҳад рафт. Барои ин, то ин ки дар рафти таълими мавзӯи мазкур шавқу рағбати  хонандагон    ба вуҷуд оварда шавад,  аз методу усулҳои  гуногуни кор , ки  бо мақсади  таълими мавзӯъ  мувофиқати  бештар дошта бошанд, бояд  истифода бурд. Ба назари мо,  дар оғози баёни мавзӯи мазкур истифода аз методи сӯҳбат мувофиқтар аст[1] , то ки дар анҷоми он мафҳум, асли баромад ва таърифи синонимҳо амалан дастраси хонандагон  гардонида шавад. Ба ҳамин мақсад, муаллим пас аз эълони  номи мавзӯи навбатӣ- «Синонимҳо»-дар доска  калима ва таркибҳои меҳрубон, муаллим,  навиштан, ором шинед, ҳурмат карданро  пайиҳам аз боло  ба поён  рақам гузошта менависад, ки ҳар рӯз, хусусан, дар рафти дарс хонандагон борҳо ин ифодаҳоро аз забони муаллимашон мешунаванду ҳамзамон,  дар нутқ ва амалиёти худ  истифода мебаранд. Ҳамин тавр,  пас аз  сабти калимаҳои мазкур муаллим ин тавр  муроҷиат  менамояд, то ки таваҷҷӯҳи хонандагон ба  гуфтаҳои ӯ афзун гардида, ба сӯҳбат ворид шаванд.

-Бачаҳо! Ҳар рӯз ин калимаҳоро ман дар назди шумо чандин бор, хусусусан, дар дарс ба  забон мегирам ё худ шумо ин калимаҳоро борҳо дар ҷумлаҳои сохтаатон  истифода бурдаед. Аммо баъзан шакли  дигари ҳамин калимаҳоро  ҳам ман ё шумо дар нутқамон  ва ё  дар навиштаҳоямон  истифода мебарем, ки маънояшон  бо ин калимаҳо  якхелаву монанданд. Масалан,  шумо  нисбат ба сифатҳои модаратон  ба ҷуз калимаи меҳрубон  калимаҳои азиз, ғамхор, дилсӯзро истифода мекунед. (Ин калимаҳо низ  дар қатори калимаҳои меҳрубон  навишта машаванд). Чунончи, модари ғамхор, модари дилсӯз мегӯед, баъзан модари  мушфиқ ҳам мегӯянд. Чунон ки мебинем, дар ибораҳои мазкур  калимаҳои ғамхор, дилсӯз, мушфиқ,  ҳамчун сифатҳои модар, ба калимаи меҳрубон  ҳаммаъно ё худ якмаъно мебошанд. Канӣ, акнун шумо гӯед, мо дар  нутқамон ба ҷои калимаву таркибҳои муаллим, навиштан, ором шинед, ҳурмат кардан боз кадом калимаҳоро истифода мебарем? Канӣ,сар кардем…

Ин лаҳза хонандагон амалан  ба фаъолият шурӯъ  намуда, синонимҳои он калимаҳоро бо навбат  номбар кардан  мегиранду муаллим   онҳоро (синонимҳоро) пайиҳам дар қатори мувофиқи калимаҳои дар доска буда навиштан мегирад, ки дар  натиҷа чунин як гурӯҳҳои синонимии калимаҳо эҳё мешаванд, ки ин лаҳза шояд кӯмаки худи ӯ низ зарурат пайдо кунад:

 

  1. меҳрубон – ғамхор, дилсӯз, мушфиқ, инсондӯст;
  2. муаллим –омӯзгор, устод, тарбиятгар, мураббӣ;
  3. навиштан- иншо кардан, сабт намудан, китобат кардан;
  4. ором шинед- ҷим шинед, хап шинед, гӯш кунед, гап

назанед, халал нарасонед, ба хомӯшӣ риоя кунед;

  1. ҳурмат кардан- иззат кардан, эҳтиром намудан, пос

доштан; ва ғ.

 

Чунон ки таъкид шуд, ин ҷо на ҳамаи калимаҳои синонимӣ марбут ба калимаҳои пешакӣ дар доска сабтшуда аз тарафи хонандагон  номбар шудаанд. Масалан,  калимаҳои мушфиқ, инсондӯст, ҳамчун синоними меҳрубон; тарбиятгар, муррабӣ чун синоними муаллим; сабт намудан, китобат кардан марбут ба навиштан; халал нарасонед, ба хомӯши риоя кунед, доир ба ором шинед, ва пос доштан нисбат ба ҳурмат кардан, шояд, аз  тарафи муаллим номбар шуда бошанд,чунки хонандагони синфи V алҳол аз ӯҳдаи ба хотир оварда, номбар намудани он ҳама калимаҳои синонимӣ баромаданашон дар гумон аст. Вале  чизи муҳим он аст, ки онҳо дар маҷмӯъ аз як то  ду-се синоними калимаҳои дар тахтаи синф сабтшударо номбар карда  тавонистаанд. Инак,  муаллим дар қатори ҳар як  калима синонимҳои онро, ки аз тарафи  шогирдон  ва худаш номбар шуда буданд, навишта , ба шарҳи асли масъала – мафҳум (асли баромад), таърифи синонимҳо ва мавқеи онҳо дар нутқ мегузарад, ки мазмунан бояд чунин сурат бигирад: – Ҳоло шумо, дар ҳақиқат, аз ӯҳдаи супориши додашуда, асосан, баромадед. Яъне шумо ба ҷуз муаллим боз калимаҳои омӯзгор, устод, ман бошам, тарбиятгар, мураббиро; ба ҷойи навиштан иншо карданро, ба ҷойи ором шинед шумо таркибҳои хап шинед, гӯш кунед, гап назанедро; ба ҷойи ҳурмат кардан иззат кардан, эҳтиром намуданро номбар намудед, ки ҳамагӣ дурустанд, яъне ҳар гурӯҳи калимахои номбаркардаи шумо, дар ҳақиқат, бо ҳамин калимаҳои дар аввал навиштаамон, яъне бо калимаҳои муаллим, навиштан, ором шинед ва ҳурмат кардан ҳаммаъно ва ё якмаъно мебошанд. Чунин калимаҳоро, ки шаклашон гуногуну, вале маънояшон ба ҳам наздик ё худ монанданд, дар илми забоншиносӣ синоним меноманд. Синоним аз калимаи юнонӣ гирифта шуда,  ба забони тоҷикӣ айнан ҳамном тарҷума мешавад, ки аз он якхела, ҳаммаъно ё худ якмаъно будани калимаҳои таркиби овозиашон гуногун фаҳмида мешавад. Масалан, калимаҳои муаллим, омӯзгор, устод, тарбиятгар, мураббӣ –ро гирем. Тавре мебинем, тарзи навишт ва таркиби овозии чаҳор калимаи  баъдина гуногунанд, вале аз рӯйи умумият ва ё якхелагии маънояшон ба калимаи муаллим ҳаммаъноӣ пайдо намуда, як гурӯҳи калимаҳои синонимиро ташкил додаанд, ки дар байни онҳо барои мо бештар калимаи муаллим маъмул аст, яъне мо дар нутқамон бештар ҳамин калимаро истифода мекунем.

Баъдан муаллим дар бораи аҳамияти синонимҳо дар нутқ, ки онҳо натиҷаи боигарии таркиби луғавии забони тоҷикӣ ба шумор рафта, касро аз такрори фикр (калимаҳо) нигоҳ медоранд, сухан ронда, метавонад ба иҷрои машқу супоришҳои гуногун хонандагонро сафарбар намояд. Масалан: 1. Дар навбати аввал,  дар доска таблитсаеро иборат аз панҷ сутун тартиб дода, аз калимаҳои зерин: офтоб, рӯй,зебо, соф, фикр кардан дар ҳар сутун яктоашро навишта, таъкид менамояд, ки ба зери ҳар кадоме аз ин калимаҳо синонимҳояшро нависанд. Барои иҷрои ин супориш дар як вақт метавон 5 нафарро ба назди доска даъват намуд, дигарон мушоҳид мешаванд. Бо навбат хонандагони дигар ҳам ба  назди доска барои иҷрои супориш даъват карда мешаванд, то ки  онҳо ҳам, агар тавонанд, дар ин ё он сутун синоними калимаеро нависанд. Ниҳоят, бо баъзе кӯмакҳои муаллим таблитсаи (11) дар доска кашидаи ӯ мазмунан чунин шаклро доро хоҳад шуд:

Таблитсаи 11

 

офтоб рӯй зебо соф фикр кардан
хуршед,

меҳр,

ховар,

шед

афт,

андом,

башара,

ораз

хушрӯй,

нозанин,

соҳибҷамол

шаффоф,

беғубор,

мусаффо,

тоза

андеша кардан,

хаёл кардан,

мулоҳиза кардан

 

  1. Супориш дода мешавад, ки номи чанд предметро бо синонимаш нависанд, ки дар синф ба чашми ҳама менамояд ва ба мавҷудияти онҳо боварӣ ҳаст. Намуна: стол – миз; курта – пероҳан ва ғ.
  2. Матнро ё ягон матни машқи китоби дарсиро хонда, дар онҳо синоними баъзе калимаҳоро гуфтан ё ҳангоми навиштани матн онҳоро бо синонимашон иваз намудан.
  3. Доир ба ҳар як калимаи ба ин ё он гурӯҳи вожаҳои синонимӣ марбутбуда, масалан, доир ба калимаи муаллим ва гурӯҳи синонимии он –омӯзгор, устод, тарбиятгар, мураббӣ тартиб додани ҷумла. Чунин супориш барои вазифаи хонагӣ ҳам басо мақсаднок буда, аз хонандагон эҷодкориро талаб мекунад. Аммо дар хона онҳо на доир ба як гурӯҳи калимаҳои синонимӣ, балки доир ба ду-се гурӯҳи онҳо, масалан доир ба гурӯҳҳои синонимии калимаҳои хушрӯй, соф, фикр кардан ва амсоли инҳо ҷумлаҳо тартиб диҳанд.*

Умуман, чи тавре ки  методистон  таъкид  мекунанд, мақсад аз таълим додани синонимҳо, ки  ин масъала минбаъд ҳангоми омӯзиши ҳиссаҳои нутқ ва  дар мавридҳои мувофиқ, дар ҷараёни таълими  баъзе мавзӯъҳои синтаксисӣ ҳам ҳаллу фасл  мегардад, он аст, ки таркиби луғавии нутқи хонандагон то андозае бой гардад, то ки онҳо дар мавридҳои гуногун дар нутқи хаттиву шифоҳиашон аз силсилаи калимаҳои синонимӣ мувофиқтарашро  интихоб  намоянд, ҳини суханронӣ фикрашонро бе роҳ додан ба такрори бемавриди калима дақиқу ҷолиб баён карда тавонанд

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.