Антонимҳо

 

Таълими ин мавзӯъ нисбат  ба таълими мавзӯи «Омонимҳо» ва ҳатто дар муқоиса  ба таълими  мавзӯи «Синонимҳо»  на он қадар  душвор аст. Зеро дар  нутқи аксари хонандагон  нисбат ба синониму омонимҳо калимаҳои антонимӣ бештар мавриди истифода мебошанд.  Масалан,  мушоҳидаҳо собит менамояд, ки ҳар доим хонандагон дар нутқашон калимаҳои антонимии калон- хурд, пир – ҷавон, шаб-рӯз, дур-наздик, тобистон-зимистон, омад-наомад, хонд-нахонд, ширин-туруш, бомаза-бемаза, зебо-безеб, паст-баланд, боло-поин ва амсоли инҳо барин антонимҳоро кор мефармоянд.  Аз ин  рӯ, ҳангоми дарс кӯшиш ба он бояд дод, ки хонадагон аз ҷиҳати илмӣ ҳам ба моҳияти дар нутқ доштаи антонимҳо шиносоӣ пайдо кунанд. Аз ҷумла, доир ба истилоҳи калимаи антоним, асли баромад ва ё этимологияи ин калима, таърифи он, ҳамчун мафҳуми лексикии забон, ҳамчунин , дар бораи «воситаи асосии пуробуранг ва дилчасп ифода гардидани нутқ ва нишонаи боигарии таркиби луғавии забони модарӣ»[1] ба шумор рафтани  антонимҳо бояд  маълумоти қонеъкунанда гиранд. Ва бояд зикр намуд, ки ҳамин нуқтаҳои охир асоси мақсади таълими мавзӯи «Антонимҳо»-ро ташкил медиҳанд. Барои он ки ҳамин мақсади дар пеш гузошташуда ба амал бароварда шавад, дар оғози баёни мавзӯъ  ҷалб намудани диққати  хонандагон ба ибораҳои зерин, ки  дар як сутун  аз боло ба поён дар ватман сабт шудаанд, ҷалб карда мешавад:

себи ширин

либоси зимистона

роҳи дур

дарёи калон

ранги сиёҳ

фасли баҳор

хонаи равшан

одами раҳмдил

 

Бо намоиш дода шудани ибораҳои мазкур муаллим аз хонандагон  талаб мекунад, ки дар баробари ҳар яке аз ин ибораҳо танҳо бо иваз намудани калимаи дуюм ибораҳое тартиб диҳанд, ки аз рӯи мазмун ҳар яке аз онҳо (ибораҳо) бар акси ё худ бар хилофи ибораи аввал  бошанд. Масалан, ин тавр: ҳавлии васеъ – ҳавлии хурд; оби ифлос – оби тоза ва ғ. Албатта, пас аз  мушоҳидаи чунин амал, ки аз тарафи муаллим ба ҷо оварда  мешавад, бо боварӣ метавон гуфт, ки  аксари хонандагон  дар муқобили ибораҳои додашуда ибораҳоеро хоҳанд  навишт, ки дар  натиҷа ҷуфти ибораҳои зерин эҳё хоҳад шуд:

 

себи ширин – себи туруш

либоси зимистона – либоси тобистона

роҳи дур – роҳи наздик

ранги сиёҳ – ранги сафед

фасли баҳор – фасли тирамоҳ

хонаи равшан – хонаи торик

одами раҳмдил – одами бераҳм

 

Пас аз иҷрои супориши мазкур, ки натиҷааш аз ду-се нафар пурсида мешавад, муаллим боз ба хонандагон чунин муроҷиат мекунад: –  Акнун дар ҳар кадоми ин ибораҳо маҳз кадом калимаҳо боиси тағйир ёфтани мазмуни тарафайн гардидаанд. Калимаҳои  якум ё дуюм? Албатта , аз тарафи шогирдон чунин ҷавоб садо медиҳад:- Калимаҳои дуюм. Муаллим :-Бале, дуруст гуфтед. Биёед, акнун ҳар ҷуфти  онҳоро дар алоҳидагӣ менависем. Инак, дар  тахтаи синф ва ҳам дар дарфтарҳои хонандагон  дар ду сутун аз таркиби ибораҳои додашуда калимаҳои антонимии зерин навишта мешавад:

 

 

ширин –туруш

зимистон –тобистон

дур – наздик

баҳор – тирамоҳ

равшан –торик

раҳмдил – бераҳм

 

Ва ин лаҳза муаллим ба шарҳи асли мавзӯъ пардохта, бояд чунин нуқтаҳоро ба хонандагон пешкаш намояд:-Аслан, ин ҷуфти  калимаҳо аломатҳои гуногуни айнан як ё гурӯҳи предмет, ҳодиса ё воқеаҳоро нишон медиҳанд. Чунончи, себ аз рӯи таъм ду хел: ширин (себи ширин) ё туруш (себи туруш) мешавад. Яъне  калимаҳои  ширин ва туруш  ду аломати пурра аз ҳам фарқкунандаи предмет себро, яъне аломатеро, ки мазмунан дар муқобили аломати дигари ҳамон предмет мавҷуд аст, ифода мекунанд. Ё ки нисбат ба одамон аз ҷуфти калимаҳои доно-бефаҳм, давлатманд- камбағал, ҳунарманд-  беҳунар, дилсӯз-  бепарво ҳама вақт якеашонро истифода мекунанд, ки маҳз ҳамон вожа ифодакунандаи хосияту хислати онҳост. Ба таври дигар гӯем, бештар бо ҷуфти ин калимаҳо ду шахс муқоиса карда мешаванд, ки яке дорои як аломату хислат асту дуввумин дорои аломату хислати дигар. Чунончи, одами доно-одами бефаҳм; одами дилсӯз-одами бепарво; одами ҳунарманд-одами беҳунар ва ғ. Ва  ана ҳамин гуна калимаҳоро, ки хислату аломатҳои ба ҳам зид ё худ муқобили предмет ва воқеаву ҳодисаҳоро ифода мекунанд, дар илми забоншиносӣ  антонимҳо  меноманд. Антоним калимаи юнонӣ буда, таркибан аз ду реша: анти-зид ва онима-ном[2] иборат аст.  Аз ин рӯ, дар забони тоҷикӣ антонимро ин тавр таъриф мекунанд: Калимаҳои  зидмаъно ё худ муқобилмаъноро антоним меноманд. Аз ҷумла, ҷуфти калимаҳои ширин – туруш, дур – наздик, сиёҳ – сафед, зимистон – тобистон, баҳор – тирамоҳ, равшан – торик, раҳмдил – бераҳм ва амсоли инҳоро калимаҳои антонимӣ меноманд, ки ҳар ҷузъи ҷуфти ин калимаҳо ба аломати предмет, воқеа ё ҳодисае ишора мекунанд, ки он аломат айнан ба ҳамон як предмет, воқеа ё ҳодисаи дигар хос нест.

Ҳамчунин, дар идомаи шарҳи муаллим хонандагон бояд фаҳманд, ки  антонимҳо чун калимаҳои синонимӣ барои барҷаставу образнок нишон додани аломатҳои предмету воқеа ва ҳодисаҳо, хислатҳои гуногуни ба ҳам зидди образу персонажҳо хизмат мекунанд. Вале як бартарии антонимҳо аз синонимҳо дар ин аст, ки онҳо (антонимҳо) дар зарбулмасалу мақолҳо ва чистонҳо ҳамчун як воситаи мӯъҷазу ҷаззоб ифода намудани предмет ё худ аломати он ҳам истифода мешаванд. Чунончи: а) Дар чистонҳо: Аз саг паст,  аз асп баланд(зин); Он чист. ки як рӯяш сиёҳу рӯи дигараш сафед (шабу рӯз);б) Дар зарбулмасалу мақолҳо: Пур дону кам гӯй. Поёни шаби сиёҳ сафед аст. Шикамсер кай парвои гурусна дорад.[3]

Ҳангоми мустаҳкамкунии мавзӯи «Антонимҳо», ба ҷуз он ки таъриф, этимология ва аҳамияти антонимҳо дар нутқу асарҳои бадеӣ аз шогирдон пурсида мешавад, ҳамзамон, аз онҳо ба ҷо овардани талаби як силсила машқҳоро, масалан номбар намудани антоними чанд калимае (чунончи, антоними калимаҳои духтар, саҳар, гарм, хурсанд, гирён, омадан, бисёр, қафонокӣ ва ғ.), ки аз тарафи муаллим номбар карда мешавад; дар матнҳои гуногун – порчаҳои насриву шеърӣ муайян намуда, шарҳ додани антонимҳо; аз худ тартиб додани ҷумлаҳое, ки дорои калимаҳои  антонимӣ бошанд;  дар мисолҳо (ҷумлаҳо) фикран муқаррар намудани он, ки кадом калимаҳо  антоним дошта метавонанд ва шарҳи шифоҳии онҳо. Масалан, чунин ҷумла дода шудааст: Дар баҳор оби ҷӯйҳо бисёр мешавад. Талабагон шарҳ медиҳанд:-Дар ин ҷумла калимаҳои баҳор, об, ҷӯйҳо, бисёр дорои антонимҳои худ мебошанд. Чунончи, антоними баҳор –тирамоҳ, об-ях, ҷӯйҳо – дарёҳо ва антоними бисёр калимаи  кам мебошад.

Умуман, ҳар машқу супорише, ки  дар лаҳзаи мустаҳ-камкунӣ ва пурсиши вазифаи хонагӣ  марбут ба санҷишу мустаҳкамкунии дониши хонандагон ба иҷро расонида мешавад, бояд дорои мақсади амиқе буда, боиси ғанӣ гардидани захираи луғавии нутқ ва ҷаҳонбинии илмии хонандагон шуда тавонад

test

Добавить комментарий