Омӯхтани таърифу қоидаҳои грамматикӣ

 

Чунон ки маълум аст, ҳар як мафҳум ё ҳодисаи забон (фонетикӣ, лексикӣ, грамматикӣ), дар мадди аввал, бо шарҳу тавзеҳи мисолҳои барҷаста ва ҳатман бо баровардан ё худ гуфтани таърифу қоидаҳои мантиқан мувофиқ баррасиву ҷамъбаст карда мешавад. Аз ин ваҷҳ, амали мазкур – дар алоқамандӣ бо таърифу қоидаҳои грамматикӣ маънидод намудани мафҳумҳо (истилоҳот)-и забон ва мисолҳои марбут ба он мафҳумҳоро бе ягон иштибоҳ метавон яке аз принсипҳои доимоамалкунанда дар таълими забони модарӣ номид. Ба ифодаи дигар, таърифу қоидаҳо дар ҷараёни таълими ҳар як мавзӯи нав қисмати аз ҳама муҳимтарин ба шумор рафта,[1] маҳз ба тавассути онҳо маънову вазифаи мафҳумҳои забоншиносӣ доир ба грамматика, фонетика, лексика ва ғ. вазеҳу мушаххастар шарҳ дода мешаванд: омӯхтани таърифу қоидаҳо яке аз усулҳои ташаккулёбии донишҳои забоншиносӣ дар хонандагон маҳсуб меёбад. Онҳо – таърифу қоидаҳо дар ҳар дарси  додани дониши нав дар қатори масъалаҳои назариявии ҳар як мавзӯи таркибии ҳар як фасли, масалан, грамматика хулосаҳои басо умумианд, ки онҳо (таърифу қоидаҳо) дар  интиҳои баёни ҳар як мавзӯъ аз тарафи муаллим, вале зимни мушоҳида ва шарҳи мисолҳо баъзан ба таври тахминӣ (бе қироат кардани параграфи дахлдори китоб) аз тарафи хонандагони лаёқатманд гуфта мешаванд. Ва тазаккур бояд дод, ки ба сабаби дар мактаб таълим дода шудани, асосан, масъалаҳои меъёрӣ (нормативӣ)-и назарияи забоншиносӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ доир ба кулли мавзӯъҳои баррасишаванда ҳамеша баён ва шарҳу эзоҳи таърифу қоидаҳо дар маддӣ аввал меистад. Яъне дар мактаб омӯхтани таърифу қоидаҳои грамматикӣ, имлоӣ (орфография) ва китобат (пунктуатсия), лексикӣ ва фонетикӣ масъалаи муҳими қисми назариявии таълими забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар як муаллими забонро лозим аст, ки худ на танҳо ба мафҳумҳои таъриф чист?-у қоида чист? саҳеҳ сарфаҳм равад, балки фарқияти онҳоро ҳам дақиқ донаду тасаввур намояд.

Бояд донист, ки грамматика (аз ҷумла, мафҳумҳои марбути фонетика ва лексика) дар асоси таърифҳо тартиб дода мешавад. Аммо дурустнависӣ ва мавридҳои истифодаи ин ё он аломати китобат қоидаҳо доранд. Бинобар ин, таърифро аз қоида бояд фарқ кард. Чунончи, мо таърифи исм, таърифи сифат, таърифи феъл, таърифи мубтадо, таърифи ҷумла (ва ё дар ҷараёни таълими фонетика таърифи овоз, таърифи ҳарф, таърифи садонок, таърифи ҳамсадо, таърифи ҳиҷо ё зада, ё худ дар рафти таълими масълаҳои калима -лексика таърифи калима, таърифи синоним, таърифи омоним ва ғ.) мегӯем, вале бо ҳарфи калон навиштани исмҳои хос, мавриди бо шумораҳо ҳамроҳ шудани суффиксҳои -ум ва – юм, ба исмҳо пайваст шудани суффиксҳои ҷамъбандии -ҳо, -он (-гон, – ён, – вон), мавридҳои истифодаи аломатҳои дар дохили ҷумла истифодашаванда -вергул, ду нуқта (баён), тире ва ғ. қоидаҳо доранд.

Чунон ки таъкид намудем, ҳама гуна таърифу қоидаҳои чи марбути мафҳумҳои грамматикӣ ва чи ба имлову аломатҳои китобат дахлдошта хулосаҳои басо умумикардашуда (масалан, исм номида шудани ҳамаи калимаҳои ифодакунандаи мафҳуми предмет, феъл номида шудани ҳамаи калимаҳои ифодакунандаи амалу ҳолату ҳаракат ё худ бо вергул ҷудо карда шудани тамоми мухотаб ва калимаву ибораҳои туфайлии ҷумла ва ғ.) буда, омӯхтани онҳо барои инкишофи тафаккури хонандагон  аҳамияти калон доранд. Бинобар ин, таърифу қоидаҳоро бояд талабагон бошуурона фаҳмида аз худ кунанд, дар хотир мустаҳкам нигоҳ доранд, дар мавриди зарурӣ ба тезӣ ва мувофиқи мақсад дар амал дар нутқи шифоҳӣ ва  муҳимтараш, дар нутқи хаттии худ татбиқ карда тавонанд.

Дар ҷараёни таълими таърифу қоидаҳо хонандагонро ба сохту таркиби таърифу қоидаҳо ҳам шинос намудан лозим аст. Аз ҷумла, хонандагон бояд донанд, ки таърифҳои грамматикӣ, одатан, ҳар кадом аз се қисм – умумӣ, асосӣ  ва  хусусӣ иборатанд. Масалан, таърифи шумора дар китобҳои дарсии солҳои пеш ин тавр дода мешуд: «Он ҳиссаи нутқ, ки адад, миқдори предметҳо ва дар вақти шумурдан тартиби онҳоро нишон медиҳад, шумора номида мешавад».[2] Дар ин таъриф ифодаи «Он ҳиссаи нутқ»-  қисми умумӣ, «адад, миқдори предметҳо ва дар вақти шумурдан тартиби онҳоро нишон медиҳад»- қисми асосӣ  ва  «шумора номида мешавад» қисми хусусӣ  ном дорад.

Вале лозим аст, ки ҳангоми таълим диққати хонандагон бештар ба  қисмати асосии таърифи  грамматикӣ ҷалб карда шавад. Зеро махсусият ва қисмати хусусии таърифро дақиқ дарк намудани хонандагон танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки агар ба онҳо дар заминаи мисолҳои мушаххас қисмати асосии таъриф дуруст шарҳ дода шуда бошад. Аз ин ҷиҳат, барои он ки хонандагон моҳияти қисми асосии таърифи шумораро фаҳманд, барои ададу миқдори предметро фаҳмондани шумора ва дар вақти шумурдан тартиби предметҳоро нишон додани он мисолҳои мувофиқ оварда шуда, бояд ба воситаи саволҳои шумора (чанд?, чӣ қадар?, чандто?, чандум?) он мисолҳо маънидод карда шаванд, то ки қисмати хусусии таъриф низ -мафҳуми шумора номида мешавад,  ба хонандагон дастрас гардад. Ва ҳамин тавр, агар хонандагон ба сохти як-ду таъриф шинос карда шаванд, минбаъд сохти таърифҳои дигарро ҳам бо роҳи қиёс муайян карда метавонистагӣ хоҳанд шуд.

Вале бояд ба назар гирифт, ки дар китобҳои дарсии забони тоҷикии солҳои охир қисматҳои таърифҳои грамматикӣ бо андаке дигаргунӣ пешниҳод шудаанд. Масалан, таърифи феъл ба таври зайл пешниҳод шудааст: «Феъл ҳиссаи нутқест, ки амал  ва ҳолати предметро ифода карда, ба саволҳои чӣ кор кард?, чӣ кор мекунад?, чӣ мешавад? ҷавоб мешавад».[3]

Чунон ки мебинем, дар таърифи мазкур, аввал, қисмати хусусӣ -феъл,  баъд қисмати умумии таъриф-ҳиссаи нутқест  ва дар охир, қисмати асосии он-амал ва ҳолати предметро ифода карда,  ки ба он хусусияти дигари феъл, яъне ба кадом саволҳо ҳам ҷавоб шуданаш илова гардидааст, ҷой дода шудааст. Ин усули пешниҳоди таърифҳо низ қобили қабул буда, вале муаллимро зарур аст, ки дар муайян намудани қисматҳо (умумӣ, асосӣ ва хусусӣ)-и чунин навъи таърифҳо ҳам моҳир бошаду ҳам ба хонандагон  бе душворӣ шарҳ дода тавонад.

Бар хилофи таърифҳои грамматикӣ қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат ҳар кадом иборат аз ду қисмат мешаванд: а) шарти қоида  ва б) меъёр (норма)-и қоида. Масалан, қоидаи кор фармудани аломати       дунуқта (:) дар ҷумлаҳои чидааъзоро гирем: «Агар калимаи хулосакунанда пеш аз аъзоҳои чида омада бошад, пас аз он дунуқта гузошта мешавад».[4]

Дар ин қоида қисмати аввал- «Агар калимаи хулосакунанда пеш аз аъзоҳои чида омада бошад»- шарти қоидаи  мазкур буда, қисмати дуюм -«пас аз он дунуқта гузошта мешавад» -меъёр  ё худ нормаи он маҳсуб меёбад. Дар ин бобат, яъне дар хусуси маънидоди қисматҳои қоида, талаб карда мешавад, ки ба хонандагон шарти он (қоида) бо овардани мисолҳои мувофиқ фаҳмонда шавад, то ки ба меъёри он риоя карданро шуурона аз бар намоянд.

Ҳаминро ҳам бояд ба назар гирифт, ки дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ баъзан шарти қоида ва меъёри онро аз ҳам махсус ҷудо накарда, асосан, дар шакли ҷумлаи соддаи хабарӣ пешниҳод мекунанд. Чунончи: «Дар охири ҷумлаи саволӣ аломати савол гузошта мешавад». «Дар охири ҷумлаи хабарӣ аломати нуқта гузошта мешавад».[5] Дар асл, бояд оғози қоидаҳо бо калима – пайвандаки шартии агар гуфта (навишта) шаванд. Масалан: Агар ҷумла саволӣ бошад, дар охири он аломати савол гузошта мешавад; Агар ҷумла хабарӣ бошад, дар охири он аломати нуқта гузошта мешавад;  ва ғ.

Чунон ки таъкид гардида буд, гуфта шудан ё худ баровардани хулосаҳо -таърифу қоидаҳо ҷанбаи аз ҳама муҳими дарси додани дониши нав маҳсуб меёбад. Вале чунон, ки дар адабиёти методӣ таъкид мешавад, ки агар зимни саволу ҷавобҳо ва муоинаи мисолҳои таҳлилшуда худи хонандагон аз мазмуни умумии шарҳу эзоҳдиҳии муаллим доир ба айни ҳамон як мавзӯи дарс хулосаҳои пешакӣ (шояд тахминӣ ҳам бошад) бароваранд, яъне таъриф ва қоидаи «сохта»-и худро гуфта,баъдан онҳоро бо таърифу қоидаҳои дар китоби дарсӣ додашуда муқоиса намоянд, басо мувофиқи мақсад мебуд.[6]

Дар ҷараёни омӯхтани таърифу қоидаҳо, дар баробари он ки хонандагон ба сохту таркиби онҳо, яъне таърифу қоидаҳо, шинос карда мешаванд, бояд боз нуктаҳои зерин ҳам дар мадди назар бошанд:

  1. Тайёрии аҳли синф ба фаҳмидани таърифу қоидаҳо, ки он масъалаҳои зеринро фаро мегирад; а) таъин намудани алоқаи ин таъриф ё қоида бо дониши пештар гирифтаи хонандагон; б) маънидоди истилоҳот (терминҳо) – е ки дар таркиби он таърифу қоидаҳо мавҷуданд; в) санҷидани он, ки хонандагон маънои грамматикии ин истилоҳро чӣ хел фаҳмидаанд. Масалан, ҳангоми шарҳи таърифи исм талабагон бо ду истилоҳ – исм ва предмет шиносоӣ пайдо мекунанд. Дар ин бобат, гарчи ба хонандагони синфи V маънову мафҳуми исм аз таърифи он фаҳмо гардад ҳам, аммо предметро аксари онҳо  ба маънои чизу ашё мефаҳманд. Аз ин рӯ, онҳо  фикр, ақл, дониш, интизом, ғайрат, гармӣ, далерӣ  барин калимаҳоро предмет намешуморанд. Ҳатто «Исм ба саволҳои кӣ? ва чӣ? ҷавоб мешавад» гуфта шавад ҳам, онҳо танҳо ашёҳоро предмет мепиндоранд. Бинобар ин, лозим аст, ки ҳангоми шарҳи таърифи исм дар қатори мисолҳои  овардашуда ҳам исмҳои моддӣ (санг, кӯҳ, дарахт, муаллим, падар, талаба) бошаду ҳам исмҳои маънӣ (кӯшиш, илм, меҳнат, меҳру шафқат, фикру хаёл ва ғ.). Яъне ба шогирдон таъкид кардан  лозим аст, ки сангу кӯҳу дарахт ҳам  предмет  асту,  кӯшишу илму меҳнат ҳам. Ниҳоят, онҳо аз шарҳу таъкиди муаллим дақиқ дарк кунанд, ки дар илми грамматика ҳар он калимаеро, ки ба саволи кӣ? ё чӣ? ҷавоб мешавад, предмет  меноманд.
  2. Хонандагонро ба сохту таркиби таърифу қоидаҳо шинос намудан аст, ки дар фавқ ин масъала шарҳ дода шуд. Илова бар ин, бояд донист, ки агар таъриф ё қоида дар китоби дарсӣ дақиқу мухтасар ҳамчун қонун дода шуда бошад, хонандагон бояд онро аз ёд намоянд. Вале агар ҳаҷми он калонтар буда, характери тасвирӣ (муфассал шарҳ додашуда) дошта бошад, хонанда мазмуни онро, яъне хусусиятҳои он таърифу қоидаро, бо забони худ озодона ва албатта, бо тартиби муайян маънидод кунад, кифоя аст. Масалан, аз ёд намудани таърифи реша, суффикс ва префикс, ҳиссаҳои нутқ, аъзоҳои ҷумла ва ғ. шарт аст. Аммо маънидоди калимаҳои маъмул ва номаъмул, калима, ибора ва ҷумлаҳои туфайлӣ, ҷумлаи мураккаби тобеи сертаркиб барин масъалаҳо дар китобҳои дарсӣ дар шакли тасвирӣ баррасӣ шудаанд, ки маводи ин гуна параграфҳоро айнан аз ёд кардани хонандагон шарт набуда, танҳо мазмуни онҳоро бо забони худ гуфта диҳанд, кифоя аст.

3. Дар амал – бо иҷрои машқу корҳои эҷодӣ, умуман, дар нутқи даҳониву хаттӣ татбиқ намудани он таърифу қоидаҳост. Яъне шарти донистани он таърифу қоидаҳо ин аст, ки бояд хонандагон онҳоро ҳангоми тартиб додан ва навишти калимаву ибора ва ҷумлаву матн амалан татбиқ карда тавонанд. Масалан, ҳамин, ки хонанда ҳангоми пурсиш таъриф ё қоидаеро гуфт, бояд аз худ мисоле гӯяд ё мисоли муаллим пешниҳод кардагиро маънидод карда тавонад. Агар хонанда таъриф ё қоидаро гӯяду мисол оварда натавонад, маълум мешавад, ки ӯ таърифу қоидаро нафаҳмида, аз ёд кардаасту халос.[7] Аз ин лиҳоз, бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки хонандагон дар ҷараёни таълими ҳар як мавзӯи дарси додани дониши нав таърифу қоидаҳои грамматикӣ (аз ҷумла, таърифу қоидаҳои марбути фонетика ва боби «Лексика»)-ро фаҳмидаву бошуурона аз худ намоянд. Зеро чунон ки акад. А.В. Текучев таъкид намудааст: «Бо қатъиян донистани таърифу қоидаҳо хонандагон «дорои донишҳои мустаҳками грамматикӣ шуда наметавонанд»

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.