Главная / Фанни Мтодикаи таълими забони Точики / МЕТОДИКАИ  ТАЪЛИМИ  СИНТАКСИС

МЕТОДИКАИ  ТАЪЛИМИ  СИНТАКСИС

 

Синтаксис, ҳамчун қисмати дуюми грамматика, сараввал, таълимот дар бораи ҷумла аст, ки ин воҳиди забон, яъне ҷумла, дар ҷараёни нутқ воситаи асосӣ ва хурдтарин робитаи  (алоқаи) байни одамон ба шумор меравад[1]. Дар баробари ин, синтаксис илмест, ки дар он, ба ҷуз ҷумла, аз охирҳои солҳои 60-ум ва ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ хусусиятҳои гуногуни ибора низ (дар забоншиносии тоҷик) мавриди омӯзиш қарор дорад[2]. Бинобар ҳамин ҳам, дар барнома ва китобҳои дарсии синтаксиси забони тоҷикии мактабӣ дар муқоиса бо таълими, умуман, ҷумла (ҷумлаҳои содда ва мураккаб, алоқаи калимаҳо дар ҷумла, таълими сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумла) ба масъалаи таълими ибора низ эътибори зарурӣ дода шудааст. Ва аз ҳамин лиҳоз, мегӯянд: «Синтаксис илмест, ки ибора ва ҷумларо меомӯзад».

Бояд гуфт, ки вобаста бо фарогирии масъалаҳои фавқ зимни мақсади асосии синтаксис дар мактаб, ки он ба мақсади таълими морфология шабоҳат дорад, ду нукта: а) инкишоф додани мустақилияти тафаккури абстрактии хонандагон ва  б) дар онҳо  тарбия намудани нутқи шифоҳиву хаттии бошуурона ва мавзуну дуруст дар мадди назар аст. Барои ноил шудан ба мақсадҳои мазкур лозим аст, ки:

  1. Дар хонандагон доир ба қоидаҳои асосии алоқаи калимаҳо дар ҷумла ва ҳам алоқаи байниҳамдигарии ҷумлаҳо тасаввурот ва ё фаҳмиши дақиқу мустаҳкам тарбия карда шавад, ки амалӣ шудани ин нукта ба маҳорати муаллим ва маводи китоби дарсӣ алоқаи зич дорад.
  2. Шарҳ додани муносибатҳои маъноии қисматҳо (калима, таркиб ва ибораҳо)-и таркибии ҷумлаҳои содда ва ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб, ки ба ин нуқта, асосан, ба тавассути гузаронидани хелҳои гуногуни таҳлили грамматикӣ ноил шудан мумкин аст.
  3. Дар хонандагон бошуурона фаҳмидан ва истифода карда тавонистани хелҳои гуногуни алоқаи синтаксии калимаҳо чи дар нутқи шифоҳӣ ва чи дар нутқи хаттиашон (ҳамзамон дар нутқи хаттӣ ба маврид кор фармудани аломатҳои китобат) тарбия карда шавад, ки ба ин иҷрои талаби машқҳои гуногун ва супоришҳое, ки аз тарафи хонандагон вобаста ба қоидаҳои омӯхташуда мустақилона (аз худ тартиб додани ҷумлаҳо ва матнҳои гуногун) ба субут мерасонанд, мусоидат хоҳад кард[3].

Хуллас, мақсади ниҳоии таълими синтаксис дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ иборат аз он аст, ки  бояд хонандагон на фақат донишҳои марбут ба қонунҳои синтаксисиро аз бар намоянд, ҳамчунин, онҳоро дар нутқи мустақилонаи худ ӯҳдабароёна истифода карда метавонистагӣ шаванд.

Бояд ёдовар шавем, ки таълими системаноки курси синтаксис, ки дар синфҳои VІІІ-IX баррасӣ мешавад, асосан, идомаи курси муқаддимавии «Синтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат» аст, ки он ба хонандагон дар синфи V дар ҳаҷми 14 соат таълим дода шудааст. Ба ҷуз ин, доир ба ҷумла ва сараъзоҳои ҷумла ба хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ҳам пешакӣ  баъзе маълумотҳои назариявию амалӣ дода шудааст. Аз ин ваҷҳ, вазифа ва мақсади дигари таълими системаноки синтаксиси забони тоҷикӣ дар синфи  VІІІ ва баъдан,  дар синфи ІX ин аст, ки ҳамон донишу малакаи муқаддимавии пешинаи  хонандагон мустаҳкамтар ва илова бар ин, он донишҳо дар заминаи такя намудан ба равияи ҷиддии тадқиқоти масъалаҳои забоншиносӣ, ки аз оғози солҳои 60-уми асри ХХ то ба имрӯз ба номи равияи сохторию маъноӣ (структурно –семантический) маъмулу эътирофшуда маҳсуб меёбад, бо маълумотҳои нав такмилу инкишоф дода шаванд.

 

  • 58. Ибора

 

Омӯзиши курси системаноки синтаксис дар синфи  VІІІ чун дар синфи V, ки дар ин синф курси муқаддимавии он («Синтаксис ва аломатҳои китобат») баррасӣ гардида буд, низ бо таълими ибора оғоз  меёбад. Аз ин лиҳоз, асоси муваффақиятҳо дар машғулиятҳои курси мазкури мактабӣ, пеш аз ҳама, дар ҷараёни омӯзиши курси синтаксиси ҷумлаҳои содда ба натиҷаҳои самараноки таълими ибора иртибот дорад. Ва аҳамияту мақоми таълими ибораро дар синфи  VІІІ дарк карда, набояд фаромӯш кард, ки хонандагон ҳанӯз аз давраи таълими курси мақаддимавии синтаксис дар синфи V  доир ба ибора, аз ҷумла доир ба мафҳуми ибора, фарқи ибора аз калима, ҷузъҳои ибора (ҷузъи асосӣ ва тобеъ) – калимаи тобеъкунанда ва тобеъшаванда дар он, тариқи саволгузорӣ муайян намудани ҷузъҳои ибора ва ниҳоят, роҷеъ ба воситаҳои грамматикии алоқаи ҷузъҳои ибора (ҳамчунин, дар бораи дуҷузъа ва бисёрҷузъа шуда тавонистани ибора) маълумот гирифтаанд[4]. Ва ҳамин маълумоти аз таълими курси  муқаддимавии синтаксис доир ба ибора гирифтаи хонандагон, албатта, зимни омӯзиши курси системаноки морфология дар синфҳои V-VІ-VІІ баъзан бо роҳи махсусан ёдоваршавӣ (гузориши саволҳо) ва гоҳе дар ҷараёни таҳлили ҷумлаҳо марбут ба ин ё он ҳиссаи нутқ мавриди такрор сурат мегирад, ки ин яке аз талаботҳои барномаи таълим ва ҳам яке аз принсипҳои умумидидактикии таълими забони модарӣ (принсипи дар алоқамандӣ таълим додани қисматҳои гуногуни забон) маҳсуб меёбад. Барои ҳамин ҳам, лозим аст, ки дар синфи VІІІ ҳамон маълумоти доир ба ибора гирифташуда дар хонандагон боз бо роҳи шарҳи масъалаҳои дигари марбут ба он: а) фарқи ибора аз таркиб ва ҷумла; б) алоқаи  калимаҳо дар ибора (изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ)*;  в) маънои луғавию грамматикии ибора*; г) хелҳои асосии ибора аз рӯи маъно вобаста ба тарзи ифодаи ҷузъи асосиаш (асосан, дар бораи ибораҳои исмӣ ва феълӣ) инкишоф дода мешавад. Ба замми ин, таърифи ибора (таърифи нисбатан муфассалу мураккабтари он) баррасӣ гардида, бо усули сӯҳбат доир ба фарқи ибора аз калима маълумоти васеътар дода хоҳад шуд, ки доир ба ин масъала хонандагон ҳанӯз аз синфи  V каме маълумот гирифтаанд. Аз ин хотир, баёни мавзӯи дарси аввалро («Ибора») бо истифода аз методи сӯҳбати донишдиҳанда ташкил намудан мувофиқи мақсад аст. Пас, дар ин бобат бо мақсади санҷидани донишу малакаи  пешинаи хонандагон, ки аз синфи V гирифтаанд, бояд бо чунин саволу супоришҳо муроҷиат карда шавад:

  1. Ибора чист? 2. Доир ба ибора чӣ медонед? 3. Асосан, ҳар кадом ибора аз чанд ҷузъ ё калима ташкил меёбад? Он ҷузъҳо чӣ ном доранд? 4. Ибора аз калима чӣ фарқ дорад? 5. Ҷузъҳои ибора бо кадом воситаҳо ба ҳам алоқаманд мешаванд? 6. Хели алоқаи ҷузъҳо дар ибора чӣ ном дорад? Алоқаи тобеъ ё пайваст? 7. Доир ба ибора аз худ мисолҳо оваред? 8. Муайян кунед, ки дар ибораҳои зерин ҷузъҳо чӣ тавр (ба воситаи чӣ) ба ҳам алоқаманд гардидаанд: китоби талаба, муаллими ҷавони мактаб, беҳтарин коргари заводи хишт, мактуб навиштан, ба кӯҳ баромадан, баланд гап задан, касеро пурсидан.

Инчунин, вобаста ба супориши охир мумкин аст, боз чунин талаб гузошт, то ки хонандагон ба тавассути саволгузорӣ ҷузъи тобеъкунанда ва тобеъшавандаи ибораҳои мазкурро муайян карда, аз рӯи миқдори ҷузъҳояшон он ибораҳоро ба гурӯҳи дуҷузъа (дукалимагӣ) ва бисёрҷузъа ҷудо намоянд.

Инак, пас аз ҳалли чунин саволу супоришҳо, ки баъзан кӯмаки муаллим ҳам зарурат пайдо мекунад, лозим аст, ки муаллим ҷавобҳои хонандагонро қасдан муфассалтар ҷамъбаст карда, сонӣ диққати онҳоро ба аз худ намудани маълумотҳои нав доир ба ибора ҷалб намояд.

Бояд таъкид намуд, ки такрори мавод  ва ҷамъбасти муфассали донишҳои хонандагон доир ба ибора аҳамияти калони амалӣ дорад. Ин, аз як тараф, имкон медиҳад, ки боварии аҳли  синф ба дониши худ қавитар шавад ва аз тарафи дигар, чунин эзоҳи муфассал барои ҳамон хонандагоне ҳам зарур аст, ки дар муддати  зиёда аз дуним сол тасаввуроташон дар бораи ибора суст шудаасту бе барқарор кардани он аз худ кардани масъалаҳои нави назарияи ибора барояшон душвор хоҳад шуд. Аз ҷумла, чунин таъкидҳои муаллим басо ба мавриду нишонрас хоҳад буд: Шумо ҳоло, асосан, донишҳои дар синфи V доир ба ибора гирифтаатонро марбут ба  саволу супоришҳои додашуда ба хотир оварда, маро қаноатманд намудед. Дар ҷавобҳоятон дуруст қайд кардед, ки ибора, пеш аз ҳама, аз ду калимаи маънодор ташкил ёфта, аз рӯи маънои луғавиаш  чун калима предмет, аломат ва амалро ифода намояд ҳам, аммо ин мафҳумҳоро нисбат ба калима дақиқтару равшантар намоиш медиҳад. Масалан, мо калимаҳои ҷудогонаро, аз қабили дарахт, баланд, навиштан номбар намуда, танҳо дар бораи предмет (дарахт), аломат (баланд) ва амал (навиштан) тасаввурот пайдо мекунему бас. Лекин дар алоҳидагӣ аз калимаҳои мазкур дар бораи чӣ гуна будани он дарахт, аломату амали чӣ будани мафҳумҳои баланду навиштан ба фикри қатъӣ омада наметавонем. Чунки ин калимаҳо ҳар кадом маъноеро хеле умумӣ ифода намудаанд. Аммо ин калимаҳо ба худ эзоҳдиҳанда қабул карда, дар шакли дарахти себ, ниҳоят баланд, мактуб навиштан қолаби ибораро ташкил диҳанд, он гоҳ тасаввуроти мо дар бораи мафҳумҳои мазкур дақиқу равшантар мегардад. Яъне чӣ ном доштани предмет (дарахт), чӣ гуна будани дараҷаи аломат (баланд) ва навъи амал (навиштан) аниқ мешавад, ки ин калимаҳо дар танҳоӣ дорои чунин хусусиятҳо шуда наметавонанд. Пас, хулосаи мо дар бораи фарқи ибора аз калима чунин мешавад: Ибораҳо бар хилофи калимаҳо мафҳумҳоро дақиқу равшантар ифода мекунанд.

Ба ҷуз ин, муаллим таъкид мекунад, ки хонандагон аз ӯҳдаи  муайян намудани ҷузъҳои ибора, яъне калимаи тобеъкунанда ва тобеъшаванда дар он, миқдори ҷузъҳо дар ибора (ибораҳои дуҷузъа: китоби талаба, мактуб навиштан; ибораҳои бисёрҷузъа: муаллими ҷавони мактаб, беҳтарин коргари заводи хишт) дуруст баромадаанд. Хусусан, ду роҳи муайян намудани ҷузъҳои ибора- яке бо усули саволдиҳӣ, дигаре аз рӯи воситаҳои алоқаи ҷузъҳо (бандаки изофӣ, пешоянду пасоянд ва интонатсия) дар  хотирашон хуб нигоҳ дошта шудааст. Яъне онҳо медонанд, ки  ҳангоми бори аввал ба ибора савол гузоштан ҷузъи тобеъкунанда ва бори дуввум савол додан ҷузъи тобеъшавандаи он муайян карда мешавад. Масалан, ба ибораи одами омадагӣ чунин саволҳо дода мешавад: – Кадом одам? – Одами омадагӣ. Омадагӣ калимаи тобеъшаванда аст. –Кӣ омадагӣ? –Одам. Одам- калимаи тобеъкунанда аст. Яъне дар ибораи мазкур – одами омадагӣ- калимаи омадагӣ  чӣ гуна будани калимаи одамро, ҳамчун тобеъшаванда, эзоҳ додааст. Дигар ин, ки дар ибораи мазкур ҷузъҳо ба воситаи бандаки изофӣ (-и) алоқаманд шудаанд. Мо дар ин бобат гуфта будем, ки агар дар ибора ҷузъҳо бо бандаки изофӣ алоқаманд шаванд, дар ин ҳолат ҷузъи асосӣ ҳамеша изофатро ба худ қабул намуда, пеш аз ҷузъи тобеъ (одами омадагӣ) меояд.

Ҳамин тавр, дар ибораи одами омадагӣ ҷузъи асосии калимаи  одам  ва тобеъкунанда калимаи омадагӣ буда, алоқаи он ба ҷузъи тобеъ ба воситаи бандаки изофӣ сурат гирифтааст.

Муаллим ҷавобҳои хонандагонро ҷамъбаст намуда, дар охир таъкид мекунад, ки  акнун аз имрӯз сар карда ба онҳо дар бораи хусусиятҳои дигари ибора маълумот дода мешавад. Аз ҷумла, дар ҳамин дарс онҳо бо таърифи дигар, вале дақиқтари ибора шиносоӣ пайдо намуда, ба ҷуз он ки дар бораи фарқи ибора аз калима (дар синфи V) дониш гирифтаанд, ҳамчунин, бо истифода аз усули муқоиса ба онҳо дар бораи фарқи ибора аз таркиб ва ҷумла, дар бораи хелҳои алоқа дар ибора, ки бо номи алоқаи изофӣ, вобастагӣ ва  ҳамроҳӣ эътироф шудаанд, он маълумот дода шуда, ҳамчунин, дониши аз синфи V доир ба маънои луғавӣ ва  грамматикии ибора  гирифтаи онҳо зимни мисолҳои барҷаста боз ҳам такмил дода хоҳад шуд.

Инак, пас аз таъкиди мақсади таълими ибора дар синфи VІІІ пеш аз шарҳи мисолҳо тавсия карда мешавад, ки дар оғоз таърифи дақиқтари ибора, ки дар китоби дарсии синфи VІІІ ба тариқи зайл дода шудааст, гуфта шавад: «Ду ва ё зиёда калимаҳои мустақил, ки яке ба дигаре тобеъ шуда, як мафҳуми конкретро ифода мекунанд, ибора номида мешавад»[5]*.

Чунон ки мебинем, дар таърифи мазкур ду хусусияти асосии ибора: а) бо роҳи тобеъкунӣ ба вуҷуд омадани алоқаи калимаҳо (ҷузъҳо) дар  он ва б) мафҳуми конкрет ва ё мушаххасро ифода кардани он (ибора) таъкид гардидааст. Ана, ҳамин ду нукта бояд ба тариқи истифода аз усули муқоиса зимни мисолҳои зерини пешакӣ интихобшуда (ба воситаи кодоскоп ё компютер), ки ба диққати хонандагон намоиш дода мешавад, бояд шарҳи муфассали худро ёбад:

 

 

Падар     ва писар                     падари писар

сарҳо       ва гандум                  сарҳои гандум

муҳаббат ва ҳаё            т                      муҳаббат ба ҳаёт

 

Инак, муаллим ба шарҳи хусусиятҳои алоқаи калимаҳо дар ибора оғоз намуда, пеш аз ҳама, бояд таъкид намояд, ки умуман, алоқаи калимаҳо дар ҷумла ду хел мешавад: пайваст ва тобеъ. Дар алоқаи пайваст калимаҳо баробарҳуқуқ буда, дар ҷумла ба як аъзои он (ё ба яке аз сараъзоҳо, ё ин ки ба яке аз аъзоҳои пайрав) мансуб мешаванду ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда (ва, -у, аммо, вале…) ба ҳам алоқаманд шуда, ба як савол (чунончи, дар таркиби падар ва писар: -Кӣ? –Падар. –Кӣ? -Писар) ҷавоб мешаванд. Масалан, ҷумлаи «Падар ва писар маслиҳат мекарданд» ин тавр таҳлил карда мешавад: -Киҳо маслиҳат мекарданд? –Падар ва писар (мубтадо). –Падар ва писар чӣ кор мекарданд? – Маслиҳат мекарданд (хабар). Чунон ки мебинем, дар ин ҷумла алоқаи калимаҳои падар ва писар ба воситаи пайвандаки ва  ба вуҷуд омадааст, ки чунин алоқаро алоқаи пайваст меноманд. Хулоса ин, ки калимаҳо дар  алоқаи пайваст дар ҷумла ба вазифаи як аъзои он меоянд,  чунон ки таркиби падар ва писар ба вазифаи як аъзои он, яъне мубтадо, омадааст. Вале алоқаи тобеи калимаҳо дар ибора ва ҷумла бар хилофи алоқаи пайваст дигаргунатар сурат мегирад: а) дар алоқаи тобеъ чи дар ибора ва чи дар ҷумла як калима ба калимаи дигар тобеъ мешавад, ки дар ин маврид воситаҳои алоқа ё бандаки изофӣ, ё яке аз пешоянд (пасоянд), ё ки танҳо  интонатсия (оҳанги талаффуз) маҳсуб меёбад; б) чун дар алоқаи пайваст калимаҳо  (ҷузъҳо) дар ибора на ба як аъзои ҷумла, балки ба аъзоҳои ҷудогонаи он мансуб мешаванд. Чунончи, ҷузъҳои ибораи сарҳои гандум дар ҷумлаи «Сарҳои гандум хам шудаанд», аз он ки ба кадом аъзои он мансубанд, ин тавр муайян карда мешавад: -Чиҳо хам шудаанд? – Сарҳо (мубтадо). –Сарҳои чӣ? –Гандум (муайянкунанда). Чунон ки мебинем, аз ҷузъҳои ибораи сарҳои гандум дар ин ҷумла ҷузъи тобеъкунандааш (сарҳо) ба вазифаи мубтадову, ҷузъи тобеъшавандааш (гандум) ба вазифаи муайянкунанда омадааст, ки чунин хусусият дар алоқаи пайвасти калимаҳо дида намешавад.

Муаллим дар ҳамин лаҳзаи баён, ки сухан дар бораи алоқаи тобеъ дар ибора ва фарқи он аз алоқаи пайваст рафт, ба хонандагон метавонад таъкид созад, ки алоқаи тобеву пайваст на танҳо дар байни калимаҳои дохили ҷумлаҳои содда, балки байни ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб низ сурат мегирад, вале маълумотро дар ин бобат дар синфи ІX ҳангоми таълими ҷумлаҳои мураккаб хоҳанд гирифт. Сипас, муаллим ба масъалаи мафҳуми конкретро фаҳмонидани ибора, ки баррасӣ гардида буд, мухтасар истода, диққати хонандагонро боз пайиҳам ба ду масъала: а) фарқи ибора аз таркиб ва б) фарқи ибора аз ҷумла ҷалб месозад, ки мо дар бобати шарҳи масъалаи аввал, яъне фарқи ибора аз таркиб, аз таблитсаи (33) зерин истифода намуданро бамаврид медонем.

Таблитсаи 33

 

т/р ЧИРО ТАРКИБ МЕНОМАНД? НАМУНАИ МИСОЛҲО

 

1. Алоқаи як калимаи мустақилмаъноро бо пешо-янд ё пасоянд ба саҳро,  аз  хона, дар мактаб,  падрам катӣ, чун оина, лола барин…
2. Алоқаи як ҳиссаи мустақилмаъноро бо феъли ёридиҳанда  хатм кардан, сар кардан, розӣ шудан, гуфта шудан, шарм доштан, гӯш кардан…
3. Алоқаи ду ҳиссаи мустақилмаънои  нутқро бо пайвандакҳои пайваст-кунанда  хурду калон, марду зан, шаҳр ва деҳа, китоб ё дафтар, падар ва писар, шому саҳар…

 

Муаллим аз рӯи таблитсаи мазкур мафҳуми таркиб чист ва фарқи онро аз ибора ва баръакс, шарҳ дода, сониян, диққати хонандагонро ба масъалаи фарқи ибора аз ҷумла ҷалб мекунад, ки шарҳи мазкур, тахминан, бо чунин мазмун баррасӣ хоҳад шуд, яъне хонандагон фаҳманд, ки: ибора бар хилофи ҷумла на хусусияти маълумотдиҳӣ (хабаррасонӣ), балки, чунон ки дар фавқ таъкид шуд, хусусияти номбаркунии мафҳумҳо (предмет, аломат ва амалу ҳаракат)-ро доро мебошад. Вале дар ҷумла ҳамеша фикри баохиррасида ифода гардида, дар он дар бораи ба охир расидан ё нарасидан, ё худ давомнокии амал, ҳолат ва ҳаракати предмету ҳодисаҳо маълумот дода мешавад. Аз ин рӯ, аз он, яъне ҷумла, ба хусус, хабари он мафҳумҳои шахс, шумора, замон ва сиға фаҳмида мешавад, ки ин гуна хусусиятҳо низ  ба ибора хос нест. Зиёда аз ин, ба тавассути ҷумла алоқаи гуфтугӯии байни одамон ё худ аъзоёни ҷамъият  барқарор карда мешавад,  вале чунин вазифаро ибора танҳо дар ҷумла ва ба воситаи ҷумла адо мекунаду бас.

Дар дарси навбатӣ, ки аз рӯи нақша дар бораи алоқаи калимаҳо дар ибора ва сохти ибора маълумот дода мешавад, сараввал, дар лаҳзаи баён истифода бурдан  аз таблитсаи (34) зеринро тавсия мекунем:

 

 

 

Таблитсаи 34

 

АЛОҚАИ КАЛИМАҲО ДАР ИБОРА
Алоқаи изофӣ Алоқаи вобастагӣ (пешояндию пасояндӣ) Алоқаи ҳамроҳӣ
аъзои маҳфил, дашти беоб, кӯдаки ширмак, мизи корӣ, пухтани меваҳо, омадани меҳмонони хориҷӣ меҳнатро дӯст доштан, шиша барин шаффоф, бо дӯстон нишастан, аз чӯб сохтан, мактабро хатм кардан, муҳаббат ба халқу Ватан қалам тарошидан, хурдтарин дарё, оҳиста рафтан, ниҳоят калон, чизе нагуфтан, ором нишаста навиштан

 

Дар заминаи мисолҳои таблитсаи мазкур сабаби алоқаи изофӣ  (аъзои маҳфил), алоқаи вобастагӣ (шиша барин шаффоф, бо дӯстон нишастан) ва алоқаи ҳамроҳӣ (қалам тарошидан) номида шудани хелҳои алоқаро дар ибора шарҳ дода, муаллим марбут ба сохти ибораҳо таъкид мекунад, ки ибора агар танҳо аз ду калимаи мустақилмаъно (аъзои маҳфил, қалам тарошидан) ташкил ёфта бошад, ибораи содда ва агар аз се ё зиёда аз ин (омадани меҳмонони хориҷӣ, муҳаббат ба халқу Ватан) ташкил ёфта бошад, ибораи мураккаб номида мешавад.

Дар дарси навбатӣ, ки дар бораи хелҳои ибора (асосан, дар бораи ибораҳои исмӣ  ва феълӣ)* аз рӯи тарзи ифодаи ҷузъи асосии он маълумот баррасӣ карда мешавад, бояд хонандагон, сараввал, аз шарҳи муаллим фаҳманд, ки ибораҳо аз рӯи он, ки ҷузъи асосиашон, яъне калимаи тобеъкунандаашон, бо чӣ ё худ бо кадом ҳиссаи нутқ ифода ёфтааст, шаш хел мешаванд: исмӣ, сифатӣ, шуморагӣ, ҷонишинӣ, феълӣ ва зарфӣ. Чунончи, агар ҷузъи асосии ибора бо исм (китоби бадеӣ, модари муаллим) ифода ёфта бошад, ибораи исмӣ, вале он (ҷузъи асосӣ) бо феъл (китобро дӯст доштан, сангеро бардоштан) ифода шуда бошад, ибораи феълӣ номида мешавад. Ин маъниро гуфта, агар таблитсаи (35) зерин ба тавассути кодоскоп ва ё компютер намоиш дода шавад, шарҳи масъала барои муаллиму дарки он аз тарафи хонандагон зиёда ба осонӣ даст хоҳад дод.

Таблитсаи 35

 

ХЕЛҲОИ ИБОРА АЗ РӮИ МАЪНО- ТАРЗИ ИФОДАИ ҶУЗЪИ АСОСӢ
Хелҳои ибора Намунаи мисолҳо
1. Ибораҳои исмӣ модари Мижгона, талабаи хушхат, калонтарин шаҳр, ҳамкорӣ бо хориҷа
2. Ибораҳои сифатӣ сурхи баланд, зарди паст, хеле хурд, бисёр нозук, шиша барин шаффоф
3. Ибораҳои

шуморагӣ

сади расо, 23-юми феврал, аз шаш як, аз пеш чорум, якуми сентябр
4.Ибораҳои

ҷонишинӣ

ҳамаи шумо, баъзеи онҳо, чанде аз аскарон, мани муаллим, ҳар кадоми онҳо
5. Ибораҳои зарфӣ фардои фирӯз, имрӯзи мо, андак ҷасурона, каме онсӯтар, даҳ маротиба кам
6. Ибораҳои феълӣ:

а) масдарӣ

 

б) сифати феълӣ

 

в) феълиҳолӣ

 

дидани шумо, шабона хондан, шуморо  дидан,

 

шуморо дидагӣ, (бачаи) шеър хондагӣ, (китоби) аз замин бардошта,

андаке сурх шуда, гапзанон бо ҳама

 

Аз рӯи ин таблитса хонандагон бояд фаҳманд, ки ба вазифаи ҷузъи асосии ибораҳои феълӣ на феълҳои тасрифӣ, балки феълҳои тасрифнашаванда меоянд. Аз ин ҷиҳат, ибораҳои феълӣ вобаста ба хели  феълҳои тасрифнашаванда  се хел – масдарӣ, сифати феълӣ ва феълиҳолӣ- мешаванд. Ҳамчунин, таблитсаи мазкур имкон медиҳад, ки ҳамаи масъалаҳои марбут ба ибора, ки ҳам дар синфи V ва ҳам дар синфи VІІІ баррасӣ гардида буд, ба тадриҷ такрор ҳам карда шавад. Таблитсаи мазкурро дар яке аз дарсҳои такрори солона, ки ба фасли «Ибора» бахшида мешавад, низ метавон истифода кард.

 

  • 59 Ҷумла

 

Дар системаи мафҳумҳои синтаксии дар мактаб таълим дода мешудагӣ мавзӯи «Ҷумла», бешубҳа, мавқеи муҳимтарро ишғол менамояд. Барои ҳамин ҳам, дар ҷараёни машғулиятҳои, умуман, ба таълими ҷумла бахшидашаванда бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки барои намоиш додани табиат ва ё хусусиятҳои барҷастаи он (ҷумла) на танҳо аз диди илми забоншиносӣ, балки бо истифода аз методикаи умумиву хусусӣ, аз ҷиҳатҳои гуногун, масалан, аз рӯи ифодаи мақсад, аз ҷиҳати сохт ба он, яъне ба ҷумла, баҳо дода, дар ҳамин ҷараён тобишу муносибатҳои маъноияш ҳам муайян карда шавад. Чунин амал дар омӯзиши хусусиятҳои ҷумла барои он зарурат дорад, ки хонандагон хосиятҳои асосии онро шуурона дарк намоянд. Чунон ки маълум аст, омӯзиши ҷумла дар мактаб се давраро дар бар  мегирад: а) давраи амалан таълим додани он дар  синфи ІІІ-ІV; б) нисбатан аз ҷиҳати назариявию амалӣ омӯхтани он дар синфи V ҳангоми таълими курси муқаддимавии синтаксис; в) дар синфҳои VІІІ-ІХ дар заминаи маълумотҳои то андоза амиқтари назариявию  амалӣ таълим додани он ҳангоми омӯзиши курси системаноки синтаксиси забони тоҷикӣ аст, ки ин давраи асосӣ маҳсуб ёфта,  ба таври бояду шояд дастраси хонандагон гардонидани ҷанбаҳои ин рукн ва ё воҳиди нутқ аз  муаллим басо маҳорати баланди педагогиву методӣ ва донишҳои амиқи забоншиносӣ доштанро талаб менамояд.

Ҳамин тавр, бо назардошти гуфтаҳои фавқ хонандагон дар синфи VІІІ дар ҳамон дарси аввали ба таълими мавзӯи «Ҷумла» бахшидашаванда бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҷумла – дорои хусусияти ахборӣ (хабардиҳӣ) будани онро, ки ин нукта аз синфи V андаке барояшон дастрас аст, бори дигар дақиқтар дарк намояд. Онҳо бояд ба саволи «Ҷумла дар нутқ (гуфтор) барои чӣ лозим аст?» барояшон ҷавоб ёбанд. Дар ин бобат бояд фаҳманд, ки одамон ба воситаи ҷумлаҳо гуфтугӯ мекунанд, ба ҳамдигар чизеро мефаҳмонанд, аз ҳамдигар чизеро мепурсанд, ба иҷрои амале ҳамдигарро водор мекунанд. Онҳо бояд донанд, ки ҳар шахс, ҳангоме ки ҷумлае гӯяд ё иншо кунад, ба воситаи он ҳатман ин ё он мақсади худро баён мекунад[6], ки он ё ба тариқи расондани хабару пурсише ва ё ба таври амру хитобе сурат мегирад. Инчунин, дар ҳамин дарси аввал ба хотир овардани фарқиятҳои асосии ҷумла аз ибора мавриди басо муносибе фароҳам меояд: яъне бояд таъкид кард, ки агар ибора аз рӯи маънои луғавиаш предмет, аломат ва амалро ифода кунад, ҷумла барои ба амал омадани мулоқоту гуфтугӯ дар байни одамон, ки бо роҳи хабаррасонӣ, саволдиҳӣ ва водоркунӣ  рух медиҳад, хизмат менамояд. Ниҳоят, муҳим он аст, ки дар ҷараёни таълими хусусиятҳои умумии ҷумла, ба вижа, аз рафти таълими ҷумла марбут ба мақсади баён (хабарӣ, саволӣ, амрӣ ва хитобӣ) хонандагон ба тарзи талаффузи меъёрии хелҳои ҷумла малакаи дақиқ  пайдо намуда, дар нутқи хаттиашон аломатҳои китобати охири ҷумлаҳо ва тире дар байни сараъзоҳои онро бошуурона гузошта метавонистагӣ шаванд.

Инак, дар синфи VІІІ ба таълими  мавзӯи «Ҷумла» оғоз намуда, лозим аст, ки пеш аз ҳама, диққати хонандагон ба аломатҳои зерини он (ҷумла) ҷалб карда шавад: а) ҷумла аз алоқамандии гурӯҳи калимаҳо ташкил меёбад; калимаҳои алоҳида (ҷудогона) низ ҷумла шуда метавонанд; б) ҷумла фикри тамомшударо ифода мекунад; в) ҷумла дорои оҳанги баохиррасида мебошад.

Бояд гуфт, ки ба хонандагон, асосан, ин аломатҳои номбаршудаи ҷумла, аз синфи V шинос мебошанд, ба ҷуз як аломати он, яъне ҷумла шуда тавонистани калимаи ҷудогона. Вале аз он ки дар синфи  VІІІ таърифи нисбатан пурратари ҷумла баррасӣ мегардад, такрори ҳамон маълумот ё худ аломатҳои ҷумла дар ин синф зарурат пайдо мекунад. Аз ин рӯ, дар навбати аввал ба ҳайси мушоҳида матне, ки дорои на камтар аз се-чор ҷумла бошад, пешниҳод карда мешавад. Чунончи: Ду сол гузашт. Фирдавсӣ ҳамоно дар Табаристон мезист. Аз ватанаш, хешонаш хату хабар набуд. Аз вай ҳам ба онҳо хабаре намерасид (С.У. Фирдавсӣ, с.260).

Хонандагон бо супориши муаллим матни мазкурро ифоданок қироат намуда,  шарҳ медиҳанд, ки ин матн аз чор ҷумла иборат буда, ҳар кадоме аз гурӯҳи калимаҳои бо роҳҳои гуногун ба ҳам алоқа пайдо кардагӣ ташкил ёфтаанд. Сипас,  ба саволи  «Ҷумла чист?» бояд хонандагон таърифи зеринро гӯянд, ки ҳанӯз дар синфи V аз бар намуда буданд: «Гурӯҳи калимаҳои ба ҳам алоқаманд, ки фикри томро ифода мекунанд, ҷумла номида мешавад» (Албатта, таърифи мазкури ҷумла аз чанд нафар пурсида мешаванд). Муаллим аз ҷавобҳои шогирдон қаноат ҳосил намуда, бо чунин саволи риторикӣ «Оё шумо медонед, ки як калима ҳам ҷумла мешавад?» муроҷиат намуда, таъкид мекунад: -Бале, як калима ҳам ҷумла шуда метавонад, ба шарте ки он фикри  тамомшударо ифода намояд. Масалан:

а) Тирамоҳ. Саҳарии барвақт. Шоири саҳархез (Фирдавсӣ, -С.Ш.) дар чорбоғ… танҳо гардиш мекунад (С.У. Фирдавсӣ, с. 183).

б) –Бобоҷон, кай меравем?- пурсид Гев аз ин  суханони бобояш  ба ваҷд омада.

–Ҳозир.

–Ҳамаамон?

–Ҳа, ҳамаамон (Ҷ.О.).

Ин ҷо муаллим ҳангоми қироати матни аввал бояд калимаи тирамоҳ ва ибораи  саҳарии барвақтро тарзе ва бо оҳанги махсус талаффуз намояд, ки ҳар кадом чун ҷумла, яъне оҳанги баохиррасии фикр дар онҳо, баръало тасаввур карда шаванд. Матни дуюмро низ ифоданок қироат намуда, бояд шарҳ диҳад, ки дар ин матн  низ калимаҳои ҳозир ва  ҳамамон фикри тамомшударо ифода кардаанд, яъне ба ҷумла будани онҳо шубҳае ҳам нест. Зеро ки ин калимаҳо дар алоқамандӣ, хусусан, бо ҷумлаи аввал чунин имконият, яъне дорои фикри том шуданро пайдо намудаанд.

Хуллас, аз мушоҳидаи таҳлили ҳар ду матн бояд хулоса бароварда шавад, ки чунин калима­ – ҷумлаҳо, асосан, дар нутқи монологию тасвирии нависанда ва бештар дар нутқи диалогӣ ба мушоҳида гирифта мешавад. Ва пас аз ин гуфтани таърифи зерини нисбатан пурраи ҷумла, ки дар китоби дарсӣ оварда шудааст, хеле ба маврид хоҳад буд: «Гурӯҳи калимаҳои бо ҳам алоқаманд ва ҷудогонае, ки фикри томро ифода мекунанд, ҷумла номида мешаванд»

Дар ҳамин  лаҳзаи баён муаллим метавонад боз як фарқи ҷумларо нисбат ба ибора шарҳ диҳад, ки ин ба масъалаи алоқаи калимаҳо дар ҷумла иртибот дорад. Дар ин хусус бояд фаҳмонд, ки чун дар ибора калимаҳо дар ҷумла низ ба ҳам алоқаманд мешаванд. Агар алоқаи ҷузъҳои ибора бо роҳи тобеъкунӣ сурат гирифта, ба се навъ (изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ) ҷудо карда шуда бошад, чунин алоқаи калимаҳо дар ҷумла пеш аз ҳама бо ду роҳ- тобеъкунӣ ва пайвасткунӣ ба вуҷуд меояд. Яъне дар ҷумла ду навъи алоқа дида мешавад: тобеъ ва пайваст. Алоқаи тобеъи калимаҳо дар навбати худ чор хел мешаванд: мувофиқат, изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ. Алоқаи мувофиқат дар байни сараъзоҳои ҷумла- мубтадо ва хабар ба вуҷуд меояд. Мувофиқи талаби ин навъи алоқа хабар ба мубтадо тобеъ буда, бо он (мубтадо) аз рӯи шахсу шумора мувофиқат мекунад. Чунончи: Тирамоҳ омад. Меваҳо пухтанд.

Чунон ки мебинем, дар ин мисолҳо аз мубтадоҳо яке шахси танҳорову дигаре шахси ҷамъро ифода кардаанду хабарҳо (омад, пухтанд) низ дар ҳамин шахсу шумора омада ба мубтадоҳои худ мувофиқат кардаанд. Ҳамин тавр, аз рӯи шахсу шумора ба ҳам алоқа пайдо кардани мубтадо ва хабарро алоқаи мувофиқат меноманд.

Муаллим фикрашро дар бораи алоқаи калимаҳо дар ҷумла идома дода таъкид мекунад, ки хелҳои дигари алоқаи тобеи калимаҳо дар ҷумла (изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ) айнан ба алоқаи ҷузъҳо дар ибора шабоҳат дорад. Фарқ ҳамин, ки алоқаи вобастагиву ҳамроҳӣ бештар дар байни аъзоҳои пайрави ҷумла (пурқунандаву ҳолҳо) ва хабар сурат мегирад. Яъне пуркунандаву холҳо ё ба худ пешоянду пасоянд қабул намуда ва ё танҳо аз рӯи маъно ба тавассути оҳанги таллафуз ба хабарҳо тобеъ шуда меоянд. Алоқаи изофии калимаҳо бошад, дар ҷумла метавонад дар байни аъзоҳои он -байни мубтадову муайянкунанда,  пуркунандаву муайянкунанда, ҳолу муайянкунанда ва ҳатто хабару муайянкунанда сурат бигирад. Чунончи, ҳамин гуфтаҳоро дар мисоли  мазкур аз назар мегузаронем:

 

 

 

Маслиҳати Раъно ба Малика писанд омад.* (Ш.Ҳ.)

 

Чунон ки мебинем, дар ин ҷумла чор аъзо -мубтадо (маслиҳат), хабар (писанд омад), муайянкунанда (Раъно) ва пуркунанда (ба Малика) мавҷуд буда, байни мубтадову хабар (Маслиҳат писанд омад) алоқаи мувофиқат, байни мубтадову муайянкунанда (маслиҳати Раъно) алоқаи изофӣ ва байни пуркунандаву хабар (ба Малика писанд омад) алоқаи вобастагӣ ба вуҷуд омадааст.

Сипас, дар бораи алоқаи пайваст бояд муаллим таъкид кунад, ки чунин алоқа дар ҷумла дар байни аъзоҳои чидаи он ва зиёда ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда сурат мегирад. Масалан, дар ҷумлаи «Раъно ва Малика ҳамсинфанд» мубтадо (Раъно ва Малика) чида шуда омадааст, ки алоқаи онҳоро пайвандаки пайвасткунандаи ва таъмин намудааст.*

Албатта, барои мустаҳкамкунии дониши хонандагон доир ба мавзӯи «Ҷумла» чи дар лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ва чи пурсиши вазифаи хонагӣ (дар дарси навбатӣ) ба ҷуз саволу ҷавоб, ҳамчунин, онҳо ба иҷрои супоришҳои гуногун, ба монанди а) аз калимаҳои додашуда сохтани ҷумлаҳо; б) аз матнҳои пароканда сохтани матни солим; в) дар матнҳои беаломат муайян намудани ҳудуди ҷумлаҳо; г) ҷумлаи танҳо аз сараъзоҳо иборат бударо ба калима ё иборае тафсил додан; ғ) тартиб додани матн дар ҳаҷми на камтар аз ду-се ҷумла ва ғ. равона карда мешаванд, ки иҷрои ин ҳама на танҳо дар хонандагон малакаи шуурона тартиб додани ҷумла (матнҳо)-ро инкишоф медиҳанд, балки дар ташаккули нутқи мураттаби онҳо мусоидат хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *