Маълумоти метрологии воситахои ченкуни

Усулҳои бамеъёрдарории ВЧ.

Усулҳо ва воситаҳои ченкунӣ.

Усулҳои бамеъёрдарории В.Ч.

         Тадқиқи тавсифи метрологии воситаҳои ченкунӣ дар лабораторияҳои махсус гузаронида мешавад.

         Барои таъмини муқоисаи натиҷаи тадқ, фосилаи  мазмуни бузургиҳои физикавӣ гузашта мешавад, ки он чен карда намешавад, лекин ба хатогии ВЧ таъсир мерасонад мерасонад. Ҷамъи ин фосилаҳоро усулҳои бамеъёрдаровардашудаи ченак меноманд.

         Вобаста ба талаботҳои меъёрӣ, барои муайян кардани хатогии асосии ВЧ ин фосилаҳои тағирёбиро ҳисоб кардан даркор:

– Бузургиҳое, ки дар шароити меъёри хатогии тағирёбиашон аз 35% зиёд нестанд.

– дигар бузургиҳое, ки асбобҳои ченкунӣ дар шароити меъёрии хатогии асосиашон аз 35% – 50% бо муқоисаи эталонҳои ВЧ бо ВЧ зиёд нестанд.

– Бузургиҳои физикавии таъсиркунанда гуфта бузургиҳоеро меноманд, ки ба андозаи бузургиҳои ченшаванда ва натиҷаи ченак таъсир мерасонанд.

Воситаҳои ченкунӣ (ВЧ).

         Шиносои бо воситаҳои ченкунӣ

         А) Воситаҳои ченкунӣ – ин воситаҳои техникие, ки барои ченкунӣ истифода мешавад, ва тавсифи ба меъёрдаровардашудаи метрологӣ дорад. Инчунин бузургиҳои физикавӣро нишон медиҳад ва як мудати муайян нигоҳ медорад.

         Воситаҳои ченкунии корӣ – ин воситаҳои ченкуниест, ки маълумоти ченакро дар барои тавсифи объектҳо пешниҳод мекунад. Ҳамаи воситаҳои ченкунӣ ба  чунин гурӯҳҳо тақсим мешавад:

– ченакҳо

 – асбобҳои ченкунӣ

– ченакҳои тағирёбанда

         Б) Асбобҳои ченкунӣ – ин воситаҳои ченкуние, ки барои ба даст овардани  бузургиҳои доимии физикавӣ таъин шудааст.

         В) Эталонҳо:

         Бо воситаи эталонҳои якум дараҷа воҳиди бузургиҳои физикавиро нишон медиҳанд.

         Ба эталонҳои якум дараҷа дохил мешаванд: – эталонҳои давлатии якумдараҷа, давлатӣ, миллӣ

         Эталонҳо ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешаванд.

– эталонҳои – дуюмдараҷа

– эталонҳои шоҳид

– эталонҳои – нусха

– эталонҳои муқоиса

Воситаҳои Ченкунӣ.

Таснифи воситаҳои ченкунӣ.

Дараҷаи аниқи воситаҳои ченкунӣ.

Таҳқиқ ва тастиқи воситаҳои ченкунӣ.

Таснифи ВЧ

Воситаҳои ченак барои муайян намудани бузургие истифода мешаванд, ки ба татбиқи воҳидҳояшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида иҷозат дода шудааст ва бояд ба шароити истифода ва талаботи муқарраргардида мувофиқ бошанд.

Қарорҳои ба гурӯҳи воситаҳои ченак нисбат додани таҷҳизоти техникӣ ва муқаррар намудани фосилаи байни  мутобиқатро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.

Воситаҳои ченаке, ки фарогири талаботи қонунгузории метрологиянд, таҳти назорати хадамоти метрологӣ қарор мегиранд. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки воситаҳои ченаки таҳти назорати қонунгузории метрологӣ қарордоштаро то дар он  гузоштани мӯҳри назорати мутобиқат истифода барад ва ё барои истифода бурдан нигоҳ дорад.

        Воҳиди (бузургиҳои) ченакро ВЧ нишон медиҳанд ва ченкунӣ низ бо ёрии онҳо гузаронида мешавад.

        Ҳамаи ВЧ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд: – андозаҳо асбобҳои ченкунӣ; таҷҳизотҳои (установка) ченкунӣ ва низомҳои ченкунӣ Андозаҳо – ё андозаи бузургии физикавӣ – ин ВЧ аст, ки барои таҷдид ва нигоҳдории бузургиҳои физикавии як ё якчанд андозаҳо дода шуда, таъин шудааст.

           Доимо барои ченакӣ ҷамъи ВЧ (андозаҳо, ВЧ, асбобҳои ченкунии тағирёбанда) истифода мешавад. Ин намуди истифода чанд хел ВЧ-ро таҷҳизот ченкунӣ меноманд.

           Агар дар объекти ченкардашаванда як чанд асбобҳои ченкунӣ истифода шавад – Низоми ченкунӣ меноманд: масалан станцияи барқию

           Дараҷаи аниқии ВЧ

           Дараҷаи аниқии ВЧ – ин ҷамъи тавсифе, ки дар намудҳо ВЧ истифода шаванда мебошад.

           Дараҷаи аниқии, ҳадди аниқии ВЧ ва дигар тавсифи метрологӣ, ки ба саҳеҳи таъсир мерасонад, нишон медиҳад.

Дараҷаи саҳеҳӣ дар ҳуҷҷати зерин дода шудааст ГОСТ 8.401.80, НДЧ (ГСН) Дараҷаи саҳеҳии ВЧ талаботҳои умумӣ.

           Дараҷаи саҳеҳии ВЧ бо рақам, ҳарфҳо ва дигар нишонаҳо ифода мешавад.

           Таҳқиқ ва тасдиқи ВЧ

Тасдиқи навъи воситаҳои ченак

Дар соҳаҳое, ки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд воситаҳои ченак ҳатман санҷида, сипас навъи онхо тасдиқ карда мешавад.

Қарори тасдиқ кардани навъи воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд ва он бо тасдиқномаи навъи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад. Мӯҳлати амали тасдиқномаи мазкурро ҳангоми додани он мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар мекунад.

Навъи тасдиқгардидаи воситаҳои ченак ба Реестри давлатии воситаҳои ченак дохил карда мешавад, ки ин корро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҷо меоварад.

Воситаҳои ченакро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон бо мақсади тасдиқи навъи онҳо месанҷад.

Бо қарори мақомоти ваколатдори Ҳукумати Xумҷурии Тоxикистон дигар ташкилотҳои махсус низ метавонанд ба сифати марказҳои давлатии санҷиши воситаҳои ченак аккредитатция (мансуб) гардонида шаванд.

Барои санҷиш намунаҳои воситаҳои ченак бояд ҳамроҳи санадҳои дахлдори меъёрию истифодабарӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.

Мутобиқати воситаҳои ченакро ба навъи тасдиқгардида дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии хадамоти метрологии маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолкунандагон ё истифодабарандагон таҳти назорат мегиранд.

Ба рӯи воситаҳои ченаки навъи тасдиқгардида ва ба рӯи ҳар нусхаи дахлдори  ҳуҷҷатҳои истифодаи он аломати тасдиқкунандаи навъи воситаҳои ченак гузошта мешавад.

Агар ягон ВЧ навро, корхонаҳое, ки истеҳсоли он иҷозатнома доранд, истеҳсол карда бошад, ё аз хориҷа воридот шуда бошад, бояд таҳкид ва намуди он тасдиқ карда шавад. Ин амалро дар маркази давлатии таҳқиқи ВЧ (ГЦИСИ) иҷро мекунанд ва ВЧ –ро дар реестри давлатӣ ба қайд мегиранд.

Барои озмоиши ҳуҷҷатҳои зеринро ба МДТВЧ пешниҳод кунад:

        – намунаҳои ВЧ

– барномаи озмоиши намуди ВЧ

         – шартҳои техники (ТУ)

         – ҳуҷҷатҳои истифодабарӣ (агар ВЧ воридот шуда бошад ҳамаи ҳуҷҷатҳояш бо забони тоҷикӣ)

        – ҳуҷҷатҳои меъёри оиди санҷиши

        – намуд ва сурати ВЧ

        – иҷозати истеҳсолкунанда, ки дар матбуот чоп шуда бошад.

Ченкунӣ

Натиҷаи ченкунӣ ва тавсифи он.

Намудҳои ченкунӣ.

Усулҳои иҷрои ченкунӣ

1. Натиҷаи ченкунӣ ва тавсифи он.

Ченкуни ин ҷамъи амалиётҳо бо истифодаи воситаҳои техникӣ, нигоҳдории бузургиҳои физикавии ченак, ки таносуби андозаҳои ченшавандаро бо бузургиҳои он таъмин мекунад

         Аниқии натиҷаи ченак гуфта яке аз тавсифи вайро мегӯянд, ки наздикии саҳви  ченкуниро ба сифр (0) инъикос мекунад. Савҳи натиҷаи ченкунӣ – ин тамоми натиҷаи ченкунӣ аз мазмуни ҳақиқии андозаҳо ченшаванда мебошад. Дар амал бошад ба ҷои мазмуни ҳақиқӣ, мазмуни воқеии андозаҳои ченшавандаро истифода мебаранд.

         Саҳви доимии ченкунӣ гуфта, ҷамъи саҳви натиҷаи ченкуниро меноманд, ки бузургиҳои физикавии ченак дар вақти ченкунӣ доимӣ мемонад ё мунтазам иваз меёбад.

         Саҳви тасодуфии ченкунӣ – гуфта ҷамъи хатогиҳо, ки тасодуфи ҳангоми ченкунии андозаҳо такроран рӯй медиҳад, меноманд.

дар ин ҷо Q – мазмуни андозаи ченшаванда;

F – дигар ададҳои тағирёбанда (функция);

X1 …..Xn – андозаҳое, ки бевосита нишондодаистодааст.

2. Намудҳои ченкунӣ

         Натиҷаи ченкунӣ ҳама вақт бо бузургӣ нишон дода мешавад, ки воситаҳои ченкунӣ онро нигоедоранд ва инъикос мекунад ифодаи ченак ин гунна аст:

Дар ин ҷо:

Q – бузургии ченшаванда:

 q  –  мазмуни ададии бузургии ченшаванда (нишондоди воситаи ченак).

 –  бузургие, ки воситаҳои ченак нигоҳ медорад ва нишон медиҳад.

         Ченкунӣ  чор хел мешавад:

бевосита,

бавосита,

муштарак,

маҷмӯъ

         1. Ченкунии бевосита гуфта, ченкуниро меноманд, ки мазмуни бузургии ченшавандаро бевосита дар ВЧ ҳосил мекунанд. Мисол ченкунии вазн дар тарозу чунин ифода мешавад: Q = cX дар ин ҷо:

Q – мазмуни андозаи ченшаванда;

С- адади доимӣ

X – андозае, ки нишондодаистодааст.

         2. Ченкунии бавосита гуфта ченакро меноманд, ки мазмуни бузургиҳои ченшавандаро дар асос натиҷаи ченкунии якчанд бузургиҳо ҳосил мекунанд, бо ҳам алоқаманд аст. (масалан муайян кардани ҳаҷми ҷисм дар натиҷаи ченакӣ) Чунин ифода мешавад.

         3. Ченкунии муштарак, гуфта ченкунии яквақтаи ду ё якчанд бузургиҳои якхеларо барои муайян кардани алоқамандии байни онҳоро, меноманд. (масалан, ченкунии ҳарорат ва заччии модда)

         4. Ченкунии маҷмӯъ гуфта ченкунии яквақтаи якчанд бузургиҳои якхеларо, ки мазмуни бузургии ченшавандаро бо роҳи ҳалли низоми баробариҳое, ки дар натиҷаи ченкунии ин андозаҳои боҳам вобастагӣ дошта ҳосил мекунанд, меноманд: (масалан: муайян кардани вазни санги набор (маҷмӯъ), ки танҳо вазни яктоаш аниқ аст).

3.Усулҳои иҷрои ченкунӣ

Усулҳои чен кардан (ченкунӣ) бояд тибқи усулҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тавсия шудаанд, анҷом дода шавад.

Тартиби таҳияву тавсияи усулҳои ченкуниро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон муайян мекунад

         Усулҳои иҷрои ченкуни (УИЧ – МВН) –  дар стандарти зерин инъикос шудааст: ГОСТ 8. 563 – 96. «НДЧ. Усулҳои  иҷрои ченак» мувофиқи ин стандарт усулҳои иҷрои ченак УНЧ – ин ҷамъи амалиёт ва қоидаҳое мебошад, ки иҷро он, ҳосили натиҷаҳои ченакро бо саҳви аниқ таъмин мекунад.

         Мақсади аттестацияи УИЧ – ин тасдиқи имконияти ченкунӣ аз рӯи усули додашуда бо саҳве, ки ҳадди дар ҳуҷҷатҳои УИЧ нишон дода шудааст, намегузарад, мебошад. 

Намудҳои ва усулҳои ченкунӣ.

Эталонҳо ва нақшаи тафтишот.

 Калибровка ва санҷиши  воситаҳои ченкунӣ.

Эталонҳо ва нақшаи тафтишот.

         Ҳамаи бузургиҳои ченак бевосита бо ёрии эталонҳои давлатии якум дараҷа нишон дода мешавад.

         Этоноли якумдараҷа – ин эталонест, ки таъмини аниқии ченакро дар тамоми мамлакат нишон медиҳад. Ба гурӯҳои зерин тақсим мешавад.

         – давлатии якумдараҷа

         – давлатӣ ва

         -миллӣ

         Эталонҳое, ки дар як корхона, мавзеъ, ё дар як давлат истифода мешавад – ибтидоӣ меноманд. Эталонҳое, ки бузургии ченакро аз ибтидоӣ   мегиранд – дуюм дараҷа меноманд.

         Эталонҳо якуминдараҷаро камтар истифода мебаранд, барои он, ки онҳо қимат мебошанд. Бинобар он асоса эталонҳо нусха, эталонҳо муқоиса ва эталонҳо шохидро  истифода мебаранд.

         Сохтан, нигоҳ доштан, истифода ва назорати эталонҳо аз рӯи ҳуҷати зерин истифода бурда мешавад. ГОСТ 8.057.80 «НДТЯЧ.

Нақшаи санҷиш

Ду намуди нақшаи санчиш мавҷуд аст.

– нақшаи санчиши давлатӣ (дар ҳудуди як давлат)

-нақшаи санчиши нуқтагӣ (дар ҳудуди вилоят, корхона)

 -санҷиши давлатиро аз рӯи эталонҳои миллӣ месанҷанд

 -санҷиши нуқтагиро аз рӯи эталонҳо дуюмдараҷа, ё махсус.

Нақшаи санҷишии давлатиро аз рӯи ҳуҷати зерин тартиб медиҳанд: ГОСТ 8.061.80 «НДТЯЧ. Нақшаи санҷиши, мазмун ва сохт»

Калибровка ва санҷиши  воситаҳои ченкунӣ

Андозагирии воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак, ки нисбати онҳо тибқи муқаррароти Қонуни мазкур санҷиши мутобиқатӣ пешбинӣ шудааст, дар мавриди истеҳсол, таъмир, воридот, фурӯш ё истифода мутобиқи дархости шахсони ҳуқуқии манфиатдор метавонанд мавриди андозагирӣ қарор гиранд. Андозагирӣ аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ё хадамоти метрологии шахси ҳуқуқӣ, ки аз тарафи  мақоми ваколатдор барои чунин намуди фаъолият аккредитатсия шудааст, амалӣ гардонида  мешавад.

Натиҷаи андозагирии воситаҳои ченак бо мӯҳр, шаҳодатномаи андозагирии воситаҳои ченак ва ё тавассути сабти он дар  санадҳои истифодаи воситаҳои ченак тасдиқ карда мешавад.

Тартиби андозагирии воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ мавриди андозагирӣ қарор мегиранд.

Калибровка ва санҷиши ВЧ

    Калибровка ВЧ – ин ҷамъи амалиётҳое, ки бо мақсади муайян кардани коршоямии ВЧ (аниқ нишон додани бузургиҳои метрологӣ) иҷро карда мешавад ва таҳти назорати «Хадамоти давлатии назорати метрологӣ» намебошад.

    Баъд аз гирифтани аккредитация шахсони ҳуқуқӣ низ метавонанд калибровка гузаронанд ва тамға зананд. 

    Панҷ намуди санҷиши ВЧ мавҷуд аст:

-Санҷиши якумбора

– даврагӣ                       

-инспексионӣ

– бенавбат                      

– экспертӣ

1. Санҷиши якум бораи ВЧ  – баъди истеҳсол ва таъмири ВЧ, содироти он гузаронида мешавад.

2- санҷиши даврагии ВЧ – дар як давраи муайян  гузаронида мешавад.

3- санҷиши бенавбат – дар ин ҳолатҳо гузаронида мешавад: – вайрон шудани тамға , дурудароз бекор истодан.

4 – испекционнӣ – барои тафтиши корҳои шахсони ҳуқуқие, ки дар хадамоти метрологӣ фаъолият мекунанд.

5- Экспертӣ – бо таъкиди суд, прократура ва дигар коркунони ҳукумат гузаронида мешавад.      

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.