Назорати давлатии метрологи

Намудҳои назорати давлатии метрологӣ.

Соҳаҳое, ки таҳти назорати метрологии давлатӣ қарор доранд.

         Намудҳои назорати давлатии метрологӣ

Назорати давлатии метрологӣ бар зиммаи хадамоти давлатии метрологии мақоми ваколатдор мебошад.

Назорати давлатии метрологӣ дар намудҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

-тасдиқи навъи воситаҳои ченак;

-санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак;

-санҷиши истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ;

-санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ;

-дигар намудҳои назорати метрологӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд.

Ҳуқуқи вазифаҳои нозирони давлатӣ оиди таъмини ченаки ягона

 Назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сарнозирони давлатӣ ва нозирони давлатӣ оиди таъмини ченаки ягона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Нозирони давлатӣ, ки воситаҳои ченакро месанҷанд, бояд чун санҷишгарон аз санҷиш гузаранд.

Нозирони давлатӣ ҳангоми дар минтақаҳои дахлдор анҷом додани назорати давлатии метрологӣ ҳуқуқ доранд бо нишон додани шаҳодатномаи  хизматӣ тибқи тарт иби муқарраргардидаи қонунгузорӣ:

– ба объектҳое дароянд, ки дар он ҷо воситаҳои ченакро, сарфи назар аз тобеият ва шаклҳои моликияти ин объектҳо истифода мекунанд, месозанд, таъмир менамоянд, мефурӯшанд, нигоҳ медоранд ё саришта мекунанд;

– мутобиқати воҳидҳои бузургиро, киба истифодаашон иҷозат дода шудааст, санҷанд;

-воситаҳои ченак, мутобиқат, шароити истифода, инчунин мутобиқати онҳоро ба навъи тасдиқшудаи воситаҳои ченак тафтиш намоянд;

-истифодаи усулҳои тавсияшудаи ченкунӣ, ҳолати маҳакҳоеро тафтиш намоянд, ки барои санxиши воситаҳои ченак истифода мешаванд;

-миқдори маҳсулоте, ки дар рафти амалиёти тиҷоратӣ мусодира гардидааст, тафтиш кунанд;

-барои назорат намунаи маҳсулот, инчунин молҳои баркашшудаи банду басташон гуногунро интихоб намоянд;

-воситаҳои техникиро истифода кунанд ва кормандони объекти таҳти назорати метрологӣ қарордоштаро ҷалб намоянд.

-ҳангоми риоя нашудани қоидава меъёрҳои метрологӣ нозири давлатӣ ҳуқуқ дорад:

-истифода ва истеҳсоли воситаҳои ченаки навъҳои тасдиқнашуда ё ба навъи тасдиқгардида номутобиқ будани онҳо, инчунин аз санҷиш нагузаштаро манъ намояд;

-тамғаҳои тафтишнашударо ботил кунад ё худ шаҳодатномаи санҷишро ҳангоме, ки воситаи ченак натиҷаи нодуруст медиҳад ё фосилаи байни санҷиш риоя карда нашудааст, беэътибор гардонад;

-ҳангоми зарурат воситаи ченакро аз истифода гирад;

-ҳангоми риоя накардани талаботи фаъолияти мазкур оиди маҳрум намудан аз иҷозатномаи сохтан, таъмир кардан, фурӯхтан ва ба киро додани воситаҳои ченак таклифҳо пешниҳод намояд;

-дастурҳои ҳатмӣ диҳад ва мӯҳлати рафъи риоя нашудани қоидаю меъёрҳои метрологиро муқаррар кунад.

Масъулияти нозирони давлатӣ

Назорати давлатии метрологӣ ба зиммаи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.

 Нозирони давлатӣ барои ба ҷо наовардан ё иҷрои номатлуби масъулияти вазифавӣ, суиистифодаи салоҳият ва дигар қонуншиканӣ, аз ҷумла фош кардани сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Шикоят аз амали нозирони давлатӣ дар давоми 20 рӯзи қарор қабул намудани онҳо ба мақоми хадамоти давлатии метрологӣ, ки нозирон бевосита тобеъанд ё ба мақомоти болоӣ дода мешавад. Шикоят дар давоми як моҳи расиданаш баррасӣ мегардад ва оиди он қарор қабул карда мешавад.

Аз амали нозирони давлатӣ мутобиқи тартиби муқарраргардида метавон ба суд шикоят кард.

Шикоят кардан аз амали нозирон иҷрои дастури онҳоро боздошта наметавонад.

Мусоидат ба нозири давлатӣ

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вазифадоранд, ки ба нозири давлатӣ дар иҷрои вазифаҳояш мусоидат намоянд. Ашхосе, ки ба назорати давлатии метрологӣ монеъ мешаванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологӣ

         Назорати давлатии метрологии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои муқарраргардидаи метрологӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амал бароварда мешавад.

Соҳаҳое, ки таҳти назорати метрологии давлатӣ қарор доранд

Санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.

Амалҳои зайл бо мақсади тафтиши риояи қоидаву меъёрҳои метрологӣ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор доранд:

-тандурустӣ, ветеринарӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии меҳнат;

-додугирифти тиҷоратӣ ва ҳисобу китоби байни харидору фурӯшанда, аз ҷумла амалиёте, ки дар он автоматҳои бозӣ ва таҷҳизот истифода мешаванд;

-амалиёти баҳисобгирии давлатӣ:

-таъмини мудофиаи давлат;

-корҳои геодезӣ ва гидрометеорологӣ;

-амалиёти бонкӣ, андоз ва почта;

-истеҳсоли маҳсулоте, ки мувофиқи қарордод барои эҳтиёҷоти давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешавад;

-озмоиш ва назорати сифати маҳсулот бо мақсади муайян намудани мувофиқати он ба талаботи ҳатмии стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 -сертификатсияи ҳатмии маҳсулот ва хизматрасонӣ;

 -андозагирӣ бо супориши мақомоти судӣ, прокуратура, суди иқтисодӣ, мақомоти идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 -ба қайд гирифтани рекордҳои варзиши миллӣ ва байналхалқӣ.

Мутобиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар соҳаҳои фаъолият низ таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор гирифта метавонанд.

ХАДАМОТИ МЕТРОЛОГӢ

Сохтори хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти метрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хадамоти давлатии метрологӣ ва хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад.

Хадамоти давлатии метрологӣ

Ба хадамоти давлатии метрологӣ, ки мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, мақомоти давлатии метрологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешаванд.

Хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ

 Шахсони ҳуқуқӣ метавонанд бо мақсади таъмини ченаки ягона дар сохтори худ хадамоти метрологӣ таъсис диҳанд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқӣ аз рӯи Низомномаи хадамоти давлатии метрологӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешаванд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.