МЭҲ-ро бе Windows чи тавр тасаввур мекунед?

         Қариб ки ҳамагон  медонанд, ки компбтерҳои ҳозиразамонро бе системаи оператсионии Windows тасаввур кардан ғайриимкон аст. Пеш аз он ки мо донем, ки системаи оператсионӣ чӣ тавр пайдо шудааст,бояд чанд сатре дар бораи асосгузори ширкати Майкрософт ва системаи оператсионии  ӯ навишта бошем. Яке аз ширкатҳои калонтарини дунё, ки ба таъмини барномаҳои компютерӣ машғул буду ҳаст ин Майкрософт аст. Ин ширкат аз тарафи яке аз ҷавонони номдори ИМА, ки Билл Гейтс ном дошт асос гузошта шудааст.

         Чандин сол пеш Билл Гейтс якумин шуда дарк кард, ки микрокомпютерҳо ба ҳаёти мо якбора ворид шоҳанд шуд. Онҳо ба  асоситарин моли хона ва идораҳо табдил хоҳанд гашт. Ҳисобкунӣ, кор бо матн, муошират, фикр мекунем, ки ин ҳама бе Билл Гейтс номумкин буд. Системаи оператсионии Майкрософт дар бисёре аз компютерҳои бафурӯшравандаи ҷаҳон бор карда шуда буд. Фикри инқилобии Билл Гейт ба ӯ барои яке аз одамони сарватмандтарини рӯйи ҷаҳон шудан иҷозат дод, то ки ширкати калонеро бо номи Майкрософт ташкил кунад.

         Таърихи инсоне, ки ҳаёти моро дигаргун кард, дар қисмати ғарбии ИМА сар мешавад. Тааҷҷубовараш он аст, ки дар он вақтҳо ин минтақаро “шаҳри Ҳавопаймо” меномиданд. Билл Гейтс соли 1955 дар оилаи одамони соҳибмаълумот ба дунё омадааст. Падараш Уиллям Гейтс яке аз муфаттишони номдор буд ва модараш бошад ба тарбияи фарзандон машғул мешуд. Айёми кӯдакии Билл хело хуш гузаштааст, волидайн барои хуб ба воя расидани фарзандашон бисёр кӯшиш мекарданд. Онҳо мехостанд, ки писарашон намунаи ибрат бошад.

         Гӯё ӯ дар кӯдакиаш ба бозиҳои гуногун шавқи беандозае доштааст ва ҳамеша дастболо низ мешудааст. Барои кӯдаки хурдсол падар ҳамчун шахси намуна буд. Ӯ ҳамеша мехост, ки мисли падараш шахси обрӯманди диёр гардад. Вақте кӯдакони ҳамсолаш ба бозии бейсбол машғул мешуданд, Билл вақти худро беҳуда нагузаронда ба хондани Исклепедияҳо машғул мешуд. Билл Гейтс дар хурдӣ қобилияти хело баланд дошт ва чизе, ки медид тез ба хотир мегирифт.

         Вақте ки Билл ба синни мактаби мерасад падараш ӯро бурда ба яке аз мактабҳои номдори Сиэтал, Лейксайд мемонад. Баъди якчанд соли таҳсил, аллакай ба ҳамагон маълум шуд, ки Билл бачаи хело лаёқатманд аст. Дар давоми  таҳсил дар мактаби Лейксайд таваҷҷуҳи Биллро коркарди барномаҳои компютерӣ бештар ҷалб мекард. Баъдтар ӯ дар пеши худ вазифа гузошт, ки чи тавр кор кардани мошинаҳои электрониро кор карда барояд. Талоши хонандаи хурдсолро дида тамоми муаллимон ба ӯ таваҷҷуҳи бештаре медоданд. Хусусан устоди фанни математикаи ҳамин мактаб ба Билл бисёр кӯмакҳо кардааст.

         Аллакай, дар синни 12- солагӣ Билл ба ҳамаи донишҳо соҳиб шуд. Ӯ дарк кард, ки компютерҳо танҳо ба воситаи барномаҳо кор мекунанд, на ба воситаи таҷҳизотҳои дигар. Дар ҳамин ҳангом ӯ бо яке аз хонандагони болаёқати ҳамин мактаб Поллон Аллон шиносоӣ пайдо кард. Поллон аз ӯ ду сол калон буд ва онҳо тез ба якдигар унс гирифтанд. Аввалин барномаи худро онҳо якҷоя сохтанд, ки ин барномаи  “Ҷадвали дарсӣ”-и мактаб буд. Барои ин корашон ин ду дӯст аз тарафи сарвари мактаб ба маблағи 500$ мукофот гирифтанд. Он вақт Билл ба синни 15 солагӣ расид буд. Рӯзҳо паси сар мешуданд, Билл медонист, ки ба воситаи коркарди барномаҳои компютерӣ коргари тавоно шудан мумкин аст. Махсусан барои Билл навиштани барномаҳои компютерӣ хело осон буд, ӯ тамоми вазифаҳои бар душаш бударо ба зудӣ ҳал мекард. Бисёр вақти худро ӯ бо дӯсташ Поллон гузаронида натиҷаи кори худро бо пули калон мефурӯхтанд.

         Дар охири солҳои 60-уми асри гузашта тамоми марказҳои технологӣ аз тарафи шахсони махсус ҳифз мегардиданд. Дар сари ҳеҷ кас намеомад, ки ба воситаи кор карда баромадани барномаҳои МЭҲ побанди комёбӣ шудан мумкин аст. Билл бошад ин ақидаро дулболагирӣ карда дар пеши худ мақсад гузошт, ки як ширкати калонеро асос гузорад. Аммо волидайн зидди фикри писарашон буданд, зеро онҳо мехостанд, ки Билл мисли падараш ҳуқуқшинос шавад. Бо ҳамин мақсад, баъди хатми мактаб Билл ба Донишгоҳи Гарвард барои таҳсил фиристода шуд.

         Соли 1974 Билл Гейтс синни 19-солагиро пур кард. Ӯ тамоми қоидаву қонунҳои Донишгоҳро омӯхт ва хело хуб низ мехонд. Хусусан, ӯ ба мақолаҳое, ки доир МЭҲ нашр мешуданд, диққати махсус медод. Боре ӯ матнеро хонд, ки дар бораи сохтани аввалин микрокомпютери ҷаҳонӣ хабар медод, ин аз назари Билл ғоиб намонд. Ӯ тавонист ин фурсати муносибро аз даст надиҳад ва дарҳол бо дӯстонаш ба кори дӯстдоштаашон сар карданд. Онҳо ният карданд, то барномаеро нависанд, компютерро натанҳо мутахасисон, балки одамони оддӣ низ истифода карда тавонанд. Барои тартиби чунин барнома Билл ва Поллон аз компютерҳои донишгоҳ истифода мекарданд. Аммо барои онҳо истифодаи ин таҷҳизотҳо мамнӯъ буд. Боре назоратчии Харвард Биллро қапид ва ӯро барои такрор накардани ин амалаш огаҳӣ дод. Лекин онҳо ба ин аҳмият надоданд, кор бо маром пеш мерафт. Баъди чанд лаҳза тартиб додани барнома бомуваффақият анҷом ёфт ва худи Билл онро ба маблағи 3000$ ба истеҳсолкунандагони аввалин микрокомпютер фурӯхт.

         Соли 1975 дар синни 20 солагӣ Билл аввалин барномаи комилан коркардаи хешро фурӯхт. Барои асос гузоштани ширкати худ ӯ бо дӯсташ Поллон бисёр корҳоро анҷом медоданд. Оқибат онҳо ширкати худро бо номи Майкрорсофт асос гузоштанд, (“Micro”  маънои “хурд” ва “soft” бошад маънои “таъминоти барномаҳо”). Ин ширкати нав барои баъе ашхос нофаҳмо буд ва барои ҳамин дар аввал муштариён хело кам буданд. Худи Билл, ки донишҷӯ буд барои дар маркази идоракунии ширкат шахсан  қарор доштан донишгоҳи Гарвардро тарк кард. Дар аввал ин ширкат як идораи хурдро ба иҷора гирифта буд. Коркунони ин ширкат ҳамагӣ 11 нафар буданду халос. Ҳамаи онҳо барои пешбурди ширкати худ шабу рӯз кор мекарданд. Билл барои машҳур шудани ширкати ташкилкардааш бетанаффус кор мекард. Ӯ орзу дошт, ки ширкати Майкрософтро ба яке аз ширкатҳо бонуфузтарини дунё гардонад. Барои пешрафти ин ширкат ӯ ҳатто барои тез ба кор омадан нақлиёт харид.

         Дар синни 24 солагӣ Билл тамоми фаъолияти хешро қатъ карда, пеши худ мақсад гузошт, ки бо баъзе шахсон шиносоӣ ва ҳамкорӣ пайдо кунад. Аз ин рӯ ӯ аввал бо сарвари ширкати IBM шартномаи дӯстӣ баст. Дар охири солҳои 80-ум ширкати IBM яке аз бонуфузтарин истеҳсокунандагони микрокомпютерҳо буд. Аммо шароит куллан тағйир ёфт. Дар бозорҳо қолабҳои нави ин ширкат бо номи IBM PC ба фурӯш мерафтанд. Худи мошинаҳо идеалӣ буданд, вале онҳо бе майнаи электронӣ кор карда наметавонистанд. Дар компютерҳо системаи оператсионӣ вуҷуд надошт ва коргарони IBM онро коркард карда наметавонистанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.